Гарчи идораи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии кишвар ва ворид кардани ислоҳоти зарурӣ бар пайкараи ин ниҳод коре муҳим аст, аммо муҳимтар аз он, барои амсоли устод Акбари Турсон, ҳидояти он киштии нимағарқшуда мебошад. Ҳол, таваққӯе, ки дар ин замина аз эшон меравад, дар ду меҳвар хулоса мешавад:
1. Тарсими дурнамое рӯшан ҷиҳати бозёбии ҳувияти масхшудаи тоҷик:
Таваққӯи нахуст он аст, ки эшон бо такя бар андӯхтаҳо ва таҷоруби шахсӣ ва низ машварати андешмандон ва донишмандони ҳақиқии тоҷик, ки биҳамдиллоҳ кам ҳам нестанд, дурнамое рӯшан ва возеҳе ҷиҳати бозёбии ҳувияти масхшудаамон тарсим намоянд; дурнамое, ки ба гунаи мустақил ва бо канор ниҳодани мулоҳизоти сиёсӣ, бавижа мулоҳизаи қудрате, ки солиёни дароз на танҳо самтусӯбахши ҷиҳатгириҳои сиёсии кишварамон буда, балки ҳатто ҷиҳатдеҳи самтгириҳои фарҳангии миллати мо будааст, тарсим гардад.
Ба назари нигоранда, нахустин гом дар ин ҷиҳат, талош барои бозгашт ба расмулхатти модариамон, яъне расмулхатти арабӣ ва ҳарчи зудтар худоҳофизӣ намудан бо хатте бегона бар моён яъне хатти кирил аст. Агар имрӯз фарзандони тоҷик қудрати дуруст талаффуз кардани забони модариро надоранд ва ё дар адои маъное муайян тарҷумаи таҳтуллафзии ончиро, ки русҳо дар адои маъно ба кор мегиранд талаффуз менамоянд ва ҳамчунин бакоргирии вожаҳо ва истилоҳоти тамоман бегона бо забони асили форсӣ, ҳама ва ҳама, натиҷаи ҳузури хатти кирил дар миёни мост. Умед аст устод Акбари Турсон тамоми саъю талоши худро дар ин замина ба кор хоҳанд андохт.
Матлаби дигар, таҷдиди назари ҷиддӣ дар китобҳои навишташуда дар заминаҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, адабӣ, торихӣ ва динии мо тоҷикон аст, ки имрӯза дар марокизи омӯзишӣ; аз донишгоҳу донишкада гирифта то мактабҳои миёна барои фарзандонамон тадрис мешаванд, мебошад, ки порае аз онҳо ҳамонҳост, ки дар даврони Шӯравӣ навишта шудаанд ва порае дигар, гарчи пас аз ба истиқлол даст ёфтани кишвари азизамон ба нигориш даромадаанд, аммо бо камоли таассуф, муҳтавои онҳо ба ҳамон минвол аст, ки наздик ба ҳаштод сол барои мо талқин мешуд.
Дар ин маводди омӯзишӣ ҳанӯз матолибе ба чашм мехӯранд, ки ба навъе фарзандони тоҷикро нисбат ба гузаштаи дурахшони худ бадбин месозанд. Чаро ҳанӯз бархе исрор доранд, ки даврони наздик ба ҳазору дусад соли торихи тоҷиконро торик ва сиёҳ нишон диҳанд? Манзурам давронест, ки ойини ислом бар моён соя афкандааст. Ва ҳатто агар сарчашма ва манбаъи нигоштаҳояшон, китобе гаронқадр чун “Тоҷикон”-и устод Бобоҷон Ғафуров бошад, дар муҳтавои порае аз матолиби ин китоб низ бояд таҷдиди назар бишавад. Билохира, ин китоб низ ваҳйе мунзал нест, ки “ботилу нодурустӣ бад-он роҳ наёбад.” Китобест навишташуда тавассути як донишманд; он ҳам дар замоне, ки идеулужии мухосим бо ойину фарҳанги аҷдодиамон бар фазои мо ҳукмфаро буд.
Чаро ҳанӯз касоне пофишорӣ бар ин амр доранд, ки агар матлабе роҷеъ ба бузургони тоҷик чун Фирдавсиву Форобиву Синову Хайёму дигар абармардони ин миллат бинависанд, ё барчаспи бединиву лоқайдӣ бар пешонии онон бизананд, ва ё агар нашуд, суроғи касоне бигарданд, ки “суханаке” бар забон ҷорӣ намуда бошанд, ки зоҳираш бӯи лодинӣ ба машом мерасонад?
Ба ҳар ҳол, камоли беинсофист агар даврони беш аз ҳазорсолаи торихи мо, ки бешак дурахшон аст ва бетардид дурахшониаш марҳуни омӯзаҳои ислом аст, нодида гирифта шуда ва саъй дар торику сиёҳ нишон додани он бишавад.
Умед аст устод Акбари Турсон дар ин замина низ даст ба ислоҳоте решаӣ бизананд.
2. Рӯи кор овардани донишмандон ва рӯшанфикрони воқеӣ:
Таваққӯи дигар аз устод Акбари Турсон ин аст, ки барои рондани он киштӣ (киштии бозёбии ҳувияти миллати тоҷик), малавонҳоеро ба кор гиранд, ки битавонанд дуруст киштӣ биронанд. Аз осебҳои ҷиддии табақаи донишманди имрӯзи тоҷик, ҳадди ақал он теъдод, ки дар ниҳодҳои илмии кишвар даст ба коранд, адами вуҷуди ибтикори амал дар он аст, ки иллаташ, ё ин аст, ки эшон аз дониши кофӣ бархӯрдор нестанд, ва ё шуҷоати лозим барои изҳори назарро надоранд.
Агар иллаташ, камдонишӣ аст, бояд дар ҷустуҷӯи донишмандони воқеӣ рафт ва ҳамононро бар рӯи саҳна овард, ки ба илале (ки барои огоҳон рӯшан аст, ки он иллатҳо кадоманд), натавонистаанд роҳ ба сӯи марокизи илмӣ пайдо кунанд ва бинобар ин хонанишин шудаанд. Айб аст барои ҷомеае агар меъёри гузиниши афрод барои кор дар марокизи илмӣ, на ҷойгоҳи илмии онон, балки ҷойгоҳи сиёсӣ ва ё хешовандӣ ва ё пули эшон бошад.
Аммо агар иллаташ адами бархӯрдории донишмандони мо аз шуҷоати лозим барои изҳор назар бошад; ҳол, ё ба ҷиҳати хавфи аз даст рафтани ҷойгоҳ ва ё аз тарси дастгоҳи сиёсат, дар ин сурат, устод Акбари Турсонро лозим аст дар ҷиҳати рафъи ин монеъ гом ниҳанд.
Эшон бояд ба наҳве донишмандон ва ҳамчунин давлатмардони моро ба ин бовар бирасонанд, ки ҷомеаи солим, ҷомеае нест, ки олимонаш лаббайкгӯи ҳокимон ва ҳокимонаш фармондеҳи олимон бошад. Ин ниҳояти суқути ҷомеа аст. Балки баръакс, ҷомеаи солим, ҳамон аст, ки ҳокимонаш ҳамеша гӯш ба фармони ҳакимони он ҷомеа бошанд. Бинобар ин, агар дар ҷомеае, хавфу ҳарос аз ҳоким, монеи гуфтани сухани ҳақ ва ё ёдоварии лағзишҳои давлат ва давлатмардон тавассути донишмандони он ҷомеа бишавад, он ҷомеа дер ё зуд, рӯ ба суқут хоҳад овард.
Умедворем, устод Акбари Турсон, ба мадди назар қарор додани ин ду мушкили асосӣ, бо кӯмаки Худованди мутаол, камари ҳиммат барои бартараф кардани он бибанданд.
Кимиёи саодат