Дар садама ё тасодуфи роҳ дар шаҳри Ваҳдат 11 кас ҷон бохтааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ҳодиса 2-юми июл дар ҳудуди деҳаи Элок ва дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ рӯй дод.
Дар даври даҳуми машваратҳои дуҷониба байни Амрико ва Тоҷикистон ҳамкориҳои ду кишвар, масоили амниятӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятҳои фаромарзӣ баҳс шудааст. Ин машварат рӯзи 30-юми июн дар шаҳри Вашингтон баргузор шуд.
Пайкари Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дидгоҳҳо ба фаъолияташ яксон нест, дар ноҳияи Рӯшон дафн кардаанд. Ӯ ва ҳамсару як фарзанди хурдсол ва ёвару ронандааш 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ бо мошини хидматӣ ба дарёи Панҷ сарозер шуданд.
Кумитаи Ҳелсинки, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, хостааст, ба зидди он мансабдорони тоҷик, ки дар шиканҷаи зиндониён даст доранд, таҳримҳои ҳадафманд, аз ҷумла Қонуни Магнитский ҷорӣ шавад
Даргузашти ҳунарманди шинохта Бахтиёр Раҳимов.
Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии ИМА ва Тоҷикистон дар Вашингтон. Пешниҳоди муҷозот ва таҳрими мансабдорони тоҷик, ки дар азияти маҳбусон даст доранд. Маросими видоъ бо раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот. Сабаби марги ҳунарманд Бахтиёр Раҳимов аз нақли рафиқонаш.
Дар Русия на камтар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва аз ноноварони аслии хонаводаҳояшон дар кишвар ҳастанд. Ҳамкори мо, Шаҳлои Абдулло, дар Душанбе аз чанд раҳгузар пурсид, ки оё фарзанд, ё бародаронашон ба онҳо кумаке мекунанд, пул мефиристанд?
Ҷасади раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботро ёфтаанд. Дронҳои Русия ба аҳолии Украина ҳамла мекунанд. Туркия Осиёи Марказиро Туркистон меномад. Дастбанди тиббӣ барои мардуми ниёзманд
Дар китобҳои нави дарсӣ дар Туркия истилоҳи "Осиёи Марказӣ" бо "Туркистон" иваз шудааст ва ин дигаргунӣ баъзе нигарониҳоро дар Тоҷикистон, ягона кишвари форсизабони минтақа ба вуҷуд овард.
Ҳамлаи бесарнишинҳои Русия ҳаёти мардуми осоиштаи канори Запорожеи Украинаро пур аз хатар кардаанд, вале мардум мегӯянд, зиндагӣ идома дорад.
Ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро баъди тақрибан ду ҳафта ҷустуҷӯ аз дарёи Панҷ ёфтанд. Ориф Нозимиён, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзи 30 июн гуфт, ҷасадро дар ҳудуди деҳаи Кишти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз об бароварданд.
Дастбанди электронӣ барои наҷоти мардуми солхӯрда дар гармои Аврупо.
Ёфтҳои бештар