Хабаре, ки гӯё ҷонибдорони гурӯҳи “Pussy Riot” ду занро дар занро дар Қазон ба қатл расонидаанд, босуръат дар интернет пахш шуд.Баъзе сомонаҳо дар пӯшишии ин мавзӯъ ба сомонаи расмии Кумитаи Тафтишоти Русия ишора кардаанд. Ин дар ҳоле буд, ки хабари куштори ду зан дар Қазон баъди соате дар сомонаи Кумитаи тафтишот пайдо шуд. Дар хабари сомонаи расмӣ омада буд, ки рӯзи 29 август дар хонаи яке аз биноҳои Қазон ҷасади як зани бознишастаи 76 сола ва духтари 38 солаи ӯ ошкор шуд, ки ҳар ду аз зарби корд ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи кумитаи тафтишот модару духтар ҳарду дар як хона ба сар мебурданд ва зоҳиран зиндагии маъмулӣ доштанд. Куштор тахминан дар таърихи аз 24 то 26 август сурат гирифтааст. Шиори “Озодӣ ба Pussy Riot” , ки гуфта мешавад бо хун навишта шудааст, дар девори хонаи ин ду зан ба мушоҳида расидааст. Кумитаи тафтишоти Федеролии Русия, ки ба президент Путин гузориш медиҳад, ба пажуҳиши қазия пардохтааст. Видео аз Ройтерс.