Як зан аз шаҳри Душанбе ба додситонӣ шикоят бурдааст, ки шавҳараш ӯро ба ҳадде задааст, ки кӯдаки батнаш афтодааст. Зӯроварӣ ва ё зулму бадрафторӣ ба зан, ки як одати вайронгар дар ҷомеа мебошад, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон як кори одӣ аст ва бояд аз байн бурда шавад.
Хабарҳои рӯз
Дар овоздиҳии рӯзи душанбеи Шӯрои Амнияти Созмони Милал тарҳи қатъномаи пешниҳодии Доналд Трамп, президенти Амрико дар бораи хатми ҷанг дар Ғазза пазируфта шуд.
Бо наздиктар омадани зимистон мушкилоти рафтуомади сокинони ноҳияҳои атрофи Душанбе ба хонаҳои худ бештару сахттар шудааст. Шомгоҳон ҳазорон нафар дар чаҳор гӯшаи Душанбе мунтазири мошину таксӣ мемонанд, то ба хонаи худ бирасанд. Як сабаб ҳам набудани автобусҳои мусофиркаш аст.
Ахбори Озодӣ
Баъд аз Русия, Тоҷикистон ҳам барои корбаронаш паёмрасони худро пешниҳод намудааст. Ин паёмрасон, ки аз сӯйи "Тоҷиктелеком" сохта ва бо пешниҳоди Хадамоти алоқа ба истифода дода шудааст, "Ориз" ном дорад. Вале то куҷо бехатар аст?
Чанд шаб боз дар Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи он барқ дар соати 21 хомӯш мешавад. Субҳи 11-уми ноябр аз тамоми маҳаллаҳои Кӯлоб шикоят расид, ки нерӯи барқ надоштанд.
Дар Ғазза дар миёни вайронаҳое, ки аз амалиёти харобиовари низомии Исроил боқӣ мондаанд, аксари сокинон дар хаймаҳое зиндагӣ мекунанд, ки дар канорашон тудаҳои бадбӯйи партовҳо мехобанд.Пизишкон мегӯянд, ҳавои олуда бахусус байни кудакон боиси бемориҳои исҳол, пӯст ва маризиҳои дигар шудааст.
Украина бо истифода аз худравҳои муосир ба таҷовузи Русия муқовимат мекунад.
Ҳукумати Қирғизистон эълон кардааст, ки шаҳодатномаҳои кӯҳнаи ронандагиро иваз мекунад ва мактабҳои хусусии ронандагиро мебандад. Сар аз соли нав ҳар кас, ки хост, ронандагӣ ёд бигирад, дар марказҳои давлатӣ дарс мехонад ва додани ҳаққу шаҳодатномаи ронандагӣ дар дасти идораҳои давлатӣ хоҳад буд.
Дар ноҳияи Дӯстӣ, маҳалли иқомати ҳазорон туркмантабор дар вилояти Хатлон имсол толеъи сокинон баландӣ кардааст. Пас аз сармое, ки ду се сол пеш аҳволи анорзорҳои ноҳияро бад кард, имсол дарахтон дигарбора ҷон гирифтаанду ҳосил додаанд.
Дар Русия муҳоҷироне боздошт шудаанд, ки либоси низомӣ дар тан одамрабоӣ мекардаанд
Ёфтҳои бештар