Тоҷикистон, ки аз соли 2015 барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) шитоб надошт, акнун гурӯҳи корӣ таъсис додааст. Аъзои гурӯҳ фоида ва зиёни шомил шудан ё нашудани Душанберо ба ин ниҳоди зери нуфузи Русия арзёбӣ мекунанд.
Мардуми осебдида аз заминларзаи водии Рашт соҳиби хонаи нав шуданд, СММ куштори мардуми осоишта дар Ғаззаро маҳкум кард, ҳодисаҳои барқдуздӣ дар вилояти Суғд ва баҳси узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди АвруОсиё дар арафаи сафари Путин ба Душанбе.
Ҳодисаҳои дуздии нерӯйи барқ дар вилояти Суғд таҳқиқ мешаванд.
Раҳбари Тотристони Русия маҳдуд намудани таҳсили фарзандони муҳоҷиронро дар мактабҳои Русия "қарори аҳмақона" мешуморад. Боз як фаъоли бадахшонӣ дар маҳбаси Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст ва матолиби дигар.
"Pamir Inside" аз марги як фаъоли дигари бадахшонӣ дар зиндон хабар дод. Ин расона рӯзи 24-уми август бо такя ба манбаъҳои худ навишт, ки Боғшо Иматшоеви 67-сола ҳанӯз моҳи феврали имсол даргузашта, хабари маргаш нав дастрас шудааст.
Рустам Минихонов, президенти Ҷумҳурии Тотористони Русия, манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирони кориро дар Русия сахт танқид карда, онро "як қарори аҳмақона" номид.
Тафтиши намуди зоҳирӣ дар яке аз мактабҳои миёнаи кишвари амрикоии Салвадор шуруъ аст. Акнун мудири мактаб вазифадор аст, ки ҳар субҳ намуди зоҳирии талабаву муаллимонро назорат кунад. Либос, пойафзол ва мӯйсари хонандагон бояд мутобиқ ба талаботи нав бошад.
Агарчӣ сиёсатмадорон дар Қазоқистон ҳар сол эъломияи молиёт ё андоз месупоранд, ба мардуми одӣ нишон намедиҳанд. Аз имсол вазъ бояд дигар шавад. Вазорати молия гуфтааст, мардум аз ин пас хоҳанд донист, ки вазирон чӣ қадар даромаду сарват доранд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ назари сокинони Душанберо дар ҳамин мавзуъ пурсиданд? Баъзе посухҳоро инҷо хонед:
Аз моҳи сентябри соли 2025 маоши омӯзгорон дар Тоҷикистон 30 дарсад боло меравад. Ба гуфтаи мақомот, баъди ин зиёдшавӣ маоши омӯзгорон ба 1700 то 2700 сомонӣ ($ 180-280) мерасад. Хабарнигорони Озодӣ аз ҷавонон дар Душанбе пурсиданд, ки дар шароити феълӣ ва бо чунин маош мехоҳанд омӯзгор шаванд?
Баъзе муаллимону табибони Кӯлоб маошашонро нагирифта, мураххасиро дар хона мегузаронанд. Тоҷикистон қарзи хориҷиро коҳиш додааст. Заршӯёни Афғонистон маҷрои рӯди Панҷро тағйир додаанд ва матолиби дигар.
Дар минтақаи Кӯлоб ҳазорон нафар аз кормандони идораҳои давлатӣ ва бахусус муаллимон музди кори худро нагирифтаанд. Бисёре аз онҳо, ки зиндагиашон сахт вобастаи музди ҳармоҳа аст, маҷбур шудаанд, қарз бигиранду маҳсулоти хӯрока бихаранд.
Ёфтҳои бештар