Як хабарнигори рӯзномаи "Ню-Йорк Пост" рӯзи 30 март дар шабакаи Х навишт, ки президенти Амрико дар мусоҳиба бо ӯ номи касеро, ки аз тарафи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳоли музокира аст, ифшо кардааст.
Раисҷумҳури Амрико гуфт, ӯ мехоҳад "нафти Эронро ба даст оварда", шояд ҷазираи Хоргро ҳам ишғол кунад. 90 дарсади нафти Эрон ба воситаи ҳамин ҷазира ба берун бурда мешавад. Доналд Трамп ҳамзамон таъкид кард, ки Вашингтон дар музокира бо Эрон "бисёр хуб пеш меравад".
Исҳоқ Дор, вазири корҳои хориҷии Покистон рӯзи 29 март эълон кард, ки Покистон, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Миср дар бораи "роҳҳои мумкин барои поёни зуд ва доимии ҷанг"-и Амрико ва Исроил бо Эрон гуфтугӯ карданд.
Ҳамлаҳои давомдори Амрико ва Исроил бахшҳое аз Теҳронро вайрон ва бисёре аз мардуми пойтахти Эронро асабонӣ кардааст.
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорон, ки дар чаҳор интихоботи президентӣ шикаст хӯрдааст, ҳоло яке аз чеҳраҳои қудратмандтарин дар Ҷумҳурии Исломӣ ба шумор меравад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, 26-уми март эълон кард, ки бо "дархости ҳукумати Эрон" ҳамла ба нерӯгоҳҳои энержии ин кишварро барои 10 рӯз ба таъхир андохт.
Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз мизбони гурӯҳе аз хориҷиён буд. Шумораи дақиқи онҳо эълон нашудааст, вале баъзеяшон эрониҳое ҳастанд, ки пеш аз шурӯи ҷанг аз Ҷумҳурии Исломӣ омадаанд ва ё эрониҳое, ки дар кишварҳои ғарбӣ кору зиндагӣ мекунанд.
Дар пасманзари афзоиши номуайянӣ дар бораи музокирот барои созиши хатми ҷанг миёни Вашингтону Теҳрон, ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Эрон ва зарбаҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва кишварҳои дигар идома дорад.
Ёфтҳои бештар