Туула Юрёла, раҳбари дафтари Барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе мегӯяд, бисёре аз ихтилофоти назари созмон бо мақомоти Тоҷикистон ҳал шудааст.
Вазорати маорифи Қирғизистон ба Истодаой Турсунова, узви ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон барои таҳияи китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ нишони “Аълочии соҳаи маориф” тақдим кард.
Шоираи 42-солаи сокини Самарқанд Дилшоди Фарҳодзод номзади ҷоизаи адабии АвроОсиё шудааст, ки дар Лондон аз ҷониби Ҷашнвораи бози адабии Авроосиё ташкил шудааст.
Гуфтугӯи Радиои Озодӣ бо Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони номдори тоҷик.
Дар Тошканд баъди 15 соли танаффус намояндагони матбуоти мустақил дар чаҳорчӯби САҲА ҷаласаи расонаҳои Осиёи Марказиро барпо карданд, ки дар он мушкилоти доғи расонаҳои минтақа ба таври бозу ошкор матраҳ шуд.
Бобоҷон Икром, рӯзноманигор ва адиби тоҷик ба синни 60 қадам ниҳод. Ӯ охири солҳои 70-и асри гузашта аз деҳаи дурдасти Чоркӯҳи Исфара барои таҳсил дар донишгоҳ ба Душанбе рафт ва баъди таҳсил ва 18 соли кори рӯзноманигорӣ, дар аввали солҳои 90 то вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон расид.
Як пажӯҳиши Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар бисёр хонаводаҳои нодор дар посух ба саволи “собун дар куҷост?” мушкилӣ мекашанд.
Дар овозаҳое, ки рӯзҳои охир ба гӯш мерасад, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки гӯё Ҷамшеди Ҳалимро барои кадом шӯхии ноҷояш дар робита бо президент мавриди боздошт қарор гирифтаанд ваё худкушӣ кардааст.
Раиси Ҳизби сотсила-демократи Тоҷикистон даъвати раиси бахши бадахшонии ин ҳизб Алим Шерзамонов дар мавриди муваққатан қатъ кардани фаъолияти ҲСДТ дар Тоҷикистонро ғайри қобили қабул хонд.
Ёфтҳои бештар