Дар доираи барномаи "16 рӯзи алайҳи хушунати занон", дар Душанбе дави мардон бо кафшҳои пошнабаланди занона баргузор гардид. Ин барнома бо пуштибонии UNIFEM, созмони дифоъ аз ҳуқуқи занони Тоҷикистон ва Радиои "Ватан" рӯи даст гирифта шуда, шарти аслӣ давидани мардҳо бо кафши занона аст. Ин ба маъноест, ки мардҳо худро ба истилоҳ “дар пӯсти” занҳо эҳсос кунанд ва мушкилоти онҳоро дарк намоянд.