Ҷанги Украина
Украина ба ҳуҷум омода мешавад, Русия фармондеҳи нав таъин кард

Нерӯҳои украинӣ дар пешорӯи ҳамлаҳои навбатӣ сангар гирифтаанд. Ҳамзамон Русия бо таъини як генерали ҷоизадор ба мақоми фармондеҳи низомӣ, ба қавли таҳлилгарон, зоҳиран ба ҳуҷуми ҳалкунандааш дар шарқи Украина омодагӣ мебинад.
Эҳтимоли дар чанд рӯзи наздик шуруъ шудани ҳуҷумҳои нав вуҷуд дорад.
Рӯзи 10-уми апрел ширкати Maxar Technologies аксҳои маҳвораие нашр кард, ки дар он корвони тахминан 13-километрии мошинҳои низомии русӣ дар ҳоли ҳаракат ба самти Донбасс сабт шудаанд. Кремл иқтидори ҷангии худро ба шарқи Украина равона кардааст.
Эҳтимол корвони низомӣ ба шаҳри Изюми вилояти Харков меравад, ки онҷоро низомиёни Русия назорат мекунанд. Изюм дар наздикиҳои вилоятҳои Донетску Луҳанск – макони муҳорибаҳои бисёр сахту сангин – ҷойгир аст.
Баъд аз нокомӣ дар минтақаҳои дигари Украина, Русия ҳуҷуми низомии худро ба Донбасс равона кардааст, ки минтақаҳои шарқии Украина – вилоятҳои Луҳанск ва Донетскро дар назар мегирад.
Дар остонаи ҳуҷуми дарпешистода, Кремл ба генерали артиш Александр Дворников, ки фармондеҳи нерӯҳои русӣ дар Ҳавзаи ҷанубии низомӣ мебошад, раҳбарии ҷанг дар Украинаро вогузор кардааст.
Ихроҷи беш аз 330 дипломати рус аз Аврупо аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина

Кишварҳои аврупоӣ аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина дар 24-уми феврали соли ҷорӣ, беш аз 330 дипломати Русияро аз қаламравҳои худ берун кардаанд.
Хабаргузории туркии "Анадолу" рӯзи чаҳоршанбеи 6-уми апрел хабар дод, кишварҳои аврупоӣ асосан ба далели ончӣ "нақзи Конвенсияи Венна, таҳдидҳои амният ва ҷосусӣ" мехонанд, иқдом ба берун кардани дипломатҳои Русия кардаанд.
Берун кардани шумораи зиёди дипломатҳои рус пас аз нашри аксҳо аз қатли омми сокинони шаҳраки Буча воқеъ дар атрофи Киев рух додааст.
Фаронса ва Олмон рӯзи душанбе 75 дипломати русро баъд аз ошкор шудани куштори Буча берун карданд. Дар умум 182 дипломати Русия баъд аз нашри аксҳои куштори сокинони Буча аз кишварҳои аврупоӣ ихроҷ шудаанд. Литва ҳам сафири Русияро ихроҷ кард ва сафири худро фаро хонд.
Кашфи садҳо ҷасад дар Буча пас аз ақибнишинии Русия аз минтақаҳои зери ишғоли худ, вокунишҳо ва хашми байналмиларо ба миён овард.
Мақомоти Украина гуфтанд, артиши Русия сокинони осоиштаро куштааст. Вазорати мудофиаи Русия ин айбро рад мекунад. Дар изҳороти вазорати мудофиаи Русия омадааст, ки ҳамаи аксҳову наворҳо иғвогарона буда, "аз сӯи режими Киев ва расонаҳои ғарбӣ сохтакорӣ шудаанд".
Дар ин миён, Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ рӯзи чаҳоршанбеи 6-уми апрел эълон кард, ки бархе аз дипломатҳои Русия дар Бруссел "унсури номатлуб" (персона нон грата) ҳастанд ва берун хоҳанд шуд.
То кунун Италия 30 дипломати Русия, Олмон 40, Фаронса 35, Испания 25 ва Лаҳистон 45 дипломати русро ихроҷ карда ва кишварҳои Дания, Шведсия, Булғористон, Ҳолланд, Ирландия, Чехия, Белгия, Словакия, Латвия, Литва, Эстония ва Македонияи шимолӣ низ даҳҳо дипломати русро ихроҷ кардаанд.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия ду рӯз қабл гуфт, ки ихроҷи 40 дипломати рус аз кишварҳои аврупоӣ бепосух нахоҳад монд. Аммо ӯ шарҳ надод, ки вокуниши Маскав чӣ хоҳад буд.
Кишварҳои ғарбӣ ба иловаи берун кардани дипломатҳои рус, ҳамчунин таҳримҳои сахти иқтисодӣ алайҳи Русия ҷорӣ карда, ба Киев кӯмакҳои низомӣ пешниҳод мекунанд.
Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар 24-уми феврали имсол то кунун садҳо нафар аз ҳар ду ҷониб кушта шудаанд. Русия амалкарди худ дар Украинаро "амалиёти вижаи низомӣ" ва "аз байн бурдани миллатгароҳо" мехонад. Аммо Киев онро "таҷовуз"-и ошкор ба истиқлолият ва тамомияти арзии худ медонад.
Куштори ғайринизомиён дар Украина. Олмон ва Фаронса 75 дипломати Русияро ихроҷ карданд

Дар пайи ифшо шудани куштори дастаҷамъии ғайринизомиён дар шаҳри Бучаи Украина аз сӯи низомиёни Русия, Вазорати корҳои хориҷии Олмон эълон кард, 40 дипломати русро аз ин кишвар берун мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Фаронса низ рӯзи душанбеи 4-уми апрел гуфт, "шумораи зиёде аз дипломатҳои рус"-ро ихроҷ мекунад. Литва ҳам сафири Русия дар ин кишварро берун кардааст.
Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", шумораи дипломатҳои берункардаи Русия аз Фаронса 35 нафар мебошанд ва ҳанӯз номи ин дипломатҳо нашр нашудааст. Вазорати корҳои хориҷии Фаронса мегӯяд, фаъолияти ин афрод "алайҳи манофеи амниятӣ"-и Фаронса аст ва беруни кардани онҳо бахше аз чораҳои муштараки Аврупо мебошад.
Шабакаи BMF аз қавли Ҷен Дриан, вазири корҳои хориҷии ин кишвар гузориш дод, ки куштори шаҳри Буча хашми ҷомеаи ҷаҳониро барангехт ва Фаронса омодаи берун кардани дипломатҳои Русия аст.
Анналена Шарлотта Алма Бербок, вазири корҳои хориҷии Олмон низ рӯзи душанбе эълон кард, ки аксҳои нашршуда аз шаҳри Буча дар Украина далели "ваҳшигарии ғайри қобили бовари раҳбарони Русия ва дунболаравҳои таблиғотии Кремл" аст.
Ӯ афзуд, ҳукумати Олмон афзуд, ки шумори зиёде аз дипломатҳои Русияро, ки ҳар рӯз алайҳи озодӣ ва якпорчагии ҷомеаи Олмон дар талош ҳастанд, ҳамчун "унсури номатлуб" муаррифӣ кард ва берун менамояд.
Ҳудуди 104 шаҳрванди Русия ҳамчуни "дипломат" дар Олмон сабт шудаанд. Ин ба он маънӣ аст, ки 40 дарсади ин дипломатҳо рӯзи душанбе ихроҷ шуданд.
Литва ҳам рӯзи душанбе эълон кард, ки сафири Русияро ихроҷ мекунад. Габриэлюс Ландсбергис, вазири корҳои хориҷии Литва ҳамчунин гуфт, ки ҳукумати ӯ консулгарии Русия дар шаҳри бандарии Клайпедеро низ хоҳад баст ва сафири худро аз Маскав фаро мехонад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Литва ин тасмимро ба огоҳии шарикони худ дар Иттиҳоди Аврупо ва НАТО расонида ва хостааст, ки онҳо ҳам чунин кунанд. Вазири корҳои хориҷии Литва дар идома ба ҳимояти кишвараш аз Украин таъкид кард ва хостори анҷоми таҳқиқот дар бораи эҳтимоли иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ аз сӯи артиши Русия дар Украина шуд.
Рӯзи якшанбе аксҳое нашр шуд, ки ғайринизомиёни кушташуда дар минтақаҳои зери тасарруфи Русия дар атрофи Киевро нишон медод. Дастҳои ин кушташудаҳо аз пушт баста шуда буд. Мақомҳои украинӣ мегӯянд, ҷасади 410 ғайринизомиро дар минтақаҳое, ки қаблан тавассути русҳо ишғол шуда буданд, пайдо кардаанд.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия вазъ дар атрофи шаҳри Бучаи Украинаро як ҳамлаи сохтаи навбатӣ хонд ва гуфт, ки дар он ҷо саҳнасозӣ шудааст. Вазири корҳои хориҷии Русия дар мулоқот бо муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури кӯмакҳои башардӯстона Мартин Гриффитс гуфт, дар шаҳри Бучаи вилояти Киев пас аз тарки нерӯҳои Русия аз он ҷо, тибқи нақша, як "ҳамлаи сохтакоришуда" сурат гирифт.
Анналена Шарлотта Алма Бербок, вазири корҳои хориҷи Олмон ҳамзамон мегӯяд, кишвараш ҳамроҳ бо шарикони худ таҳримҳо алайҳи Русияро бештар карда, пуштибонии низомиаш аз Украинаро афзоиш медиҳад. Ӯ ҳамчунин аз тақвияти НАТО дар кишварҳои Аврупои шарқии узви ин паймон хабар дод.
Қаблан бархе кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Булғористон, Латвия, Литва, Эстония, Лаҳистон, Ирландия ва Ҳолланд даҳҳо дипломати Русияро бинобар "фаъолиятҳои ҷосусӣ ва таблиғоти Кремл" дар пайи ҳамлаи Путин ба Украина, берун карда буданд.
Русия низ дар вокуниш ба кишварҳои аврупоӣ таҳдид кард, ки берун кардани дипломатҳояшро бепосух нахоҳад гузошт.
Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ҳамроҳ бо дигар шарикони худ монанди Ҷопон ва Австралия таҳримҳои сангин алайҳи Русия ҷорӣ кардаанд.
Аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина дар 24-уми феврали соли ҷорӣ, садҳо ғайринизомӣ дар ин кишвар кушта шуда ва беш аз чаҳор миллион украинӣ низ бар хориҷ фирор кардаанд.
Аксҳои моҳвораӣ аз "гӯри дастаҷамъӣ" дар Украина. Русия хостори баргузории нишасти Шӯрои Амният шуд

Мақомоти Украина артиши Русияро ба "наслкушӣ" дар шаҳри Буча ва дигар шаҳрҳои ин кишвар муттаҳам карданд. Аммо Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки даст ба куштори ғайринизомиён дар ин шаҳри воқеъ дар атрофи Киев назадааст. Нашри аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба қатли ғайринизомиён дар Буча, вокунишҳои байналмиларо ба миён овардааст.
"Maxar" -- як ширкати хусусии амрикоӣ эълон кард, ки аксҳои моҳвораӣ чуқуриеро ба дарозии 13,7 дар ҳавлии як калисои украинӣ нишон медиҳад. Дар пайи ақибнишинии нерӯҳои рус аз шаҳри Буча, як гӯри дастаҷамъӣ кашф шудааст.
Хабарнигорони хабаргузории "Рейтерз", ки рӯзи шанбе аз шаҳраки Буча дидан карданд, ҷасадҳоеро дар кӯчаҳои он мушоҳида кардаанд. Яке аз гӯрҳои дастаҷамъӣ ҳанӯз пӯшида нашудааст ва ҷасадҳо дида мешаванд.
Украина рӯзи якшанбе нерӯҳои Русияро ба "куштори дастҷамъӣ" дар шаҳраки Буча дар 37-километрии шимол-ғарби Киев муттаҳам кард. Русия аммо ин иттиҳомро рад кард ва онро "таҳрикомез" хонд.
Ширкати хусусии "Maxar", ки аксҳои моҳвораӣ аз Украина таҳия ва нашр мекунад, гуфт, ки нахустин нишонаҳои кандани чуқурӣ барои як гӯри дастаҷамъӣ дар калисои Эндрюи Муқаддас ва Сарнахустин рӯзи 10-уми март дида шудааст. Ин ширкат дар идомаи баёнияи худ афзуд, "кашфиёти ахир дар рӯзи 31-уми март ҷойи ин гӯри дастаҷамъӣ дар бахши ҷануб-ғарби наздик ба калисоро нишон медиҳад.
"Рейтерз" менависад, ки ба таври мустақил наметавонад аксҳоро ростозмоӣ (factcheking) бикунад ва мушаххас нест аксҳои нашршуда аз сӯи ин ширкати амрикоӣ аз ҳамон калисо гирифта шуда бошад, ки гузоришгарони ин хабаргузорӣ рӯзи шанбе аз он боздид карданд.
Бархе аз сокинон наздикони худро миёни кушташудаҳо шиносоӣ карданд. Дар аксҳо кушташудаҳоеро ҳам дидан мумкин аст, ки дастҳояшон аз пушта баста шудааст. Михаил Подоляк, мушовири дафтари президенти Украина мегӯяд, эҳтимол дорад, онҳоро артиши Русия кушта бошад. Ба иттилои раиси шаҳри Буча, ҷасади наздики 300 сокин дар гӯри дастаҷамъӣ дафн шудааст.
Дар ин ҳол, Маскав хостори баргузории нишасте дар Шӯрои Амнияти СММ барои баррасии ҳодисаи Буча шуд. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи якшанбе гуфт, "Русия хостори баргузории як нишаст дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар иртибот бо таҳрикоти артиши Украина ва ифротиҳо дар шаҳри Буча шудааст".
Вай афзуд, "ҳадафи режими Киев" барои иртикоби ҷиноятҳои баъдии худ, барҳам задани гуфтугӯҳои сулҳ ва бештар кардани хушунатҳо аст".
Кашфи гӯрҳои дастаҷамъӣ дар Буча вокунишҳои ҷаҳониро дар пай дошт ва аз ҷумла, Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид онро "такондиҳанда" хонд ва хостори анҷоми таҳқиқоти мустақил дар бораи он шудааст.
Ҳамчунин Олмон таъкид кард, ки Русия бояд баҳои ҷиноятҳои ҷангии худро бипардозад. Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико низ гуфт, ки аз назари ҳукумати Ҷо Байден, нерӯҳои русӣ муртакиби ҷиноятҳои ҷангӣ шудаанд.
"Аксар қурбониёнро аз пушти сар паррондаанд." Идомаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба Украина

Як мансабдори Вазорати корҳои дохилии Украина гуфт, ки нерӯҳои Русия рӯзи 3-юми апрел шаҳри Одессаро дар соҳили Баҳри Сиёҳ ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додаанд.
Антон Герашенко дар Телеграм навишт, "дар баъзе минтақаҳо сӯхтор сар зад. Баъзе аз мушакҳоро тавассути системаи дифои зиддиҳавоӣ зада гардонданд." Маҷлиси шаҳри Одесса низ ҳамлаҳоро тасдиқ кард.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Мединский, раҳбари ҳайати музокиракунандаи Русия бо Украина, дар Телеграм навишт, пешрафти кофӣ барои мулоқоти раҳбарони ду кишвар ҳосил нашудааст.
Вай ҳамзамон таъкид кард, ки "мавқеи Русия нисбат ба Қриму Донбасс бетағйир мемонад". Маскав соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро тасарруф кард ва пеш аз ҳамлаи моҳи феврали имсол вилоятҳои Луҳанску Донетскро дар шарқи Украина ба ҳайси давлатҳои мустақил шинохт.
Як хабарнигори "Франс-Пресс" дар Одесса гузориш дод, ки тақрибан соати шаши субҳи якшанбе садои таркишҳо шунида шудааст. Ӯ мегӯяд, ба чашмони худ дид, ки дастикам аз се ҷой дуди сиёҳ ба ҳаво мепечид.
Одесса бо тақрибан 1 миллион аҳолӣ шаҳри бузургтарин дар соҳили Баҳри Сиёҳ аст ва то ҳол зери назорати Украина қарор дорад.
Вазорати дифои Русия рӯзи 3-юми апрел гуфт, ба корхонаи коркард ва анбори нафт дар наздикии шаҳр зарба зад. Вазорат гуфт, нерӯҳои онҳо 28 иншооти низомии Украинаро дар саросари ин кишвар нишон гирифтаанд.
Владимир Зеленский рӯзи 2-юми апрел ҳушдор дод, ки Русия дар ҷануби ин кишвар ба "зарбаҳои сахт" омода мешавад, дар ҳоле ки нерӯҳояшро аз манотиқи атрофи Киев ва Черниҳов дар шимол берун мекашад.
Дар шаҳри бандарии Мариупол ҳудуди 100 ҳазор ғайринизомӣ дар муҳосираи нерӯҳои Русия мондаанд. Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Русия қасд дорад, ин шаҳрро забт кунад, то аз Донбасс ба Қрим роҳи заминӣ эҷод кунад.
Ирина Верешчук, муовини сарвазири Украина, рӯзи 3-юми апрел гуфт, ҳафт мусофирбар бо намояндагони Салиби Сурх талош хоҳанд кард, ба Мариупол ворид шаванд. Ба гуфтаи вай, дар умум, 17 автобус кӯшиш доранд, мардуми осоиштаро аз Мариупол ва шаҳри бандарии Бердянск берун биоранд.
Як рӯз пеш Салиби Сурхи Байнулмиллалӣ аз кӯшиши фиристодани корвони мусофирбарҳо ба онҷо, ба далели ноором будани вазъ дар минтақа, даст кашида буд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, муқовимати Мариупол ба Киев барои бозпас гирифтани қаламраваш дар шимол "фурсати бебаҳо" додааст. Зеленский айни замон нерӯҳои Русияро дар эҷоди "фалокат" дар берун аз Киев ва гузоштани минаҳо ва домҳои "тарканда" дар саросари кишвар муттаҳам кард.
Раиси шаҳри Буча дар канори Киев рӯзи 2-юми апрел гуфт, дар тӯли як моҳе, ки нерӯҳои Русия шаҳрро дар ихтиёр доштанд, ҳудуди 300 сокини маҳаллиро куштанд. Мири шаҳр Анатолий Федорук ба "Франс-Пресс" гуфтааст, ҳамаи қурбониёнро "аз пушти сар паррондаанд."
Маскав, ки рӯзи 24-уми феврали имсол ба хоки Украина таҷовуз кард, ҳанӯз ба ин иддао вокуниш нишон надодааст.
Туркия бе гандуми Украина мемонад? ВИДЕО

Вобастагии сахт аз гандуми Украина ва Русия иқтисоди Туркияро дар вазъияти бисёр бад қарор додааст. Дар пайи ҷанги Русия дар Украина содироти гандум ба Туркия ҳам кам шуд. Камбуди орд ва афзоиши босуръати таваррум ин кишварро шадидан нигарон кардааст.
Киштиҳои замоне пур аз гандум ва тухми офтобпараст аз Украина ва Русия ба Туркия ворид мешуданд. Ҳоло дар бандарҳои Истанбул холӣ мондаанд. Баъди ҷанги Русия дар Украина содироти тақрибан ҳамагуна маводи ғизоӣ аз тариқи Баҳри Сиёҳ коҳиш ёфт.
Таҳлилгар Атилла Эсилада мегӯяд: "Мо бояд 10 миллион тонна гандуми навъи босифат аз кишти зимистона ворид кунем. Бо таваҷҷӯҳ ба назорати содирот дар Русия ҳатто намедонам, ин кишвар тавони таъмини ин миқдор гандумро дорад ё на. Украина барои Туркия аз назари содироти ғалладона ва равған бозори рақами як буд. Ҳоло ин бозор аз даст рафт. Албатта, Туркия имкон дорад, ба бозорҳои дигар рӯ орад, аммо ба сабаби дурии роҳ, харҷи ҳамлу нақл зиёд нархи он гаронтар хоҳад шуд."
Вобастагии зиёд аз воридоти гандум Туркияро аз ҳоло дар ҳолати ногувор қарор додааст.
Алӣ Акбар Елдерим, хабарнигори нашрияи “Дунё”, ки дар мавзуъҳои кишоварзӣ, менависад, гуфт: "Туркия моҳи июни соли гузашта як тонна гандуми воридотиро бо маблағи 262 доллар мехарид. Ҳафтаи гузашта қимати як тонна ғалла ба 456 доллар расид, ки қариб ду баробар бештар аз нархи пешина аст. Ҳамингуна Туркия ба далели вобастагиаш аз маҳсулоти кишоварзии воридотӣ ва ҳамчунин болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон, дар пайи ҷанги Украина зарари ҷиддӣ мебинад."
Қурби асъори туркӣ соли гузашта коҳиш ёфт ва ҳамоно зери фишор қарор дорад. Ба сабаби онки гандуми воридотӣ бо доллар харида мешавад, тавварум ҳамчунон идома дорад, ҳарчанд ҳанӯз қабл аз ҳамлаи Русия 50 дар сад афзоиш ёфта буд. Симит, нони арзон ва миллии туркӣ, ки бо кунҷит ва бештар барои наҳорӣ пухта мешавад, тақрибан ду баробар гарон шуд. Бо вуҷуди ёронаҳои давлат, интизор меравад, ки нарх боз боло меравад.
Ба қавли Матин Селик, соҳиби ноновойхона, "моҳҳои наздик мо шоҳиди болоравии нархи нон мешавем. Бо афзоиши нархи гази моеъ, барқ ва об, нархи нон ҳатман гаронтар мешавад. Гап фақат сари нархи орд нест, арзиши хамирмоя ҳам, ки 60 лира буд, ҳоло ба 160 лира расидааст. Ин ҷо ҳамчунин хароҷоти нерӯи кориро ҳам ба назар гирифтан даркор аст."
Коршиканиву эътирозҳо, ки қаблан хеле кам иттифоқ меафтоданд, ҳоло ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст. Ба далели афзоиши нархҳо, коргарон талаб доранд, ки музди корашон зиёд карда шавад.
Таҳлилгар Атилла Есилада гуфт: "Аслан нон, як маҳсулоти захиравӣ, ё иловагӣ аст ва агар шумо дигар чизе барои хӯрдан надоред, аз он истифода мекунед. Ман шунидам, ки одамон дар нонвойхона мегуфтанд, нархи як нон, ки ҳоло 4 лира аст, то тобистон имкон дорад ба 7 лира бирасад. Ин бисёр ғамангез аст. Ин вазъ бешак ба иқтисоди кишвар зарба мезанад ва ба нафъи Эрдуғон нест."
Президенти Туркия Раҷаб Тайқиб Эрдуғон соли оянда мумкин аст дигарбора дар интихобот ширкат кунад. Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки ин вазъ ба обрӯи Эрдуғон бетаъсир намемонад. Як танқид аз сиёсати ҳукумати ӯ ин аст, ки бештар ба маҳсулоти воридотӣ такя мекунад, на тавлиди он дар дохили кишвар.
Украина: Бештари нерӯҳои русӣ аз нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил берун шуданд

Ширкати атомии Украина рӯзи панҷшанбеи 31-уми март гуфт, бештари нерӯҳои Русия, ки дар нерӯгоҳи Чернобил ҷобаҷо шуда буданд, онро тарк карданд ва эҳтимолан сабаби ин тасмими ногаҳонӣ, радиатсия ё партовҳои ҳастаӣ будааст.
Нерӯҳои Русия дар охири моҳи феврал дар рӯзҳои аввали ҳамлаи худ ба Украина ин нерӯгоҳро тасарруф карданд, вале кормандон ва масъулонии украинии нерӯгоҳи Чернобил дар ин муддат ба фаъолиятҳои худ идома доданд. Таркиши соли 1986 дар ин нерӯгоҳ, бузургтарин ҳодисаи ҳастаӣ дар ҷаҳон буд.
Ширкати давлатии "Энергоатом" гуфт, кормандони нерӯгоҳи Чернобил субҳи панҷшанбе хабар додаанд, ки нерӯҳои Русия ният доранд, ки аз он берун шаванд. Ин ширкат дар бахше аз баёнияи худ афзуд, "ин хабар таъйид шудааст, ки нерӯҳои ишғолгар, ки Чернобил ва дигар таъсисот дар ин минтақаи ҳифозатшударо тасарруф карда буданд, ба тарафи марзи Украина ва Белорус ҳаракат кардаанд".
Дар ин баёния гуфта мешавад, ки ҳанӯз шумораи каме аз нерӯҳои Русия дар ин нерӯгоҳ ҳастанд, ҳарчанд теъдоди онҳо маълум нест. Ин баёния меафзояд, ки нерӯҳои Русия аз як шаҳр дар наздикии ин нерӯгоҳ, ки кормандони Чернобил дар он зиндагӣ мекунанд, низ берун рафтаанд.
Ширкати давлатии "Энергоатом" дар баёнияи ҷудогонае гуфт, ки русҳо ба таври расмӣ бо пас додани умури муҳофизати Чернобил ба нерӯҳои украинӣ, мувофиқат кардаанд. Ҳамроҳ бо ин баёния, нусхае аз ин тавофуқ низ нашр шудааст, ки як масъули баландпояи нерӯгоҳ ва фармондеҳи нерӯҳои русӣ дар Чернобил ва шумораи дигаре онро имзо кардаанд.
Хабаргузориҳои байналмилалӣ ҳанӯз наметавонанд ба таври мустақил эътибори ин санадро таъйид кунанд. Вазорати дифои Русия низ то кунун ба ин хабар вокунише нишон надодааст.
Ширкати атомии давлатии Украина ҳамчун гуфт, маълумоти дақиқе дар даст дорад, ки нишон медиҳад, нерӯҳои Русия дар минтақае бо номи "Ҷангали сурх", ки олудатарин қисмати атрофи нерӯгоҳи Чернобил аст, сангар гирифтаанд.
Ин ширкат дар бахши дигаре аз баёнияи худ мегӯяд, "бинобар нигаронӣ аз радиатсияҳои ҳастаӣ, бахше аз сарбозони рус дар остонаи шӯриш ва саркашӣ буданд". Аз матни баёния чунин бардошт мешавад, ки гӯё сабаби хуруҷи ғайримунтазираи нерӯҳои Русия ҳамин масъала будааст.
Ҳукумати Украина аз оғози ҳамлаи Русия борҳо дар мавриди хатари сар задани садамаи ҳастаӣ дар Чернобил ҳушдор дода, хостори хуруҷи нерӯҳои Русия шуда буд.
Коркунони нерӯгоҳ чанд руз пеш ба хабаргузории "Рейтерз" гуфта буданд, ки сарбозони рус бидуни таваҷҷуҳ ба муқаррарот, бо мошинҳо вориди минтақаи "Ҷангали сурх" мешуданд ва ин боис шуд ғубори олуда ба маводи радиоактивӣ дар сатҳи минтақа паҳн шавад.
Мудири ширкати "Энергоатом" субҳи панҷшанбе аз Оҷонси байналмилалии атомӣ хост, аз раҳбарияти Созмони энержии атомии Русия замонат бигирад, ки дар фаъолиятҳои ҷории Чернобил ва Запороже -- як нерӯгоҳи дигари Украина, ки калонтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо дар тасарруфи Русия аст, дахолат нахоҳанд кард.
Зеленский дар посух ба тасмими Маскав: "Украиниҳо зудбовар нестанд"

Кишварҳои ғарбӣ нисбат ба эълони Маскав роҷеъ ба коҳиши фаъолиятҳои низомӣ дар Украина ибрози шакку тардид кардаанд. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, низ ҳушдор дод, ки “украиниҳо содалавҳ (зудбовар) нестанд”, зеро даргириҳо дар атрофи Мариупол ва нуқтаҳои дигар идома дорад.
Истихбороти низомии Бритониё рӯзи 30-юми март эълон кард, ки нерӯҳои русӣ, ки дар майдони ҷанг бо хисороти вазнин рӯбарӯ шуданд, маҷбур шудаанд, барои созмондиҳӣ ва омодагиҳои нав ба кишвари худ ва Беларус баргарданд.
Вазорати дифои Бритониё гуфт, “чунин фаъолиятҳо нишон медиҳад, ки Русия барои ташкил кардани воҳидҳои худ дар минтақаҳои пешрафткардааш дар дохили Украина мушкилот дорад".
Як рӯз пас аз он ки Маскав ва Киев дар аввалин гуфтугӯи рӯ дар рӯ дар беш аз ду ҳафтаи охир пешрафт карданд, ин вазорат гуфт, Русия эҳтимол ҳамлаҳои заминии худро идома диҳад.
Ҳайатҳои ду ҷониб рӯзи 29-уми март дар Истанбул гуфтугӯ карданд. Русия дар Украина бо муқовимати сахт рӯ ба рӯ шуд. Нерӯҳои украинӣ муваффақ шуданд, ки баъзе минтақаҳоро дар атрофи Киев аз нерӯҳои рус бозпас бигиранд.
Александр Фомин, муовини вазири дифои Русия, дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, тасмим барои коҳиши шадиди фаъолиятҳои низомӣ дар наздикии Киев ва шаҳри Черниҳов дар шимоли Украина ба ҳадафи эътимодсозӣ рӯи даст гирифта шуд.
Артиши Украина айни ҳол аз "ҳадафи гумроҳкунанда"-и ин чархиши Русия ҳушдор дод. Қарор аст, Владимир Зеленский рӯзи 31-уми март тариқи маҷозӣ дар порлумони Австралия суханронӣ кунад.
Поёни мулоқоти рӯ ба рӯ. Вазъият дар як шаҳри Украинаро ба "қиёмат" баробар карданд

Раисҷумҳури Украина ҳамлаҳои Маскавро ба шаҳри муҳосирашудаи Мариупол "ҷиноят алайҳи башарият" номид. Изҳороти Владимир Зеленский пас аз он садо дод, ки музокироти рӯ ба рӯи ҳайатҳои давлатии Украинаву Русия дар Истанбули Туркия поён ёфт.
Зеленский рӯзи 29-уми март дар паёме ба порлумони Дания гуфт, "чизе, ки нерӯҳои Русия ба Мариупол раво мебинанд, ҷиноят алайҳи одамият аст ва он дар пеши чашми мардуми сайёра рӯй медиҳад."
Мариупол аз моҳи феврали имсол зери тирборони нерӯҳои Русия аст. Вазъ дар ин шаҳри Украинаро, ки қабл аз ҷанг зиёда аз 400 ҳазор аҳолӣ дошт, ба "қиёмат" баробар донистаанд.
Вадим Бойченко, шаҳрдори Мариупол, гуфт, шаҳр дар остонаи фалокати башарӣ аст ва бояд пурра холӣ карда шавад. Ба қавли ӯ, тақрибан 160 ҳазор ғайринизомӣ дар шаҳр бе барқ монда, аз оғози ҳамлаи Русия ҳудуди 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд. Тасдиқи мустақилонаи омор ғайриимкон аст.
Вазорати дифои Украина рӯзи 29-уми март бо пахши изҳороте гуфт, нерӯҳои Русия бо тирборони шадиду пайваста ҳамлаи худро ба Мариупол идома доданд. "Бо вуҷуди ин, маркази шаҳр дар зери назорати Украина мемонад," – гуфта шудааст дар баёния.
Ирина Верешчук, муовини сарвазири Украина, гуфт, Русия ба кушодани се гузаргоҳи амн, аз ҷумла як долони башардӯстона дар Мариупол, розӣ шудааст, аммо маълум нест, ки чанд кас метавонанд аз онҷо берун шаванд.
Мулоқоте, ки чаҳор соат идома кард
Сафорати Украина дар Туркия рӯзи 29-уми март гуфт, музокироти рӯбарӯи ҳайатҳои Киеву Маскав дар Истанбул ҳудуди чаҳор соат идома кард. Ҳанӯз маълум нест, ки музокирот дар Туркия давом меёбад ё на.
Як мушовири президенти Украина гуфт, дар мулоқот таъмини оташбас ва кафолати амнияти Украина баррасӣ шудааст. Мавзуъҳое, ки асоси музокироти гузашта буд, вале ҷонибҳо ба натиҷае нарасиданд. Зеленский ҳам мегӯяд, Украина дар музокирот ба ҳифзи "соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ" бартарӣ медиҳад.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, дар суханроние пеш аз музокирот гуфт, пешрафти ҳайатҳо роҳро ба мулоқоти Зеленский ва президенти Русия Владимир Путин мекушояд. Эрдуғон хоҳони оташбаси фаврӣ шуд ва афзуд, "пешгирӣ аз ин фоҷеа дар ихтиёри ҳарду тараф аст."
Бо гузашти беш аз чаҳор ҳафта аз таҷовузи Русия ба хоки Украина, то кунун нерӯҳои Русия ба пешрафти назаррасе ноил нашуда ва ягон шаҳри бузурги Украинаро тасарруф накардаанд. Мақомоти истихбороти низомии Бритониё рӯзи 29-уми март гуфтанд, нерӯҳои Русия ҳамчунон ба Киев таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд, ҳарчанд украиниҳо дар шимолу ғарби пойтахт ба ҳамлаҳои ҷавобӣ идома медиҳанд.
Даъвоҳои ду тараф
Ситоди кулли артиши Украина рӯзи 29-уми март навишт, нерӯҳои Русия ҳамлаҳои мушакиро ба маҳалҳои истиқоматӣ дар саросари ин кишвар идома додаанд.
Президент Зеленский дар ҳамин рӯз гуфт, бар асари бархӯрди мушак ба бинои маъмурӣ дар шаҳри бандарии Николаев, дар ҷануби Украина, дастикам 7 нафар кушта ва 22 кас захмӣ шуданд. Мақомоти Украина ҳамчунин гуфтанд, нерӯҳои Русия рӯзи 28-уми март ба шаҳри Люботин дар шимолу шарқи вилояти Харков ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, ки чанд хонаро вайрон ва чанд касро захмӣ кард.
Вазири дифои Русия рӯзи 29-уми март дар Маскав бори дигар иддао кард, ки вазифаҳои асосии марҳилаи аввали "амалиёти низомии Русия" дар Украина анҷом шудааст. Ин ҳузури дувуми Сергей Шойгу дар телевизион пас аз ду ҳафтаи "гум шуданаш" дар маҳзари ом буд, ки суолҳоро дар бораи макони будубош ва вазъи саломатии ӯ ба бор овард.
Дар ҳамин ҳол, Кремл гуфт, Маскав ва Вашингтон дар ниҳоят бояд дар масъалаи амният гуфтугӯ кунанд, аммо ба қавли мақомоти Маскав, "таҳқирҳои шахсӣ”-и Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ба ҳамтои русаш Владимир Путин, ба равобити онҳо таъсир хоҳад гузошт.
Украина аз ҳамлаи Русия "565 миллиард доллар" зарар дидааст

Муовини нахуствазири Украина мегӯяд, ҳамлаи низомии Русия ба ин кишвар то кунун 565 миллиард доллар зиён расондааст.
Юлия Свириденко рӯзи 28-уми март дар паёме дар Фейсбук навишт,
- "112 миллирд доллар аз ин зиён марбут ба тавлиди нохолиси дохилии кишвар;
- 119 миллиард доллар ба зербиноҳо, аз ҷумла, ҳашт ҳазор километр роҳи оҳан, истгоҳҳои роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо;
- беш аз 90 миллиард доллар зиён ба биноҳои истиқоматӣ, мошинҳо ва манбаъҳои хӯрокворӣ;
- 80 миллиард доллар хисорот ба ширкатҳо ва созмонҳо;
- 54 миллиард доллар зиён ба сармоягузориҳои мустақим ва ниҳоятан
- 47 миллиард доллар ба манбаъҳои буҷети кишвар будааст".
Ӯ изҳор дошт, мутаассифона, ҳар рӯз ҳаҷми зарарҳо афзоиш меёбад ва ба ҳамин сабаб, бо вуҷуди ҳама монеаҳо, Украина дар садади гирифтани ҷуброн аз Русия, ҳам аз роҳҳои ҳуқуқӣ ва ҳам манбаъҳои масдудшудаи ин кишвар аст.
Муовини нахуствазири Украина дар идома гуфт, "Русия пайомадҳои аъмоли ҷинояткоронаи худро дар Украина хоҳад дид".
Русия дар беш аз як моҳи ҳамлаи низомии худ, баъзе шаҳрҳои калони Украина, аз ҷумла, Мариупол ва Харковро сахт бомбаборон кард ва зербиноҳои ин кишварро то ҳадди нобудии комил расонд.
То кунун наздик ба 300 миллиард доллар аз захираҳои пулии Русия дар хориҷ масдуд шудааст. Кишварҳои ғарбӣ ҳамчунин дар садади кашф ва мусодираи дороиҳои олигархҳои руси наздик ба ҳукумати Русия ҳастанд.
Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард. Русия ин ҳамлаи худро "амалиёти вижаи низомӣ" мехонад, аммо Киевро онро "таҷовуз" ба тамомияти арзии худ медонад.
Дар ин ҷанг то кунун аз ҳар ду ҷониб садҳо нафар кушта шудаанд. Украина мегӯяд, дар миёни қурбониён даҳҳо зан, кӯдак ва пиронсолон ҳастанд. Музокироти ҷонибҳо барои қатъи ҷанг ҳанӯз бенатиҷа будааст.
"Падарамро дар пеши чашмам парронданд" ВИДЕО

Як навраси украинӣ, ки шоҳиди қатли бераҳмонаи падараш шудааст, ҳодисаро ба ёд оварда, мегӯяд, "ӯ барои харидани дору ба берун баромада буд ва аз сӯйи як сарбози рус кушта шуд". Дар ин ҳодиса наздик буд, худи Юра ҳам кушта шавад. Ҳоло ӯ бо хонаводааш аз шаҳраки ҷангзадаи Буча, канори Киев, дар як минтақаи дигари Украина паноҳ ёфтаанд.
Он рӯз чӣ рӯй дод?
Юра ҳоло кӯшиш дорад, бештар дар фикри таҳсили онлайнӣ бошад. Ҳарчанд баъди он чизе, ки аз сараш гузашт, барояш осон нест. То замони ҷанг Юра бо волидон дар Буча зиндагӣ мекард. Шаҳре, ки шоҳиди ҷангҳои шадид шуд.
"Ман он рӯз аз ӯ пурсидам, ба куҷо меравӣ?" Гуфт: "Дору даркор. Рафта, чанд чизе аз кумаки башардустона гирифта меоям." Гуфтам: "Мумкин аст, ман ҳам равам?" Гуфт: "Чаро не?" – нақл кард наврас.
Аммо дар роҳ падару писарро фалокате интизор буд. Онҳоро дар посгоҳе сарбозони рус манъ карданд: "Падарам ба онҳо гуфт, мо барои гирифтани ёрии башардӯстона меравем. Сарбоз чизе нагуфт. Мо дастонамонро ба боло бардоштем. Падарам гуфт, мо силоҳ ва ягон чизи хатарноке надорем. Падарам бо дастони боло бардошташудааш ба тарафи ман гашт ва ӯ ба дили падарам ду тир зад. Падарам фарёд кашид ва афтод."
Ба нақли Юра, сарбози рус ба ин иктифо накарда, баъдан ба дасти ин наврас ҳам паррондааст. Ин ҳам охири кор набуд: "Боз садои як тирро шунидам. Ин бор тир ба сари ман равона шуда буд. Вале кӯлоҳ доштам ва вақте ба замин меафтодам байни кӯлоҳу сарам як фазои холӣ монд ва тир ба кӯлоҳ бархӯрд. Боз як тири дигар ба падарам зад."
Баъд аз тири охирин, Юра дигар ба мурдани падараш шубҳа надошт. Интизор шуд, то сарбози рус дуртар равад ва сипас ба хона гурезад.
Ӯро куштанд ё захмӣ карданд?
Алла, модари Юра, ки тамоми ин лаҳзаҳо дар хона буд, мегӯяд, фиғони писарашро аз берун шунида, сахт тарсид. "Аз паси девори бетонӣ садои писарамро шунидам, ки мегуфт, модар, зуд дарро кушо. Ман гуфтам "падарат дар куҷо аст?" Вай гуфт, "ӯро куштанд". Ман гуфтам, "Юра, ту бовар дорӣ, ки падарат кушта шуд? Шояд ӯ захмӣ шуда бошад, ман рафта бинам?" Вай гуфт, "ба он ҷо нарав! Онҳо туро ҳам мекушанд."
Ин хонавода ҳанӯз то оғози ҷанг дар фикри фирор аз маҳалли зисташон буданд. Наздиконашон рафтанду онҳо барои гурехтан фурсат наёфтанд. Андрей, бародари марде, ки кушта шудааст, гуфт, ӯ бо оилааш дар рӯзи аввали ҷанг аз шаҳр берун шуданд ва талош дошт, бародарашро ҳам бо оилааш берун барад.
"Он рӯз Алла телефонӣ гуфт, ки "Андрей, онҳо Русланро куштанд." Ман шок шудам. Ман ҳар рӯзи Худо ба ӯ мегуфтам, ки эҳтиёт кун. Берун нарав, дар таҳхона панаҳ бар. Ман бояд онҳоро берун меовардам."
Баъди кушта шудани шавҳараш, Алла намехост, то замони ба хок супоридани ҷасади ӯ манзилашро тарк кунад. Ҷасади шавҳарашро ҳам ӯ аз посгоҳи русҳо бо ароба оварду ба хок супурд.
"Қаблан ман бо духтури оилавиамон суҳбат кардам. Вай гуфт: "Дар чунин ҳолатҳо шиноснома ва ҳуҷҷатҳои дигари ӯро дар болои ҷасад гузошта, навор ва чанд акс бигиред, то далел дошта бошед. Мо ӯро дар як қолин печонда, зери хок кардем," – нақл кард зан.
Баъд аз ин, Алла ва се фарзандаш маҳалли зисташонро тарк карданд. Ба монанди ҳазорҳо сокини дигари Буча ва умуман Украина, ки дар гирдоби ҷанг аст.
Байден: Путин "қассоб" аст. Идомаи задухӯрдҳои шадид дар Украина

Раисҷумҳури Амрико рӯзи 26-уми март, пас аз мулоқот бо паноҳҷӯёни украинӣ дар Варшава, ҳамтои руси худ Владимир Путинро "қассоб" номид.
Ҷо Байден, ки барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви НАТО ва "Гуруҳи 7" ба Аврупо омада буд, 25 ва 26-уми март бо сарбозони амрикоӣ дар Лаҳистон (Полша), президенти он кишвар Анджей Дуда, вазирони корҳои хориҷиву дифои Украина ва паноҷҳӯён суҳбат дошт.
Тасвирҳо нишон медиҳанд, ки раисҷумҳури Амрико кӯдаконро ба оғӯш гирифта, бо одамон дар ошхона гап задааст. Вақте аз Байден пурсиданд, ки пас аз мулоқот бо гурезаҳо дар пойтахти Лаҳистон дар бораи Путин чӣ фикр дорад, ҷавоб дод, ки "ӯ як қассоб аст".
Аз оғози ҳамлаи бедалели Русия ба Украина тақрибан чаҳор миллион кас ин кишварро тарк кардаанд ва ду миллиони онҳо дар Лаҳистон ё Полша ҳастанд.
Ҷо Байден ҳамзамон гуфт, бовар надорад, ки Маскав стратегияи ҷангро дар Украина тағйир додааст. Русия рӯзи 25-уми март эълон кард, ки аз ин ба баъд бештар ба Донетску Луҳанск дар шарқи Украина тамаркуз мекунад. Ҷое, ки аз соли 2014 ва пас аз ишғоли нимҷазираи Қрими Украина зери назорати ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия аст.
Муовини раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Сергей Рудской рӯзи ҷумъа гуфт, ҳадафҳои асосии "марҳилаи аввали амалиёт" дар умум иҷро шудаанд. Вай афзуд, ин ба нерӯҳои Русия имкон медиҳад, ки тамаркузро ба "ҳадафи асосӣ, яъне озодии Донбасс" равона кунанд.
Ҷанги Русия дар Украина беш аз як моҳ боз идома дорад. Ба гуфтаи мақомоти Украина, рӯзи 26-уми март дар шаҳрҳои Мариупол ва Черниҳов задухӯрдҳо идома карданд. Садои таркишҳо дар наздикии шаҳри ғарбии Лвов низ шунида шудааст.
Шаҳрдори Мариупол Вадим Бойченко гуфт, вазъ дар шаҳри муҳосирашуда вазнин аст ва задухӯрдҳои хиёбонӣ дар марз ҷараён доранд.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 26-уми март гуфт, артиши Русия мавзеъҳои ғайринизомиён ва низомиёнро аз ҳаво ва тӯпхона тирборон мекунад. Бар асари ҳамлаҳои Русия дар чанд ҳафтаи гузашта бахшҳое аз шаҳри Мариупол хароб шудааст.
Шаҳрдори Черниҳов гуфт, ба сабаби онки нерӯҳои Русия роҳҳоро ба шаҳр бастаанд, 44 нафари шадидан захмӣ, аз ҷумла се кӯдакро барои муолиҷа ба минтақаҳои амн бурда наметавонанд. Владислав Атрошенко тавассути телевизиони миллӣ гуфт, "вазъ махсусан барои шахсони маҷрӯҳ, ки ба муолиҷаи фаврӣ ниёз доранд, вазнин аст".
Байден бо ду вазири украинӣ дар Лаҳистон мулоқот кард

Раисҷумҳури Амрико рӯзи 26-уми март дар Варшава, маркази Лаҳистон (Полша), бо Дмитрий Кулеба ва Алексей Резников, вазири корҳои хориҷӣ ва мудофиаи Украина, дидор кард.
Ин мулоқоти нахустини рӯбарӯи Ҷо Байден ва мақомоти баландпояи Киев аз оғози ҳамлаи бесабаби Русия ба Украина аст. Дар мулоқот Энтони Блинкен, вазири умури хориҷӣ ва Ллойд Остин, вазири дифои Амрико, низ ширкат доштанд.
Сухангӯйи Департаменти давлатии Амрико Нед Прайс гуфт, Иёлоти Муттаҳида "тааҳҳуди устувори худро ба истиқлол ва тамомияти арзии Украина" баён кард.
Ҷо Байден бори охир бо Дмитрий Кулеба рӯзи 22-юми феврали имсол, ҳамагӣ ду рӯз пеш аз ҳамлаи беасоси Русия ба Украина , мулоқот карда буд.
Раисҷумҳури Амрико, ки барои иштирок дар нишасти кишварҳои узви НАТО ва G7 ба Аврупо омадааст, рӯзи 26-уми март бо суханроние дар Варшава ба сафараш поён мебахшад. Ҷое, ки бо имдодгарону сарбозони амрикоӣ вохӯрд ва бо президент Анджей Дуда суҳбат кард.
Ҷанги Русия дар Украина беш аз як моҳ боз давом дорад.
Як мансабдори баландпояи Украина рӯзи 26-уми март хабар дод, ки дар бораи кушодани даҳ гузаргоҳҳои амн дар Мариупол ба созиш расидаанд. Шаҳрдори Киев вақти коммендантиро дароз кард, чун даргириҳо дар атрофи пойтахт идома доранд.
Аз оғози ҷанги Русия дар Украина 136 кӯдак кушта шудаанд

Мақомоти Украина гуфтанд, дар 31 рӯзи ҷанги Русия дар ин кишвар 136 кӯдак кушта шудаанд.
Дафтари додситонии кулли Украина рӯзи 26-уми март дар паёме дар Телеграм гуфт, аз ҷумла дар вилояти Киев 64 кӯдак ҷон бохтанд.
Бар илова, ба иттилои манбаъ, 199 кӯдак захмӣ шудаанд.
Тасдиқи мустақилонаи хабар ғайриимкон аст.
Оилаи украинӣ Маскавро гузошту ба Қазоқистон кӯчид

Петр ва Анастасия Микитенко ва се кӯдакашон дар ҳуҷраи хурде дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон, ки баъди омадан аз Маскав ба иҷора гирифтаанд, зиндагӣ доранд. "Мо ба Русия баргаштан намехоҳем. Дарк кардем, ки онҷо бегонаем," -- мегӯяд Анастасия.
"То лаҳзаи охирин бовар надоштем"
Ин ҷуфти украинӣ даҳ соли охир дар Русия мезистанд. Ҳар ду Донишгоҳи театр, кино ва телевизиони ба номи Карпенко-Карийи шаҳри Киевро хатм кардаанд. Анастасия пас аз хатми донишгоҳ пешниҳоди кор дар Театри шаҳри Маскавро гирифт. Зану шавҳар дар пойтахти Русия маскан гирифта, дар театр ва филму эъломҳо нақш меофариданд.
Микитенкоҳо тасмими мушкил, яъне канор гузоштани ин ҳама ва рафтан ба самти номуайянро дар рӯзе гирифтанд, ки акнун ба китобҳои дарсии таърихи асри 21 шомил хоҳад шуд. Артиши Русия субҳи барвақти 24-уми феврали имсол бо фармони президент Путин ба Украина ҳамла кард. Тонкҳо марзҳоро гузашта, мушакҳо шаҳрҳои орому осоиштаро нишон гирифтанд.
"Соат 6-и субҳ буд. Ҳамсарам фарзандамонро ба дарси рақси болои ях бурд. Ман дар хона нишаста, барои YouTube шеъреро замзама ва сабт мекардам. Дар ҳамин вақт Настя занг зада, гуфт, "Русия ба Украина ҳамла кард". Ман гуфтам, ин дурӯғ аст, номумкин аст. Ин кор барои ҳеч тарафе судовар нест. То лаҳзаи охирин бовар надоштем, ки ҷанг мешавад," -- мегӯяд Петр.
"Дар як мижжа задан ҳама чиз ба ҳам зад," -- изҳор медорад Анастасия.
Петри 35-сола зодаи вилояти Киев ва Анастасияи 33-сола зодаи вилояти Одессаи Украина ҳастанд ва дар ватан хешу шинос ва дӯстони зиёде доранд, ки дар шаҳрҳои гуногун ба сар мебаранд. Бо оғози ҳамла расидани хабарҳои нигаронкунандаву мудҳиш барояшон оғоз шуд.
"Волидони мо, ки дар ноҳияи Полесский, аз самти Беларус, ҳастанд, аз зумраи онҳое буданд, ки нахустин шуда, бо таҷовузи Русия рӯбарӯ шуданд. Тонкҳо аз дохили деҳаи мо гузаштанд ва мардум дар таҳхонаҳои манзилҳояшон пинҳон шуданд. Касе таҳхона надошт, ба мактабҳо паноҳ бурд. Панҷ нафареро, ки ба тамокукашӣ баромада буданд, парондаанд. Мактаберо, ки ман онҷо таҳсил кардаам, бо "Град" заданд," -- илова мекунад Петр.
"Фазои мудҳиш"
Телевизионҳои Русия ба пахши таблиғот пардохта, ба ҳама талқин мекунанд, ки сарбозони рус ҳамсоякишварро аз дасти "миллатгароён" "озод" мекунанд ва танҳо зербиноҳои низомиро ҳадаф қарор медиҳанд. Аммо хабарҳои наздикону дӯстони хонаводаи Микитенкоҳо аз Украина чизи дигареро бозгӯ мекунанд.
Бародари 23-солаи Анастасия ба ҷанг рафта, волидонаш дар таҳхона пинҳон мешаванд. Дугонаи Анастасия аз шаҳри Мариупол дар аввал хабар додааст, ки шаҳр дар муҳосира қарор дораду барқ ва обу низоми гармидиҳӣ қатъ шудааст ва сипас тамос бо худи ӯ низ қатъ шудааст. Шаҳри бандарии воқеъ дар канори баҳри Азов ба муродифи фоҷеаи инсонӣ табдил меёбад. Дар аксар шаҳрҳо мушаку бомбаҳо ба хонаҳои сокинон сарозер мешаванд.
"Мо дар як ҳолати ногувор қарор гирифтем. Одамоне, ки давоми 7-8 соли ахир бо мо мезистанд, дар ғамамон шарик нашуданд. Баръакс, аз ончи дар Украина мегузарад, ҳимоят карда, онро кори дуруст шумориданд. Мегӯянд, "ҳоло каме сабр кунед, онҷо 70 дарсад миллатгаро ҳастанд, онҳоро нобуд созанд (70 дарсадро), сипас орому осуда зиндагӣ мекунем ва ҳамааш хуб мешавад," -- меафзояд Петр.
Петр ва Анастасия талош кардаанд, ба шиносҳояшон дар Русия фаҳмонанд, ки дар ватани онҳо ҳечгуна "низоми миллатгарое нест. Мардум онҷо худ шаҳрдорҳоро интихоб карда, монанди одамони кишварҳои дигар кору зиндагӣ мекунанд. Заминҳоро кишт, дар корхонаҳо кор ва фарзандҳоро тарбия мекунанд. Дар ватани худ боғча, мактаб ва роҳу пулҳои нав месозанд." Микитенкоҳо ба русҳо мегӯянд, ки худашон аз шаҳрҳои Украина боздид карда, аз Лвов то ба Харков рафтаанд, вале ҳечгуна бадбиниеро нисбат ба русзабонҳо надидаанд.
"Онҳо бовар намекунанд. Фазои мудҳише буд. Гуё ҳаво намерасид ва ту нафасгир мешудӣ. Аз нигоҳи равонӣ таҳаммулнопазир буд. Вақте наздикони туро бомбаборон мекунанду ту чизе гуфта наметавонӣ ва даҳонат бастааст. Дарк кардам, ки дигар ҷисман наметавонам ингуна зиндагӣ кунам. Бояд ҳар куҷое бошад, биравем," -- мегӯяд Анастасия.
Парвози ҳавопаймоҳо ба Украина аллакай қатъ шуда буд. Петру Анастасия шаҳрвандии Украинаву Русия ва кӯдакон танҳо шаҳрвандии Русияро доранд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ба Қазоқистон, ба кишваре бираванд, ки шаҳрвандони Русия метавонанд ба он бе раводид ва ҳатто бе шиносномаи хориҷӣ сафар намоянд. Онҳо дар Қазоқистон на дӯст ва на шиносе доштанд.
Дар аввал тасмим гирифтанд, ба шаҳри Нурсултон бираванд, вале дастрастарин билетро ба Чимкент, шаҳре дар ҷануби Қазоқистон ёфтанд. Бо ҳарос ва таваккал билет харида, дар фурудгоҳ санҷиши коронавирус супориданду Русияро тарк карданд.
Дар макони нав
Хонавода аз фурудгоҳи Чимкент рост ба истгоҳи роҳи оҳан рафтаанд, то худро ба сафорати Украина дар Нурсултон расонанд. Дар намояндагии дипломатӣ ба онҳо гуфтаанд, таҳияи санадҳои украинӣ барои кӯдакон, ба эҳтимоли зиёд, танҳо баъд аз хатми ҷанг имкон дорад.
Ҳаво дар пойтахти Қазоқистон барои Петру Анастасия хеле сард намудааст. Ибтидои моҳи март дар онҷо ҳаво хунуку шамоли сахте буд. Онҳо бо се фарзанди худ чандсад метр қадам мезананд ва кӯдакон шикоят мекунанд, ки ҳаво хеле сард аст. Зану шавҳар дар натиҷа тасмим мегиранд, ки ба ҷануби Қазоқистон баргарданд.
Онҳо дар истгоҳи Чимкент бо соҳибкори маҳаллӣ Сарғозӣ Бекмурод шинос мешаванд, ки мегӯяд, ҳамеша барои кумак кардан омодааст. "Ҳамаи мо аз вазъ дар Украина нигарон ҳастем. Вақте фаҳмидам, аз Украина ҳастанд, бо онҳо суҳбат кардам. Одамони хушахлоқ ва бофарҳанг ҳастанд. Хеле ғусса мехӯрданд ва хаста буданд. Мо ҳамроҳ бо ихтиёриён барояшон ҳуҷраеро барои се моҳ ба иҷора гирифта, ашёи зарурии маиширо харидем," -- нақл кард Сарғозӣ.
Микитенкоҳо каме дуртар аз маркази шаҳр зиндагӣ мекунанд. Дар наздикии хонаашон боғ ҳаст ва барои кӯдакон низ баромадан ба кӯча писанд меояд. Хонавода барои сабтиноми муваққат ба хадамоти муҳоҷират муроҷиат кардаанд. Петр низ кори муваққатӣ ёфтааст ва Анастасия кӯдаконро дар хона нигоҳ мекунад.
"Мардуми хубу меҳрубоне ҳастанд. Хеле кумак карданд. Мо ба ингуна дастгирӣ ниёз доштем. Хеле миннатдорем," -- бо табассум илова кард Анастасия.
Петр ва Анастасия бо наздикони худ дар Украина тамоси доимӣ доранд. Орзу мекунанд, ки ҷанг зудтар хотима ёбад ва онҳо тавонанд бо пайвандонашон якҷо шаванд. "Инҷо ҳисси дигаре дорам. Ҳатто ҳиссе, ки аз инҷо метавон ба ватан парвоз кард. Мехоҳем ба Украина наздик бошем ва бо хатми ҷанг биноҳоро барқарор созем. Албатта, одамони рафтаро наметавон баргардонд. Мехоҳем, ҷанг зудтар хотима ёбад ва талафот ҳам камтар бошад. Ман ифтихор дорам, ки онҷо ҳама аз замини худ муҳофизат мекунад. Украиниҳо то охир мубориза хоҳанд бурд," -- афзуд Анастасия.
Ҷанги Русия дар Украина ҷони ҳазорҳо касро рабуд ва ҳанӯз низ мерабояд. Кремл ҳамоно исрор дорад, ки дар Украина бо мақсади ғайринизомисозӣ ва маҳви миллатгароӣ "амалиёти махсус" анҷом медиҳад ва "ҳама чиз тибқи нақша пеш меравад". Чизе, ки Киев ва кишварҳои ғарбӣ таҷовуз ба хоки Украина меноманд ва Маскавро ба ҷинояти ҷангӣ муттаҳам мекунанд.