Аҳамияти бозгашти устод Акбари Турсон ба кишвар ва оғози фаъолият дар дохил, на танҳо дар он аст, ки дар раъси яке аз муҳимтарин ниҳодҳои фарҳангии кишвар яъне Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Тоҷикистон қарор хоҳанд дошт, балки бештар дар ин хоҳад буд, ки эшон ба унвони яке аз боризтарин чеҳраҳои фарҳангӣ ва рӯшанфикри тоҷик дар асри ҳозир, аз ин пас, вазифаи нохудоии киштии бозёбии ҳувияти масхшудаи миллати тоҷик (тоҷикони сокин дар кишварҳои пасошӯравӣ)-ро бар дӯш хоҳанд дошт; киштие, ки солҳост, на медонад ба кадомин самт ҳаракат мекунад ва на дар матни худ ҳомили малавонҳои коршинос ва кордонест, ки битавонанд дуруст киштӣ биронанд.