Рӯзи 21 феврал раиси ҷумҳурии Арманистон Серж Саркисён рақиби интихоботии худ Раффӣ Ованисёнро ба ҳузур пазируфт. Ованисён ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихобот ҳазорҳо нафарро ба хиёбонҳои Еревон баровард. Чанд лаҳзаи аввали мулоқоти онҳо дар ҳузури хабарнигорон сурат гирифт:
Саркисён: Мисле, ки ғамгин ҳастӣ?
Ованнисён: На-на, ҳақ дар ҷониби ман аст.
Саркисён: Бифармоед
Ованнисён: Чӣ ҳол доред?
Саркисён: Хуб, хуб.
Ованнисён: Хонуми Саркисён чӣ тур аст?
Саркисён: Хуб, хуб аст. Ҳарчанд ман баранда шудам, вале ҳолаш хуб аст. Хабарнигорҳо ҳузур доранд, сӯҳбатро шурӯъ кунем?