Боло рафтани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон як мушкили дигари ҷиддӣ барои ронандаҳои таксие шудааст, ки мошинҳояшон бо нерӯӣ барқ ҳаракат мекунанд.
Хабарҳои рӯз
Вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон ба мардум ҳушдор додааст, ки вақти сафар ба Русия дар фурудгоҳҳо ба дархости маъмурони амниятӣ барои тафтиши телефонҳояшон мухолифат накунанд, зеро онҳоро ба Русия роҳ намедиҳанд.
Ахбори Озодӣ
Бӯҳрони Ховари Миёна ва бахусус бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз ба вазъи зиндагии мардум дар Тоҷикистон бетаъсир намонд. Дар чанд рӯзи гузашта қимати бензину газ, ки Тоҷикистон аз берун мехарад, боло рафт. Ҳоло мардум, аз боло рафтани қимати ҳамачиз сӯҳбат мекунанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Эрон ба созиш барои хатми ҷанг наздик буда, шояд охири ҳафтаи равон ҳайатҳои ду кишвар бори дуюм сари мизи музокирот нишинанд.
Трамп гуфт, эҳтимоли поёни ҷанг бо Эрон наздик аст. Дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ боло рафтааст. Баъди марги Меҳрона Ноибоваи 23-сола ду корманди Додситонии кул муваққатан аз масъулият дур карда шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон розӣ шудаанд, ки сафари шаҳрвандони ду кишварро бо шиносномаҳои дохилӣ ё ID-кортҳо ба қаламрави ҳамдигар иҷозат диҳанд. Ин нукта дар тарҳи протоколи байниҳукуматии ду кишвар дарҷ шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Ҳукумати Тоҷикистон чанде пеш онро тасдиқ кард.
Баъд аз марги духтари 23-сола дар ноҳияи Дарвоз, ду корманди Додситонии кулли Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо ӯ буданд, муваққатан аз масъулият дур карда шудаанд.
Ҷанг дар Ховари миёна ба бозори маводи сӯхти Тоҷикистон ҳам таъсир кардааст
Якшанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи илми тоҷик аст. Ба ин муносибат мо аз сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе пурсидем, ки назарашон ба вазъи илми тоҷик ва кори олимони тоҷик чӣ аст?
Дари бузургтарин чойхонаи шаҳри Панҷакентро бо сабаби риоя накардани қоидаҳои беҳдорӣ ва ба муштариён додани ғизои олудае бастаанд, ки даҳҳо нафарро бемор кардааст.
Ёфтҳои бештар