Соли равон барои аввалин бор дар таърихи Узбекистони соҳибистиқлол мунтахаби футболи ин кишвар дар қуваозмоиҳои ниҳоии ҷоми ҷаҳонӣ ширкат варзид.
Маросими видоъ бо раҳбари пешини Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ ва аҳли хонаводааш, ки рӯзи 3-юми июл оғоз шуд, то 9-уми июл идома хоҳад кард. То ҳанӯз дар ин маросим писараш Муҷтабо Хоманаӣ, ки ҷойгузини ӯ шуд, ширкат наварзидааст.
Дар пайи сахт шудани кору зиндагӣ дар Русия бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон талош мекунанд, ки барои зиндагии беҳтар ба кишварҳои дигар муҳоҷират кунанд.
Ҳайати ҳунармандони Театри тамошобини ҷавони ба номи Муҳаммадҷон Қосимов дар Душанбе нахустнамоишеро дар бораи кору фаъолияти сиёсатмадор ва донишманди маъруфи тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров таҳия намуд.
Аз 6-уми июл нишастҳои хабарии мансабдорон дар Тоҷикистон оғоз мешавад. Вазирону раисони кумитаҳо дар се ҳафта дар бораи натиҷаи корашон дар нимаи аввали имсол гузориш ва ба суоли хабарнигорон посух хоҳанд дод. Ҳамкорони мо аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки ба онҳо чӣ суол доранд?
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими видоъ бо раҳбари Эрон ширкат кард. Модари Нилуфар Мирраҳматова бовар дорад, ки духтараш қурбонии хушунати оилавӣ шудааст. Додгоҳе дар Қирғизистон Қамчибек Тошиевро ба чор соли ҳабси шартӣ маҳкум намуд. Ба вазирон чӣ савол доред?
Рӯзи 3-юми июл дар Эрон маросими якҳафтаинаи видоъ бо раҳбари пешини Ҷумҳурии Исломӣ шуруъ шуд. Дар ин маросим ҳайати Тоҷикистон ба раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам иштирок кард.
Пайкари Нилуфар Мирраҳматоваи 28-соларо, ки дар Русия кору зиндагӣ мекард, қариб ду ҳафта пеш дар Хуҷанд дафн карданд, аммо баҳси волидони ӯ бо хонаводаи шавҳараш ҳамчунон идома дорад.
Додгоҳе дар шаҳри Бишек раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон Қамчибек Тошиевро бо гуноҳи “Кӯшиши ғасби қудрат” ба чор сол зиндон маҳкум кард, вале дар айни замон шартан дар озодӣ нигоҳ дошт.
Пулиси Исроил ва Хадамоти амниятии ин кишвар эълон карданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистону Русияро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кардаанд. Мақомоти Исроил рӯзи дувуми июл аз ин нафар Беҳрӯз Собирҷон ном бурданд.
Як чӯпони тоҷик шикоят дорад, ки баъди заҳматҳои чандинмоҳаи нигоҳубини молу чорвои як ширкати давлатӣ, худаш қарздору бемол мондааст.
Ҳалокати 11 нафар дар садамаи маргбор дар шаҳри Ваҳдат. Чӯпони тоҷик шикоят дорад, ки гӯсфандҳояшро ноодилона ба нафъи давлат мусодира кардаанд. Зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми ҷосусӣ ба фоидаи Эрон дар Исроил боздошт шудааст. Намоишномаи Бобоҷон Ғафуров дар саҳнаи театр.
Ёфтҳои бештар