Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Украина

"Путин – шайтон." Эътирози як духтари доғистонӣ ба ҷанги Русия дар Украина

Владимир Путин ҳамла ба Украинаро "амалиёти вижа" барои ғайринизомӣ кардани ин кишвар номидааст
Владимир Путин ҳамла ба Украинаро "амалиёти вижа" барои ғайринизомӣ кардани ин кишвар номидааст

Як духтар дар маъракаи бахшида ба хатми мактаби миёна дар Доғистон мухолифаташро ба таҷовузи Маскав ба Украина баён кард.

Дар наворе, ки 22-юми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, духтар нидои "Нест бод ҷанг; Озодӣ ба Украина ва Путин – шайтон" сар додааст.

Баъзе аз иштирокдорони маросим, аз ҷумла волидону донишомӯзон ва муаллимон ба суханони духтар кафкӯбӣ кардаанд.

Саҳифаҳои наздик ба ҳукумати Доғистон дар Телеграм навиштанд, ҳодиса дар мактаби рақами 11-и шаҳри Изербош иттифоқ уфтод.

Духтару модарашро барои таври оммавӣ бадном кардани нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор кардаанд. Модари духтар, инчунин, ба "тарбияи нодурусти ноболиғ" муттаҳам мешавад.

Дар Вазорати корҳои дохилии Доғистон ҳодисаро шарҳ надоданд. Як манбаъ дар Вазорати маорифи Доғистон гуфтааст, духтар баъди шарт бастан бо яке аз ҳамсинфонаш чунин рафтор кардааст.

Дертар духтару модараш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маъзарат хостанд. Духтар гуфт, мехост, ба ин роҳ таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб кунад. Модараш гуфт, аз сиёсатҳои президенти Русия ва "амалиёти махсуси низомӣ" дар Украина пуштибонӣ мекунад.

Маълум нест, изҳороти онҳо дар чӣ шароит сабт шудааст.

Тоҷикон дар ду тарафи ҷанг. Киро аз кӣ муҳофизат мекунанд? ВИДЕО

Тоҷикон дар ду ҷабҳаи ҷанги Украина меҷанганд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00
Ҷавонони зодаи Тоҷикистон дар Украина ҳам аз тарафи Русия ва ҳам дар сафи нерӯҳои Украина меҷанганд. Чӣ ва чаро парвардаҳои Тоҷикистонро ба ҷанги Украина мебарад?

Алиҷон Сафаров, яке аз зодаҳои Тоҷикистон аст, ки ахиран хабари маргаш дар Украина расонаӣ шуд. Ӯ 25 сол дошт ва дар артиши Русия хидмат мекард.

Аз оғози ҷанги Русия дар Украина хабари марги тақрибан даҳ зодаи Тоҷикистон ба наздиконашон расидааст ё матбуот тасдиқи онро ёфтааст. Пайвандони ин ҷавонони тоҷик, ки ҳама сарбози Русия будаанд, кушта шудани онҳоро тасдиқ мекунанд.

Дар бораи талафоти тоҷикон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳанӯз иттилое нест. Аммо дар наворҳое, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, дида мешавад, ки зодаҳои Тоҷикистон аз ҳарду ҷониби ҷанг ба асорат афтодаанд. Тасдиқу тафтиши дурустии ин навору хабарҳо дар шароити ҷанг номумкин аст.

Хадамоти истихборотии Украина моҳи апрели имсол рӯйхати гурӯҳе аз низомиёни Русияро расонаӣ кард, ки дар он номи беш аз даҳ тоҷик ҳам зикр шудааст. Мақомоти Украина гуфтанд, ин низомиён дар қатли сокинони осоишта дар Буча, канори Киев, даст доштанд. Зариф Абдураҳимови 32-сола, яке аз онҳост. Ӯ иддао кард, ки “ин рӯйхати кӯҳна аст”. Абдураҳимов гуфт, дар воқеъ, дар сафи нерӯҳои Русия хидмат кардааст, аммо соли 2018 қарордодашро қатъ намуда, ба Тоҷикистон баргашт.

“Аксари онҳое, ки шаҳрвандии Русияро доранд, ба хидмат даъват мешаванд. Онҳоро намепурсанд, ки хидмат кардан мехоҳӣ ё не. Фақат метавони интихоб кунӣ, ки бо қарордод хидмат кунӣ ё ҳатмӣ. Ман ба хидмат барои пул ё шаҳрвандӣ нарафтам. Ман аллакай шаҳрвандӣ доштам,” – гуфт ӯ.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар ҳақиқат, тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро доранд, имкони интихоб надоранд. Онҳо уҳдадоранд, ки ба хидмати ҳарбӣ раванд. Ҳатто агар дар Тоҷикистон ҳам хидмат карда бошанд. Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки ба хотири гирифтани шаҳрвандӣ ё даромад ба сафи нерӯҳои Русия мепайванданд. Махсусан ҳоло, ки ба гуфтаи таҳлилгар Парвиз Муллоҷонов “ба сарбозон барои ширкат дар амалиёти ҷангии Украина маблағи хуб пардохт мешавад”.

"Баъзе фишорҳо ҳам ҳаст. Яъне таҳдид мекунанд, ки агар омада, шартнома накунӣ, мо метавонем аз шаҳрвандӣ маҳрум кунем. Чунин ҳам ҳаст. Агар ба хидмат равед, аз як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла имтиёзҳои андоз (молиёт) бархурдор мешавед. Ба Шумо ҳамчун собиқадор маблағ пардохт мешавад ва шуморо дар сохторҳои маъмурӣ ҳам аллакай дигар хел қабул мекунанд,” – шарҳ дод ӯ.

“Дар сафи нерӯҳои Украина ҳам зодаҳои Тоҷикистон ҳастанд,” мегӯяд Ҳайдаршо Зайдов, тоҷикистоние, ки шаҳрвандии Украинаро дорад. Дар ин кишвар ҳам мисли Русия, афроди дорои шаҳрвандӣ уҳдадории ҳарбӣ доранд. Аммо ба бовари Ҳайдаршоҳ, “тоҷикони Украина довталабона ба ҷанг мераванд”.

"Ҳатто онҳое, ки шаҳрвандии Украинаро надоранд, вале санади ҳаққи қомат дар ин кишварро доранд, дар ҷанг ширкат мекунанд, зеро онҳо дар ин ҷо оила доранд ва фарзандонашон шаҳрванди Украина ҳастанд. Онҳо мехоҳанд, оила, хона ва сарзамини худро ҳимоя кунанд. Зеро дар тамоми Украина ҷанг рафта истодааст."

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, ба далели кам будани шумори тоҷикон дар Украина ба фарқ аз Русия, омори зодаҳои Тоҷикистон дар сафи нерӯҳои Украина ҳам камтар аст.

Бино ба омори расмӣ, дар 6 соли ахир, беш аз 500 зодаи Тоҷикистон соҳиби шиносномаи Украина шудаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, дар 5 соли ахир ба беш аз 200 ҳазор Тоҷикистонӣ шаҳрвандӣ додаанд. Аксари онҳо ҷавон ва уҳдадоранд, ки ба хидмат раванд.

Дар солҳои истиқлол зодаҳои Тоҷикистон дар муноқишаҳои зиёди низомии кишварҳои дигар ширкат кардаанд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, то ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Ироқу Сурия дар сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ҷангидаанд ва имрӯз баъзе аз онҳо дар Афғонистон қарор доштаанд.

Байден қонуни муҳимро барои Украина имзо гузошт

Ҷо Байден
Ҷо Байден

Раисҷумҳури Амрико рӯзи 21-уми май қонунеро имзо кард, ки бар асоси он ба Украина ба маблағи 40 миллиард доллар кумак карда хоҳад шуд. Ин ёриҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки Украина се моҳ боз зери ҳамлаҳои Русия аст.

Ҷо Байден ҳангоми суханронӣ дар Сеул гуфт, таҷовузи Русия ба Украина “ҳамла ба усулҳои асосии байнулмилалӣ аст”.

Тибқи қонуни нав, 24 миллиард доллар ба хариди силоҳу таҷҳизот сарф хоҳад шуд. Ин маблағ ҳамчунин пӯшонидани хароҷоти аслиҳаеро, ки Иёлоти Муттаҳида ба минтақа фиристодааст, дар бар мегирад.

Пули боқимонда ба иқтисоди Украина, кумак ба гурезаҳо ва тафтиши ҷиноятҳои ҷангии Русия сарф хоҳад шуд.

Зеленский иддаои Русияро дар бораи силоҳи нерӯманд "тарғибот” номид

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Президенти Украина иддаои Русияро дар бораи истеҳсоли силоҳи нерӯманд барои маҳви ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина тарғиботи давраи ҷанг номид.

Владимир Зеленский гуфт, ин гуна хабарҳо аз тарафи раҳбароне паҳн карда мешаванд, ки аз эътирофи "хатоҳои фоҷеаборашон" хавф доранд.

Хабаргузории давлатии ТАСС 18-уми май аз нақли муовини сарвазири Русия Юрий Борисов навишт, ба ҳамин зудиҳо истеҳсоли силоҳи лазериро такмил хоҳанд кард, ки “ба маротиб нерӯи бештар дошта, ба маҳви ҳадафҳои гуногун қодир хоҳад буд.”

Тибқи ҳамин гузориш, силоҳи нав 18-уми май озмоиш шуда, дар давоми панҷ сония як ҳавопаймои бесарнишин ё худ дронро нобуд кард.

Ба қавли ин мақомдори Русия, ин силоҳ аллакай дар Украина истифода мешавад. Иддаои Борисовро манбаъҳои мустақил тасдиқ ва ё рад накардаанд. Ягон акс аз ин силоҳи лазерӣ ҳам нашр нашудааст.

Президенти Украина мегӯяд, ин тарғиботи ҷангии мансабдорони баландпоя ва фармондеҳони рус аз он сабаб тақдим мешавад, ки онҳо аз эътирофи хатоҳои фоҷеаборашон хавф доранд.

Сарбозони захмиро аз "Азовстал" берун оварданд. Зеленский "қаҳрамон" хонд. ВИДЕО

Мариупол
Мариупол

Корвони автобусҳо шаби душанбе сарбозони маҷруҳи украиниро аз корхонаи “Азовстал” аз шаҳри Мариупол берун оварданд. Артиши Украина гуфт, саъй доранд, теъдоди боқимондаи сарбозонро аз корхона берун оранд.

Ганна Маляр, муовини вазири дифои Украина гуфт, “рӯзи 16-уми май 53 сарбози сахт маҷруҳро аз Азовстал барои муолиҷа ба шифохонае дар наздикии шаҳри Новоазовск бурданд. 211 нафари дигарро аз тариқи гузаргоҳи башарӣ ба Олёновка расонданд.”

Ҳамаи сарбозонро ба шаҳрҳое бурданд, ки дар дасти ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия қарор доранд. Ҳамингуна артиши Украина гуфт, баъди бештар аз ду моҳи бомборони шаҳри Мариупол аз тарафи Русия шаҳр ба тамом таслим шуд. Дар ин муддат шаҳри чандсадҳазорнафарӣ ба харобазор табдил ёфт ва ҳазорон ғайринизомӣ ҳам кушта шуданд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, муҳофизони Мариуполро қаҳрамон номид.

“Мо умед дорем, сарбозони худро наҷот мебахшем. Дар байнашон маҷруҳони сахт ҳастанд. Муолиҷа мегиранд. Мехоҳам бигӯям, ки қаҳрамонони Украина ба Украина зинда лозиманд. Усули мо ҳамин аст. Фикр мекунам, гапи моро одамони дуруст мефаҳманд,” – афзуд ӯ.

Вазорати дифои Русия аз ин пештар эълон кард, ки барои интиқоли сарбозони маҷруҳи украинӣ аз “Азовстал” мувофиқат кардааст. Киев гуфтааст, сарбозони украиниро бо сарбозони асирафтодаи рус иваз хоҳанд кард.

Фармондеҳони артиши Украина мегӯянд, муҳофизони “Азовстал” бо истодагарии қотеъ 20 ҳазор сарбози русро саргарми ҷанг нигаҳ доштанд ва имкон надоданд, ки Русия дигар қисматҳои Украинаро зуд ишғол кунад.

Наворро дар инҷо бинед:

Сарбозони захмии украинӣ аз корхонаи муҳосирашудаи "Азовстал"-и Мариупол берун шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Нерӯҳои Украина артиши Русияро ба ақиб рондаанд. Маскав аз "ҷанги ниёбатӣ" гуфт

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина

Дафтари президенти Украина дар рӯзи 78-уми ҳамлаи бедалели Русия аз "берун рондани нерӯҳои русӣ аз Харков" хабар дод, аммо дар бораи дастовардҳои артиш тафсилот надод. Президент Владимир Зеленский тасдиқ кард, муваффақиятҳои ахири нерӯҳои украинӣ боис шудааст, то дувумин шаҳри калони ин кишвар аз мушакпарониҳо эмин бимонад. Вай ҳамзамон ҳушдор дод, ки украиниҳо набояд якбора интизориҳои зиёде дошта бошанд.

Артиши Украина дар талош аст, то назорати атрофи дарёи Донетсро ба даст бигирад ва аз ин тариқ хати ҷабҳаи Русияро дар минтақаҳои дурдаст мавриди таҳдид қарор диҳад.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як манбаи низомии Украина гузориш дод, ки дар пайи идомаи пешравиҳо дар рӯзи гузашта, нерӯҳои украинӣ дар ниҳоят тавонистанд, субҳи чаҳоршанбе ба чандин километрии марзи Русия дар сарҳади Харков бирасанд.

Бар пояи ин гузориш, нерӯҳои украинӣ назорати деҳаи Рубежнаро дар соҳили Донетс ба даст гирифтаанд. Аз моҳи апрел ба ин тараф, ҳамзамон бо ақибнишинии нерӯҳои Русия аз Киев ва шимоли Украина, нерӯҳои украинӣ дар ин минтақа ба пешравии худ идома медиҳанд.

Як сарбози украинӣ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, фиристодани аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ, бахусус зидди танкҳо дар ақиб рондани нерӯҳои русӣ ба артиши Украина мадади калоне кардааст.

Ин хабаргузорӣ ҳамчунин ба нақл аз манбаъҳои низомии худ таъкид кард, ки артиши Украина муваффақ ба бозпас гирифтани чаҳор деҳа дар шимоли минтақаи Харков шудааст ва нерӯҳои Русияро то наздикиҳои марз ба ақиб рондаанд.

Артиши Русия даргириҳоро дар ин минтақа таъйид кардааст, аммо шарҳи бештар надодааст. Дмитрий Медведев, собиқ президенти Русия, рӯзи чаҳоршанбе Амрикоро ба роҳандозии "ҷанги ниёбатӣ" ё гибридӣ алайҳи Русия муттаҳам кард ва гуфт, ин иқдомот иқтисоди Амрикоро ба дарди сар хоҳад андохт.

Ин изҳорот пас аз он баён мешавад, ки Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи сешанбе бастаи кумакҳои 40-миллиардолларӣ ба Украина қабул кард.

Ин сиёсатмадори рус дар паёме дар "Телеграм" тасвиби ин бастаи ёриҳоро "талоше барои ворид кардани шикасти ҷиддӣ" ба Русия ва "маҳдуд кардани рушди иқтисодӣ ва нуфузи он дар ҷаҳон" хонд.

Ӯ иддао кард, ки афзоиши "девонавор"-и нархи сӯзишворӣ ва хӯрокворӣ дар Амрико натиҷаи тасмимҳои "мақомҳои русҳарос"-и амрикоӣ аст. Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, Сергей Ряков, муовини вазири корҳои хориҷии Русия ва Ҷон Салливан, сафири Амрико дар Маскав бо ҳам мулоқот кардаанд. Дар баёнияи сафорати Амрико омадааст, "ИМА ҳамчунон пойбанд ба боз нигаҳ доштани каналҳои иртибототӣ бо ҳукумати Русия аст".

Дар баёнияи кӯтоҳи Вазорати корҳои хориҷии Русия ба ҷузъиёти гуфтугӯҳо дар ин дидори дуҷониба ишора нашудааст.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия низ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Маскав хоҳони ҷанг дар Аврупо нест. Ӯ, ки пас аз мулоқот бо ҳамтоёни уммонии худ дар шаҳри Масқат сухан мегуфт, дар айни ҳол кишварҳои ғарбиро муттаҳам кард, ки моиланд шоҳиди шикасти Русия дар маъракаи низомӣ дар Украина бошанд.

Амрико: Путин худро барои як ҷанги дарозмуддат дар Украина омода мекунад

Амрико ба ин бовар аст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия барои як ҷанги дарозмуддат дар Украина омода мешавад.

Эврил Хэйнс, масъули Идораи амнияти миллии Амрико рӯзи сешанбе дар Кумитаи хадамоти низомӣ дар Сенати Амрико гуфт, арзёбиҳои Вашингтон нишон медиҳад, ки президент Путин барои даргирии тӯлонӣ дар Украина омода мешавад, то ба ҳадафҳои фаротар аз минтақаи Донбас даст ёбад.

Ӯ афзуд, ки Путин ба эҳтимоли зиёд бар ин бовар аст, ки Русия нисбат ба душманонаш тавоноӣ ва тамоюли бештар барои таҳаммули чолишҳо дорад. Ба гуфтаи хонум Ҳэйнс, интизор меравад, ки Путин ғайри қобили пешбинӣ мешавад ва метавонад дастури ҳукумати низомиро дар Русия содир кунад.

Дар ҷараёни нишасти пурсиш ва посух дар рӯзи сешанбеи раиси Оҷонси истихбороти дифоии Амрико низ гуфт, ки ҷанг дар Украина ба бунбаст расидааст. "Русҳо дар ҳоли баранда шудан нестанд ва украиниҳо ҳам дар ҳоли баранда шудан нестанд ва мо то ҳудуде бо як бунбаст рӯбарӯ ҳастем",-афзуд ӯ.

Русия рӯзи 24-уми феврали соли ҷорӣ ба Украина ҳамла кард. Кишварҳои ғарбӣ аз ин амалкарди Русия интиқод карданд ва таҳримҳои сахти иқтисодӣ алайҳи Маскав ҷорӣ намуданд.

Аз сӯи дигар, Русия рӯзи гузашта гуфт, ки дар нишасти вижаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар мавриди Украина иштирок нахоҳад кард. Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯзи гузашта эълон кард, ки нишасти вижаро бар асоси дархости Украина ба ҳадафи арзёбии вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишвар баргузор мекунад.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки намояндаи ин кишвар дар ин нишаст иштирок нахоҳад кард. Захарова ин нишастро "намоиши нави сиёсӣ" хонд, ки ба гуфтаи ӯ, зери пӯшиши як нишасти фавқулодда, созмондеҳӣ шудааст.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки аз оғози ҷанги Русия дар Украина беш аз панҷ миллион украинӣ маҷбур ба тарки кишварашон шудаанд. Садҳо нафар ҳам дар ин ҷанг кушта шудаанд.

Мухолифони ҷанг ба чеҳраи сафири Русия ранги сурх пошиданд

Гурӯҳе аз мухолифони ҳамлаи низомии Русия ба Украина дар Варшава -- пойтахти Лаҳистон (Полша) -- ба сафири Русия ранги сурх пошиданд ва аз ҳузури ӯ дар гӯристони сарбозони Артиши Сурх барои адои эҳтиром ба қурбониёни ҷанг пешгирӣ карданд.

Сергей Андреев, сафири Русия дар Лаҳистон, ҳангоми даромадан ба оромгоҳи сарбозони Артиши Сурх дар шаҳри Варшава бо эътирози чандсад нафар аз эътирозгарони ҷанги Украина рӯбарӯ шуд. Ҷамъомадагон дар оғоз гулчанбареро, ки Андреев дар даст дошт, аз ӯ гирифтанду онро ба замин заданд.

Теъдоди дигаре аз эътирозгарон ба ӯ ранги сурх пошиданд ва билохира яке аз онҳо, ки дар паҳлӯи ӯ истода буд, миқдоре ранг ба чеҳраи ӯ пошид.

Эътирозгарон, ки парчамҳои Украинаро дар даст доштанд, хитоб ба ӯ гуфтанд, "фашистҳо, одамкушҳо". Баъзе аз эътирозгарон ҳам либоси сафед ба тан доштанд, ки рӯи он доғ ё лаккаҳои сурх дошт, ки намоде буд аз қурбониёни украинӣ дар ҷанги Русия.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, "мо аз ин иқдомҳо наметарсем. Мардуми Аврупо бояд аз дидани чеҳраи худ дар оина битарсанд". Мария Захарова афзуд, "тарафдорони неофашистҳо бори дигар чеҳраи воқеии худро нишон доданд".

Вазири корҳои хориҷии Лаҳистон ин ҳодисаро "бисёр таассуфовар" хонд ва гуфт, "дипломатҳо аз ҳимояти хос бархӯрдоранд".

Бархе таҳлилгарони рус арзёбӣ кардаанд, ки ин амал эҳтимолан боиси фаро хондани сафири Русия аз Варшава ва ихроҷи сафири Лаҳистон аз Маскав хоҳад шуд.

Лаҳистон яке аз мунтақидони сарсахти ҳамлаи Русия ба Украина мебошад. Ба асари ин ҳамла беш аз 3,2 миллион нафар аз Украина ба Лаҳистон паноҳанда шудаанд.

Ҳамлаи Русия ба пойгоҳи охирини украиниҳо дар Мариупол. Зеленский: Таслим намешаванд. ВИДЕО

Русия ҳамла ба "Азовстал", корхонаи азими пӯлод дар шаҳри Мариуполро, ки мудофеони украинӣ дар онҷо истодаанд, аз сар гирифт. Дар ин ҳамла аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ истифода мешавад.

2000 мудофеи украинӣ, бар иловаи садҳо ғайринизомӣ, дар корхонаи "Азовстал" паноҳ бурдаанд. Нерӯҳои русӣ дар оғози ин ҳафта хати дифои муқовиматгаронро дар ин коргоҳ шикастанд.

Созмони Милали Муттаҳид гуфт, барои берун бурдани мардуми одӣ кӯшиш доранд. Як мансабдори баландпояи Украина мегӯяд, 500 ғайринизомиро ба ҷои амн бурданд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар арзёбии рӯзонаи худ 6-уми май гуфт, русҳо дар ҳамлаи нави худ ба коргоҳ аз ҳавопаймоҳо истифода мекунанд.

"Дар онҷо захмиёни зиёде ҳастанд, онҳо таслим намешаванд," -- гуфт раисҷумҳури Украина Владимир Зеленкский шаби 5-уми май дар паёми видеоӣ Вай афзуд, "онҳо сангарҳои худро ҳифз кардаанд."

Наворро дар инҷо бинед:

Нақли онҳое, ки аз муҳосираи русҳо озод шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

Шаҳри Мариупол бинобар ҳафтаҳо даргирии кӯча ба кӯча ва бомбаборонҳои сахт то ҳадди зиёд ба хок яксон шудааст.

"Азовстал" пойгоҳи охирини нерӯҳои украинӣ аст, ки дар баробари нерӯҳои русӣ истодагарӣ мекунанд.

Ин даргирӣ дар ҳоле рух медиҳад, ки Русия ба ҳамлаҳои худ дар Донбасс идома медиҳад. Ҳамла суст пеш рафтааст, зеро нерӯҳои украинӣ роҳҳои пешравии Русияро бастанд ва ҳатто қаламравҳоеро бозпас гирифтаанд.

Ҳамла ба "Азовстал" дар ҳоле рух медиҳад, ки Путин хоҳони пирӯзӣ дар майдони ҷанг аст. Русия аввали ҳафтаи ояндаи Рӯзи ғалаба бар Олмони фашистиро ҷашн мегирад.

Вазорати дифои Бритониё дар баррасии рӯзонаи худ 6-уми май гуфт, "талоши дигарбораи Русия барои таъмини амнияти "Азовстал" ва такмили тасарруфи Мариупол эҳтимол ба маросими бузургдошти Рӯзи ғалаба ва тамоюли Путин барои даст ёфтан ба комёбии рамзӣ дар Украина рабт мегирад".

Ба иттилои Вазорати дифои Бритониё, дар ҳоле ки муқовимати украиниҳо дар "Азовстал" идома дорад, хисороти нерӯҳои Русия ва хунсо кардани барномаҳои амалиётии онҳо дар ҷануби Донбасс идома дорад.

Аз даст додани Мариупол Украинаро аз як бандари муҳим дар баҳри Азов маҳрум мекунад. Дар иваз ба Русия ин тавоноиро медиҳад, ки ба нимҷазираи Қрим долони заминӣ созад ва нерӯҳои худро барои ҷанг дар гӯшаҳои дигари Донбасс фиристад.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон ҷанги Русияро дар Украина танқид кард

Ҷон Марк Помейршайм
Ҷон Марк Помейршайм

Сафири Амрико дар Тоҷикистон дар остонаи таҷлил аз 77-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина сахт танқид кардааст.

Ҷон Поммершайм рӯзи 6-уми май дар баёнияе гуфт, "кишвари мустақиле, ки аз ишғоли фашистон озод шуда буд, бори дигар мавриди ҳамла қарор гирифт."

"Ҷаҳон шоҳиди вайронии деҳаҳо, шаҳрҳо ва зиндагии мардуми зиёди бегуноҳ аз тарафи артиши Русия аст... Мардуми озод бори дигар эълон мекунанд, ки наметавон иҷозат дод, то зулму ишғолгарӣ дастболо шавад," – афзудааст ӯ.

Сафир Поммершайм дар идома гуфтааст, "тавре нерӯҳои муттафиқ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ то лаҳзаи ғалаба дар соли 1945 ҷангиданд, мо шуҷоати украиниҳоро барои дифоъ аз озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии кишварашон эътироф мекунем."

Намояндаи расмии Амрико дар изҳороташ аз иштироки беш аз 250 ҳазор сокини Тоҷикистон дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ низ ёд оварда, ин рӯзро ба мардум табрик гуфтааст.

Ҳар сол 9-уми май рӯзи пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон шумораи ками иштирокдорони ҷанг мондаанд.

Низомиёни рус гуфтанд, дар Донетск як тоҷикро “асир гирифтанд”

Нерӯҳои вобаста ба Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, дар Донетск
Нерӯҳои вобаста ба Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, дар Донетск

Низомиёни Русия иддао кардаанд, ки як зодаи Тоҷикистонро, ки дар сафи артиши Украина меҷангид, дар минтақаи ҷудоиталаби Донетск “асир” гирифтанд.

Александр Сладков, хабарнигори низомии рус, рӯзи 3-юми май дар Телеграм мусоҳибаи ҷавонро нашр кард.

Дар санадҳое, ки нишон доданд, номаш Тимур (Темур) Шамсиев, шаҳрванди Украина, навишта шудааст. Худи ӯ мегӯяд, зодаи шаҳри Душанбе аст ва баъди ба “асорат” афтодан бо модараш тамос дошт.

Аксар наворҳое, ки хабарнигор Александр Сладков нашру паҳн мекунад, ба ҷонибдорӣ аз Русия ва якҷониба аст. Тафтиши дурустии онҳо ва дар кадом шароит сабт шудани суҳбатҳо маълум нест.

То ин дам хабари марги наздик ба даҳ сарбози тоҷики артиши Русия дар Украина аз қавли наздиконашон тасдиқ шудааст.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол бедалел ба Украина ҳамла кард. Ҷанг беш аз ду моҳ боз идома дорад.

Минаҳои гузоштаи Русияро дар Украина бармечинанд

Минаҳои гузоштаи Русияро дар Украина бармечинанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Дар Украина, ки бештар аз ду моҳ боз ҷанг идома дорад, дар киштзору атрофи деҳаҳо ва шаҳрҳо минаву снарядҳои зиёди нотаркида мондааст. Таркишҳои маргбор дар майдонҳои минкоришуда ҳам бештар шудааст. Талош барои безарар кардани ин муҳимоти ҷангӣ аз сӯйи минарӯбони украинӣ идома дорад.

Радду бадалҳои Украина ва Русия дар бораи ҷангу сулҳ

Мариупол
Мариупол

Идомаи музокирот барои поён додани ҷанги Русия дар Украина зери суол уфтодааст.

Раисҷумҳури Украина мегӯяд, дар пасманзари хашми мардум аз рафтори бераҳмонаи нерӯҳои Русия баҳси сулҳ мушкил аст. Вазири корҳои хориҷии Русия иддао дорад, ки таҳримҳои Ғарб ва интиқоли силоҳ ба Украина монеи сулҳ мешавад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки барои берун бурдани ғайринизомиён аз шаҳри муҳосирашудаи Мариупол ноумед шудаанд.

Русия ба ҳамлаи худ дар шарқи Украина идома медиҳад. Маскав 30-юми апрел иддао кард, ки дар идомаи талош барои назорати комил бар Луҳанск ва Донетск дар шабонарӯз ба беш аз 380 ҳадаф зарба зад. Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина гуфт, талоши артиши Русия номуваффақона буд ва ҷанг идома дорад.

Раисҷумҳури Украина рӯзи 29-уми апрел дар паёми телевизионӣ ба мардум гуфт, нерӯҳои Киев дар минтақаи шарқии Донбасс "пирӯзиҳои тактикӣ" ба даст оварданд.

Владимир Зеленский ҳамон рӯз ба хабарнигорони лаҳистонӣ гуфт, мардуми Украина барои рафтори ваҳшиёна ба нерӯҳои Русия ҷазо мехоҳанд ва "вақте чунин муносибат вуҷуд дорад, дар бораи чизҳои дигар суҳбат кардан душвор аст."

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, 30-юми апрел ба “Синҳуа”, хабаргузории расмии Чин, гуфт, музокироти "мушкил" бо Киев идома дорад. Вай ҳамзамон афзуд, Русия ба бекор кардани таҳримҳо пофишорӣ дорад ва аз Амрикову НАТО мехоҳад, фиристодани силоҳро ба Украина бас кунанд.

Ҷанги Украина. Сарбози кушташудаи Русияро дар Тоҷикистон дафн карданд

Маҳмадалӣ Абдуллоев. Аксро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Маҳмадалӣ Абдуллоев. Аксро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Маҳмадалӣ Абдуллоеви 22-сола аз ноҳияи Ҷалолиддин Балхии Тоҷикистон, ки ба таври қарордодӣ дар сафи артиши Русия хидмат мекард, дар ҷараёни ҷанги Маскав дар Украина кушта шудааст. Ҷасади ӯро рӯзи 28-уми апрел дар зодгоҳаш дафн карданд.

Пайвандонаш мегӯянд, ӯ дар охири моҳи марти имсол дар шаҳри Изюми вилояти Харков кушта шудааст, вале маълум нест дар чӣ шароите.

Маҳмадзокир Абдуллоев, падари Маҳмадалӣ, рӯзи 29-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш шаҳрвандии Русияро дошт ва аз моҳи январи имсол шомили артиши он кишвар шуда буд.

“Моҳи оянда бояд маросими хонадоршавияш барпо мешуд. То ҳаштсолагӣ дар Тоҷикистон хонд, сипас, аҳли хонавода ба Русия кӯчидем,” – афзуд ӯ.

Тобути ҷавонро аз Русия бо ҳавопаймои низомӣ ба фурудгоҳи Айнӣ, канори шаҳри Душанбе, овардаанд.

Ҷанги Русия дар Украина беш аз ду моҳ боз идома дорад. То ин дам хабари кушта шудани дастикам ҳафт зодаи Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Ҳафтаи гузашта ҷасади Абубакр Нозимови 24-соларо дар шаҳри Барнаул гӯронданд.

Як нашрияи украинӣ чанде пеш рӯйхати низомиёни Русияро расонаӣ кард. Дар ин феҳрист номи наздик ба 6 ҳазор нафаре омадааст, ки аз Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар бораи наздик ба 100 нафари онҳо гуфта шудааст, ки зода ва парвардагони Тоҷикистонанд.

Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро доранд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ ҷорист.

"Ҷанги Русия дар асри 21 бемаъност." Дабири кулли СММ дар Украина чӣ дид?

Антонио Гутерреш дар Украина, 28-уми апрели 2022
Антонио Гутерреш дар Украина, 28-уми апрели 2022

Дабири кулли Созмони Милал, Антонио Гутерреш, ҷанги Маскавро дар Украина маҳкум карду “бемаъно” хонд. Ин дар ҳолест, ки Русия амалиёти худро дар шарқи Украина бештар кардааст.

Гутерреш пас аз мулоқот бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, аз Маскав ба Киев рафт ва рӯзи 28-уми апрел шаҳраки Бучаву Бородянкаро дид. Ҷое, ки ҷасади садҳо нафарро бо осори шиканҷа ёфтаанд ва Созмони Милалу Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ ва чанде аз кишварҳо хоҳони таҳқиқи ҷинояти ҷанги Русия дар Украина шуданд.

“Ман аз тасмими Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ пурра пуштибонӣ мекунам ва аз Русия мехоҳам, ки бипазирад ва ҳамкорӣ кунад. Аммо вақте дар бораи ҷиноятҳои ҷангӣ суҳбат мекунем, фаромӯш накунем, ки ҷинояти бадтарин худи ҷанг аст. Ҷанг дар асри 21 бемаъност. Бад аст,” – гуфт дабири кулли СММ.

Бо вуҷуди далелҳои фаровон аз ҷиноятҳои ҷангӣ, Русия гузоришҳоро дар мавриди ҳадаф қарор додани ғайринизомиён рад кардааст.

Вай пеш аз мулоқот бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар Твиттер навишт: “Мо ба тавсеаи ёриҳои башардӯстона ва берун овардани ғайринизомиён аз минтақаҳои ҷанг дар Украина идома хоҳем дод.” Ҳамзамон афзуд, поёни ҳарчи зудтари ҷанг ба фоидаи Украина, Русия ва ҷаҳон аст.

Дар ҳамин ҳол, Алексей Резников, вазири дифои Украина, мегӯяд, кишвараш ҳафтаҳои хеле сахтеро дар пеш дорад. Ӯ аз “вайронии бузург” дар ҳамлаҳои густурдаи Русия дар шарқи Украина ҳушдор дод.

“Русия талош дорад, ҳарчи зиёдтар ба Украина зарар расонад,” – гуфт рӯзи 27-уми апрел. Вазири дифои Украина дар ҳоле ин суханонро баён дошт, ки мақомҳои тақрибан 40 кишвар дар як пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Олмон бо ҳам дидор доранд.

Резников гуфт, дидори онҳо дар асл як “эътилофи воқеӣ аст, ки ҳадафаш на танҳо ба ҷавобгарӣ кашондани Кремлин, балки шикастани истибдоди Русия аст”, то ба гуфтаи ӯ, “бовар ҳосил шавад, ки ҷаҳони мутамаддин метавонад дар ин ҷанг пирӯз гардад.”

Дар зимн, Вазорати дифои Бритониё рӯзи 28-уми апрел гуфт, бо он ки Русия киштиҳои бузурги ҷангии “Москва” ва “Саратов”-ро аз даст дод, ҳанӯз ҳам дар Баҳри Сиёҳ тавони ҳамла бар Украина ва шаҳрҳои соҳилии ин кишварро дорад.

Ин вазорат дар гузориши истихборотии худ гуфт, Русия дар Баҳри Сиёҳ 20 воситаи баҳрӣ, аз ҷумла киштиҳои зериобӣ дорад. Вале дар эъломияи вазорат омадааст, Русия муваққатан ҷойи васоити аз даст рафтаашро пур карда наметавонад, зеро Туркия тангии Босфорро, ки Баҳри Сиёҳ ва Мармараву Миёназаминро мепайвандад, ба рӯйи ҳама киштиҳои ҷангии ғайритуркӣ бастааст.

Пеш аз он кишварҳои ғарбӣ Русияро ба хотири қатъи газ ба ду кишвари узви НАТО – Лаҳистон (Полша) ва Булғористон – ба “боҷгирӣ” муттаҳам карданд. Нахуствазири Полша иқдоми Русияро “ҳамлаи мустақим” ба кишвараш хонд. Раиси Кумисюни Аврупо гуфт, кӯшиши Кремлин барои эҷоди ҷудоӣ байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дубора ба шикаст дучор шуд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG