Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Имтиёзи ҳукумати Тоҷикистон барои ворид кардани садҳо тонна маҳсулот

Ҳукумати Тоҷикистон воридоти садҳо тонна маҳсулотро ба кишвар, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод кардааст. Радиои Озодӣ 6-уми апрел бо муҳтавои қарори ҳукумат дар ин бора шинос шуд.

Бар асоси ин санад, Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ бе пардохтани боҷи давлатӣ ва танҳо бо супоридани ними андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ин маҳсулотҳоро ба кишвар ворид мекунад:

  • 100 ҳазор тонна гандум
  • 2 ҳазор тонна орд
  • 30 ҳазор тонна шакар
  • Ҳазор тонна равғани растанӣ
  • Ҳазор тонна биринҷ
  • 2 ҳазор тонна гушт
  • Ҳазор тонна гӯшти қимаи мурғ
  • 100 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ
  • 100 ҳазор тонна бензин

Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз додани имтиёз ба Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ, муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ аст. Аммо соҳибкорон ва коршиносони иқтисодӣ, додани имтиёз ба як идораи давлатиро, ки иштирокчии бозор аст, хилофи рақобат медонанд.

Axios: Нахуствазири Исроил ба ИМА сафар мекунад

Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу
Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу қарор аст рӯзи душанбеи 7-уми апрел ба Вашингтон сафар кунад. Дар ин бора нашрияи Axios бо такя ба манобеаш хабар додааст.

Ба қавли манбаъ, дар сурати анҷоми ин сафар, Нетаняҳу аввалин роҳбари хориҷӣ мешавад, ки шахсан бо Доналд Трамп вохӯрда, барои бекор кардани таърифаҳо талош мекунад.

Ҳафтаи гузашта Иёлоти Муттаҳида барои воридоти мол аз аксар кишварҳои ҷаҳон таърифа (тариф, тарофа) ҷорӣ кард. Ин таърифаҳо барои молҳое, ки аз Исроил вориди Амрико мешаванд 17 дарсад муқаррар шудааст. Пештар Тел-Авив ваъда дода буд, ки ҳамаи таърифаҳоро барои молҳо ИМА бекор мекунад.

Дар назар аст, ки Трамп ва Нетаняҳу ҳамчунин музокироти ба бунбаст расидаи оташбас дар Ғазза ва мавзӯи Эронро баррасӣ кунанд.

Раиси вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ аз пулис хост, афғонҳоро ихроҷ накунанд

Алӣ Амин Гандопур, раиси аёлати Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон мегӯяд, ба пулис ва низомиён дар ин минтақа дастур додааст, ки паноҳҷӯёни афғонро ихроҷ накунанд.

Ин мақоми покистонӣ рӯзи 4 апрел дар нишасти хабарӣ гуфт, "паноҳҷӯёни афғонро аз ин аёлат ҳеҷ касе бо зӯр ихроҷ намекунад. Ин як паёми рӯшан аст. Паёми рӯшани ман ба пулис ва низомиёни аёлат ин аст, ки ҳеҷ касеро ихроҷ накунед. Зеро бо вазъияте, ки дар онҷо вуҷуд дорад, ҳукумати Толибонро онҳоро қабул надорад. Барои онҳо шароити будубош фароҳам нест. Барои хӯрдан ва нӯшидан чизе надоранд. Ихроҷи онҳо сиёсати мо ва дар дастури кори мо нест ва намегузорем чунин шавад".

Ҳукумати Покистон дар моҳи январи соли ҷорӣ эълон кард, ки дорандагони корти шаҳрвандии Афғонистон бояд то 31 март ин кишварро довталабона тарк кунанд ва дар ғайри он, бо зӯр ихроҷ хоҳанд шуд.

Ҳукумати Покистон аз аввали моҳи апрел раванди боздошти ихроҷи муҳоҷирони афғонро дар бахшҳои гуногуни Покистон сахттар кард ва даҳҳо тан аз ин муҳоҷиронро, ки дар Исломобод ва Равилпиндӣ боздошт шуда буданд, аз тариқи гузаргоҳи "Турхам" ба Афғонистон ихроҷ кард.

Бархе аз масъулини умури муҳоҷират дар "Турхам" ба хабарнигорони покистонӣ гуфтаанд, ки ин муҳоҷирон шомили дорандагони корти муҳоҷират бо номи "АСС" ва муҳоҷирони беҳуҷҷат будаанд.

Ба тахмини Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR), якуним миллион муҳоҷири афғон дар Покистон зиндагӣ мекунанд, ки аз ин шумор ҳудуди 800 ҳазор дорандагони корти "ACC" мебошанд.

Шумори талафоти зилзилаи Мянмар аз 3300 нафар гузашт

Myanmar Earthquake
Myanmar Earthquake

Расонаҳои давлатии Мянмар 5 апрел гузориш доданд, ки шумори қурбониёни зилзилаи ахир дар ин кишвар ба беш аз 3300 нафар расид.

Ба гузориши ин расонаҳо, ҳудуди 4500 нафар захмӣ ва 220 тани дигар ҳанӯз нопадид ҳастанд.

Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки ба Мянмар кӯмак кунанд. Ба тахмини СММ, мумкин аст беш аз се миллион нафар аз ин зилзима осеб дида бошанд.

Зилзилаи 7,7-дараҷаӣ рӯзи ҷумъаи 27-уми март Мянмарро такон дод.

Шумори зиёде аз мардуми ин кишвар ҳанӯз бе сарпаноҳ ҳастанд ва ё ҳам аз тарси эҳтимоли фурӯ рехтани биноҳо, дар берун аз хонаҳои худ ба сар мебаранд.

Песков: Парвандаи ҳастаии Эрон бояд аз роҳи дипломатӣ ҳал шавад

Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия.
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия.

Cухангӯи раёсати ҷумҳури Русия мегӯяд, парвандаи ҳастаии Эрон бояд аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал шавад ва аз ҳама тарафҳо хостааст, то хештандорӣ кунанд.

Дмитрий Песков рӯзи 4 апрел ба хабарнигорон гуфт, "мо ба ин бовар ҳастем, ки мушкили парвандаи ҳастаии Эрон танҳо бояд бо абзорҳои сиёсӣ ва дипломатӣ расидагӣ ва ҳаллу фасл шавад".

Ӯ афзуд, "албатта мо бовар дорем, ки ҳама тарафҳо бояд дар ин замина хештандории комил дошта бошанд ва ҳангоми баҳс дар мавриди масъалаҳо, ба таври хос бар талошҳои дипломатӣ таваҷҷуҳ кунанд".

Дмитрий Песков ҳамчунин бо ишора ба инки Русия дар талош барои барқарории робитаҳои худ бо Амрико аст, таъкид кард, "аммо Эрон низ шарик ва муттаҳиди мо аст, ки робитаҳои бисёр густурда ва чандҷониба бо он дорем".

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико таҳдид кардааст, ки агар Эрон барои дастёфтан ба созиши наве дар мавриди барномаи ҳастаиаш бо Амрико музокира накунад, таҳримҳои дигар алайҳи он ҷорӣ мекунад ва Эрон "бамборон" хоҳад шуд.

Маскав пешниҳод кардааст, ки байни Амрико ва Эрон миёнҷигарӣ кунад.

Раҳбарони Эрон ва Амрико дар як моҳи гузашта ба якдигар номаҳо фиристоданд ва мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ мегӯянд, ки омодаи музокироти ғайримустақим бо ИМА ҳастанд.

Бо вуҷуди он, ки Доналд Трамп мегӯяд, хоҳони гуфтугӯи мустақим бо Эрон аст, вале айни замон тибқи гузоришҳо, Вашинтгон "ба таври ҷиддӣ анҷоми музокироти ғайримустақим бо Эрон баррасӣ мекунад".

Ҳушдори КҲФ аз селхезӣ ва тармафароӣ дар рӯзҳои оянда

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз омадани селҳои эҳтимолӣ дар рузҳои оянда ҳушдор дод. Аз сокинон хоста шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранд.

Ба иттилои ин ниҳод, бинобар ҳавои номусоид, аз ҷумла, боридани боронҳои сахт дар бархе ноҳияҳои куҳистонии вилояти Суғд, атрофи Душанбе ва ғарби ВМКБ, хатари омадани селҳо вуҷуд дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо такия ба Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки хатари хатари лағзиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳанӯз боқист.

Аз ин рӯ, КҲФ ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия додааст, ки дар ин рузҳо аз рафтан ба соҳили дарёву рӯдхона, ҳамчунин сайёҳат ба куҳу пуштаҳо, ибо варзанд. Аз ронандагон ҳам хоҳиш шудааст, ки безарурат ба сафар набароянд.

Ва низ аз сокинон хоҳиш шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба доманакӯҳҳои барои ҷамъоварии гиёҳ, шикор, чӯпонӣ ва моҳидорӣ, худдорӣ кунанд.

Ҳамасола чандин нафар дар Тоҷикистон бар асари ҳодисаҳои табиӣ ба ҳалокат мерасанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон чанд рӯз пеш аз марги як сокини ноҳияи Дарвоз хабар дод, ки аз кӯҳ афтода ва ҷон бохтааст.

Ба иттилои ин ниҳод, марди 34-сола, сокини деҳаи Паткунови ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб, субҳи 2-юми апрел бо мақсади ҷамъоварии чукрӣ ба кӯҳҳои наздики деҳа рафта буд.

Ҷасади ин мард баъд аз зуҳри ҳамон рӯз аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ёфт шуда, ба наздиконаш супурда шуд.

5 кушта ва беш аз 30 захмӣ. Ҳамлаи густурдаи Русия ба Харков

Харкови Украина, 3-юми апрел
Харкови Украина, 3-юми апрел

Русия бо даҳҳо ҳавопаймои бесарнишин ба шаҳри Харков, дар шимолу шарқи Украина, зарба задааст.

Мақомоти Украина гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои шаби 3 ба 4-уми апрел панҷ кас кушта ва зиёда аз 30 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Чанд бинои истиқоматӣ низ сӯхтаву вайрон гардидааст.

Додситонии кулли Украина гуфт, дар миёни кушташудагон се кӯдак ҳаст.

Ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия дар шаҳри Днепри Украина низ се нафар ва дар вилояти Запорожйе як касро захмӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрдори Маскав Сергей Собянин рӯзи 4-уми апрел гуфт, як ҳавопаймои бесарнишинро аз байн бурданд, ки ба самти пойтахти Русия меомад.

Хабаргузориҳои Русия аз қавли як намояндаи Оҷонси федеролии ҳамлу нақл хабар доданд, ки се фурудгоҳ муваққатан баста шудааст.

Дертар хабар расид, ки фурудгоҳи "Внуково" барои қабулу гусели ҳавопаймоҳо боз аст, аммо дар бораи аз сар гирифтани фаъолияти дуи дигар хабаре нест.

Чин ҳам ба молу маҳсулоти ИМА боҷ ҷорӣ кард

Доналд Трамп ба ҳама кишварҳои ҷаҳон барои фурӯши молу маҳсулоташон дар ИМА боҷ ҷорӣ кард.
Доналд Трамп ба ҳама кишварҳои ҷаҳон барои фурӯши молу маҳсулоташон дар ИМА боҷ ҷорӣ кард.

Вазорати молияи Чин хабар дод, ки ба тамоми маҳсулоти воридотӣ аз Амрико тарофаҳои иловагӣ ҷорӣ мекунад.

Доналд Трамп рӯзи сеюми апрел эълон кард, аз тамоми шарикони тиҷоратиаш боҷ меситонад ва Чин аз ҷумлаи кишварҳое ҳаст, ки барои фурӯхтани молу маҳсулоатш дар Амрико бояд боҷи бештар супорад.

Чин дар посух барои маҳсулотӣ воридотӣ аз Амрико боҷи 34 садӣ таъин кард.

Хабаргузории Reuters навиштааст, ки Пекин 16 ширкати Амрикоиро ба феҳрасти содироти назоратшаванда ворид карда, номгӯйи маҳсулоти содиротиро маҳдуд кард.

Бино ба дастури Трамп, ки барои 183 кишвар таърофа ё боҷи гумрукӣ эълон кард, Чин бояд барои воридоти маҳсулоташ ба Амрико 34 дар сад боҷ бипардозад. Чин ин тасмими президенти амрикоро мухолиф ба қонунҳои тиҷорати байналмилалӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои шарикони тиҷоратӣ хонд. Ин кишвар рӯзи 3-юми апрел ваъда дод, ки дар нисбати Амрико ҳам аз “чораҳои шадиди ҷавобӣ” кор хоҳад гирифт.

Раиси Кумисюни Аврупо Урсула фон дер Лейен ҳам тасмими президенти Амрикоро барои ҷорӣ кардани боҷ зарбаи сахте ба иқтисоди ҷаҳонӣ хонда, таҳдид кард, ки “иқдоми ҷавобӣ” хоҳад дод.

"Пул ҳаст, иҷоза нест." Манъи бозсозии як масҷиди Исфара аз баҳри чист?

Ин масҷид дар деҳаи Хушободи Исфара моҳи феврал оташ гирифт
Ин масҷид дар деҳаи Хушободи Исфара моҳи феврал оташ гирифт

Сокинони як деҳа дар Исфара шикоят доранд, ки мақомот барои таъмири масҷид дар маҳалли зисташон иҷозат намедиҳанд.

Масҷиди деҳаи Хушобод дар моҳи феврали имсол оташ гирифт. Мардум сабаби ҳодисаро ба ҳам расидани сими барқ мегӯянд. Хулосаи оташнишонҳо ҳанӯз эълон нашудааст.

Ба гуфтаи муаллифи наворе, ки ба Радиои Озодӣ фиристод, мардум барои бозсозии масҷид пул ҷамъ кардаанд, аммо мақомот иҷозат намедиҳанд.

Дилбар Қурбонова, раиси ҷамоати Хонобод, рӯзи чоруми апрел гуфт, “аввал хулосаи идораи сӯхторнишониро гиранд, баъд ин масъаларо дида мебароем. Мақомот онро ба Кумитаи дин мефиристанд. Баъди он ки Кумита иҷозат дод, таъмир оғоз мешавад. То ҷамъ шудани хулосаи инҳо вақт меравад."

Мақомоти шаҳри Исфара намегӯянд, ки хулосаи санҷиши идораи оташнишонӣ кай мерасад.

Сокинони деҳа шикоят доранд, ки бо сабаби набудани ибодатгоҳ маҷбуранд, барои адои намоз ба деҳаҳои ҳамсоя раванд.

Баъзе аз онҳо далели мақомотро барои ба таъхир гузоштани таъмири масҷид "ҳадафмандона" медонанд.

Чаро ба таъмири масҷиди сӯхта иҷозат намедиҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00


Кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд.

Аз ҷумла Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ моҳи март гуфт, ки соли 2024 вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон "ниҳоят бад" шуд. Мақомоти тоҷик дар гузашта ин гуна танқидҳоро рад кардаанд.

Тибқи омор, дар Тоҷикистон беш аз чор ҳазор масҷидро ба рӯйхат гирифтаанд. Як масҷид ба сари ду-дуним ҳазор кас.

Аксари онҳо масҷидҳои панҷвақта ҳастанд, вале сокинон ҳар чанд вақт аз душвории сабтином ва ё эҳтимоли баста шудани ибодатгоҳҳо шикоят мекунанд.

Дар Маскав як таксирони қирғизро латукӯб кардаанд

Элбас Бердиев, шаҳрванди Қирғизистон.
Элбас Бердиев, шаҳрванди Қирғизистон.

Дар Маскав як таксирони муҳоҷир аз Қирғизистонро латукуб карданд.

Эрнис Бердиев, мусофиркаши қирғиз мегӯяд, ҳодиса баъд аз зӯҳри 29 март дар Маскав рух дод.

Ба гуфтаи Эрнис, вақте ӯ аз мусофирон хостааст, ки пули роҳро пешпардохт кунанд, дар ҷавоб вайро таҳқир карда, сипас латукӯб мекунанд.

Дар расонаҳо навори ҳодиса аз дурбини таксӣ ҳам нашр шудааст, ки дар он латукуби Эрнис дида мешавад. Эрнис мегӯяд, ки дар мошин ду мард ва ду духтар буданд.

"Яке аз онҳо маро дашном дод, ман хомӯш наистодам, баъди даст бардоштани яке аз онҳо, худамро ҳимоя кардам",-гуфтааст ӯ.

Латукӯби ронандагони муҳоҷир ҳодисаи нав нест. Онҳо дар Русия аксаран мавриди ҳамла ва ё латукӯб қарор мегиранд.

Маркази назорати экстремизм бо номи "Сова" дар таҳқиқе гуфтааст, ки аз соли 2023 ба ин тараф бархурди нажодапарастона бо муҳоҷирон дар Русия афзоиш ёфтааст.

Ҳалокати як мард дар Дарвоз

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз марги як сокини ноҳияи Дарвоз хабар дод, ки аз кӯҳ афтода ва ҷон бохтааст.

Ба иттилои ин ниҳод, марди 34-сола, сокини деҳаи Паткунови ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб, субҳи 2-юми апрел бо мақсади ҷамъоварии чукрӣ ба кӯҳҳои наздики деҳа рафта буд.

"Вале бинобар лағжанда будани замин пас аз боришоти зиёд, ӯ аз баландии 60 метр ба замин афтода ва дар ҷояш ҷон додааст",-омадааст дар хабар.

Ҷасади ин мард баъд аз зуҳри ҳамон рӯз аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ёфт шуда, ба наздиконаш супурда шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон хостааст, ки дар шароити обу ҳавои номусоид аз сафар ба кӯҳҳо худдорӣ намоянд.

Маҷористон аз Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ берун мешавад

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил бо Виктор Орбан, сарвазири Маҷористон
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил бо Виктор Орбан, сарвазири Маҷористон

Мақомоти Маҷористон ё Венгрия гуфтанд, ки ин кишвари аврупоӣ аз Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ берун хоҳад шуд.

“Давлат раванди хуруҷро рӯзи 3-юми апрел мутобиқ бо Қонуни асосӣ ва байнулмилалӣ оғоз хоҳад кард,” – гуфт як намояндаи ҳукумати Маҷористон.

Ин тасмим дар замоне эълон гашт, ки Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, дар Будапешт қарор дорад.

Пештар Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ ҳукми боздошти Нетаняҳуро содир карда буд.

Ӯро ба ҷинояти ҷангӣ дар Ғазза гумонзад медонанд. Ҷое, ки аз моҳи октябри соли 2023 даргирии нерӯҳои Исроил бо ҷангҷӯёни “Ҳамос” идома дорад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.

Мақомоти Исроил қарори Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноиро беасос хонаанд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон барои ширкат дар нишасти Самарқанд

Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 3-юми апрел ба Узбекистон рафт.

Ӯ рӯзҳои 3 ва 4-уми апрел дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Самарқанд иштирок мекунад.

Ин нишасти нахустини тарафҳост.

“Нишасти Самарқанд нишон хоҳад дод, ки Иттиҳоди Аврупо то чӣ ҳад ба ҳамкории мунтазам ва дарозмуддат бо Осиёи Марказӣ омода аст. Душвории асосӣ барои Брюссел рақобат бо манфиатҳои Чин ва Русия дар минтақа хоҳад буд”, -- мегӯяд Мирҳат Шарифҷон, таҳлилгари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Иттиҳоди Аврупо солҳо боз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бештар зери нуфузи Русия ҳастанд, равобит дорад. Иқтисоду дигаргунии иқлим, таъмини об ва риояи ҳуқуқи одамон аз мавзуъҳои асосии ҳамкории ду тараф будааст.

Вале бино бар санаде, ки Радиои Озодӣ рӯзи дувуми апрел дид, ҷонибҳо дар нишасти Самарқанд ба истиснои ташаббуси Global Gateway, ки ҳамчун алтернативаи тарҳи "Як камарбанд - як роҳ"-и Чин номбар мешавад, масъалаи Афғонистону мубориза бо таҳдидҳо, давр задани таҳримҳо, волоияти қонуну озодиҳои бунёдӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро низ баррасӣ ва ё ҳадди ақал дар бораи онҳо ишора хоҳанд кард.

Созмони байнулмилалии Human Rights Watch як ҳафта пеш аз намояндагони Иттиҳоди Аврупо талаб карда буд, ки дар гуфтугӯ бо мақомоти Осиёи Марказӣ ба риояи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ кунанд.

Чун, ба гуфтаи Искра Кирова, мудири созмон дар умури кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, "ҳабси мунтақидону фаъолон ва маҳдудияти кори ҷомеаи маданӣ ва матбуоти мустақил дар минтақа ба гумон аст, ки ба пешрафте, ки Иттиҳоди Аврупо дар фикри он аст, мусоидат намояд."

Аммо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, дар остонаи нишаст ва дар мусоҳиба бо шабакаи Euronews бештар ба масъалаҳои иқтисодӣ ва сармоягузориву рушди устувор бо Иттиҳоди Аврупо таъкид кардааст. Ба иттилои ӯ, дар ҳафт соли охир додугирифт байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо афзуда, ба 54 миллиард евро расидааст.

Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ солҳои охир барои саркӯби мунтақидон, боздошту ҳабси рӯзноманигорон ва поймоли ҳуқуқи бунёдии сокинон танқид мешаванд. Ҳукуматдории тӯлонӣ ва интихоботҳои бидуни рақобат ва ё олуда ба тақаллуб аз камбудҳои дигари онҳо шумурда мешавад.

Як мансабдори баландпояи Русия ба Вашингтон рафтааст

Кирилл Дмитриев (байн) дар Арабистони Саудӣ. Акс аз моҳи феврали 2025
Кирилл Дмитриев (байн) дар Арабистони Саудӣ. Акс аз моҳи феврали 2025

Кирилл Дмитриев, намояндаи вижаи Русия дар умури сармоягузории хориҷӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, рӯзи 2-юми апрел барои суҳбат дар бораи хатми ҷанг дар Украина ва истиқрори оташбас ба Вашингтон рафтааст.

Хабаргузории "Рейтерс" бо такя ба ду манбаъ рӯзи 3-юми апрел хабар дод, ки Дмитриев бо даъвати расмӣ вориди Вашингтон шуд.

Кохи Сафед иттилоъро тасдиқ накардааст.

Ба гузориши "Рейтерс", Стив Виткофф, намояндаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна, бо дастури Кохи Сафед ва Департаменти давлатӣ ҳафтаи гузашта Дмитриевро даъват карда, барои дарёфти раводиди кӯтоҳмуддат ба ӯ ёрӣ додааст.

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022 бори аввал аст, ки як мансабдори баландпояи Русия аз Вашингтон боздид мекунад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, чанде пеш аз ҷараёни кунди музокироти оташбас барои хатми ҷанг дар Украина ва рафтори Владимир Путин, президенти Русия, изҳори норизоятӣ кард.

Вай рӯзи 2-юми апрел ҳангоми эълони боҷи изофӣ барои бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, бори дигар ба пойбандии худ барои поён додани ҷанг дар Украина таъкид намуд.

"Саломатияш хуб нест." Озодии "табиб"-и Алии Бедакӣ аз зиндон

Акси Абдулло Вазиров аз бойгонӣ
Акси Абдулло Вазиров аз бойгонӣ

Абдулло Вазиров, ҷарроҳи 78-сола аз ноҳияи Рашт, ки соли 2023 бо гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ боздошт ва панҷ сол ҳабс шуда буд, қабл аз муҳлат аз зиндон раҳо гардидааст.

Пайвандонаш рӯзи 2-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки раҳоии ӯ бар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон имконпазир гашт.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми марти имсол қарори раҳоии наздик ба нуҳсад зиндониро имзо гузошт ва онро “бахшиши гуноҳ” номид.

Абдулло Вазиров дар наворе, ки телевизионҳои Тоҷикистон нашру паҳн карданд, озодиро “неъмати беҳтарин” донистааст.

Наздиконаш гуфтанд, ӯ ҳоло дар деҳаи Муллобароти ноҳияи Рашт қарор дорад, “аммо вазъи саломатияш чандон хуб нест”.

Табиби Алии Бедакӣ афв шудааст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

Абдулло Вазиров дар гузашта бо гумони кумак ба Аловуддин Давлатов, машҳур ба Алии Бедакӣ, низ зиндонӣ ва бар асоси қонуни авф озод шуда буд. Ӯ худашро бегуноҳ медонист.

Мақомот Алии Бедакиро ба созмон додани ҳамла ба корвони нерӯҳои Вазорати дифои Тоҷикистон дар соли 2010 гунаҳкор карданд. Дар он ҳамла 26 сарбоз кушта шуд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG