Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Украина

Радди дархости Украина барои узвияти бошитоб дар Иттиҳоди Аврупо

Роҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи панҷшанбеи "ранҷу дарди тасаввурнопазир"-е, ки Русия ба сари мардуми Украина овард, маҳкум карданд, аммо дар нишасти худ, ки дар Фаронса баргузор шуд, дархости Киев барои узвияти ҳар чӣ зудтари ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупоро напазируфтанд.

Ҳамлаи низомии Русия ба Украина, ки бузургтарин ҳамла ба як кишвари аврупоӣ аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ба ин тараф ба шумор меравад, низоми амниятии Аврупоро барҳам зад ва пойтахтҳои аврупоиро ба бозандешӣ дар бораи сиёсатҳои иқтисодӣ, дифоӣ ва энержии ин иттиҳодия водошт.

Иттиҳоди Аврупо пас аз ҳамлаи Русия ба Украина таҳримҳои сахтеро алайҳи Маскав ҷорӣ кард. Ин иттиҳод ҳамакнун кӯмакҳои башардӯстонаро барои мардуми Украина фароҳам меоварад ва ҳамчунин артиши Украинаро бо силоҳ таъмин мекунад.

Аммо дархости Киев барои суръат бахшидани раванди узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо ихтилофро дар миёни раҳбарони ин иттиҳод ба вуҷуд овард. Андреҷ Пленкович, нахуствазири Хорватия дар нишасти раҳбарони Иттиҳоди Аврупо, ки то субҳи ҷумъа давом кард, гуфт, "ҳеҷ касе дар як шаб вориди Иттиҳоди Аврупо нашудааст".

Аз сӯе, Чарлз Мишел, раиси ин нишаст, бо ибрози ҳамдардӣ бо Украина ва ҳимояти ахлоқӣ аз ин кишвар гуфт, ки "Украина ба ҳама хонаводаи аврупоӣ тааллуқ дорад".

Аммо бархе дигар гуфтанд, ки бар хилофи хости президенти Украина Владимир Зеленкский, Украина иҷоза надорад ба ин зудӣ ва шитобзада вориди Иттиҳоди Аврупо шавад. Аз ҷумла, нахустазири Ҳоланд ба ин дархост мухолифат кард.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса аммо гуфт, айни замон имкони узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо ба таври умумӣ рад нашудааст.

Вай изҳор дошт, "оё метавонем дарҳоро барои узвияти кишваре, ки дар ҳоли ҷанг аст, боз кунем? Фикр накунам. Оё метавонем дарҳоро бибандем ва бигӯем, не? Одилона нест. Биёед эҳтиёткор бошем".

Узвият дар Иттиҳоди Аврупо маъмулан чандин сол идома мекунад ва шартҳои сахте дорад, аз ҷумла, суботи иқтисодӣ, решакан кардани фасод ва риояи ҳуқуқи башар.

Амрико дигар аз Русия нафт намехарад. Ҷойи холиро кӣ пур мекунад? ВИДЕО

Нархи газ дар Амрико босуръат боло меравад. Дар Калифорния харҷи ронандагон ба фарқ аз як соли пеш барои газ 30 дарсад бештар шудааст. Мумкин аст, вазъ аз ин ҳам бадтар шавад.

Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, президенти Амрико, ин ҳафта гуфт, ки “Амрико яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди Русияро ҳадаф қарор додааст. Мо воридоти тамоми нафту газро аз Русияро манъ мекунем. Ин ба он маъност, ки нафти Русия дигар дар бандарҳои Амрико қабул намешавад ва мардуми Амрико як зарбаи сахте ба мошини низомии Путин мезананд.”

Баъди изҳороти Байден, Бритониё гуфт, ки хариди нафти Русияро то охири сол бас мекунад. Иттиҳоди Аврупо гуфт, талабот ба гази табиии Русияро ба андозаи аз се ду ҳисса коҳиш медиҳад.

Назари таҳлилгарон, вокуниши Маскав

Ба ақидаи таҳлилгарон бо коҳиши талабот ба нафту газ ва болоравии нарх, Русия шояд дар кӯтоҳмуддат зарари ҷиддӣ набинад, аммо дар ниҳоят қатъи хариди нафту газ ва таҳримҳои иқтисодӣ барои Русия фалокатбор мешавад.

Кристина Берзина, таҳлилгари Бунёди Маршал, мегӯяд, “пешгӯии таъсири дақиқи он каме душвор аст, чун аз нархи газу нафт вобаста хоҳад буд. Аммо коҳиши чашмраси фурӯши нафту гази Русия ба иқтисоди он бегуфтугӯ зарба мезанад. Чораҳои дигар, аз ҷумла афзоиши хароҷоти ин мавод, наметавонад таъсири бадро дар иқтисод кам кунад.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Амрико дигар аз Русия нафт намехарад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Танҳо 8 дар сади масрафи дохилии сӯзишвории Амрико аз Русия аст. Ин дар ҳолест, ки Иттиҳоди Аврупо 40 дар сади гази табиӣ ва 27 дар сади нафташро аз Русия мехарад. Александр Новак, муовини нахуствазири Русия, ба “Ассошиэйтед Пресс”, дар бораи маҳдудиятҳо гуфт.

Ӯ афзуд: "Ба зудӣ иваз кардани ҷойи нафти Русия дар бозори Аврупо ғайриимкон аст. Барои ин, беш аз як сол вақт лозим аст. Ҳамчунин, хариди нафт аз манбаъҳои дигар барои муштариёни аврупоӣ хеле гарон меафтад."

Мардум чӣ мегӯянд?

Байден ин мамнуъиятро пас аз фишори шадид аз сӯйи демократҳо ва ҷумҳурихоҳон ҷорӣ кард. Вай ба истихроҷи 30 миллион бушка нафт аз захираҳои стратегии Амрико иҷоза дод ва мақомоти Иёлоти Муттаҳида аз истеҳсолкунандагони дигари нафт, мисли Венесуэла ва Арабистони Саудӣ, хостанд, ҷойи Русияро дар бозорҳои ин кишвар пур кунанд.

Як назарсанҷии Донишгоҳи Квиннипиак маълум кардааст, ки 71 дарсади пурсидашудагон дар Амрико бо вуҷуди болоравии нархи газ, аз манъи хариди нафти Русия пуштибонӣ кардаанд. Жаклин Сент Энн, сокини Лос-Анҷелес, гуфтааст, "барои ман болоравии нархи газ, беҳтар аз ҷорӣ шудани низоми худкома дар Украина аст."

Манъи воридоти сӯзишворӣ аз Русия ва идомаи ҷанг дар Украина нархи нафтро дар бозорҳои ҷаҳон боло бурд. Рӯзи сешанбе баҳои як бушка нафти хом аз 132 доллар гузашт.

Мошинаш зери зиреҳпӯш монд, худаш наҷот ёфт

Мошинаш зери зиреҳпӯш монд, худаш наҷот ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Як марди украинӣ, ки мошинаш зери як зиреҳпӯши русӣ монд, мегӯяд, баъди муолиҷа гирифтану сиҳат шудан, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш мепайвандад, то Украинаро аз ҳамлаҳои Русия муҳофизат кунад.

Аз Украина ва ҳамсояҳояш хостаанд, ки хориҷиҳоро "ҷудо" накунанд

Марзи Украина бо Лаҳистон (Полша)
Марзи Украина бо Лаҳистон (Полша)

Созмони Милали Муттаҳид гуфт, теъдоди мардуме, ки аз ҷанги Русия дар Украина мегурезанд, ба тақрибан 2 миллион нафар расидааст. Дар ин бора комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон Филиппо Грандӣ баъди боздид аз Молдова, Лаҳистон ва Руминия маълумот дод. Ин кишварҳо мизбонони асосии паноҳҷӯён аз Украина ҳастанд.

Аммо натанҳо украиниҳо, балки шаҳрвандони кишварҳои дигар низ аз онҷо фирор мекунанд. То ин дам тақрибан 1400 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Лаҳистону Молдова паноҳ бурдаанд. Айни замон баъзе аз хориҷиҳо шикоят доранд, ки ҳини фирор бо «табъиз ва мушкилоти дигар» рӯбарӯ ҳастанд.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират аз ҳукуматҳо хостааст, ба табъиз нисбати шаҳрвандони кишварҳои саввум, ки талоши фирор аз Украина ба давлатҳои ҳамсояро доранд, поён бидиҳанд.

Павел Диллон, сухангӯи созмон, гуфт, "албатта, мо амиқан нигарони вазъияти таассуфовари ин афрод ва гузоришҳои таъйидшуда ҳастем, ки дар мавриди табъиз, хушунат ва бегонаҳаросӣ алайҳи онҳо дар тӯли сафарашон дар тарафи Украина ва он сӯи марзҳо дарёфт кардаем."

Сайлигул, як зани ҳомилаи тоҷик, то оғози ҷанги Русия дар Украина дар Запарожйе кору зиндагӣ мекард. Ӯ шикоят дорад, ки беш аз як ҳафта боз наметавонад бо ду кӯдакаш аз онҷо берун шавад. «Дар роҳи оҳан ва ҷойҳои дигар аввал шаҳрвандони Украинаро барои берун рафтан иҷозат медиҳанд. Шаҳрвандони кишварҳои дигарро дар навбати дувум гузоштаанд,» -- гуфт ӯ рӯзи 8-уми март.

Сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, дар робита ба вазъияти шахсоне ба монанди Сайлигул бо мақомоти украинӣ ва кишварҳои дигар дар тамос мебошанд. Вай аз ҳукуматҳо хост, гузоришҳоро дар бораи табъиз ва рафторҳои дигари нодуруст баррасӣ кунанд.

Павел Диллон ҳамчунин аз кишварҳо хост, итминон бидиҳанд, бо афроде, ки аз даргириҳо фирор мекунанд, аз ҷумла атбои кишварҳои севум, рафтори инсонӣ сурат мегирад ва дар қаламравҳояшон ба онҳо иҷозаи дастрасӣ ба хадамотро медиҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, намояндагони 138 кишвар Украинаро тарк карданд ва масъалаи шаҳрвандони кишварҳои севум ва ниёзҳои давомдори онҳо яке аз мавридҳое хоҳад буд, ки дар ҳафтаҳои оянда ба он расидагӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи Диллон, даҳҳо кишвар бо Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар тамос шуда, хоҳони бозгашти амни шаҳрвандонашон шуданд.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират хостори дарёфти 350 миллион доллар барои посух гуфтан ба ниёзҳои рӯ ба афзоиши бӯҳрони Украина дар ду тарафи марз аст. Ин созмон мегӯяд, ин пул ба ҳазорон овора дар дохили Украина ва ҳамчунин ба касоне, ки ба кишварҳои ҳамсоя гурехтаанд, расонида хоҳад шуд.

Хабари марги Хурсандмурод дар Украина "рад шуд", вале ташвиши волидонаш монд. ВИДЕО

Шарифамо Исоева гуфт, хоҳони ҳарчи хотима ёфтани ҷанг дар Украина аст
Шарифамо Исоева гуфт, хоҳони ҳарчи хотима ёфтани ҷанг дар Украина аст

Ҳавлии Шарифамо Исоева дар маҳаллаи Бадахшони шаҳри Душанбе чаҳор рӯз мотамхонаро мемонд. Ба ӯ хабар расондаанд, ки писари 29-солааш, Хурсандмурод Маҳмудов, дар ҷараёни ҳамлаи Русия ба Украина кушта шуд, вале дертар рад кардаанд. Хурсандмурод Маҳмудов дар ҳайати артиши Русия дар Украина меҷангад.

Бино ба гузоришҳои расида, дар ҷанги Украина дар байни низомиёни рус тоҷиконе ҳам ҳастанд, ки шаҳрвандии Русияро доранд ва торафт сахттар шудани ҷанг волидони онҳоро дар Тоҷикистон нигарон кардааст.

“Танҳо орзу дорам, ки ӯро ба оғӯш бигирам"

Шарифамо Исоева ва аъзои дигари хонавода хабари марги Хурсандмурод Маҳмудовро рӯзи 4-уми март фаҳмидаанд. Аз Русия ба онҳо гуфтаанд, ки ӯ ва ҳамхидматонаш ҳангоми ҷанг дар Украина кушта шуда, ҷасадашон сӯхт ва бояд то анҷоми ташхис мунтазир монанд. Хабар бегоҳи 7-уми март рад шудааст.

"Се рӯз хабарҳои бардурӯғ бисёр ғамгин кард. Иттилои дақиқ ёфтем, ки фарзандамон сиҳату саломат аст ва дар ҳудуди Украина мебошад," -- гуфт Шарифамо Исоева рӯзи 8-уми март, вале тафсилот надод, ки оё бо писараш телефонӣ тамос дошт ё каси дигаре паёмашро расонд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Мехоҳам, писарамро бинаму ба оғӯш бигирам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Ба гуфтаи наздиконаш, Хурсандмурод Маҳмудов соли 2013 дар артиши Русия хидмат кард ва минбаъд вазифаашро шартномавӣ идома дод. Ӯ пештар дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе кор мекард ва сипас ба шаҳри Самара бурда шудааст.

Хурсандмурод Маҳмудов рӯзи 21-уми феврал дар ҳайати нерӯҳои Русия ба марзи Украина рафтааст. Пас аз чаҳор рӯзи он, Маскав ба хоки ҳамсояаш ҳамла кард ва ҷанг то ҳол идома дорад. Киев ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовуз меноманд ва алайҳи Кремл таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.

Ҳарчанд хабари марги Хурсандмурод Маҳмудов рад шуд, ӯ то ҳоло дар майдони ҷанг аст. Аз ин рӯ, Шарифамо Исоева барои ҳарчи зудтар поён ёфтани даргирӣ дуо мекунад. “Фақат мехоҳам, ки фарзандамро як бори дигар бубинаму дар оғӯшам бигирамаш. Дигар чизе намехоҳам,” -- мегӯяд ӯ.

Чанд тоҷик дар Украина кушта шуданд?

Хурсандмурод Маҳмудов ягона ҷавони тоҷик нест, ки дар ҳайати нерӯҳои Русия дар Украина меҷангад. То ин дам дар бораи марги дастикам ду зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина гузориш расидааст.

Тедоди умумии тоҷиконе, ки аз ҷониби Русия дар Украина меҷанганд, маълум нест. Миёни Тоҷикистону Русия низоми душаҳрвандӣ амал мекунад ва ба ин далел даҳҳо ҷавони тоҷик шаҳрвандии Русияро қабул карда, дар артиши он кишвар хидмат мекунанд.

Бар асоси шартномаи дутарафа, шахси соҳиби шиносномаи Тоҷикистон ва Русия дар кадоме аз ин кишварҳо хидмати ҳарбиро анҷом дода бошад, афсари эҳтиётии ҳамон кишвар ба ҳисоб меравад.

Аз ҳамлаи артиши Русия ба Украина қариб ду ҳафта мегузарад. Мақомоти Русия рӯзи 2-юми март эълон карданд, ки ҳудуди 500 низомии ин кишвар дар ҷанги Украина кушта шуданд. Ҷониби Украина талафоти артиши Русияро беш аз 12 ҳазор нафар эълон кард.

Ҷанг сахттар, теъдоди паноҳҷӯёни украинӣ зиёдтар мешавад. ВИДЕО

Бо шиддат гирифтани ҷанги Русия дар Украина, теъдоди мардуме, ки аз тарси кушта шудан мегурезанд, зиёдтар мешавад. Онҳо асосан ба самти Аврупо мегурезанд, ки ҳамсояҳои наздики Украина ҳастанд.

"Дар асри 21 боварнакарданист"

Аз пули рамзӣ дар сарҳади Маҷористону Украина 30 сол пеш охирин сарбози Шӯравӣ ба Украина, он замон яке аз ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳод, гузаштааст. Ҳамон вақт аксарият фикр мекарданд, ки бо ҳамин нуфузи Русия дар Аврупои Марказӣ абадан тамом мешавад. Аммо ҳоло бо ҳамлаи Русия ба Украина садҳо ҳазор нафар ба ҳамин самт, аз ҷумла Маҷористон фирор мекунанд.

Марта Котек, сокини Киев, мегӯяд, “ман тамоми зиндагиамро, дору надорамро гузошта омадам. Хона месохтам. Ин як девонагист. Пойтахти кишвари шумо бомбаборон мешавад, ин ваҳшатнок аст. Дар маркази Аврупо ва дар асри 21. Ин боварнокарданист.”

Дар чанд рӯзи гузашта бештар аз 100 ҳазор нафар ба Маҷористон рафтаанд, садҳо ҳазори дигар ба кишварҳои дигар, бахусус Лаҳистон. Теъдодашон зиёдтар мешавад ва даъватҳо барои кумак ба Украина меафзояд.

Теъдоди паноҳҷӯёни украинӣ зиёдтар мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Хабарнигори “Садои Амрико” Яна, модари 31-солаеро дид, ки аз шаҳри Буча дар наздикии Киев бо фарзандонаш гурехтааст. Ӯ роҳи хонаашонро нишон медиҳад, ки мумкин аст, дигар ба он барнагардад.

"Онҳо низ одаманд"

“Аз тамоми ҷаҳон илтиҷо мекунем, ба мо кумак кунанд, чун ин сарзамини мо, кишвари мо аст. Мо ҷои дигаре рафтан намехоҳем. Мо украинӣ ҳастем, хонаводаи 44 миллионнафарӣ. Аз мардуми Русия мехоҳем, ба кӯчаҳо баромада, тазоҳурот кунанд. Онҳо низ одаманд,” – гуфт ӯ.

Бо ҳамлаи Русия ба Украина, нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан, сиёсати сахтгиронаи муҳоҷират ба кишварро сабуктар сохт ва гуфт, муҳоҷирони Украинаро “зуд ва осон” қабул кунанд.

Ҳукуматҳои маҳаллӣ барои паноҳҷӯён марказҳои қабул ва нигаҳдорӣ боз кардаанд. Муассисаҳои давлатӣ бо ғизо таъмин мекунанд ва муассисаҳои имдодӣ хайрия ҷамъ меоранд.

Акош Тот, аз созмони “Асри Умед” гуфт: “Мо васоили беҳдоштии кӯдаконро овардем. Консерва, дору барои таб, васоили беҳдошт барои занон овардем. Касе парво надорад, аз куҷо омадаанд, ба мо кумак зарур аст. Мо бояд инҷо бошем.”

Бо авҷ гирифтани ҳамлаҳову хушунат, роҳи фирори паноҳҷӯён ба маҳалли амн мушкил мешавад ва гузаштани онҳо аз марз ҳам мушкилтар. Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон мегӯяд, дар даҳ рӯзи ҳамлаи Русия ба Украина шумори гурезаҳо ба 1,5 миллион нафар расидааст.

Маскав иҷоза дод, сокинони Украина фақат ба Русияву Беларус раванд. Киев "ғайриахлоқӣ" хонд

Шаҳри Ирпини Украина.
Шаҳри Ирпини Украина.

Низомиёни Русия гуфтанд, ба хотири имкони берун рафтани мардум аз шаҳри Киев – пойтахти Украина ва шаҳрҳои Мариупол, Харков ва Суми – аз соати 10-и рӯзи 7-уми март оташбас ҷорӣ мекунанд. Қаблан талоши берун бурдани ғаринизомиён аз Мариупол натиҷа надода буд.

Хабаргузории давлатии РИА Новости бо такя ба Вазорати дифои Русия навишт, роҳҳои берун рафтани мардум танҳо ба самти Русия ва Беларус боз мешаванд. Украина ин қарорро “комилан ғайриахлоқӣ” номид ва сухангӯи президент Владимир Зеленский гуфт, шаҳрвандони Украина бояд имкон ёбанд, ки тавассути хоки Украина берун шаванд.

Дар изҳороти сухангӯи президенти Украина омадааст: “Ин як қиссаи комилан ғайриахлоқӣ аст. Мардуми азиятшударо ҳар тавре хостанд, дар наворҳои телевизионҳо ба намоиш мегузоранд”. Сухангӯ Русияро барои махсус номумкин кардани талошҳои пешинаи интиқоли мардум гунаҳкор кард. Вазорати дифои Русия гуфт, гурӯҳи махсусе бо ёрии дронҳо ҳаракати мардумро назорат мекунад.

Маълум нест, оташбас чӣ қадар давом мекунад. Гурӯҳи махсус гуфт, танаффус дар ҷанг бо як дархости президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҷорӣ шуд, ки рӯзи 6-уми март дар суҳбати телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин садо додааст. Рӯшан нест, ки оташбас амал мекунад ё на.

Украина инчунин гуфт, бо Русия дар масъалаи ташкили долонҳои башарӣ музокира ҷараён дорад.

Фирори сокинон аз шаҳраки Ирпин. 7 март.
Фирори сокинон аз шаҳраки Ирпин. 7 март.

Рӯзи 7-уми март ҷудоиталабони мавриди ҳимояти Русия ва мақомоти украинӣ ҳамдигарро гунаҳкор карданд, ки намегузоранд барои эҷоди як долони амн барои мардуме, ки дар фикри тарки Мариупол ҳастанд, шароит фароҳам шавад. Мариупол дар соҳили баҳри Сиёҳ ҷойгир аст ва ҳазорҳо сокинаш талош доранд, ки аз оташи ҷанг наҷот ёбанд.

Рӯзи 7-уми март нерӯҳои Русия ҳуҷумҳои худро идома дода, ба шаҳри Миколаев (Николаев) дар 480-километрии ҷануби Киев оташ кушоданд. Наҷотбахшон гуфтанд, ҳамлаҳои мушакӣ ба биноҳои истиқоматӣ мерасанд.

Ҳамлаҳои мусаллаҳона инчунин ба канораҳои шаҳри Киев, аз ҷумла Ирпин идома ёфт. Ин шаҳрак се рӯз мешавад, ки аз дастрасӣ ба барқ, об ва ҳам низоми гармидиҳӣ маҳрум аст. Сокинон талош доранд, ки аз Ирпин ва Буча, як шаҳраки дигари наздик ба Киев, берун шаванд. Буча ҳам мавриди ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтааст. Ситоди кулли Украина гуфт, “Русия ҳамоно ҳамлаҳои мушакиву тӯпхонаӣ ва бомбафканиро идома медиҳад”.

Ба иттилои Ситоди кулли Украина, “ғосибон истифодаи шабакаҳои ҳарими ҳавоии Беларусро барои ҳамла ба хоки Украина истифода мебаранд”. Мушовири вазири умури дохилӣ Антон Ҳерашенко гуфт, бо сабаби ин ки тирандозии русҳо идома дорад, берун бурдани мардум тавассути долонҳои амни башарӣ қатъ шуд.

Бо вуҷуди далелҳои зиёд ва мушаххаси ҳамлаҳои нерӯҳои Русия ба минтақаҳои аҳолинишин, ки аз ҷониби журналистон, аз ҷумла хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар дохили кишвар нашр мешаванд, Маскав инро рад карда, мегӯяд, дар “ҷараёни амалиёти низомӣ”-аш “танҳо муассисаҳои низомӣ”-ро ҳадаф қарор медиҳад.

Рӯзи 6-уми март Киев бори дигар аз Ғарб тақозо кард, ки таҳримҳояшро шадидтар карда, инчунин, Украинаро бо силоҳи бештар, аз ҷумла, ҳавопаймоҳо таъмин кунад.

Энтони Блинкен бо муҳоҷирони украинӣ дар марзи Украина бо Лаҳистон. 5 март.
Энтони Блинкен бо муҳоҷирони украинӣ дар марзи Украина бо Лаҳистон. 5 март.

Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен, ки бо як сафар дар Аврупои Шарқӣ қарор дорад, гуфт, дар заминаи манъ кардани содироти нафти Русия бо муттафиқон “музокироти бисёр фаъоле” пеш мебарад. Зимни суханрониаш аз Молдова, ки бо Украина марзи тӯлонӣ дорад, Блинкен гуфт, агар Полша дар фикри ба Украина фиристодани ҳавопаймоҳои ҷангии сохти Русия бошад, Вашингтон дар фикри таъмини бештари ин кишвар бо ҳавопаймоҳо мебошад.

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 6-уми март бори дигар аз кишварҳои ғарбӣ тақозо кард, ки фазои Украинаро бубанданд. Ӯ дар як паёми видеоиаш гуфт, “барои бастани ҳарими ҳавоии мо ҷаҳон қудрати зиёд дорад”.

НАТО ин дархости Украинаро рад карда, гуфтааст, ки дар сурати бастани ҳарими ҳавоии Украина ин паймони низомӣ бо Русия бевосита вориди ҷанг мешавад. Зеленский инчунин аз баъзе муассисаҳои харобшуда дар бомбаборонҳои Русия хабар дод ва гуфт, мушакҳои Русия рӯзи 6-уми март фурудгоҳи мулкии Виннитсаро дар маркази Украина “пурра хароб” карданд. Низомиёни украинӣ рӯзи 6-уми март гуфтанд, дар канораҳои шаҳри ҷанубии Миколаев, ки роҳро то шаҳри ғарбии Одесса дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ назорат мекунад, “даргириҳои пуршиддате” бо нерӯҳои Русия идома дорад.

Сарбозон дар Киев хандақҳо кофта, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои дифоии мулкӣ роҳҳоро мебанданд.

Макрон ва Путин.
Макрон ва Путин.

Владимир Путин ба иловаи Макрон рӯзи 6-уми март бо нахуствазири Исроил Нафтали Бенет ва ҳам президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон телефонӣ суҳбат кард. Дар изҳороти Кремл омадааст, ки дар суҳбат бо Эрдуғон Путин гуфтааст, ки ишғоли Украина танҳо дар ҳолате қатъ мешавад, ки агар “Киев душманиашро бас кунад”.

Ӯ гуфт, Украина бояд “талабҳои маълуми Русияро иҷро кунад”, ки, ба гуфтааш, “ғайринизомӣ” шудани Украина ва ҳам замонати дасткашӣ аз узвияти НАТО мебошад. Нахуствазири Австралия Скотт Моррисон рӯзи 7-уми март аз Чин тақозо кард, ки ба даъватҳои гирифтани пеши роҳи Русия аз ишғоли Украина ҳамроҳ шавад ва ҳушдор дод, ки ҳоло як “камони худкомагӣ” таҳдид дорад, ки сохтори сайёраро тағйир медиҳад.

Чин, ки бо Маскав робитаҳои бисёр наздик дорад, ҳамлаи Русияро ба Украина “ҳуҷум” наменомад ва аз кишварҳои ғарбӣ хостааст, ки “нигарониҳои қобили фаҳми амниятии Русия”-ро дарк кунанд.

Ван И, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, рӯзи 7-уми март ҳамкориҳои Пекинро бо Русия “мисли кӯҳ” қавӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар оянда доманадор номид.

Айни замон, ҳисоб шудааст, ки аз замони шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина 1,5 миллион украинӣ муҳоҷир шуда, талош доранд, дар қаламравҳои Полша, Руминия ва Молдова паноҳ ёбанд.

Гапи Озод: Кӣ ҳақ аст? Русия ё Украина? ВИДЕО

Лаҳзае аз сабти барнома
Лаҳзае аз сабти барнома
  • Украина беш аз даҳ рӯз аст, ки дар оташи ҷанг месӯзад.
  • Чаро ин ҷанг сар зад?
  • Амалкарди Русия оё поймол кардани истиқлоли Украина нест?
  • Зери таҳрим қарор гирифтани Русия ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?

Барои баҳси бештар дар ин бора ба студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе сиёсатшинос Сайфулло Сафаров, таҳлилгар Шералӣ Ризоён ва рӯзноманигор Иршод Сулаймониро даъват кардем.

Иқтибосҳо аз барнома:

"Дар ҳоли ҳозир, аз нигоҳи ҳуқуқи башар, Украина мазлум аст. Мардуми Украина ҷабрдида ҳастанд. Онҳо зери ҳамла, ҷанг ва даҳшате, ки дар сарзаминашон сар шуд, месӯзанд. Аз нигоҳи равобити байналмилалӣ, истиқлоли сиёсии Украина халалдор ва соҳибихтиёрияш доғдор шудааст. Як кишвари дигар рафта, дар сарзамини онҳо ҷанг мекунад."
"Ду вилоят, Луҳанск ва Донетск, ки онҷо асосан русҳо зиндагӣ мекунанд, зери фишори доимӣ буданд, зери тирпарронӣ буданд. Хонаҳои онҳо вайрон буд, лекин то дирӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ягон чиз нишон надоданд. Ба ҷуз як филми фаронсавиҳо дигар ягон расонаи дунё дар бораи ҳашт сол дар таҳхонаҳо зиндагӣ кардани мардуми Луҳанск ва Донетск чизе нагуфтанд. Чаро нагуфтанд? Чаро ҳуқуқи ин одамон зери пой мешуд ва касе дар ин бора суҳбат намекард?"
"Ҳам Русия, ҳам кишварҳои ғарбӣ ва ҳам Украина барои ба вуҷуд омадани низоъ манфиат доштанд, вале ҳеч кас пешбинӣ намекард, ки ин низоъ чунин доман паҳн мекунад."
"Хомӯшии ҳукумати Тоҷикистон дар шароити феълӣ мавқеи беҳтарин аст. Вақте ҳам бо Русия ва ҳам бо Украина равобити наздик дорем, шояд дар миёнамуддат барои кашидани Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ яке аз тарафҳо сабаб шавад."

Барномаро дар сомона бубинед:

Ҳамлаи Русия ба Украина: Ҳақ бо кист?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:38:43 0:00

Барномаро дар Ютюб тамошо кунед:

1314 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Полша ва Молдова паноҳ бурдаанд. ВИДЕО

Марзи Украина ва Лаҳистон
Марзи Украина ва Лаҳистон

То рӯзи 4-уми март 1314 шаҳрванди Тоҷикистон хоки Украинаро тарк кардаанд. Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Киев, рӯзи 5-уми март гуфт, "1176 нафар ба Лаҳистон ва 138 кас ба Молдова интиқол дода шуданд."

Аммо мақомоти Тоҷикистон нагуфтаанд, ки шаҳрвандони худро аз Лаҳистон кай бармегардонанд. Паноҳандагон аз ҳукумати Тоҷикистон талаб доранд, ки барояшон ҳавопаймо фиристода шавад.

Дар ҳамин ҳол, тоҷикони муқими Лаҳистон мегӯянд, ба садҳо муҳоҷири тоҷик мадад карда, бо ҷойи хоб ва хӯрок таъмин намудаанд.

Саидисҳоқ Бобоев, узви Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Лаҳистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба тақрибан 667 нафар, аз ҷумла 118 кӯдаку наврас ёрӣ расондем. Тоҷиконе, ки дар Лаҳистон таксӣ меронанд, ба корафтодаҳо ройгон хидмат мекунанд."

Дилафрӯз, шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон, аз шаҳри Херсонаи Украина ба Лаҳистон рафтааст. Вай мегӯяд, чанд рӯз боз дар манзили яке аз тоҷикони муқими Лаҳистон ба сар мебарад.

"Ман дар як сехи қаннодӣ дар Украина кор мекардам ва ба хонаводаамон дар Тоҷикистон кумак мекардам. Ҳоло мехоҳам, дар Полша бимонаму кор кунам," – афзуд ӯ.

Дар умум, ба иттилои расмӣ, чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина сабтином шуда буданд.

Украина нерӯҳои Русияро ба нақзи оташбас гунаҳкор кард

Мариупол
Мариупол

Мақомоти Украина гуфтанд, бо вуҷуди эъломи расмии Вазорати дифоъ, нерӯҳои Русия оташбаси муваққатро дар Мариупол ва Волноваха поймол карданд. Ба ин далел, нақшаи берун бурдани аҳолии осоишта иҷро нашудааст.

Вазорати дифои Русия 5-уми март дар Мариупол ва Волновахаи Украина оташбаси муваққат эълон кард, то аҳолии осоишта онҷоро тарк кунанд. Вале ҳамлаҳои сарбозони Русия дар минтақаҳои дигари Украина идома дорад.

Ҳукумати Украина нақша дорад, тақрибан 200 ҳазор нафарро аз Мариупол ва 15 ҳазор касро аз Волноваха берун барад.

Мақомоти шаҳри Мариупол дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, "ба далели он ки ҷониби Русия оташбасро риоя намекунад ва ба тирпарронӣ дар Мариупол ва атрофи он идома медиҳад, берун бурдани аҳолӣ мутаваққиф шуд." Онҳо аз сокинони Мариупол хостаанд, ба паноҳгоҳҳои худ баргарданд.

Ирина Верешук, муовини нахуствазири Украина, рӯзи 5-уми март дар изҳороти видеоӣ гуфт, Русия "созишномаро нақз кард" ва бо вуҷуди миёнравии Салиби Сурх "шаҳри Волновахаро тирборон мекунад".

Верешук аз идомаи ҳамлаҳо бо "силоҳи вазнин" ёдовар шуд ва аз ҷониби Русия хост, "тирборонро бас кунад, оташбасро барқарор намояд ва ба берун рафтани занону кӯдакон ва пиронсолон имкон диҳад.”

Маълум нест, ки рӯзи 5-уми март ҳамлаҳои Русия дар ягон гӯшаи Украина бас шудааст ё не.

навшуда

Як тифли тоҷик қурбонии ҷанг дар Украина шудааст

Маросими дафни навзодро имоми Лвов шайх Мурод Сулаймонов баргузор кардааст
Маросими дафни навзодро имоми Лвов шайх Мурод Сулаймонов баргузор кардааст

Як тифли тоҷик, ки ҳамагӣ як моҳ пеш аз шурӯи ҳамлаҳои Русия ба Украина дар вилояти Харков ба дунё омада буд, дар пайи сарсонии хонавода ва бемории варами шуш даргузаштааст.

Саҳифаи "Оперативный ЗСУ" дар Телеграм навишт, ки тифлро рӯзи 4-уми март дар Лвов дафн карданд. Мақомоти Тоҷикистон марги Амирро дар Украина тасдиқ карда, гуфтанд, "ӯ 43 рӯз дошт".

Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина, рӯзи 5-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "падари хонавода, Саъдулло Исломов, шаҳрванди Тоҷикистон буда, ҳамсараш аз Украина аст."

"Онҳо асосан дар Харков кору зиндагӣ мекарданд. Бо оғози даргириҳо, дар таҳхонаҳо буданд ва онҷо шуши кӯдакро сармо задааст. Сипас ба Лвов рафтанд, то аз ин роҳ ба кишварҳои ҳамсоя гузаранд. Тифл аз пневмония даргузашт," -- гуфт Назризода.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 28-уми феврали имсол, пас аз чаҳор рӯзи ҷанг дар Украина, дар хонаводаи тоҷики муқими Киев як кӯдак ба дунё омадааст, ки номашро Амина гузоштаанд. Дар сафорати Тоҷикистон гуфтанд, ин оила ба зудӣ ба Лаҳистон интиқол хоҳанд ёфт.

Ба иттилои расмӣ, чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина сабтином шуда, аз оғози ҷанг беш аз ҳазор нафари онҳо ба Лаҳистон ва кишварҳои дигар рафтаанд.

Маълум нест, мақомот онҳоро кай ва чӣ гуна ба кишвар меоранд. То ин дам Узбекистону Қазоқистон садҳо шаҳрванди худро бо ҳавопаймоҳо аз Лаҳистон баргардондаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз дар мавриди ҷанг дар Украина низ мавқеи худро ошкор накардаанд, вале дар Маҷмаи кулли Созмони Милал аз рой додан ба зидди Русия худдорӣ варзиданд. Русия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон аст ва дар кишвар пойгоҳи низомӣ дорад. Душанбе бо Киев низ додугирифт дорад. Чархаҳои аввалинро барои нерӯгоҳи "Роғун" ширкати "Гидротяжмаш"-и Украина сохтааст.

Рӯзи даҳуми ҳамлаи Русия ба Украина. Зеленский гуфт, “ба муқовимат идома медиҳем”

Артиши Украина ҳушдор додааст, ки нерӯҳои ишғолгари Русия барои муҳосираи пойтахт, Киев, меҷанганд ва ҳамзамон даргирии шадид дар шаҳри Харков идома дорад. Нигарониҳо аз афзоиши талафоти ғайринизомиён торафт бештар мешавад. Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе иддао кард, ки барои хориҷ шудани аҳолӣ дар Мариупол ва Волноваха оташбаси муваққат эълон намуд.

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, вазъ дар Украина "эҳтимол бадтар шавад". Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, субҳи 5-уми март дар наворе паём дод, ки ӯ ва мақомоти дигари баландпоя ҳанӯз дар Киев ҳастанд. Ҷое, ки ба гуфтааш, "ба муқовимат идома медиҳем. Давлати худро ҳифз ва сарзамини худро озод мекунем."

Артиши Украина дар гузорише 5-уми март, дар рӯзи даҳуми ҳамлаи Маскав гуфт, нерӯҳои Русия аз ҳаво пуштибонӣ мешаванд ва аз силоҳҳои дақиқ истифода мекунанд. Як рӯз пеш вазирони корҳои хориҷии НАТО пешниҳоди Киевро дар бораи эҷоди минтақаи мамнуъ бар фазои Украина рад карданд.

Зеленский онро нишонаи "сустӣ" ва "адами ваҳдат" донист. "Паймон бо худдорӣ аз эҷоди минтақаи мамнуъ ба бомбаборони шаҳру рустоҳои Украина розӣ шуд," -- гуфт ӯ.

Артиши Украина рӯзи 5-уми март гуфт, сарбозони Русия саъй доранд, қаламравҳои ишғолии худро то марзҳои маъмурии вилоятҳои Луҳанск ва Донбасс, ки ҷудоихоҳони таҳти ҳимояти Русия ҳашт сол боз алайҳи ҳукумати марказӣ меҷанганд, васеъ кунанд. Фармондеҳии Украина гуфтааст, Киев муборизаро ба зидди "ҳамлаи душман" идома хоҳад дод.

Даҳҳо ҳазор кас, асосан занону кӯдакон, дар истгоҳи роҳи оҳани Киев ҷамъ шудаанд, то аз бомбаборон бигурезанд. Ба гузориши телевизиони CNN, мақомоти иктишофии ғарбӣ ба ин боваранд, ки Русия омода аст барои таслим шудани Украина "шаҳрҳоро бомбаборон кунад".

CNN бо такя ба манбаъҳояш мегӯяд, зархаридони рус аллакай "дар баъзе ҷойҳо" меҷанганд. Расона аз қавли як мақоми амрикоӣ, ки номаш ифшо нашудааст, гуфт, эҳтимол Русия то 1000 нафари дигарро ҷобаҷо кунад.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, то кунун дастикам 331 ғайринизомӣ кушта шуда, беш аз 1 миллиону 200 ҳазор нафар аз Украина фирор кардаанд. Бештар аз нисфи онҳо ба Лаҳистон (Полша) паноҳ бурданд. Мақомоти Украина талафоти ғайринизомиёнро дастикам 2 ҳазор кас мегӯянд.

Дар ҳамин ҳол, коргарони украинӣ ба фаъолият дар нерӯгоҳи ҳастаии Запорожйе идома медиҳанд. Ин иншоот як рӯз пеш, дар пайи ҳамлаи нерӯҳои Русия, оташ гирифт.

Сафири Амрико дар Созмони Милал, Линда Томас-Гринфилд, гуфт, ҷаҳон аз фалокати ҳастаӣ базӯр ҷилавгирӣ кард ва зикр намуд, ки сарбозони Русия ҳоло ба як нерӯгоҳи дигари ҳастаии Украина, дар ҷануби он кишвар, наздик мешаванд.

Мақомоти Русия барои пешгирӣ аз иттилооти алтернативӣ дар бораи миқёсу баҳои ҷанг дар Украина фишорро ба расонаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дар кишварашон бештар кардаанд. Онҳо сомонаҳои Радиои Озодӣ, BBC, CNN, инчунин, шабакаҳои иҷтимоии Facebook, YouTube ва Twitter-ро пурра бастанд ва ё маҳдуд кардаанд.

Маскав гуфт, даври сеюми музокироти оташбас бо мақомоти Украина дар охири ҳафтаи равон дар назар аст, вале замон ва макони он тасдиқ нашудааст. Ду даври аввал дар Беларус баргузор шуд.

Раҳматилло Зоиров: Путин кори чандон дуруст накард. ВИДЕО

Раҳматилло Зоиров, шаҳри Душанбе, 4-уми марти 2022
Раҳматилло Зоиров, шаҳри Душанбе, 4-уми марти 2022

Раҳбари пешини Ҳизби сотсиал-демократ ва мушовири собиқи президенти Тоҷикистон пас аз чанд муддати хомӯшӣ ба ҳамлаи Русия ба Украина вокуниш кард. Раҳматилло Зоиров гуфт, тасмими Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, барои ҳамла ба Украина "то он дараҷа кори дуруст нест".

"Мо дар инҷо сабаби аслияшро намедонем. Ҳоло маълум мешавад. Фикр мекунам, Украина бе Донбасс ҳам бошад, бояд мустақилии худро ҳифз кунад," -- афзуд ӯ рӯзи 4-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Раҳбари пешини ҲСДТ дар пасманзари рӯйдодҳои охир эҳтимоли тақсим шудани Украинаро тахмин зад, вале ҳамзамон гуфт, "ҳама чиз аз иродаи мардум вобаста аст".

"Мехоҳам, Украина доимо ҳамчун давлат амал кунад. Барои Украина ва мардумаш ҳамин чиз зарур аст. Ин ҳама вақт аз таҷовузкор на, аз иродаи аҳолӣ вобаста аст,» -- илова кард ӯ.

Наворро дар инҷо бинед:

Зоиров мегӯяд, "кори Путин дуруст нест"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00

Аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина, ки ҳазорҳо касро кушту захмӣ ва садҳо ҳазор нафарро фирорӣ кард, 10 рӯз гузашт.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз дар мавриди ҷанг дар Украина мавқеи худро ошкор накарданд. Вале аз рой додан ба зидди Русия дар Маҷмаи кулли Созмони Милал худдорӣ варзиданд. Русия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон аст ва дар кишвар пойгоҳи низомӣ дорад.

Дар пайи ҳамлаи Русия, тақрибан ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Лаҳистону Молдова фирор кардаанд. Маълум нест, мақомот онҳоро кай ва чӣ гуна ба кишвар меоранд. Узбекистону Қазоқистон садҳо шаҳрванди худро бо ҳавопаймоҳо аз Лаҳистон баргардонданд.

Матну навори пурраи суҳбатро бо Раҳматилло Зоиров рӯзи 7-уми март дар сомонаи мо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хонеду бинед.

Гузоришҳо аз ҳалокати ду зодаи Дарвози Тоҷикистон дар ҷанги Украина. ВИДЕО

Киев, 2-юми марти 2022
Киев, 2-юми марти 2022

Тибқи хабарҳои расида, ду зодаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, Ҷамшед Худоиев (Холов) ва Шуҳрат Абдуллоев шаҳрванди Русия буданд ва бо шартнома дар артиши он кишвар хидмат мекарданд. Ҷониби Русия дар ин бора расман чизе нагуфтааст.

"Мегӯянд, дар даруни тонк сӯхтааст"

Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз, 4-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи кушта шудани ду зодаи ноҳия дар ҷангҳои Украина хабардор шуда, ба наздикони онҳо ҳамдардӣ баён карданд. Ба гуфтаи Абдураҳмонзода, Ҷамшед Худоиев ва Шуҳрат Абдуллоев шаҳрванди Тоҷикистон набуданд.

Дар бораи кай ва дар чӣ шароит кушта шудани ду зодаи ноҳияи Дарвоз маълумоти мушаххас дар даст нест. Раиси ноҳияи Дарвоз мегӯяд, хабар ёфтаанд, ки яке аз фавтидагон ронандаи тонк будааст ва "гуё дар даруни тонк сӯхтааст, ҷасадашро ҳам наёфтанд". Саидбурҳон Абдураҳмонзода афзуд, расман аз ҷониби мақомоти Русия ягон дархосте нагирифтаанд.

Сурайё Шоева, раиси ҷамоати Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз, ба Радиои Озодӣ гуфт, синни Ҷамшед Худоиев ва Шӯҳрат Абдуллоев аз 40 боло аст ва 10-12 сол пеш ҳамроҳи оилаашон ба Русия кӯчида буданд.

Маркази ноҳияи Дарвоз
Маркази ноҳияи Дарвоз

Ба ҳамсараш гуфтааст, "дар ҷангале дар муҳосираанд"

Як манбаи дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, Шӯҳрат Абдуллоев чанд рӯз пеш бо ҳамсараш телефонӣ гап зада, гуфтааст, дар ҷангале дар муҳосира мебошанд.

Дар бораи марги ин ду зодаи Тоҷикистон маълумоти бештар дар даст нест ва на ҷониби Тоҷикистон ва Русия дар ин бора маълумоти расмӣ пешниҳод накардаанд. Ин ҳам ҳанӯз маълум нест, ки онҳо ба Тоҷикистон оварда мешаванд ё дар Русия дафн карда мешаванд.

Мақомоти Русия рӯзи чаҳоршанбе эълон карданд, ки ҳудуди 500 низомии ин кишвар дар ҷанги Украина кушта шуданд. Ҷониби Украина талафоти артиши Русияро ҳудуди 6 ҳазор нафар эълон кард.

Неругоҳи атомии Украина дар ҷанг осеб дид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Ҷамшед Худоиев ва Шӯҳрат Абдуллоев аввалин зодаҳои Тоҷикистон ҳастанд, ки хабари маргашон дар Украина тасдиқ мешавад. Вале хабарҳое дастрас шудааст, ки бо оғози ҳамлаи Русия ба Украина, мақомоти рус афсарони эҳтиётӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро ба артиш даъват кардаанд. Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Фейсбук, навишт, се рӯз инҷониб тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро доранд, аз даъват шуданашон ба комиссариати ҳарбӣ хабар медиҳанд.

Душаҳрвандӣ миёни Тоҷикистону Русия

Аз соли 1996 ба ин тараф миёни Тоҷикистону Русия низоми душаҳрвандӣ амал мекунад. Бар асоси ин санад, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, табааи Русия бошанд ё баръакс. Солҳои ахир садҳо нафар аз тоҷикон талош карданд, шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд то ба гуфтаи худашон аз пардохти патент ва таъқиби пулис озод шаванд.

Тибқи омори Вазорати корҳои дохилии Русия, танҳо аз соли 2016 то 2020, 196 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи Русияро гирифтаанд. Яъне, солона ҳудуди 40 ҳазор нафар. Теъдоди умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки табааи Русия шудаанд, маълум нест.

5 чизи донистанӣ дар бораи шаҳрвандии Русия:

Панҷ чизи донистанӣ дар бораи тақдими шаҳрвандии Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Қонунҳои Тоҷикистон ширкати шаҳрвандони ин кишварро дар ҷангҳои хориҷӣ манъ ва барои ин то 20 сол зиндонро пешбинӣ кардааст. Қисми зиёди зодагони Тоҷикистон дар Русия ҳамчунин шаҳрвандии Тоҷикистонро низ нигоҳ доштаанд.

Санадҳо баёнгари чистанд?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин суол матраҳ аст, ки агар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамзамон шиносномаи Русиро дорад, агар дар ҷанги Украина ширкат кунад, бар асоси қонунҳои Тоҷикистон зархарид ҳисоб намешавад?

Дар шартномаи душаҳрвандӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ин нукта мушаххас нашудааст, ки шахсе, ки шиносномаи ҳарду кишварро дорад, аз тарафи кадом ҷониб метавонад ба ҷанг даъват шавад. Дар шартнома танҳо омадааст, шахси соҳиби шиносномаи Тоҷикистон ва Русия дар кадоме аз ин кишварҳо хидмати ҳарбиро анҷом дода бошад, афсари эҳтиётии ҳамон кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҳамлаи Русия ба Украина субҳи 24-уми феврал оғоз шуд ва то ҳол давом дорад. Маскав гуфтааст, ҳадаф аз ин “амалиёти махсус” ғайринизомӣ кардани Украина аст, аммо дар Киев инро таҷовуз ба хоки Украина меҳисобанд. Бисёре аз кишварҳои ғарбӣ ҳамлаи Русияро маҳкум карда, алайҳи Кремл таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.

Ҷанги Украина. Калонтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо бар асари ҳамлаи русҳо "оташ гирифт"

Хабаргузории РИА Новости ба нақл аз вазири энержии Украина гузориш дод, ки бар асари ҳамлаҳои нерӯҳои Русия, як бахши тавлиди барқ дар Нерӯгоҳи ҳастаии Запороже оташ гирифт. Тибқи ин гузориш, оташнишонҳо дар оғоз ба хотири тирандозии нерӯҳои русӣ, имкони оғози амалиёт хомуш кардани сӯхтор дар ин нерӯгоҳро надоштанд.

Запороже калонтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо ба шумор меравад ва дар шаҳри Энергодар, дар канори дарёи Днепр ҷойгир аст. Нерӯҳои Русия дар идомаи ҳамлаи худ ба Украина рӯзи панҷшанбе шаҳри Энергодарро, ки ин бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо дар онҷо воқеъ аст, муҳосира карданд. Шаҳрдори Энергодар низ гузоришҳо дар бораи сӯхтор дар нергӯҳои Запорожеро таъйид кард.

Пас аз нигарониҳо аз сар задани як фоҷеаи бузург, субҳи ҷумъа расонаҳо аз қавли сарпарасти фармондори Запороже гуфтанд, ки эминии ин нерӯгоҳи ҳастаӣ таъмин шудааст. Ба иттилои Бӣ-Бӣ-Сӣ, ин масъули украинӣ дар паёме хаттӣ навишт, ки бо мудири нерӯгоҳ дар Энергодар суҳбат кард ва аз эминии он итминон ёфтааст.

Украина аз чор як ҳиссаи энержии мавриди ниёзи худро аз ин нерӯгоҳ таъмин мекунад. Нерӯҳои Русия дар садад ҳастанд, ки бо ба даст гирифтани ин шаҳр, дастрасии нерӯҳои Украинаро ба об обҳои ҷануби ин кишвар қатъ кунанд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина субҳи ҷумъа пас аз нашри гузоришҳо дар бораи оташ гирифтани ин нерӯгоҳ бар асари бомбаборони русҳо, Маскавро муттаҳам кард, ки ба "террори ҳастаӣ" даст задааст ва қасд дорад фоҷеаи Чернобилро такрор кунад.

Оқои Зеленский дар як паёми видеоӣ гуфт, "Русия танҳо кишваре аст, ки қисматҳои як нерӯгоҳи ҳастаиро ба оташ мекашад. Ин аввалин бор дар таърихи мо ва дар таърихи башарият аст, ки чунин чизе рух медиҳад.

Оҷонси байналмилаии энержии атомӣ ҳам субҳи ҷумъа аз нерӯҳои Русия хост, ки ҳамла ба нерӯгоҳи ҳастаии Запороже дар ҷануби Украинро поён бахшад ва аз "хатари шадид" дар сурати тахриби реакторҳо ҳушдор дод. Ин ниҳод эълон кард, ки Рафаэл Гросси, мудири умумии Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ бо нахуствазири Украина ва мақомоти атомии ин кишвар дар бораи шароити хатарноки нерӯгоҳи Запороже суҳбат кардаанд ва хостори қатъи даргирӣ шуда, аз хатарҳо дар сурати тахриби реакторҳо ҳушдор додааст.

Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украини аз паёмадҳои оташсӯзӣ дар нерӯгоҳи ҳастаии Запороже ҳушдор дода ва таъкид кард, ки таркиш дар ин нерӯгоҳ чанд баробар фоҷеабортар аз ҳодисаи Чернобил мебошад. Оқои Кулеба дар "Твиттер" навишт, "артиши Русия аз ҳама тараф Нерӯгоҳи ҳастаии Запорожеро зери оташ гирифтааст".

Вай афзуд, "оташсӯз ҳамакнун рух додааст. Агар ин нерӯгоҳ битаркад, 10 баробар густурдатар аз Чернобил хоҳад буд. Русҳо бояд фавран ҳамларо қатъ кунанд, ба оташнишонҳо иҷозаи фаъолият диҳанд ва як минтақаи амн барқарор кунанд".

Русия рӯзи чаҳоршанбе тавонист назорати комили бандари стратегии Херсон дар шимоли нимҷазираи Кримро ба даст бигирад. Херсон аввалин шаҳри калони Украина ба шумор меравад, ки Русия тавонист дар ҷараёни ҳамлаи ба кишвари ҳамсояи худ онро тасарруф кунад.

Русия рӯзи 24-уми феврал ба ҳадафи "ғайринизомӣ" кардани Украина ба ин кишвар ҳамла кард. Мақомоти Украина ин ҳамларо "таҷовуз" ба кишвари худ медонанд. Дар даргириҳои ҳашт рӯзи ахир садҳо нафар аз ҳар ду ҷониб кушта шудаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG