Дар Тоҷикистон дар ин авохир таронаи меҳанпарастиву миллатдӯстӣ сурудан тақрибан ба як амри маъмулӣ табдил шудааст. Хоса ҳунармандони ҷавон ин мавзӯъро ба муде дар ҳунари худ табдил додаанд ва ҳатто бо чанд сухани ба ҳам пайвасти каҷқофия, таронае месозанд, бо номи таронаи ватанпарастӣ.
Албатта, ин сухани ман нест, хулосаи донишмандони санъати мусиқиву калом аст, ки сухану оҳанги камарзишро дастгоҳе дар баробари муқаддасоти миллату сарзамин истифода мекунанд. Ва бо он ба истилоҳ таронаҳои камарзиш худро ба мардуму ба кадом доираҳое наздик кардан мехоҳанд.
Ва амммо хушбахтона ҳунармандоне низ ҳастанд, ки барои онҳо арзиши сухану мусиқӣ дар як мизон бо арзишҳои миллӣ қарор дорад ва ин дуро муқаддасу пос медоранд.
Мавзӯи ин шумораи бахши «Ситораборон»-и радиои «Озодӣ» таронаҳои меҳанпарастиву миллатдӯстӣ дар Тоҷикистон аст.