Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, дар бораи созиши хатми ҷанг "бо одамони муносиб дар Эрон" дар гуфтугӯ аст. Нашрияи The New York Times ва Канали 12-и Исроил гуфтанд, Амрико ба Эрон нақшаи сулҳи иборат аз понздаҳ шартро фиристод.
Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" рӯзи 24-уми март хабар дод, ки Амрико як тарҳи иборат аз 15 бандро барои поён додан ба ҷанг ба Эрон ироа кардааст. Бар асоси ин гузориш, ду манбаъ ба "Ню-Йорк Таймз" гуфтаанд, ки Амрико хоҳони таътил шудани таъсисоти Натанз, Форду ва маркази фанновариҳои уранюми Исфаҳон аст.
Ба назари раисҷумҳури Амрико, "шонси бисёр ҷиддӣ"-и расидан ба созиш бо Эрон вуҷуд дорад. Доналд Трамп баъди изҳороташ дар бораи гуфтугӯи ҷонибҳо ва қатъи панҷрӯзаи ҳамла ба зербунёдҳои энержии Ҷумҳурии Исломӣ дар ин бора сухан гуфт.
Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон, ки аз 28-уми феврал ҷараён дорад, на танҳо зиндагии шаҳрвандони ин кишвар, балки муҳоҷирони афғонистонии муқими Эронро дучори мушкилоти зиёд кардааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба Теҳрон 48 соат муҳлат дод, ки тангаи Ҳурмузро боз кунад, дар акси ҳол ба неругоҳҳои мухталифи Эрон ҳамла хоҳад шуд.
Беш аз се ҳафта ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил миллионҳо нафарро дар дохили Эрон овора карда, нигарониҳоеро дар кишварҳои ҳамсоя дар бораи эҳтимоли сарозер шудани паноҳҷӯёне, ки метавонад ба як бӯҳрони инсонӣ табдил шавад, ба миён овардааст.
Чанд расонаи Амрико бо такя ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки президент Доналд Трамп дар фикри фиристодани ҳазорҳо нерӯи заминӣ ба Ховари Миёна аст. Худи ӯ рӯзи 19-уми март нақшаи ҷобаҷо кардани нерӯҳои бештарро дар минтақа рад намуд, вале ҳамзамон ишора кард, ки ҳама “дарҳо боз мемонанд”.
Баъди он ки Теҳрон гуфт, интиқоми кушта шудани Алии Лориҷониро меситонад, мавҷи ҳамлаҳои мушакии Эрон сабаби марги ду нафар дар Исроил гашт. Рӯзи 18-уми март дар Байтулмуқаддас (Исроил) ва Дубай (Имороти Муттаҳидаи Араб) низ садои чанд таркиш шунида шуд.
Ёфтҳои бештар