Олмон як паноҳҷӯи тоҷикро ба Душанбе месупорад? Шикояти онҳое, ки заминҳояшонро ба "Роғун" додаанд. Амрико дигарбора ба Эрон зарба зад, Эрон ҷавоб дод. Чӣ гуна паҳподҳо ҷангро дар Украина дигар кардаанд. Раҳбарони Туркманистон аспро ба ҷонвари “муқаддас” табдил додаанд
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар се моҳи имсол бештар аз 40 ҳазор ҷойи кори нав офариданд, то ки мардум ба муҳоҷирати корӣ нараванду азоб накашанд. Агарчӣ аломатҳое аз коҳиши муҳоҷират ба Русия ба назар мерасанд, аммо ҳоло ҳам ҷавононе, ки донишгоҳро хатм кардаанд, зуд барои кор ба Русия мераванд.
Рӯзи 11-уми июн бори аввал мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футбол бо ширкати дастаҳои мунтахаби 48 кишвар дар се мамлакат: Амрико, Мексика ва Канада ифтитоҳ хоҳад ёфт. Дар ин қувваозмоии байнулмилалии варзишӣ боз ҳам барои аввалин бор як даста аз Осиёи Марказӣ -- мунтахаби Узбекистон -- иштирок хоҳад кард.
Радиои Озодӣ ҷузъиёти ҳукми панҷ мансабдори пешини Фурудгоҳи байнулмилалии Душанберо ба даст овард. Онҳо, ки якҷо бо раиси пешини фурудгоҳ Исматулло Абдулллозода ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, гумонзад буданд, бо пардохти ҷарима озод шудаанд.
Ҳамлаҳои нави Эрону Амрико ба ҳамдигар, нигарониҳо аз халалдор шудани музокирот дар бораи поён додан ба ҷанг дар минтақаро бештар кардааст. Баъди суқути як чархболи амрикоӣ дар дар Халиҷи Форс, Амрико ба Эрон зарба зад ва нерӯҳои Эрон ҳам пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабиро ҳадаф гирифтаанд.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Мақомоти расмӣ гуфтаанд, ки дар ду соли охир 120 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд. Бо вуҷуди хабарҳо, ки Русия хориҷиёнро бо ваъдаи додани шиноснома ба ҷанги зидди Украина ҷалб мекунад, хоҳишмандони шаҳрвандии ин кишвар кам нашудааст.
Як мақоми Исроил гуфтааст, кишвараш бо дархости Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ҳамлаҳо ба Эронро боздоштааст. Ҳамзамон низомиёни Эрон рӯзи 8-уми июн эълон карданд, ки ҳамлаҳои нави онҳо ба Исроил пас аз оташбаси моҳи апрел ба поён расид.
Хабарҳои рӯз
Кумисюни марказии интихоботи Арманистон баъд аз ҳисоби 91 дарсади баргаҳои раъй хабар дод, ки ҳизби "Паймони шаҳрвандӣ" 50,1; эътилофи рӯ ба Русияи "Арманистони пурқувват" 23,4 ва эътилофи "Арманистон" 9,8 дарсади овозҳоро гирифтаанд.
Эрон шоми 7-уми июн ба чанд нуқта дар Исроил зарба зад ва дар посух артиши Исроил низ Эронро бомборон кард. Артиши Исроил шоми якшанбе эълон кард, дар пайи партоби мушак аз Эрон дар чанд минтақаи Исроил бонги хатар ба садо даромад.
Соро Орипова, ҳамсари Мирзокарим Назаров, бародари кушташудаи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ, шикоят дорад, ки эҳтимол бо се духтари ноболиғаш дар кӯча бимонад.
Ёфтҳои бештар