Ратко Младич, собиқ фармондеҳи низомии сербҳои Босния, ки бо гуноҳи наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ ба зиндони умрбод маҳкум шуда буд, рӯзи 27-уми август даргузашт. Вай 84-сола ва бо лақаби “Қассоби Босния” маъруф буд
Шумо аз чӣ метарсед. Аз торикӣ, аз бепулӣ, аз надоштани ҷойи кору хона ва ё чизи дигар. Радиои Озодӣ дар Душанбе аз чанд раҳгузар ҳамин суолро кард ва посухҳои ҷолибе гирифт. Шумо аз чӣ метарсед?
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
Фоҷеа дар Непал. То кунун дар бораи марги тақрибан дусад кас гузориш расидааст. Ин сели ваҳшатбор рӯзи 26-уми август омад. Баъд аз он ки як девори азиме аз лою санг ба рӯде дар марзи Непал ва Тибет фурӯ рехт. Мақомот дар ҳар ду тарафи сарҳад тахмин мезананд, ки теъдоди ҷонбохтагон бештар хоҳад шуд.
Сергей Миронов, вакили Думаи давлатии Русия, аз он норозӣ аст, ки дар даҳ соли гузашта иҷоза додаанд, тоҷикистониҳои зиёде шаҳрвандии Русияро бигиранд. Дар даҳ соли гузашта 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ ҷорист.
Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз мухолифони тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунад, ҳукми зиндони худ дар Русияро ноодилона ва беасос хонд. Додгоҳи Маскав ӯро моҳи апрели имсол ба 21 соли зиндон маҳкум намуд, вале хабараш моҳи август дастраси расонаҳо шуд.
Гузашти панҷ сол аз бозгашти Толибон ба қудрат ва хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ ва хатми ҷанг дар Афғонистон ба маънои таъмини амнияти мардуми ин кишвар нест. Ин нукта дар як мизи мудаввари Радиои Озодӣ гуфта шуд, ки дар он сиёсатмадорони собиқи Амрико ва Афғонистон ҳам ширкат доштанд.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Мушоҳидаи мутахассисони тоҷик дар моҳи гузашта нишон додааст, ки дар ҳавзаи Зарафшон - як дарёи бузурги кишвар барфҳои мавсимӣ тақрибан ҳама об шудаанд. Об шудани пиряхҳои мавсимӣ фақат як падидаи табиӣ нест, балки оқибатҳое дорад, ки сабаби ранҷ кашидани мардуми оддӣ дар ҳавзаи ин дарё мешавад.
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон ҳамоиши байнулмилалии "TajTech - 2026" баргузор мешавад, ки ба мавзӯи рушд ва гузариш ба фанновариҳои рақамӣ ихтисос дода шудааст. Дар мусоҳибае аз Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои нав, хостем, дар бораи ин соҳа бештар бигӯяд.
Як мунаққиди тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистонро дар Русия ба 21 сол зиндон маҳкум карда, ба ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ додаанд. Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи "Ислоҳ", ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Додгоҳи Маскав дар ғайбаш содир шуда, ба суҳбатҳои ӯ дар бораи ҷанги Русия дар Украина пайванд дорад.
Хабарҳои рӯз
Ёфтҳои бештар