Комиссари ҳарбии Восеъ, ки дар садамаи мошин нақш дошт, ҳалок шудааст. Имзои оташбаси Ғазза дар Миср. Думаи давлатии Русия ихроҷи муҳоҷиронро идома медиҳад. Сокинони Тоҷикистон ба фолбинҳои хориҷӣ рӯй овардаанд. Қурутоб дар Бишкек.
Хабарнигори Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки чаро мардуми Тоҷикистон аз ҳад зиёд нон мехӯранд?
Трамп бовар дорад, ки сулҳи Ховари Миёна пойдор хоҳад буд, модаре, ки худ ва чор фарзандашро ба дарё андохт, 20 солро дар зиндон мегузаронад, талоши маҳдуд намудани дастрасии кӯдакон ба "иттилои зараровар" ва матолиби дигар.
Дар Тоҷикистон тарҳи қонуне қабул шуд, ки волидон ва омӯзгоронро муваззаф мекунад, дастрасии кӯдакону наврасони то 17-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд маҳдуд кунанд. Ҳадафи қонун ҳифзи кӯдакон аз маълумоти барояшон зараровар гуфта мешавад.
Имсол СММ рӯзи духтаронро ба мавзӯи “Духтарон дар сафи пеши бӯҳрон” бахшидааст. Радиои Озодӣ ба ин муносибат бо Таскина Комилзода, як фаъоли ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шуд, ки дар мисоли худ духтарони зиёдеро дар кишвар барои таҳсилу кор ташвиқ мекунад.
Дар чорчӯби зиёрати кутоҳаш аз Исроил нисфирӯзии 13 октябр президентии ИМА Доналд Трамп аз Кнессет ва ё парлумон дидан намуда, бо паёме ба вакилони мардумӣ ва меҳмонони ҳозир дар толор муроҷиат кард.
Дар Исроил хабари озодшавии гаравгонҳо баъди ду соли асорат дар дасти гурӯҳи ҲАМОС, ки онро Иттиҳоди Аврупо ва ИМА террористӣ меноманд, бо истиқболи гарми сокинони Тел-Авив рӯбарӯ шуд
Бо анҷоми нишастҳои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил чораҳои амниятӣ ҳам дар пойтахт камтар шуданд ва пулис ҳама роҳҳои марказиро боз кард. Роҳбарони кишварҳои узви ИДМ, ки 9 кишвари собиқ Шӯравиро фаро мегирад аз 8 то 12 октябр дар Душанбе буданд.
Бо кумаки ниҳодҳои украинаӣсафорати Узбекистон дар Киев дар бораи раҳоии 13 муҳоҷири узбек аз банди ғуломӣ хабар додааст.
Путин аз Алиев маъзарат хост ва ба наздикони қурбониҳои фоҷеаи ҳавопаймо ҷуброн ваъда кард.
Имрӯз, 10 октябр ба унвони "Рӯзи фалак" дар Тоҷикистон эътироф шудааст .Зимнан, жанри “Фалак” бештар дар ҷануби Тоҷикистон роиҷ буда, ҳунармандони маъруфе, чун Одинаи Ҳошим, Давлатманди Хол, Гулчеҳра Содиқова парвардаи ҳамин навъи мусиқӣ ҳастанд.
Натиҷагирӣ аз нишастҳои сатҳи олӣ дар Душанбе, узрхоҳии Путин аз Алиев, раҳоии муҳоҷирони корӣ аз ғуломӣ дар Украина, Рӯзи Фалак ва матолиби дигар.
Ёфтҳои бештар