Дар чанд ҷумла
Даври нави музокирот барои поён додан ба ҷанги Украина дар Ҷидда

Даври нави гуфтушунид барои поён додан ба ҷанг дар Украина рӯзи 23-юми март дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора Стив Виткофф, фиристодаи президенти Амрико Доналд Трамп, дар суҳбат бо телевизиони Fox News хабар дод.
Ин хабар баъд аз анҷоми гуфтугӯи телефонии президентони Амрико ва Русия шоми 18-уми март нашр шуд.
Виткофф гуфт, ин навбат ҳам ба музокира бо мақомоти Русия Марко Рубио, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида ва мушовири Трамп дар умури амнияти миллӣ Майк Волтс сафар мекунанд.
Онҳо дар моҳи феврал бо намояндагони Русия ва моҳи март бо фиристодаҳои Украина гуфтугӯ карда буданд.
Феълан маълум нест, ки баъди чор рӯз маҳз бо кадоме аз ин ду кишвар гуфтугӯҳо дар назар гирифта шудааст. Ҳанӯз на Русия ва на Украина нагуфтаанд, ки дар нишасти Ҷидда иштирок хоҳанд кард ё на.
Виткофф гуфт, музокираҳои навбатӣ ба ҷузъиёти вобаста ба оташбас бахшида мешавад. Украина қаблан ба оташбаси сирӯза розӣ шуд ва Русия то ҳол ба ин пешниҳод посухе надодааст.
Вале дар поёни суҳбати телефонии Трамп ва Путин дар рӯзи 18-уми март Кремл хабар дод, ки Русия омода аст ҳамлаҳоро ба бахши энержӣ ба муддати 30 рӯз бас кунад.
Парвандаи ҷиноӣ зидди як милиса ба гумони "қаллобӣ"

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбати як корманди Раёсати ВКД дар Хатлон ба иттиҳоми "қаллобӣ", хабар дод.
Ин фард ба гирифтани 20 ҳазор доллар аз як сокини ин вилоят барои аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардани бародараш, гумонбар дониста мешавад.
Оҷонсӣ аз ин нафар Назаров Ф., ном бурдааст, ки ба ҳайси ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон кор мекардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, Назаров "бо истифода аз мақоми хидматӣ бо роҳи фиреб ба боварии як шаҳрванд даромада, бо баҳонаи қатъ кардан ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани бародараш, маблағи умумии 20 ҳазор доллар талаб карда гирифтааст".
Аммо ба гуфтаи манбаъ, баъди гирифтани маблағ, ӯ ба нафъи ҷониби дигар коре анҷом надодааст.
Бо ин ҳол, Оҷонсии зидди фасод нагуфтааст, ки Назаров Ф.З боздошт шудааст, ё не. Ҳамчунин, маълум нест, ки худи ӯ дар робита ба ин ҳодиса чӣ назар дорад.
Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мизи ҳарбӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.
Порлумони Тоҷикистон созишномаи марзиро бо Қирғизистон қабул кард

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, 18-уми март, дар рӯзи охирини кори панҷсолаи худ созишномаи сарҳадиро бо Қирғизистон қабул карданд.
Дар ин рӯз ду ҳуҷҷати дигар дар бораи бунёду истифодаи роҳҳо ва дастрасӣ ба иншооти обу энержӣ дар марзи ду кишвар ҳам пазируфта шуд.
Аз рӯзи 19-уми март ҳайати нави вакилони порлумон ба кори худ сар мекунад.
Созишномаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 13-уми март дар шаҳри Бишкек имзо шуд.
Ҳарчанд мақомоти Қирғизистон баъзе ҷузъиёти онро ошкор карданд, ҷониби Тоҷикистон на дар гузашта ва на ҳоло тафсилоти музокирот ва созишномаро нагуфтааст.
Дар як ҳуҷҷате, ки Радиои Озодӣ дид, созишномаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон "бемуҳлат аст" ва тибқи он "парвози ҳама гуна ҳавопаймоҳои бесарнишин дар қитъаҳои сарҳадӣ манъ аст".
"Марзро нерӯҳои сарҳадӣ аз дидбонгоҳҳо бо истифода аз аслиҳа ва техникаи низомии муқаррарӣ ҳифз намоянд. Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷобаҷоии техникаи вазнини ҳарбӣ, қувваҳо ва воситаҳои иловагӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ роҳ надиҳанд," – гуфта шудааст дар санад.
Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз ҳазор километр сарҳад доранд. Тақрибан панҷсад километри он дар се соли охир мушаххас шудааст.
Номуайянии марз дар гузашта сабаби ҷангу хунрезӣ байни ду кишвари Осиёи Марказӣ шуда буд. Аз ҷумла, дар муноқишаи солҳои 2021-2022 аз ду тараф даҳҳо кас куштаву захмӣ гаштанд.
Оташбас, замин ва нерӯгоҳ. Трамп ва Путин дар бораи чӣ хоҳанд гуфт?

Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфтааст, рӯзи 18-уми март бо Владимир Путин, президенти Русия дар бораи хатми ҷанг дар Украина суҳбат мекунад.
Вай умед дорад, Путин тарҳи оташбаси 30 рӯзаро, ки Украина ба он розӣ шудааст, қабул мекунад: “Бубинем, ки то куҷо метавонем ҷангро поён диҳем. Фикр мекунам, имкони хуб дорем."
Трамп дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, бо Путин дар масъалаи ба кӣ додани нерӯгоҳи ҳастаии Запарожйе ва гузашти ҳудудӣ низ гап мезанад.
"Бале, дар бораи замин гап мезанем. Онҷо замини зиёд аст. Медонед, вазъ дар муқоиса ба пеш аз ҷанг хеле фарқ мекунад. Дар бораи замин гап мезанем ва дар бораи нерӯгоҳ. Ин як баҳси бузург аст, вале мо аз пеш бо Украина ва Русия дар бораи бисёр масъалаҳо суҳбат кардаем," – афзуд ӯ.
Раисҷумҳури Амрико дақиқ нагуфт, кадом нерӯгоҳро дар назар дорад, вале нерӯгоҳи Запарожйеи Украина, бузургтарини нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Аврупо таҳти ишғоли Русия қарор дорад. Русия ва Украина борҳо бар сари фалокати эҳтимолӣ аз ин неругоҳ ҳамдигарро айбдор кардаанд.
Дар Кремл ҳам тасдиқ карданд, ки Путин бо Трамп телефонӣ суҳбат мекунад. Ҳарчанд Трамп дар бораи замину нерӯгоҳ гуфт, мақомоти Русия гуфтанд, то анҷоми суҳбати телефонӣ ин мавзуъро шарҳ намедиҳанд.
Ҳамлаи беш аз 40 паҳпод ба минтақаҳои Русия. Захмиҳо ҳастанд

Дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба вилояти Белгород дар Русия як кас захмӣ шудааст.
Дар ин бора саҳифаи "Пепел" дар Телеграм хабар дод, ки вазъро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бозтоб медиҳад. Вячеслав Гладков, волии Белгород, хабари захмӣ шудани як сокини 18-соларо тасдиқ кард.
Суқути ҳавопаймои бесарнишин сабаби сӯхтор дар як маркази савдо дар наздикии “Белгород Арена” шудааст.
Дар вилояти Красноярск бар асари таркиши ду мусофирбар панҷ нафар маҷруҳ гашт. Ба гузориши саҳифаи “Маш” дар Телеграм, осебдидаҳо кормандони ширкати “Краснояругский бройлер” ҳастанд.
Дертар Гладков таркиши автобусро тасдиқ кард, вале гуфт, ки се кас захмӣ шуд.
Вазорати дифои Русия аз маҳви 46 ҳавопаймои бесарнишини украинӣ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, 41 ҳавопаймои бесарнишин дар фазои Белгород сарнагун карда шудааст.
Александр Хинштейн, раиси вилояти Курск, мегӯяд, дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ин минтақаи Русия панҷ кас маҷруҳ шуд.
Раҳмону Путин аз додугирифту ҳамкорӣ гуфтанд, аз вазъи муҳоҷирон чӣ?

Додугирифти Тоҷикистон ва Русия дар соли 2024 ба тақрибан ду миллиард доллар расидааст. Ҳудуди ҳабдаҳ дарсад бештар аз соле қабл аз он.
Ин омор дар мулоқоти президенти Русия Владимир Путин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми март дар Маскав садо дод.
Ба иттилои Кремл, Путин гуфтааст, "равобити мо рушд мекунад. Сармоягузорӣ ҳам тақрибан ҳамин хел ва ҳатто андаке бештар аз 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад."
Эмомалӣ Раҳмон аз "рушди босуръати равобит" байни ду кишвар ситоиш карда, гуфтааст, Маскав "шарики пешрафтаи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ"-и Тоҷикистон мемонад.
Дертар ҳардуи онҳо ба хабарнигорон гуфтанд, ки масъалаи муҳоҷирати кориро ҳам баррасӣ карданд.
“Имрӯз мо ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро муфассал баррасӣ намудем,” - гуфт президенти Тоҷикистон, вале тафсилот надод.
Раисҷумҳури Русия изофа кард, ки “ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногун, бавижа сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва ҳамлу нақл кор мекунанд ва дар рушди иқтисоди Русия саҳми намоён доранд. Ва муҳим он аст, ки пулҳои фиристодаи онҳо ба ватан дастгирии қобили мулоҳиза ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои хонаводаҳояшон аст.”
Аммо дар бораи он чӣ ки дар мулоқоти як ба як ва паси дарҳои бастаи ду тараф садо додааст, иттилое дар даст нест.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи як соли охир, баъди ҳамлаи маргбор ба "Крокус", муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар шароити сахттарин қарор доранд.
Сафари президент Раҳмон ба Маскав низ дар остонаи яксолагии ҳамла ба толори консертии “Крокус" сурат гирифт. Бо гумони ҳамла, тарҳрезӣ ва кумак дар он беш аз бист нафар, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд.
Ниҳодҳои интизомии Русия ҳангоми боздошту бозпурсии шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври ошкор онҳоро шиканҷа карданд.
Бо ин вуҷуд Русия макони муҳими муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Трамп дар бораи поёни ҷанг дар Украина бо Путин гап мезанад

Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфт, рӯзи 18-уми март бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин телефонӣ суҳбат хоҳад кард. Вай талош дорад, ки ба ҷанги сесолаи Маскав дар Украина поён бахшад.
"Рӯзи сешанбе бо президент Путин суҳбат хоҳам кард. То ин дам корҳои зиёде анҷом дода шуд," – гуфт Трамп шоми 16-уми март ба хабарнигорон ҳангоми бозгашт аз осоишгоҳаш дар Флорида ба Вашингтон.
"Мехоҳем, бубинем, ки оё ҷангро ба поён расонда метавонем ё на. Шояд тавонем, шояд натавонем, аммо фикр мекунам, ки мо шонси бисёр хуб дорем," – афзуд ӯ.
Хабарнигорон аз раисҷумҳури Амрико дар бораи гузаштҳои эҳтимолӣ пурсиданд. Доналд Трамп гуфт, "мо дар бораи замин, дар бораи нерӯгоҳҳои барқӣ суҳбат хоҳем кард."
Кремл то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.
Мақомоти Украина ва Амрико баъд аз музокироти худ дар Арабистони Саудӣ рӯзи 11-уми март эълон карданд, ки Киев ба пешниҳоди оташбаси 30-рӯза розӣ шуд, ба шарте ки Русия онро бипазирад.
Маскав то кунун ба ин пешниҳод дилгармӣ нишон надодааст. Баръакс, Путин шартҳои изофӣ, аз ҷумла қатъи интиқоли силоҳро аз Амрико ба Киев дар миён гузошт.
Дар ҳамин ҳол, як мансабдори баландпояи Русия гуфт, Маскав исрор хоҳад кард, ки Украина иҷозаи пайвастан ба НАТО-ро надошта бошад ва дар ҳама гуна созиши сулҳ кишвари бетараф боқӣ монад.
Киев дар гузашта чунин шартҳоро рад карда буд.
Шарти Пентагон барои қатъи ҳамла ба ҳусиҳои Яман

Пентагон ё Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, то замоне ки ҳусиҳои Яман монеи ҳаракати киштиҳо дар Баҳри Сурх мешаванд, амалиёти зидди ин гурӯҳ идома хоҳад кард.
Ҳусиҳои Яман, ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешаванд, пас аз ҳамлаҳои Амрико эълон карданд, ки интиқом мегиранд.
Амрико рӯзи 15-уми март ҳамла ба ҳусиҳои Яманро оғоз кард.
“Лаҳзае, ки ҳусиҳо гуфтанд, ба киштӣ ва ҳавопаймоҳои шумо ҳамла намекунем, амалиёт бас мешавад, вагарна беист идома медиҳем,” – гуфт Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико.
Вазорати тандурустии ҳусиҳои Яман гуфт, дар ин ҳамлаҳо 31 нафар кушта шуданд.
Сухангӯи артиши ҳусиҳо эълон кард, ки нови ҳавопаймобари Амрико ва киштиҳои ҷангии ин кишвар дар Баҳри Сурх бо мушакҳои дурпарвоз ва бесарнишинҳо ҳамла кард. Пентагон ба ин иддао ҳанӯз вокуниш накардааст.
Фармондеҳи марказии артиши Амрико рӯзи шанбе наворе нашр кард, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Иёлоти Муттаҳида аз макони номаълум парвоз карда, ба ҳадафҳо зарба мезананд. Маскав аз Вашингтон хостааст, ки ҳамлаҳоро қатъ кунад.
Ҳусиҳо ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки агар Исроил роҳи кумакҳои башардӯстона ба Ғаззаро боз накунад, ба киштиҳои ин кишвар дар Баҳри Сурх ҳамла мекунанд.
Ин гурӯҳ бо пуштибонӣ аз фаластиниён аз моҳи октябри соли 2023 эълон кард, ки ба киштиҳои марбут ба Исроил ҳамла мекунад.
Доналд Трамп аз Эрон хост, ки аз пуштибонии ҳусиҳои Яман даст кашад, вагарна ҷавоб хоҳад дод. Эрон ҳамлаҳои Амрикоро маҳкум кард ва Сипоҳи посдорони ин кишвар гуфт, ҳусиҳо худашон тасмим мегиранд, ки чӣ кор кунанд.
Чоруним сол зиндон. Ҳукми нави Михаил Саакашвилӣ

Додгоҳе дар Тбилиси раисҷумҳури пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилиро бо иттиҳоми ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад дар соли 2021 ба чоруним сол зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши расонаҳои Гурҷистон аз 17-уми март, Саакашвили дар мурофиа ширкат надошт.
Михаил Саакашвилӣ дар моҳи октябри соли 2021, баъди ҳашт сол аз хориҷа ба ватанаш баргашт, вале аз тарафи маъмурони интизомӣ дастгир шуд. Аз он замон то ҳоло дар ҳабс аст.
Ҳафтае пеш додгоҳи Тбилиси президети пешини Гурҷистонро бо гуноҳи тасарруфи пули давлат дар солҳои 2009-2013 ба 9 сол зиндон маҳкум кард. Ҳизби “Ҷунбиши муттаҳиди миллӣ”-и Саакашвилӣ ин ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ номид.
Қаблан Саакашвилӣ бо гуноҳи суистифода аз мансаб ба шаш сол ҳабс маҳкум шуда буд.
Михаил Саакашвилӣ аз соли 2004 то 2012 раисҷумҳури Гурҷистон буд.
Мардум бештар медиҳанд, Талко камтар. Афзоиши нархи барқ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон нархи истифода аз нерӯи барқро барои мардум ва корхонаҳо гарон кард.
Сокинон аз якуми апрел барои ҳар киловат соат барқ 35,36 дирам хоҳанд супурд. Дар ҳоли ҳозир ин рақам ба 30,75 дирам баробар аст.
Қарори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 17-уми март дар нашрияи расмии "Ҷумҳурият" нашр шуд.
Тибқи он, нархи нерӯи барқ аз якуми апрел барои корхонаҳои коркарди нахи пахта 40,45 дирам, литсейу гимназияҳои хусусӣ 60,70 дирам ва корхонаҳои истеҳсолӣ 80,90 дирам таъйин шудааст.
Ин дар ҳолест, ки корхонаҳои "Талко", "Азот" ва "Комбинати металлургии Тоҷикистон" нерӯи барқро арзонтар мегиранд. "Талко" ё ширкати алюминиюми тоҷик – 20,77 дирам, "Азот" – 35,36 дирам ва "Комбинати металлургии Тоҷикистон" – аз 1-уми май то 30-юми сентябр 14,19 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел 80,90 дирам.
"Талко" давлатӣ аст ва Комбинати металлургии Тоҷикистон тибқи ҳуҷҷатҳои Кумитаи андоз аз сӯйи “Фароз” таъсис ёфтааст. Намояндагони Комбинати металлургӣ борҳо гуфтаанд, ки ба “Фароз” ҳеч робита надоранд.
Корхонаи нуриҳои “Азот”-ро соли 2022 ширкати “Осиё Кемикал” харид ва як сол баъд фаъол шуд. Номи соҳиби ширкате, ки “Азот”-ро харид, маълум нест ва дар борааш дар интернет маълумоти зиёд ҳам вуҷуд надорад.
Додани имтиёз ба ширкатҳои алоҳида дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи баҳсбарангез буда, наздикии баъзе аз онҳо бо хонаводаи президент шубҳаеро ба миён овардааст, ки ширкатҳои дигари соҳиби имтиёз низ ба ин оила ва ё шахсони наздик ба онҳо рабт доранд.
Узбекистон ва Толибон дар бораи ду тарҳи барқ гуфтугӯ кардаанд

Ширкати "Брешна"-и зери назорати Толибон эълон кардааст, ки тимҳои техникии Афғонистон ва Узбекистон дар Кобул дар бораи иҷрои ду тарҳи барқ гуфтугӯ кардаанд.
Ин тарҳҳо шомили хати интиқоли 500-мегават аз Узбекистон ба Афғонистон ва бунёди як нерӯгоҳи тавлиди барқӣ бо ангишт, дар шимоли Афғонистон мешавад.
Бар асоси хабарномае, ки ширкати афғонистонии "Брешна" рузи 16 март нашр кард, ҳайати техникии Узбекистон дар ин нишаст бар ӯҳдадориҳои ин кишвар барои ҳамкорӣ дар рушди зерсохторҳои энержии Афғонистон таъкид кардааст.
Абдулборӣ Умар, раиси ширкати "Брешна" дар ин нишаст гуфт, ки пас аз ниҳоӣ шудани баррасиҳои техникӣ, кори ин ду тарҳ ҳамзамон бо оғози соли нави хуршедӣ оғоз хоҳад шуд.
Дар ҳоле, ки Афғонистон бо камбуди шадиди барқ рӯбарӯ аст, ин тарҳҳо барои рушди энержии Афғонистон муҳим гуфта мешаванд.
Дар ҳамла ба сарбозон дар Покистон чандин кас куштаву захмӣ шудаанд

Манобеи амниятӣ дар Кветта, маркази Балуҷистони Покистон, гуфтанд, дар таркише, ки дар ҷараёни ҳамлаи ҷангҷӯён рух дод, 11 сарбоз кушта ва 21 тани дигар захмӣ шудаанд.
Ҳамла ба автобуси сарбозон рӯзи 16-уми март сурат гирифт.
Артиши Покистон гуфт, ки билофосила ба ин ҳамла вокуниш нишон дод ва се ҷангҷӯро кушт.
Масъулияти ҳамла ба сарбозонро гурӯҳи ҷудоихоҳ бо номи “Артиши озодибахши Балуҷ” ба уҳда гирифтааст.
Ин гурӯҳ дар изҳороте, ки ба расонаҳо фиристод, иддао кардааст, ки дар ҳамла ба корвони автобусҳои артиши Покистон 90 сарбозро кушта ва захмӣ кард.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ иттилои ҳарду ҷонибро дар бораи талафот мустақилона тасдиқ карда наметавонад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Артиши озодибахши Балуҷ"-ро дар феҳрасти созмонҳои террористӣ ҷой додаанд.
"Хориҷиён дари Маркази муҳоҷиратро дар Екатеринбург шикастанд"

Пулиси Русия мегӯяд, издиҳоми коргарони хориҷӣ дари Маркази муҳоҷиратро дар шаҳри Екатеринбург шикастаанд.
Ҳодиса рӯзи 11-уми март ҳангоми навбатпойӣ барои дарёфти патент ё иҷозаномаи кор рух додааст.
Як вакили маҷлиси шаҳри Екатеринбург аз додситонӣ хостааст, ки ин ҳодисаро санҷад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ҳақ надоранд, ки бе патент кор кунанд. Парвонаи кор бояд мунтазам дароз ва пули ҳармоҳаи он пардохт карда шавад, вагарна, шаҳрвандони хориҷӣ ҳаққи дарёфти даромади расмиро аз даст медиҳанд.
Як муҳоҷири тоҷик дар Русия гуфт, ҷараёни дарёфти ҳуҷҷат имсол дар он кишвар печида ва тӯлонӣ шудааст. Ӯ афзуд, "агар як сол пеш ҷараёни супоридани ҳуҷҷатҳо 15 дақиқа вақт мегирифт, имсол барои як муҳоҷир ин ҷараён 45 дақиқа вақт мегирад. Барои ҳамин навбатпойӣ тӯлонӣ мешавад.”
Илова ба ин, қонунгузории муҳоҷират дар Русия дар охири соли 2024 ва аввали соли 2025 сахттар шуд.
Ирина Волк, сухангӯи ВКД-и Русия, хабар дод, ки ҳудуди 700 ҳазор муҳоҷир, асосан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, шомили рӯйхати “шахсони зери назорат” ҳастанд. Ин муҳоҷирон то 30-юми апрел вақт доранд, ки будубоши худро дар Русия қонунӣ гардонанд, вагарна ронда хоҳанд шуд.
40 миллион евро. Талафоти барқ кам ва нархи пахта зиёд мешавад?

Иттиҳоди Аврупо барои гузаштан ба энергияи сабз ва ба вуҷуд овардани занҷираи маҳаллии арзиши пахта дар Тоҷикистон 40 миллион евро ҷудо мекунад. Созишнома рӯзи 14-уми март дар шаҳри Душанбе имзо шуд.
22 миллион евро барои кам кардани талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар назар аст ва аз тариқи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастрас хоҳад шуд. Бахши дигари ин ёрӣ, ки беш аз 18 миллион евро аст, аз сӯйи Оҷонси рушди Олмон барои ба вуҷуд овардани занҷираи маҳаллии арзиши пахта равона мешавад.
Ба гуфтаи Йозеф Сикела, комиссиари Иттиҳоди Аврупо дар бахши ҳамкориҳои байнулмилалӣ бо Осиёи Марказӣ, ин ёрӣ гузаштан ба иқтисоди сабз ва суботи иқтисодии Тоҷикистонро тақвият хоҳанд дод.
“Бо коҳиш додани талафоти барқ, мо на танҳо хароҷотро барои хонаводаҳо ва соҳибкорон коҳиш медиҳем, балки роҳро барои сармоягузорӣ ба энергияи барқароршаванда мекушоем, ки ояндаи Тоҷикистон аст,” -- гуфт Сикела.
Аз назари комиссари аврупоӣ, соҳаи пахтаи Тоҷикистон дар иқтисоди кишвар, таъмини ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани рушди саноати нассоҷӣ ва содирот нақши муҳим мебозад ва Иттиҳоди Аврупо бо як барномаи 5-сола мехоҳад ин бахшро ба тағйироти иқлим устувортару самарбахштар гардонад.
Дар ҳоле ки масъулони Иттиҳоди Аврупо ба муассир воқеъ шудани тарҳҳояшон дар Тоҷикистон таъкид мекунанд, баъзе аз коршиносоне, ки бо ин гуна тарҳҳо кор кардаанд, самарбахшии онро ба чанд шарт бастагӣ медиҳанд.
“Якум, шакли мустақим, яъне як ба як бо соҳибкор. Агар ин ҷо миёнаравҳо зиёд бошанд, масалан, ташкилоти кредитиву бонкӣ, монеаи изофӣ пайдо мешавад. Баъд, дили соҳибкор ҳам мемонад. Даводаваш зиёд ва болои ин фоизҳо дорад. Дуюм, ҳамин пахта барои деҳқон ҳама вақт зараровар буд ва зараровар мемонад. Фақат системаро дигар кардан даркор, ки инҳо намехоҳанд,” – мегӯяд Сайфиддин Қараев, рӯзноманигор ва таҳлилгари масъалаҳои иқтисодӣ.
Дар Тоҷикистон солҳои охир сатҳи баланди талафоти нерӯи барқ яке аз мушкилоти умдаи таъмини мардум бо барқ, аз ҷумла дар мавсими зимистон дониста мешавад. Ба иттилои расмӣ, ҳар 5-ум киловат барқи истеҳсолкардаи Тоҷикистон талаф мешавад. Дар ним соли 2024 ду миллиарду 203,2 миллион киловатт-соат барқи Тоҷикистон талаф шудааст, ки беш аз 21%-и нерӯи барқи истеҳсолшударо дар бар мегирад.
Ҳамчунин пойин рафтани арзиши пахта, яке аз молҳои асосии содиротии Тоҷикистон низ солҳои ахир таваҷҷуҳи деҳқононро ба кишту парвариши он кам кардааст. Аммо мақомоти давлатӣ дар навоҳии пахтакор деҳқононро маҷбур мекунанд, ки дар бештари заминҳои худ пахта бикоранд.
Ҳалокати беш аз 50 кас дар сӯхторе дар Мақдунияи Шимолӣ

Дар натиҷаи сӯхтор дар як клуби шабона дар шаҳри Кочании Мақдунияи Шимолӣ камаш 51 кас ҷон бохтааст.
Панче Тошковски, вазири корҳои дохилии Мақдунияи Шимолӣ, рӯзи 16-уми март дар нишасти матбуотӣ гуфт, “зиёда аз 100 тани дигар дар бемористон ҳастанд”.
Ӯ афзуд, сӯхтор ҳангоми истифода аз маводи пиротехникӣ дар консерти гурӯҳи DNA рух додааст.
Хешовандон ва дӯстони қурбониён дар назди бемористону идораҳои шаҳр ҷамъ омада, талоши гирифтани маълумоти бештар доранд.
Додситонии Мақдунияи Шимолӣ дар изҳороте гуфт, “теъдоди қурбониён ва захмиён дар сӯхтор муайян карда мешаванд.”
Кочанӣ дар 100-километрии шарқи Скопйе, пойтахти Мақдунияи Шимолӣ ҷойгир аст.