Анджей Дуда, раиси ҷумҳури Полша (Лаҳистон), ба донишманди тоҷики муқими он кишвар Оймаҳмад Раҳмонов унвони профессори илми табиатшиносиро тақдим кард. Ин маросим дар оғози моҳи марти имсол дар қасри раёсати ҷумҳури Лаҳистон сурат гирифт.
Дилрабо Самадова аз ҷавонтарин ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон дар рӯзи Модарон аз бонувони тоҷик даъват кард, ки барои ҳуқуқҳои худ зиёдтар талош кунанд.
Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар соли 2012 дар Лондон, аз майдони бокс канор рафт ва ҳоло бештар чун мураббӣ кор мекунад.
Собиқ мушовири давлатии президент ва яке аз бунёдгузорони ҳизби ҳокими халқии давлатӣ таҳқиқоти нави худро дар мавзӯи таърихи мусалмонон нашр кардааст.
Ҳенри С. Эншер, муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба саволҳо дар бораи Гулмурод Ҳалимов, мушкили дарёфти визаи амрикоӣ ва масоили дигар посух дод.
Назрӣ Асадзода, ходими Академияи илмҳо, ки аз филмҳои замони Шӯравии Тоҷикистон интиқод кардааст, гуфт, тамошобини тоҷик бояд филмҳое бубинад, ки "мавқеи миллӣ" дошта бошанд.
Маҷмуаи повесту ҳикояҳои "Андозчини рӯзадор"-и Ато Мирхоҷа беҳтарин китоби соли 2017 унвон шудааст.
Каромат Шарипов, раиси Созмони муҳоҷирони тоҷик, ки моҳи декабри соли 2017 ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, мегӯяд, фаъолияти ӯ дар самти ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия ба бархе “гурӯҳҳои мафиоёии тоҷик” писанд набуд.
Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ овозхон ва ҳунарпешаи тоҷик Парвиз Пӯлодӣ аз таҷрибаи кораш дар филми коргардони рус Павел Лунгин "Братство" қисса кард.
Ҷоизаи «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи сол»-и Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуниятро Лола Насриддинова, роҳбари Созмони ҷамъиятии “Ирода” сазовор шуд, ки солиёни зиёд бо атфоли гирифтори аутизм кор мекунад
Ҳунарманди Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе дар як ҷашнвораи театрҳои миллӣ дар Русия барои бозидани нақши муҳоҷире ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-и ҷашнвораи театриро ба даст овард.
Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, ки феълан дар театрҳои Қазоқистон машғули таҳияи намоишномаҳо аст, мегӯяд, ки танҳо бо сохтани биноҳои нави театр дар Тоҷикистон намешавад ин бахши фарҳанги тоҷикро дубора эҳё кард.
Ёфтҳои бештар