Дар чанд ҷумла
Табодули 190 асири ҷангӣ байни Русия ва Украина
Русия ва Украина рӯзи 18-уми октябр тибқи созиш ва бо мадади Имороти Муттаҳидаи Арабӣ 190 асири ҷангиро табодул кардаанд.
Вазорати дифои Русия дар Телеграм хабар дод, ки 95 сарбози бозгаштаи Русия дар Беларус аз муоинаи тиббӣ хоҳанд гузашт.
Мақомоти Украина дар ин бора чизе нагуфтанд.
Пеш аз ин Русия ва Украина ҷасади сарбозони кушташударо ба якдигар доданд.
Шамсаил Саралиев, вакили Думаи давлатӣ, гуфт, дар ин мубодила Русия ҷасади 501 низомиро ба Украина баргардонд ва дар иваз ҷасади 89 сарбозашро гирифт.
Хонаи як намояндаи мухолифонро дар Беларус ба музояда гузоштаанд
Мақомоти шаҳри Минск хонаи Валер Тсапкала, намояндаи мухолифон ва довталаби пешини курсии президентиро дар Беларус ба фурӯш гузоштанд.
Ӯ пас аз интихоботи ҷанҷолии соли 2020, ки боис ба саркӯб ва боздошти мухолифон шуд, ба хориҷа рафтааст.
Мақомоти Беларус вайро дар набуданаш бо гуноҳи нақзи амнияти миллӣ ва сармоягузории терроризм ба 17 сол зиндон маҳкум ва амволашро мусодира карданд.
Хонаи Валер Тсапкала, ки ҳоло ба музояда гузоштаанд, 418,3 метри мураббаъ буда, 2,1 миллион рубли беларусӣ (641,500 доллар) арзиш дорад.
Тсапкала соҳибкор ва сафири собиқи Беларус дар Иёлоти Муттаҳида аст.
Мақомоти Беларус ҳафтае пеш манзили хонаводаи рӯзноманигор Алексей Дзикавитский, иҷрокунандаи вазифаи мудири “Белсат ТВ”-ро низ мусодира карданд.
Як ҷавонро дар Хуросон бо гуноҳи дуздӣ аз масҷид зиндонӣ карданд
Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон як ҷавонро бо гуноҳи дуздии телефонҳои се намозгузор аз дохили масҷид ба зиндон маҳкум кардааст.
Хабари расмӣ дар ин бора рӯзи 18-уми октябр нашр шуд.
Мақомоти Додгоҳ аз ин фард Амиршоев У. ном бурда, гуфтаанд, ки ҳодиса рӯзи 11-уми июни соли 2024 рух дод.
Ба иттилои расмӣ, ӯ ҳангоми адои намози аср ба масҷиди панҷвақтаи кӯчаи Тошмуҳаммадов дар ноҳияи Хуросон ворид шуда, телефони се намозгузорро бо арзиши 5600 сомонӣ гирифтааст.
Назари шахси муттаҳам ё наздиконаш маълум нест.
Ба хабари Додгоҳ, азбаски ин фард дар гузашта ҳам дуздӣ кардааст, ӯро ба се сол зиндони низомаш сахт маҳкум карданд.
Дар Тоҷикистон дуздӣ аз масҷид, ки ҷойи муқаддас ба ҳисоб меравад, бисёр кам иттифоқ меуфтад.
Даргузашти нависанда ва пажуҳишгари тоҷик Мирзо Шукурзода
Мирзо Шукурзода, нависанда, шоир ва пажуҳишгари шинохтаи тоҷик дар синни 75-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт.
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагон ба Радиои Озодӣ гуфт, Шукурзода як соли ахир гирифтори бемории қанд буд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, маросими видоъ бо нависанда 19-уми октябр дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Мастчоҳ баргузор мешавад. "Мирзо Шукурзода бемор буданд ва дар манзили яке аз духтаронашон дар шаҳри Хуҷанд вафот карданд,"-гуфт як масъули ҳукумати ноҳияи Масчоҳ.
Мирзо Шукурзода муаллифи чандин китоб дар мавзӯи тоҷикон ва ориёиҳо ҳаст, ки ба ҷуз сириллик бо ҳуруфи форсӣ ҳам нашр шудаанд. "Тоҷикон дар масири таърих", "Кӯҳкане аз користони дил", "Ҷонпайванд", "Тоҷикон дар қаламрави Ориёно", "Тоҷикон, ориёиҳо ва фалоти Эрон" аз ҷумлаи осори Мирзо Шукурзода мебошад.
Ин нависандаи шинохта солҳо дар Афғонистон ва Эрон низ кор кардаааст.
Китоби "Тоҷикон дар қаламрави Ориёно" соли 2007 аз сӯи ҳафтавори "Варорӯд" "Китоби беҳтарини сол" эълом шуд. Мирзо Шукурзода соли 2007 барои маҷмӯи "Ҷонпайванд" барандаи ҷоизаи Садриддин Айнӣ шуд.
Фаъолияти эҷодии ӯ пас аз хатми донишгоҳ дар рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" (ҳоло "Ҷумҳурият") оғоз ёфта, солҳои охир масъули бахши насри Иттифоқи нависандагон будааст.
Дар Эрон Мирзо Шукурзода яке аз муаллифони "Донишномаи адаб ва ҳунари форсӣ" буда, дар таҳкими пайвандҳои адабӣ ва илмии ду кишвар саҳм гирифтааст.
52 нафарро дар Русия барои "хиёнат" маҳкум кардаанд
Дар шаш моҳи соли 2024 дар Русия 52 нафарро бо гуноҳи хиёнат ба давлат ба зиндон маҳкум кардаанд.
Нашрияи "Важние истории" рӯзи 18-уми октябр навишт, ки ин омори баландтарин дар нуҳ соли охир дар Русия аст.
Додгоҳҳои Русия дар тамоми соли 2023-юм 39 нафарро бо гуноҳи хиёнат ба давлат маҳкум карда буданд.
Ба гузориши "Важние истории", теъдоди касоне, ки дар Русия ба ҷосусӣ маҳкум шудаанд, низ афзудааст.
Дар шаш моҳи соли 2024-ум 18 нафарро бо ин гуноҳ маҳкум карданд. Ин дар ҳолест, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳамагӣ ду нафар бо ин гуноҳ зиндонӣ шуда буданд.
Таҳримҳои Амрико ба зидди ду ширкати чинӣ
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба зидди ду ширкати чинӣ ва як ширкати русии ҳамкори онҳо таҳрим ҷорӣ кард.
“Xiamen Limbach Aircraft Engine Company” ва “Redlepus Vector Industry Shenzhen” ба он муттаҳаманд, ки дар истеҳсол ва дастрас кардани ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Русия даст доранд.
Русия ин ҳавопаймоҳоро дар ҷанг дар Украина истифода мебарад.
Вазорати молияи Амрико рӯзи 17-уми октябр гуфт, “Xiamen Limbach Aircraft Engine Company” муҳаррикеро истеҳсол мекунад, ки дар паҳподҳои дурпарвози силсилаи “Гарпия”-и Русия истифода мешавад.
“Redlepus Vector Industry Shenzhen” дар интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишини ҷангӣ ба Русия саҳм доштааст.
Ба иттилои Вазорати молияи Амрико, ин таҳримҳои нахустини Иёлоти Муттаҳида алайҳи ширкатҳои чинист, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои русӣ аслиҳа тавлид мекунанд.
Таҳримҳои қаблӣ барои он ҷорӣ шуда буд, ки ширкатҳои чинӣ бахши саноати низомии Русияро бо таҷҳизот таъмин мекарданд.
Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” аз “марҳилаи нав” дар ҷанг хабар дод
Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” дар Лубнон, ки аз сӯйи Эрон пуштибонӣ мешавад, вале Амрико онро созмони террористӣ медонад, рӯзи 18-уми октябр аз “марҳилаи нав” дар ҷанг бо Исроил хабар дод.
Ин изҳорот баъд аз кушта шудани Яҳё Синвор, раҳбари гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”, эълон шуд.
Мақомоти Исроил гуфтанд, Синвори 62-сола рӯзи 17-уми октябр дар Ғазза кушта шуд.
Намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид марги ӯро “тақвияткунандаи рӯҳияи муқовимат” номид.
Яҳё Синворро яке аз тарроҳони ҳамлаи маргбор ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ном мебаранд. Ҷангҷӯён дар он рӯз дар ҷануби Исроил 1200 касро кушта ва беш аз дусад нафарро гаравгон гирифтанд.
Баъди ин ҳамла, Исроил дар Ғазза амалиёти густардаро оғоз кард, ки то ҳол идома дорад. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил аз замину ҳаво зиёда аз 42 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.
Мавҷи нави ҳамлаҳои Русия бо бесарнишинҳо ба Украина
Раиси маъмурияти низомии Киев мегӯяд, Русия рӯзи 18-уми октябр мавҷи бузургтарини ҳамлаҳоро бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Украина оғоз кардааст.
Серҳий Попко дар Телеграм навишт, ки сарбозони Русия аҳолии осоишта ва зербиноҳои Украинаро нишон гирифтанд.
"Паҳподҳои душман Киевро низ таҳдид карданд, аммо ба шарофати кори ҳамоҳангшудаи нерӯҳои дифоъ ҳамаи ҳавопаймоҳои бесарнишин сарнагун карда шуданд," – афзуд Попко.
Вай гуфт, ҳамла ба Киев беш аз 4,5 соат идома кард.
Дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш нашудааст.
Нерӯҳои Украина гуфтанд, Русия инчунин Черкасӣ, Житомир, Виннитса, Черниҳов, Сумӣ ва Полтаваро ҳадаф қарор дод.
Нигаронии Литва аз афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Миёна
Мақомоти Литваро 14 баробар афзудани теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ нигарон кардааст. Ба навиштаи расонаҳои ин кишвар, дар 9 моҳи соли равон теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба ин кишвар аз 5,7 ҳазор то 7,2 ҳазор зиёд шудааст.
Тавре хабаргузории "Фергана" бо такя ба хабаргузориҳои ин кишвар менависад, Дарюс Яунишкис, роҳбари Департаменти амнияти давлатии Литва гуфтааст, ки давоми се соли охир теъдоди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Литва 14 баробар афзудааст.
Ба таъкиди Дарюс Яунишкис, ин боиси нигаронии мақомот шудааст, зеро эҳтимоли майли ин муҳоҷирон ба тундгароӣ ё радикализми исломӣ, вуҷуд дорад.
Ин мансабдор гуфтааст, ки бинобар зиёд шудани шумори муҳоҷирон, ниҳоди зери раҳбарии ӯ наметавонад ҳамаи хориҷиёнро тафтиш кунад ва ин дар масъалаҳои ошкор намудани ҷосусӣ ва мубориза бо терроризм хатарҳои ҷиддӣ эҷод мекунад.
Тибқи маълумоти Департаменти муҳоҷирати Литва, аз рӯи шумори шаҳрвандони худ дар ин кишвар, Узбекистон ва Тоҷикистон дар ҷойҳои 4 ва 5-ум қарор доранд.
Украина дар мақоми аввал қарор гирифта, дар идома Беларус ва Русия ҷой доранд.
Дар ин кишвари аврупоӣ дар умум наздики 222 ҳазор хориҷиён кору зиндагӣ мекунанд.
Гузоришҳо дар бораи эҳтимоли кушта шудани Яҳё Синвор
Артиши Исроил аз эҳтимоли кушта шудани Яҳё Синвор, раҳбари гурӯҳи "Ҳамос" дар Навори Ғазза хабар дод ва гуфт, ки дар ҳоли санҷидани ин маълумот аст. "Ҳамос" аз сӯйи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эътироф шудааст.
Мақомоти Исроил гуфтанд, 17-уми октябр дар амалиёте дар Ғазза, 3 террорист кушта шуд.
"Мо маълумотеро месанҷем, ки эҳтимолан яке аз кушташудаҳо Яҳё Синвор аст. Феълан шахсияти террористонро тасдиқ кардан мушкил аст," - омадааст дар хабарномаи артиши Исроил.
Дар изҳорот шарҳи бештар дода нашудааст.
Яҳё Синвор яке аз тарроҳони ҳамлаи 7-уми октябри соли 2023 ба Исроил гуфта мешавад. Ин ҳамла сабаби ҷанги нав дар Ғазза миёни "Ҳамос" ва Исроил шуд.
Синвор моҳи августи имсол ва баъди кушта шудани Исмоил Ҳания дар Теҳрон, роҳбари гуруҳи “Ҳамос” шуд.
Мақомоти Исроил борҳо гуфтаанд, ки Синвор дар нақб ё туннелҳои сохтаи гурӯҳи "Ҳамос" пинҳон шудааст.
Яҳё Синвори 62-сола даҳ моҳ боз дар маҳзари ом дида нашудаст.
Исроил борҳо эълон кардааст, ки ҳадафи аз байн бурдани Яҳё Синворро дорад.
Украина мехоҳад, Ғарбро барои қабули “Нақшаи пирӯзӣ” водор кунад
Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 17-уми октябр барои муаррифии панҷ бахши “Нақшаи пирӯзӣ”-и кишвараш дар ҷанг бо Русия вориди Брюссел шуд. Тарҳи ӯ дар пойтахти Белгия нахуст дар мулоқот бо раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва баъди ин дар ҷаласаи вазирони дифои узви НАТО муаррифӣ хоҳад шуд.
Дар ҳоле ки ҳеч ҷонибе дар Иттиҳоди Аврупо ё НАТО ба таври ошкор нақшаи Зеленскийро рад накардааст, қабули ӯву шунидани ҳарфашро бештар чун як аломати дастгирӣ ва изҳори ҳамдардӣ ба вазъи кунунии Украина арзёбӣ мекунанд.
Дар асл, бандҳои як ва дуюми нақша ғайри қобили иҷро ба назар мерасанд. Он даъвати Украинаро ба узвияти НАТО ва иҷозаи Ғарбро ба истифодаи силоҳҳои дурпарвоз дар қаламрави Русия дар назар мегирад.
Киев як муддат аст, ки сари ҳамин ду масъала пойфишорӣ дорад, вале ин ду хостааш то ҳол қабул нашудааст ва ҳеч давлати ғарбӣ ба он ризоият надодааст.
Украина мехоҳад, дар навбати аввал НАТО бояд барояш даъватномаи расмии узвият фароҳам намояд ва масъалаи пазируфта шудани он кишвар метавонад, баъд аз хатми ҷанг сурат гирад. Киев гуфтааст, ки чунин нақша метавонад аъзои НАТО-ро аз хатари кашида шудани пойи созмон ба ҷанги мустақим бо Русия пешгирӣ кунад.
Украина ҳанӯз ин тарзи корро дар ҷаласаи порсолаи НАТО дар Вилнюс ва имсол дар Вашингтон баён карда буд. Дар ҷавоб НАТО фақат ҳаминро тасдиқ кард, ки ин кишвар як рӯзе ҳатман ба узвияти паймони низомӣ қабул мешавад. Эҷоди “пуле барои узвият” ва “роҳ ба узвият ногузир аст” аз ибораҳое ҳастанд, ки мақомоти НАТО дар ин солҳо ба Киев чанд бор такрор кардаанд.
Марк Рутте, дабири кулли НАТО, рӯзи 17-уми октябр пеш аз мулоқот бо Зеленский гуфт, Украина дар оянда метавонад ба ҳайси узви 33 ё 34-ум ба Паймони низомии Атлантики Шимолӣ бипайвандад. Ба суоли “кай?” Рутте гуфт, ки "ман ҳоло ҷавоби аниқ надорам”.
Сафири Амрико дар НАТО Ҷулианн Смитт ҳам аз додани посухи мустақим парҳез кард.
Айни ҳамин ҳолат дар робита бо дархости иҷоза барои ба дохили Русия равона кардани ҳамлаҳо ҳам дида мешавад. Ин ҷо асосан қарор ба Амрико вобаста аст ва ба назар мерасад, ки Вашингтон барои иҷозаи ин кор моил нест.
Моҳи сентябри имсол Зеленский аз сафараш ба Вашингтон бо дасти холӣ баргашт ва бо назардошти интихоботи президентӣ, ки 5-уми ноябр барпо мешавад, маълум аст, ки ҳеҷ тағйироте дида намешавад. Дар ин масъала, дар оянда агар ҳам пешрафте ҳосил шуд, хеле маҳдуд хоҳад буд. Вале набояд интизор шуд, ки дар ин бора дар матбуот ва барои ҳамагон маълумот нашр мешавад.
Вақте ду нақшаи аввал зери суол аст, се қадами баъдӣ ҳадди ақал баҳсбарангез ба назар мерасанд. Инҳо: боздоштани Русия бо истифода аз бастаи стратегии ғайриҳастаӣ дар қаламрави Украина, ҳимояти муҳимтарин захираҳои табиии Украина бо ёрии ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ва баъди ҷанг табдил додани баъзе аз сарбозони амрикоӣ дар Аврупо бо украиниҳо.
Зеленский ҳам ҳамеша медонад, ки иҷрои ин нақшаҳо кори душворе хоҳад буд. Ҳоло, дар остонаи як зимистони сарду сахти дигаре, ӯ талош дорад шонси худро дар байни давлатмардони ғарбӣ бисанҷад.
Рикард Йозвак, Радиои Озодӣ
Вокуниши ду созмон ба ҳукми Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов
Ду созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанберо нисбат ба раҳбари “Гурӯҳи 24” Сӯҳроб Зафар ва як намояндаи фаъоли он Насимҷон Шарифов танқид карданд.
Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми октябр хабар доданд, ки Сӯҳроб Зафар ба 30 сол ва Насимҷон Шарифов ба 20 сол зиндон маҳкум карда шудаанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, қароргоҳаш дар Варшава, дар баёнияе ҳардуро бегуноҳ номид.
Масъулони созмон аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки ҳукмро бозбинӣ ва Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифовро фавран озод кунанд.
Ҳамчунин аз ниҳодҳои байнулмилалии мудофеи ҳуқуқи башар дархост шудааст, ки “сукут ва хомӯшии худро бишкананд”.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, қароргоҳаш дар Амстердам, ҳукмро “идомаи сиёсати саркӯбгароёнаи мақомоти Тоҷикистон” донистааст.
Намояндагони Ҷунбиш мурофиа ва ҳукми Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифовро дорои ангезаи сиёсӣ хонда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки барои озодии фаврии маҳбусони сиёсӣ фишорро ба режими Эмомалӣ Раҳмон бештар кунанд.
Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, фаъоли ин созмони мухолифи ҳукумат, дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд. Онҳо аз соли 2014 дар он кишвар мезистанд.
Додситони кул Юсуф Раҳмон баъди қариб ним сол, рӯзи 9-уми август, дар нишасти хабарӣ дар Тоҷикистон будани онҳоро таъйид кард. Дар ҳоле ки мақомот чӣ гуна дастгир ва аз Туркия ба Тоҷикистон овардани онҳоро нагуфтанд, "Гурӯҳи 24" қазияро "дуздӣ" номидааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро манъ ва онро “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон кардааст. Намояндагони созмон фаъолияти худро дурусту сиёсӣ меноманд.
Черчесовро барои гуфтаҳояш дар Қазоқистон ҷазо доданд
Станислав Черчесов, мураббии мунтахаби футболи Қазоқистонро барои суханҳояш ба хабарнигори қазоқ ҷазо доданд.
Як хабарнигор, ки ба тан нимтанае бо навиштаи забони фаронсавӣ дошт, дар поёни сабқати Қазоқистону Словения ба Черчесов ба қазоқӣ суол дод.
Черчесов дар вокуниши аввалааш гуфт: "Ту ҳоло фаронсавӣ суҳбат мекунӣ? Paris, se va bien (Париж, ҳамааш хуб аст)", -- гуфт Черчесов. Баъд аз ин бо ёрии тарҷумон ба суоли хабарнигор ҷавоби муфассал дод.
Президенти Федератсияи футболи Қазоқистон Адолат Барменқулов рӯзи 17-уми октябр ба нашрияи BaigeNews.kz гуфт, баъд аз нишасти матбуотӣ бо Черчесов дар бораи аҳамияти эҳтиром ба забони давлатӣ суҳбат шуд ва ӯро ҷарима бастанд.
Барменқулов гуфт, “баъзе аз хатоҳое буд, ки мо дирӯз дар бораашон бо журналистон гап задем. Шӯхии Черчесов аз меъёр гузашта буд. Ман шахсан бо ӯ суҳбат кардам ва барояш аҳамият ва авлавияти забони давлатиро фаҳмондам. Мо бо ӯ суҳбат кардем. Ӯро ҷарима бастанд.”
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёре аз шореҳони қазоқ аз чунин рафтори мураббии рус ба хашм омада, барои беэҳтиромӣ ба забони қазоқӣ истеъфои ӯро талаб карданд.
Трамп аз иддаои баҳсбарангезаш дар бораи муҳоҷирон дар Оҳайё дифоъ кард
Доналд Трамп, номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентии Амрико, аз як иддаои баҳсбарангезаш дар бораи ин ки гуё муҳоҷирон дар Оҳайё "ҷонварони хонагиро мехӯранд" дифоъ кард ва гуфт, он чи ӯ баён кард, "гузориш шуда буд".
Чанд ҳафта боз дар шабакаҳо як иддаои Трамп мечархад, ки дар он гуфтааст дар шаҳри Спрингфилди Оҳайё муҳоҷирон аз Ҳаитӣ ҷонварони хонагиро дуздида мехӯранд.
Ин дар ҳолест, ки ҳеч гузориши қобили боваре дар ин бора вуҷуд надорад. Аз ҷумла мақомоти ҷумҳурихоҳ дар Оҳайё батакрор гуфтанд, ки ин гапҳо асос надоранд.
Дар мулоқоте, ки 16-уми октябр дар Майами бо талошҳои телевизионии испанизабони TV Univision ташкил шуд, як ҷумҳурихоҳи зодаи Мексика ва намояндаи Аризона аз Трамп пурсид, то куҷо ӯ воқеан ҳам бовар дорад, ки муҳоҷирон ҳайвоноти хонагиро мехӯранд.
“Ман фақат он чиро гуфтам, ки гузориш шуда буд... Дар бораи хӯрдани дигар чизҳо ҳам, ки набояд бихӯранд. Ман фақат дар бораи гузориш гуфтам,” -- гуфт Трамп.
Нерӯҳои Украина: Русия бо 56 паҳпод ҳамла кард
Нерӯҳои ҳавоии Украина хабар доданд, ки субҳи 17-уми октябр Русия ба Украина камаш бо 56 дрон ё паҳпод ҳамла кард.
Раиси маъмурияти низомии Украина Серҳий Попко гуфт, ҳамлаҳо алайҳи пойтахт, шаҳри Киев, равона шуданд.
Волии Миколаев Виталий Ким гуфт, ки ҳамлаҳои Русия муассисаҳои энержиро дар ин минтақаи ҷанубии кишвар ҳадаф қарор додааст.
Системаи зиддимушакии Украина аз ҳамлаи 22 паҳпод болои минтақаҳои Суми, Киев, Полтава, Черниҳив, Житомир, Миколаев, Черкаси, Одесса ва Тернопил пешгирӣ карданд.
Вазорати дифои Русия гуфт, ки системаи дифои зиддиҳавоиаш 13 паҳподи украиниро хунсо кардааст.
Зилзилаи 5,9-дараҷаӣ қисматҳое аз Афғонистон ва Тоҷикистонро такон дод
Соати 23:56 дақиқаи шаби гузашта зилзилаи нисбатан шадид қисматҳое аз Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистонро такон дод.
Бар асоси маълумоти Маркази зилзилашиносии Амрико, маркази ин зилзила дар 60-километрии шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон ва шиддати он 5,9 дараҷа будааст.
Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як Идораи заминшиносии Олмон, шиддати ин зилзиларо 5,5 дараҷа хонда ва гуфтааст, ки маркази ин зилзила дар 181-километрии умқи куҳҳои Ҳиндукуш будааст.
Аз хисороти эҳтимолии зилзила ҳанӯз гузорише нашудааст.
Пулиси Хатлон аз боздошти се қочоқбари маводи мухаддир хабар дод
Пулиси вилояти Хатлон аз боздошти се қочоқбари маводи мухаддир хабар дод. Аз онҳо беш аз 25 кг маводи мухаддир мусодира шудааст.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар гузориши телевизионие гуфт, яке аз се нафар боздоштшудаҳо ва роҳбари ин гуруҳ Маҳмадалӣ Қодиров бо қочоқбарон дар Афғонистон робита дошта, маводи мухадирро аз он ҷо дастрас кардааст.
Ба гуфтаи мақомот, боздоштшудаҳо иқрор шудаанд, ки маводи мухаддиро мехостанд ба вилояти Суғд бурда, дар он ҷо ба фурӯш бигузоранд.
Ба иттилои манбаъ, Маҳмадалӣ Қодиров писари ноболиғи худро ҳам ба ин кор ҳамроҳ кардааст.
Нисбат ба боздоштшудаҳо бо гумони муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир парванда оғоз карда шудааст.
Назари боздоштшудаҳо ва наздикону пайвандонашон ба ин қазия дастрас нест.
Зеленский "нақшаи пирӯзӣ"-ро ба вакилони Украина муаррифӣ кард
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский "тарҳи пирӯзӣ" ё нақшаи амал дар муқобили таҷовузи Русияро ба вакилони порлумони кишвараш муаррифӣ кард. Пештар Зеленский ин тарҳро ба ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден ва роҳбарони чанд кишвари ғарбӣ пешниҳод карда буд.
Президенти Украина 16-уми октябр дар “Верховная Рада” (порлумон) гуфт, натиҷаи ҷанг дар ин кишвар вазъи ҷаҳонро дар даҳсолаи наздик муайян мекунад.
Владимир Зеленский аз "эътилофи ҷинояткорон" ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ ба ҷуз Русия акнун Кореяи Шимолиро ҳам дар бар мегирад. Зеленский 13-уми октябр иддао кард, ки Кореяи Шимолӣ ба Русия сарбозу аслиҳа фиристодааст. Ин гузоришҳоро мустақилона тасдиқ кардан имкон надорад.
Раисҷумҳури Украина ҳамчунин Эронро муттаҳам кард, ки Русияро бо силоҳ таъмин мекунад. Теҳрон қаблан инро рад карда буд. Кишварҳои ғарбӣ дар робита ба ирсоли мушакҳо аз Эрон ба Русия алайҳи чанд ширкати эронӣ таҳрим ҷорӣ карданд.
Владимир Зеленский гуфт, "тарҳи пирӯзӣ" аз панҷ банди асосӣ иборат аст. Инҳо даъвати Украина ба узвияти НАТО то анҷоми ҷанг, кашидани ҷанг ба дохили Русия, ҷобаҷоии силоҳҳои пуриқтидори ғайриҳастаӣ дар Украина, рушди бахши мудофиавии ин кишвар ва истифодаи артиши Украина барои мустаҳкам кардани НАТО баъд аз поёни ҷанг.
Владимир Зеленский ҳафтаи гузашта эълон карда буд, ки ҷанг бо Русия бо наздик шудан ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико ва ҳамчунин фаро расдани зимистон дар Украина дар як нуқтаи бӯҳронӣ қарор дорад.
Итолиё аввалин гурӯҳи паноҳҷӯёнро ба Албанистон фиристод
Як киштии Нерӯи дарёии Итолиё рӯзи 16-уми октябр гурӯҳи аввалини паноҳҷӯёнро иборат аз 16 нафар ба Албанистон расонд.
Даҳ паноҳҷӯ аз Бангладеш ва шаш нафари дигар аз Миср ҳастанд.
Итолиё ҳафтаи гузашта дар Албанистон ду маркази қабули паноҳҷӯёнро таъсис дод. Гуфта мешавад, ки танҳо мардони болиғро ба ин марказҳо мефиристанд.
Парвандаи паноҳандагии занону кӯдакон, пиронсолон ва беморон ё қурбониёни шиканҷа дар дохили Итолиё баррасӣ хоҳад шуд.
Сафири Итолиё дар Албанистон гуфт, ҳар сол то 36 ҳазор паноҳҷӯ ба ин ду марказ интиқол дода мешаванд.
ИМА аз Исроил хост, роҳро барои расондани ёрӣ ба Ғазза бозтар кунад
Амрико ба Исроил ҳушдор додааст, ки роҳҳои расондани ёрии башардӯстонаро ба Ғазза беҳтар кунад, вагарна ирсоли силоҳро ба ин кишвар кам хоҳанд кард.
Созмони Милал мегӯяд, Исроил роҳҳои расондани ғизо ва маводи дигари лозимро ба сокинони Ғазза маҳдуд кардааст ва мардум аз гуруснагӣ азият мекашанд.
Исроил мегӯяд, “Ҳамос” аз ёриҳои башардӯстона истифода мекунад ва маҳдудиятҳо танҳо барои ҳамин аст.
Иёлоти Муттаҳида ба Исроил барои беҳбуди вазъ 30 рӯз муҳлат додааст.
Мэтю Миллер, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 15-уми октябр гуфт: "Мо медонем, ки роҳҳои расонидани кумак ба Ғазза вуҷуд дорад. Мо аз вазъ хабар дорем. Мо огоҳем, ки маҳдудият зиёд шудааст. Аз ин рӯ, Исроил масъулият дорад, ки вазъро беҳтар кунад.”
Фаҳд, як сокини Ғазза, мегӯяд, “ман ҳамин ҳоло сахт гуруснаам. Бори охир помидор ё дигар сабзаҷотро ҳашт моҳ пеш хӯрда будам. Таъми онҳоро фаромӯш кардаам. Ранги меваҳоро фаромӯш кардаам, ки чӣ хел буданд. Гоҳ-гоҳ ягон консерва пайдо мекунем, сабзавоту гӯштро намебинем”.
Исроил як сол боз дар Ғазза алайҳи гурӯҳи “Ҳамос” меҷангад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ин созмонро террористӣ медонанд.
Ҷанг дар моҳи октябри соли 2023 ва баъди он шуруъ шуд, ки ҷангҷӯёни “Ҳамос” дар ҳамла ба Исроил 1200 касро куштанд ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифтанд.
Дар ҳамлаҳои Исроил дар бештар аз як соли охир дар Ғазза зиёда аз 42 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.
Ҳамлаи Русия бо 136 ҳавопаймои бесарнишину ду мушак ба Украина
Русия рӯзи 16-уми октябр бо 136 ҳавопаймои бесарнишин ва ду мушак ба гӯшаҳои Украина ҳамла кардааст.
Нерӯҳои ҳавоии Украина дар Telegram навиштанд, ки аксари паҳподҳо сарнагун карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, 51 ҳавопаймои бесарнишинро дар фазои Сумӣ, Херсон, Харков, Житомир, Донетск, Днепропетровск, Миколаев, Киев, Полтава, Черниҳов ва минтақаҳои дигар задаанд.
Вазорати дифои Русия дар навбати худ гуфт, се ҳавопаймои бесарнишини украиниро сарнагун кард. Дуторо дар фазои Белгород ва якеро дар вилояти Воронеж.
Трамп нагуфт, ки баъди рафтанаш аз Кохи Сафед бо Путин гап зад ё не
Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико ва номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихоботи моҳи ноябр, нагуфт, ки пас аз тарки Кохи Сафед бо президенти Русия Владимир Путин суҳбат дошт ё на.
Ӯ рӯзи 15-уми октябр дар бахши суолу ҷавоб дар Анҷумани иқтисодии Чикаго гуфт, дар ин бора шарҳ намедиҳад, аммо агар чунин коре мекард, иқдоми оқилона мебуд.
“Агар ман бо одамон дӯст бошам, агар битавонам муносибати нек дошта бошам, чизи бад нест,” – афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Боб Вудворд, хабарнигори “The Washington Post”, дар китоби наваш – “Ҷанг” – навишт, ки Доналд Трамп пас аз тарки Кохи Сафед дар моҳи январи соли 2021 ҳафт дафъа бо Путин тамоси телефонии хусусӣ доштааст.
Вудворд инчунин нигоштааст, Трамп ба таври махфӣ ба президенти Русия дастгоҳи санҷиши бемории коронавирусро фиристод. Стив Чеунг, сухангӯйи Трамп, ин гузоришро бепоя хонд.
Хабарнигори пешини "Радиои Фардо" дар Эрон боздошт шуд
"Радиои Фардо", бахши эронии Радиои Озодӣ огоҳӣ ёфтааст, ки Ризо Вализода, рӯзноманигори эронӣ-амрикоӣ, ки пас аз солҳо ба Эрон бозгашта буд, дар Теҳрон боздошт шудааст.
Вализода ки пештар аз кормандони Радиои Фардо буд, дар моҳи ноябри соли 2022 ин расонаро тарк кард ва муддате дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ дошт.
Яке аз наздикони ӯ ба Радиои Фардо гуфтааст, ки Ризо Вализода ҳудуди се ҳафта пеш боздошт шуда, ба ҳамкорӣ бо расонаҳои форсизабони хориҷ аз Эрон муттаҳам мешавад. Мақомоти Эрон дар бораи боздошти ин рузноманигор ҳанӯз ба таври расмӣ изҳори назар накардаанд.
Ризо Вализода чанде қабл дар шабакаи Х навишт, ки ӯ ба Теҳрон рафтааст. Ӯ аз ҷумла навишта буд, ки музокироти нотамом бо Созмони иттилооти Сипоҳи посдорон доштааст, аммо дар ниҳоят бо масъулияти худаш ва бе ягон замонатнома, на хаттӣ ва на шифоҳӣ, пас аз 14 сол ба кишвар баргаштааст.
Маълум нест, ки ӯ дар чӣ шароит ин навиштаро нашр карда буд.
Нишасти сарони СҲШ дар Исломобод
Рӯзи 16-уми октябр дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон, 23-юмин нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Покистон гуфтааст, ки дар ин нишаст нахуствазирони Русия, Беларус, Тоҷикистон, Чин, Қирғизистон, вазири корҳои хориҷии Ҳинд ва муовини аввали раисҷумҳури Эрон иштирок мекунанд.
Ҳамчунин нахуствазири Муғулистон ба унвони нозир ва муовини нахуствазири Туркманистон ҳамроҳ бо вазири корҳои хориҷии он ба унвони меҳмонони вижа дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат мекунанд.
Афғонистон узви нозири ин созмон аст, аммо пас аз дигарбора ба сари қудрат омадани "Толибон", ҳукумати онҳо ба ин нишастҳо даъват нашудааст.
Бинобар вазъияти сиёсӣ дар Покистон, чораҳои сахти амниятӣ дар Исломобод рӯйи даст гирифта шудааст ва барои нишасти сарони СҲШ аз рӯзи душанбе ба ин тараф роҳҳои Исломобод ва ҳамчунин бозорҳо баста шудааст. Ҳукумати Покистон барои баргузории ин нишаст се рӯз рухсатӣ эълон кардааст.
Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой як созмони иқтисодӣ, дифоӣ ва амниятӣ аст, ки дар моҳи июни соли 2001 дар Шонгҳой Чин таъсис шуд. Дар оғоз Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон аъзои ин созмон буданд.
Дар ҳоли ҳозир ин созмон 9 узв дорад, ки Ҳинд, Покистон ва Эрон ҳам узвияти онро ба даст овардад ва дар канори он Афғонистон, Беларус ва Муғулистон аъзои нозири ин созмон ҳастанд.
Пирӯзии наврасони Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ бар Малайзия
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Малайзия бозии санҷишӣ анҷом дод.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии санҷишӣ миёни футболбозони навраси Малайзия ва Тоҷикистон, ки 15-уми октябр дар варзишгоҳи «Таман Унгку Тун Амина»-и шаҳри Ҷоҳори Малайзия баргузор шуд, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Ду голи мунтахаби Тоҷикистонро Меҳрубон Одилзода ба самар расонд. Бозии дуюми санҷишии тимҳои наврасони Малайзия ва Тоҷикистон 18-уми октябр доир мегардад.
Ширкат дар бозиҳои санҷишӣ бо дастаи Малайзия барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, як давраи омодагии даста ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 ба шумор меравад.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «J» бо тимҳои Гуам (23-юми октябр), Сингапур (25-уми октябр) ва Умон (27-уми октябр) рақобат хоҳад кард. Бозиҳо дар ин гурӯҳ соли равон дар Сингапур барпо мегарданд.
Бар асоси натиҷагирии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоӣ роҳ меёбанд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3-юм то 20-уми апрели соли оянда дар Арабистони Саудӣ доир мегардад.
Ба ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки то 20-уми октябр дар Малайзия идома меёбад, 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – даъват шудаанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025:
Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов («Сарҳадчӣ»), Анушервон Қурбонзода («Душанбе»), Саидҷон Шарифзода («Шодмон»);
Ҳимоятгарон: Мустафо Ҳасанбеков, Аҳмадҷон Шоев, Самиаллоҳ Давлатов, Мубориз Мискиншоев (ҳама аз «Истиқлол»), Садриддин Сатторов, Меҳроҷиддин Розиқов, Абдусамад Меликмуродов (ҳама аз «Душанбе»);
Нимҳимоятгарон: Умед Ҷафоев (ССКА, Русия), Парвиз Бобоназаров, Меҳрубон Одилзода, Рамазон Бахталиев (ҳама аз «Истиқлол»), Ҳайдаршо Худойдодов, Зариф Зарифзода, Баҳодур Назарзода, Абдулло Иброҳимзода (ҳама аз «Душанбе»), Давид Мақсудов («Моҳир»);
Ҳамлагарон: Муҳаммад Назриев («Истиқлол»), Муҳаммадҷон Мираҳмадов («Равшан»), Асадбек Махтумов, Назрулло Ашурализода (ҳарду аз «Душанбе»).
Сармураббӣ – Марко Раҷини (Сан-Марино).
Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17):
Гурӯҳи «J»
Даври якум
23-юми октябр | чоршанбе
14:00 – Тоҷикистон - Гуам
17:00 – Умон - Сингапур
Даври дуюм
25-уми октябр | ҷумъа
14:00 – Гуам - Умон
17:00 – Сингапур - Тоҷикистон
Даври сеюм
27-уми октябр | якшанбе
14:00 – Тоҷикистон - Умон
17:00 – Сингапур - Гуам
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.