Дараи Сувоти Покистон як замон ҷое буд, ки занон метавонистанд, овозхон ё раққоса шаванд. Аммо ҷунбиши тундгарои Толибон дар соли 2007 мусиқиро дар ин ҷо мамнӯъ эълон кард. Баъдаш Толибон аз ин ҷо ронда шуданд, вале мамнӯъияти ҷорикардаи онҳо ба фарҳангу ҳунари минтақа зарбае зад, ки пайомадаш то ҳоло идома дорад.