Ҷанги Украина
Радду бадалҳои Украина ва Русия дар бораи ҷангу сулҳ

Идомаи музокирот барои поён додани ҷанги Русия дар Украина зери суол уфтодааст.
Раисҷумҳури Украина мегӯяд, дар пасманзари хашми мардум аз рафтори бераҳмонаи нерӯҳои Русия баҳси сулҳ мушкил аст. Вазири корҳои хориҷии Русия иддао дорад, ки таҳримҳои Ғарб ва интиқоли силоҳ ба Украина монеи сулҳ мешавад.
Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки барои берун бурдани ғайринизомиён аз шаҳри муҳосирашудаи Мариупол ноумед шудаанд.
Русия ба ҳамлаи худ дар шарқи Украина идома медиҳад. Маскав 30-юми апрел иддао кард, ки дар идомаи талош барои назорати комил бар Луҳанск ва Донетск дар шабонарӯз ба беш аз 380 ҳадаф зарба зад. Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина гуфт, талоши артиши Русия номуваффақона буд ва ҷанг идома дорад.
Раисҷумҳури Украина рӯзи 29-уми апрел дар паёми телевизионӣ ба мардум гуфт, нерӯҳои Киев дар минтақаи шарқии Донбасс "пирӯзиҳои тактикӣ" ба даст оварданд.
Владимир Зеленский ҳамон рӯз ба хабарнигорони лаҳистонӣ гуфт, мардуми Украина барои рафтори ваҳшиёна ба нерӯҳои Русия ҷазо мехоҳанд ва "вақте чунин муносибат вуҷуд дорад, дар бораи чизҳои дигар суҳбат кардан душвор аст."
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, 30-юми апрел ба “Синҳуа”, хабаргузории расмии Чин, гуфт, музокироти "мушкил" бо Киев идома дорад. Вай ҳамзамон афзуд, Русия ба бекор кардани таҳримҳо пофишорӣ дорад ва аз Амрикову НАТО мехоҳад, фиристодани силоҳро ба Украина бас кунанд.
Ҷанги Украина. Сарбози кушташудаи Русияро дар Тоҷикистон дафн карданд

Маҳмадалӣ Абдуллоеви 22-сола аз ноҳияи Ҷалолиддин Балхии Тоҷикистон, ки ба таври қарордодӣ дар сафи артиши Русия хидмат мекард, дар ҷараёни ҷанги Маскав дар Украина кушта шудааст. Ҷасади ӯро рӯзи 28-уми апрел дар зодгоҳаш дафн карданд.
Пайвандонаш мегӯянд, ӯ дар охири моҳи марти имсол дар шаҳри Изюми вилояти Харков кушта шудааст, вале маълум нест дар чӣ шароите.
Маҳмадзокир Абдуллоев, падари Маҳмадалӣ, рӯзи 29-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш шаҳрвандии Русияро дошт ва аз моҳи январи имсол шомили артиши он кишвар шуда буд.
“Моҳи оянда бояд маросими хонадоршавияш барпо мешуд. То ҳаштсолагӣ дар Тоҷикистон хонд, сипас, аҳли хонавода ба Русия кӯчидем,” – афзуд ӯ.
Тобути ҷавонро аз Русия бо ҳавопаймои низомӣ ба фурудгоҳи Айнӣ, канори шаҳри Душанбе, овардаанд.
Ҷанги Русия дар Украина беш аз ду моҳ боз идома дорад. То ин дам хабари кушта шудани дастикам ҳафт зодаи Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Ҳафтаи гузашта ҷасади Абубакр Нозимови 24-соларо дар шаҳри Барнаул гӯронданд.
Як нашрияи украинӣ чанде пеш рӯйхати низомиёни Русияро расонаӣ кард. Дар ин феҳрист номи наздик ба 6 ҳазор нафаре омадааст, ки аз Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар бораи наздик ба 100 нафари онҳо гуфта шудааст, ки зода ва парвардагони Тоҷикистонанд.
Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро доранд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ ҷорист.
"Ҷанги Русия дар асри 21 бемаъност." Дабири кулли СММ дар Украина чӣ дид?

Дабири кулли Созмони Милал, Антонио Гутерреш, ҷанги Маскавро дар Украина маҳкум карду “бемаъно” хонд. Ин дар ҳолест, ки Русия амалиёти худро дар шарқи Украина бештар кардааст.
Гутерреш пас аз мулоқот бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, аз Маскав ба Киев рафт ва рӯзи 28-уми апрел шаҳраки Бучаву Бородянкаро дид. Ҷое, ки ҷасади садҳо нафарро бо осори шиканҷа ёфтаанд ва Созмони Милалу Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ ва чанде аз кишварҳо хоҳони таҳқиқи ҷинояти ҷанги Русия дар Украина шуданд.
“Ман аз тасмими Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ пурра пуштибонӣ мекунам ва аз Русия мехоҳам, ки бипазирад ва ҳамкорӣ кунад. Аммо вақте дар бораи ҷиноятҳои ҷангӣ суҳбат мекунем, фаромӯш накунем, ки ҷинояти бадтарин худи ҷанг аст. Ҷанг дар асри 21 бемаъност. Бад аст,” – гуфт дабири кулли СММ.
Бо вуҷуди далелҳои фаровон аз ҷиноятҳои ҷангӣ, Русия гузоришҳоро дар мавриди ҳадаф қарор додани ғайринизомиён рад кардааст.
Вай пеш аз мулоқот бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар Твиттер навишт: “Мо ба тавсеаи ёриҳои башардӯстона ва берун овардани ғайринизомиён аз минтақаҳои ҷанг дар Украина идома хоҳем дод.” Ҳамзамон афзуд, поёни ҳарчи зудтари ҷанг ба фоидаи Украина, Русия ва ҷаҳон аст.
Дар ҳамин ҳол, Алексей Резников, вазири дифои Украина, мегӯяд, кишвараш ҳафтаҳои хеле сахтеро дар пеш дорад. Ӯ аз “вайронии бузург” дар ҳамлаҳои густурдаи Русия дар шарқи Украина ҳушдор дод.
“Русия талош дорад, ҳарчи зиёдтар ба Украина зарар расонад,” – гуфт рӯзи 27-уми апрел. Вазири дифои Украина дар ҳоле ин суханонро баён дошт, ки мақомҳои тақрибан 40 кишвар дар як пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Олмон бо ҳам дидор доранд.
Резников гуфт, дидори онҳо дар асл як “эътилофи воқеӣ аст, ки ҳадафаш на танҳо ба ҷавобгарӣ кашондани Кремлин, балки шикастани истибдоди Русия аст”, то ба гуфтаи ӯ, “бовар ҳосил шавад, ки ҷаҳони мутамаддин метавонад дар ин ҷанг пирӯз гардад.”
Дар зимн, Вазорати дифои Бритониё рӯзи 28-уми апрел гуфт, бо он ки Русия киштиҳои бузурги ҷангии “Москва” ва “Саратов”-ро аз даст дод, ҳанӯз ҳам дар Баҳри Сиёҳ тавони ҳамла бар Украина ва шаҳрҳои соҳилии ин кишварро дорад.
Ин вазорат дар гузориши истихборотии худ гуфт, Русия дар Баҳри Сиёҳ 20 воситаи баҳрӣ, аз ҷумла киштиҳои зериобӣ дорад. Вале дар эъломияи вазорат омадааст, Русия муваққатан ҷойи васоити аз даст рафтаашро пур карда наметавонад, зеро Туркия тангии Босфорро, ки Баҳри Сиёҳ ва Мармараву Миёназаминро мепайвандад, ба рӯйи ҳама киштиҳои ҷангии ғайритуркӣ бастааст.
Пеш аз он кишварҳои ғарбӣ Русияро ба хотири қатъи газ ба ду кишвари узви НАТО – Лаҳистон (Полша) ва Булғористон – ба “боҷгирӣ” муттаҳам карданд. Нахуствазири Полша иқдоми Русияро “ҳамлаи мустақим” ба кишвараш хонд. Раиси Кумисюни Аврупо гуфт, кӯшиши Кремлин барои эҷоди ҷудоӣ байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дубора ба шикаст дучор шуд.
Эҳтимоли "фишори низомӣ"-и Русия аз Молдова ба Украина. Путин ба "мудохилагарон" ҳушдор дод

Як мақоми украинӣ рӯзи 27-уми апрел гуфт, Русия омодаи истифода аз минтақаи Наздиднестри (Приднестрове) Молдова барои фишори низомӣ ба Украина аст. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ҳушдор дод, ҳар кишваре, ки нияти "мудохила" дар Украинаро дошта бошад, бо вокуниши сахти Маскав рӯбарӯ хоҳад шуд.
Мақомҳои тарафдори Русия дар Наздиднестр рӯзҳои гузашта иддао карданд, ки аз хоки Украина ба ин минтақа "тирандозӣ" шудааст. Дар пайи ин таҳаввулот Ана Маляр, муовини вазири дифои Украина, Русияро муттаҳам кард, ки омода аст аз Наздиднестр ҳамчун пули иртиботӣ барои интиқоли нерӯҳои низомӣ ба хоки Украина ё минтақаҳои дигари Молдова истифода кунад.
Приднестрове ё Наздиднестр минтақае дар шарқи Молдова бо ғарби Украина ҳаммарз аст ва аз замони ҷанг бо ҳукумати марказии Молдова дар соли 1992 аз сӯи ҷудоиталабон идора мешавад.
Тақрибан 1500 нерӯи артиши Русия зери унвони "Нерӯҳои ҳофизи сулҳ" дар ин минтақа ҷобаҷо ҳастанд. Аз замони ҳамлаи Русия ба Украина нигарониҳо дар бораи истифодаи ин нерӯҳо дар ҷанги Украина афзоиш ёфтааст.
Дар ҳоли ҳозир ҳамчунин бими он меравад, ки Русия ин минтақаро монанди нимҷазираи Қрим ба хоки худ ҳамроҳ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин дар вохӯрӣ бо аъзои Шӯрои қонунгузорон дар Санкт-Петербург таъкид кард, ки ҳама тасмимҳо дар мавриди "зарбаҳои барқосо" дар сурати таҳдиди стратегӣ гирифта шудаанд. Вай ин зарбаҳоро "ҷавобӣ" номид.
Раисҷумҳури Русия дақиқ нагуфт, ки "зарбаҳои барқосо" бо кадом силоҳҳо анҷом дода мешаванд ва онҳо чиро ҳадаф қарор хоҳанд дод. Ӯ ҳарчанд дар бораи силоҳи ҳастаӣ мустақиман сухан нагуфт, баъзе силоҳҳоро ном гирифт, ки рақибони эҳтимолии Русия надоранд.
Путин ҳамчунин ба суханронии худ дар рӯзи 24-уми феврал, ки дар он аз оғози ба истилоҳ "амалиёти вижа" дар Украина хабар дода буд, ишора кард. Сипас изҳор дошт, ки агар давлатҳои хориҷӣ ба вазъ дар Украина дахолат кунанд, бо оқибатҳое дучор мешаванд, ки то ҳол дар таърих маълум нест.
Путин афзуд, "агар касе бихоҳад аз берун дар ончи ки ҳоло дар Украина рух медиҳад, дахолат кунад, бояд бидонад, ки ба вокуниши сареи Русия рӯбарӯ хоҳад шуд".
Русия, ки дар ҷанги Украина пешрафтҳои чандоне надоштааст, борҳо дар мавриди эҳтимоли истифода аз силоҳи ҳастаӣ "дар сурати таҳдиди стратегӣ алайҳи Русия" ҳушдор додааст.
"Рӯйхат дуруст аст, аммо куҳна." Тоҷикон дар куштори Буча даст доранд ё не? ВИДЕО

Чанд зодаи Тоҷикистон ва ҳамзамон шаҳрвандони Русия мегӯянд, дар гузашта дар сафи артиши он кишвар хидмат кардаанд, вале дар ҷанги Украина иштирок надоранд. Номи онҳо дар пайванд ба куштори одамон дар Буча, канори Киев, пайдо шуд. Ин афрод рӯйхатро рад намекунанд, аммо иддао доранд, ки кӯҳна асту зиндагиашонро душвор мекунад.
Бригадаи 64-ум, номи 8 тоҷик ва иддаои яке
Хадамоти истихборотии Украина рӯзи 4-уми апрел рӯйхати афсарону аскарони бригадаи 64-уми савораи тирандози артиши Русияро нашр кард, ки дар он номи беш аз даҳ тоҷик зикр шудааст. Мақомоти Украина гуфтанд, ин низомиён дар қатли сокинони осоишта даст доштанд.
Зариф Абдураҳимови 32-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, аз ҷумлаи онҳоест, ки номашро дар ин рӯйхат дидааст. Ӯ мегӯяд, воқеан, дар бригадаи 64-уми савораи тирандози Русия хидмат мекард, аммо панҷ сол пеш қарордодашро қатъ кард.
Нашри номаш дар ин феҳраст ӯро нигарон кардааст ва талош дорад, нишон диҳад, ки дар Украина набуд. Абдураҳимов мегӯяд, “ҷанг як рӯз ба поён мерасад, вале онҳое, ки дар ин рӯйхат ҳастанд, ҷавоб медиҳанд.”
Ӯ иддао дорад, чаҳор сол боз дар Тоҷикистон аст ва “ҳеч гоҳ дар Украина набуд”. Мақомоти тоҷик низ телефонӣ ӯро дар ин бора пурсидаанд.
“Бале, ман шаҳрванди Русия ҳастам, дар артиши он кишвар хидмат кардаам, аммо соли 2018 ба Тоҷикистон омадам ва дигар барнагаштам. Кору зиндагиям дар ҳаминҷо аст. Дар он рӯйхат номи моро чоп карда, гуфтаанд, гуё одам куштаем. Ин дурӯғ аст,” – нақл кард ӯ охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ.
Падару писар мегӯянд, ки дар артиш нестанд
Мақомоти Украина мегӯянд, бригадаи 64-уми савораи тирандози артиши Русия ба Киев ва атрофи он ҳамла кардааст. Онҳо қатли беш аз 900 ғайринизомиро дар атрофи Киев кори дасти ин бригада медонанд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Маълум нест, чанд тоҷик дар ин бригада дар Украина ҳузур дошт, аммо ҳашт нафаре, ки номашон дар ин рӯйхат зикр шудааст, худ ва пайвандонашон иддао доранд, ки дар онҷо набуданд.
Номи Раҳимҷон Юсупов ва падараш, Бахтиёр Юсупов низ дар ин феҳрист ҳаст. Вай иддао дорад, ки дар шаҳри Хабаровски Русия таксӣ меронад ва соли 2018 аз артиши Русия рафтааст. “Агар хидматчии ҳарбӣ ҳам мешудам, ба ҷанг намерафтам. Дар ҷанг мардуми осоишта, одамони бегуноҳ мемиранд,” --гуфт ӯ.
Бахтиёр Юсупов, падари Раҳимҷон, мегӯяд, бознишаста аст: “Ман соли 2019 ба нафақа баромадам. Дигар даъват ҳам накарданд. Наберадорам. Мо тарафдори сулҳем.”
Шаҳрвандоне, ки номашон дар рӯйхат зикр шудааст, тасдиқ мекунанд, ки дар гузашта сарбози артиши Русия буданд, аммо солҳо пеш онро тарк кардаанд.
Дар Украина гуфтанд, имкони тафтиш надоранд
Дар хадамоти истихбороти Украина дурустӣ ва нодурустии ин рӯйхатро ба Радиои Озодӣ тасдиқ накарданд. Дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, дар шароити ҷангӣ имкони тафтиши онро надоранд.
Саидбаҳром Бердиев, ки низ номаш дар ин рӯйхат зикр шудааст, мегӯяд, соли 2021 аз кор рафта буд. Вай низ дар Хабаровск зиндагӣ мекардааст. Мегӯяд, “феҳраст дурӯғ нест, вале зоҳиран аз соли 2018 асту кӯҳна.”
“Ман аксар номҳоро дар рӯйхат дидам ва шинохтам. Рӯйхат дурӯғ нест, аммо ба фикрам, аз соли 2017-2018 аст,” -- гуфт ӯ.
Сайфулло Қурбонов, ки номаш дар ин рӯйхат зикр шудааст, соли 2020 дар 41-солагӣ даргузаштааст. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, моҳи майи соли 2020 дар авҷи бемории коронавирус ҷасадашро натавонистанд ба Тоҷикистон баранд ва ӯро дар Хабаровск дафн карданд.
Далелҳои дигар нишон медиҳад, ки зодагони Тоҷикистон дар сафи артиши Русия дар Украина қарор доранд. То ҳоло ба камияш марги ҳафт нафари онҳо тасдиқ шудааст.
Ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки як нафар худашро аз Тоҷикистон муаррифӣ карда, иддао дорад, бо низомиёни чечени артиши Русия муқобили низомиёни украинӣ меҷангад.
"Ба сарашон тир задаанд." Ҷамъоварии ҷасадҳо дар Буча. ВИДЕО

Дар Украина, ки ҷанги Русия дар шарқи он шиддат мегирад, аз манотиқи озодшуда, ҷасад ҷамъ меоранду дар оромгоҳҳо дафн мекунанд.
Влад Минченко пеш аз ҷанг наққошӣ ва холкӯбӣ мекард. Баъд аз вуруди русҳо ба Буча ба ҷамъоварии ҷасадҳо аз сари роҳу ҳавлиҳо ва дафни онҳо машғул шуд. "Шояд сад ҷасад ва ё бештар ҷамъ оварда бошам. Ман барои тасвири рӯзҳои аввал калима пайдо карда наметавонам," – мегӯяд ӯ.
Наққоши 44-солаи украинӣ вақти ҳузури сарбозони Русия дар шаҳри Буча ҳам ҷасад ҷамъ мекард. Мегӯяд, аз ӯ мехостанд, ҷасадҳоро аз маҳаллаҳо бардорад.
"Ба мо гуфтанд, онҷо равед, 15 нафар хобидаанд. Гуруҳи дигарашон моро нигаҳ дошта, гуфтанд, ба назди девор равед. Мо гуфтем, чаро ба назди девор равем, мехоҳед, бикушед, ҳаминҷо тир занед, мо назди девор намехобем," -- нақл кард наққоши украинӣ.
Баъди тарки Буча кардани нерӯҳои Русия дар аввали моҳи апрел хешовандони кушташудагон ихтиёриёне мисли Владро ба хонаҳояшон мехонданд, то омада ҷасадҳои зери хокро аз саҳни ҳавлӣ бардоранду оромгоҳ баранд.
Ӯ гуфт: "Одамон дар роҳ ва ё бо дучарха мерафтанд, ки снайперҳо ба сарашон заданд. Мавридҳое буд, ки дар ҳавлиҳо 6-7 нафарро бо дасту чашмони баста аз сарашон тир зада буданд."
Бо такя ба ин тасвирҳову саҳнаҳо Украина ва кишварҳои ғарбӣ Русияро ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам карданд. Русия гуфт, иддао асос надорад ва ҷасадҳои дастбаставу рӯи роҳ саҳнасозӣ шудаанд. Аммо ончӣ ки Влад Митченко дидааст, дар дастонаш ҳувайдост.
"Субҳгоҳон дастонам меларзанд. Вақте бедор мешавам, шумораи телефонро гирифта наметавонам, паёмак навишта наметавонам. Баъд дар давоми рӯз мегузарад. Умед дорам, дуруст мешавад, зеро бо дастони ларзон, наққошӣ ва ё холкӯбӣ имкон надорад," -- мегӯяд ӯ.
Дақиқ нест, то ҳол дар шаҳри Буча чанд нафар кушта шудаанд, аммо мақомоти Украина аз талафоти бештар аз 400 нафар хабар додаанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Истодагарии Украина "монеи пешрафти Русия шудааст"

Аз ҳамлаи бедалели Русия бар Украина ҳашт ҳафта гузашт, вале муқовимати мардуми Украина ва ёрии низомии баъзе аз кишварҳо, ҷилави таҳоҷуми Русия гирифтааст.
Идораи истихбороти Бритониё 23-юми апрел дар эъломияе гуфт, чунин маълум мешавад, ки нерӯҳои ишғолгари Русия дар шабонарӯзи гузашта “ягон дастоварди қобили мулоҳиза надоштааст”.
Истихбороти Бритониё ҳамчунин гуфт, нерӯҳои баҳрӣ ва ҳавоии Русия дар баробари муқовимати Украина натавонистанд, назорат бар фазо ва обҳои ин кишварро ба даст биоранд.
Раисҷумҳури Украина рӯзи ҷумъа дар суҳбати телевизионӣ аз кишварҳое, ки барои дифои Украина аслиҳа додаанд, сипосгузорӣ кард. Владимир Зеленский гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш дар минтақаҳои шарқӣ ва ҷанубӣ ҷилави пешрафти Русияро гирифтааст.
“Ҳар шабу ҳар рӯз ба ин тамаркуз мекунем, ки силоҳҳои мавриди ниёзро ба низомиёни худ муҳайё созем. Ин барои давлати мо авлавияти вижа дорад. Мо аз тамоми муттаҳидони худ сипосгузорем, ки билохира ба садои мо гӯш доданду чизеро доданд, ки аз онҳо хоста будем. Мо бо ин силоҳҳо метавонем, ҳаёти ҳазорон нафарро наҷот бидиҳем ва ба таҷовузгарон нишон бидиҳем, ки ба зудӣ ба берун рафтан аз Украина маҷбур хоҳанд шуд,” – афзуд ӯ.
Зеленский дар мавриди иддаои мақомоти Русия барои ишғоли манотиқи шарқӣ ва ҷанубии Украина ва минтақаи тарафдори Маскав дар Молдова ҳушдор додааст. Ӯ гуфтаст: “Русия бояд дар дохили хоки худ ғами русҳоро бихӯрад, зеро дар онҷо на озодии баён ҳаст ва на интихоботе."
Як мақоми баландрутбаи низомии Русия гуфт, кишвараш қасд дорад, назорати пурраи минтақаи Донбассро дар шарқ ва бахшҳоеро дар ҷануби Украина ба даст гирад. Ба қавли Рустам Миннекаев, фармондеҳи муваққати ҳавзаи марказӣ, назорати пурра бар ҷануби Украина дастрасиро ба минтақаи ҷудоиталаби Трансднестр дар Молдова имконпазир мекунад.
Вазорати корҳои хориҷии Молдова ин суханони мақомоти Русияро рад карду сафири Русияро эҳзор намуд ва дар пайванд ба ин масъала ибрози нигаронӣ кард.
Дабири кулли СММ ба Маскав меравад, ба Украина сулҳ меорад?

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид умед дорад, ки сафараш ба Маскав ва дидораш бо мансабдорони баландпояи Русия ба Украина сулҳ хоҳад овард.
Қарор аст, Антонио Гутерреш рӯзи 26-уми апрел ба Маскав рафта, бо раисҷумҳур Владимир Путин ва вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров мулоқот кунад.
Муовини сухангӯйи дабири кулли СММ рӯзи 22-юми апрел ба хабарнигорон гуфт, "оқои Гутерреш интизор дорад дар мавриди овардани сулҳи фаврӣ ба Украина гуфтугӯ кунад."
Дафтари Гутерреш мегӯяд, айни замон бо ҳукумати Украина машғули гуфтугӯ ҳастанд, то замони боздиди ӯро аз Киев мушаххас кунанд.
Бо вуҷуди талошҳои сиёсӣ, ҷанг дар Украина, бавижа шарқи он кишвар доғтар шудааст. Як мақоми аршади низомии Русия гуфт, кишвараш қасд дорад, назорати пурраи минтақаи Донбассро дар шарқ ва бахшҳоеро дар ҷануби Украина ба даст гирад.
Расонаҳои Русия рӯзи 22-юми апрел аз қавли Рустам Миннекаев, фармондеҳи муваққати ҳавзаи марказӣ, навиштанд, назорати комил бар ҷануби Украина дастрасиро ба минтақаи ҷудоиталаби Трансднестр дар Молдова имконпазир мекунад.
Вазорати дифои Украина дар Твиттер навишт, баъди зери назорат даровардани ҷануби Украина, Русия қасди таҷовуз ба хоки Молдоваро дорад.
Украина чанд дафъа гуфтааст, ки Трансднестр метавонад, ба ҳайси минтақаи омодагӣ барои амалиёти Русия ба зидди Украина ва Молдова истифода шавад. Молдова бо Руминия, ки узви НАТО аст, сарҳад дорад.
Рӯзи 24-уми апрел аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина ду моҳ мегузарад. То ин дам талошҳо барои оташбас ҳеч гуна натиҷа надода, баръакс, дар як ҳафтаи гузашта ҷанг дар шарқ ва ҷануби Украина сахттар шудааст.
Зеленский гуфт, муқовимат дар Мариупол бас нашудааст

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский рӯзи 22-юми апрел гуфт, ки муқовимат дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол идома дорад.
Як рӯз пеш ҷониби Русия иддао кард, ки Мариуполро "озод кардааст".
Даргирӣ дар ин шаҳри бандарӣ тақрибан ду моҳ боз идома дорад ва дар ин муддат ҳазорон кас кушта ва садҳо бинову иншоот вайрон шуданд.
Зеленский дар муроҷиати видеоӣ гуфт, муқовимат бас нашудааст.
"Онҳо фақат метавонанд, вақтро ба таъхир андозанд. Фурсате, ки истилогарон бояд қаламрави моро тарк кунанд, бахусус Мариуполро. Бо вуҷуди ҳар чизе, ки ишғолгарон мегӯянд, Мариупол ба муқовимат алайҳи Русия идома медиҳад," -- афзуд ӯ.
Аз замони оғози ҷанги Русия дар Украина, ки охири моҳи феврали имсол шуруъ шуд, 58 рӯз мегузарад ва дар ҷараёни он ҳазорон кас куштаву захмӣ шудаанд.
Русия ин ҷангро "амалиёти махсуси низомӣ" номида, мегӯяд, ҳадафи он ғайринизомӣ ва пок кардани Украина аз миллатгароёну фашистон аст. Аммо Украина ва кишварҳои ғарбӣ онро баҳонае барои оғози ҷанг ва тобеи худ кардани Украина меноманд.
Даъвоҳои Русияву Украина. Дар Донетску Луҳанск чӣ мегузарад? ВИДЕО

Вазорати дифои Бритониё рӯзи 21-уми апрел гуфт, сарбозони рус ба самти шаҳри Краматорски Украина пешрафт кардаанд. Русия баъди онки Киев ва дигар шаҳрҳои бузурги Украинаро гирифта натавонист, рӯ ба вилоятҳои Донетску Луҳанск овард, ки аз соли 2014 ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия саъй доштанд, онҳоро ба тамом таҳти тасарруф дароваранд.
Сухангӯи артиши ситоди марказии нерӯҳои Украина гуфт, онҳо 9 ҳамлаи нерӯҳои Русияро дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск рафъ карданд. Александр Штупун афзуд: "Дар 24 соати гузашта як тонк, даҳ зиреҳпӯш, ду техникаи низомӣ, як тӯпхона, ду техникаи муҳандисӣ ва як системаи мушакии зиддиҳавоӣ ва анбори аслиҳаи душманро нобуд кардем."
Артиши Русия гуфт, дар шабонарӯзи гузашта ба бештар аз 1000 мавзеи нерӯҳои Украина зарба зада, шаҳри Кремнина дар шарқи Украинаро тасарруф кардааст. Иддаое, ки таъйиди он номумкин аст.
Дар шаҳри бандарии Мариупол, ки тақрибан аз одам холӣ шудааст, ҷанг танҳо дар "Азовстал", яке аз бузургтарин корхонаҳои шаҳр идома дорад. Дар дохили он садҳо муҳофизони шаҳр сангар гирифтаанд ва муқовимат мекунанд.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин амр дод, ки нерӯҳои Русия ба корхона ҳамла набаранд, вале онро тавре муҳосира кунанд, ки “магасе аз он гузашта натавонад.”
Ба гуфтаи вазири дифои Русия, дар дохили он 2000 размандагони Украина сангар гирифтаанд ва барои гирифтани корхона фақат се ё чаҳор рӯз зарур аст.
Аз ин шаҳри вайроншуда ба гуфтаи мақомоти Украина рӯзи 20-уми апрел ба сабаби беаҳамиятии нерӯҳои Русия натавонистанд, ҳамаи 6 ҳазор нафареро, ки қарор буд, ба ҷойи амн кӯчонанд, аз шаҳр берун баранд. Аз замони оғози ҷанги Русия дар Украина, ки охири моҳи феврал шуруъ шуд, 57 рӯз мегузарад ва дар ҷараёни он ҳазорон нафар куштаву захмӣ шудаанд.
Русия ин ҷангро, “амалиёти махсуси низомӣ” номида, мегӯяд, ҳадафи он ғайринизомӣ ва пок кардани Украина аз фашистон аст. Аммо Украина ва кишварҳои ғарбӣ онро баҳонае барои оғози ҷанг ва тобеи худ кардани Украина меноманд.
Путин гуфт, ба "Азовстал" ҳамла накунанд, вале дар муҳосира нигоҳ доранд

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба вазири дифои кишвараш, Сергей Шойгу, дастур додааст, ки нақшаи юриш ба муҷтамаи саноатии "Азовстал"-ро дар шаҳри муҳосирашудаи Мариуполи Украина бекор кунанд, вале ҳамзамон таъкид кардааст, ки онҳоро дар муҳосира нигоҳ доранд.
Владимир Зеленский, президенти Украина, мегӯяд, "вазъи сарбозону мардуми мулкӣ дар шаҳри Мариупол даҳшатбор аст". Фармондеҳи низомии нерӯҳои Украина дар "Азовстал" 20-уми апрел гуфта буд, агар ба онҳо мададе нарасад, "шояд рӯзи охирин ё соатҳои охирини ҳаёташон бошад."
Дар мулоқоти телевизионии рӯзи 21-уми апрел Сергей Шойгу ба Путин гуфтааст, "тамоми Мариупол зери назорати артиши Русия ва ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Маскав" аст.
Вай афзудааст, дар ҳоли ҳозир вазъ дар Мариупол ором аст ва "имкон медиҳад, ба барқарор кардани тартиботу ҳаёти осоишта ва баргардондани аҳолӣ оғоз кунем."
Русия рӯзи 20-уми апрел ба сарбозони украинӣ дар муҷтамаи саноатии "Азовсатал" шарт гузошта буд, ки аз пинҳонгоҳ берун бароянду таслим шаванд. Дар вақти таъиншуда ягон сарбози украинӣ таслим нашуд. Мардуми оддии дармонда дар "Азовстал" низ аз қароргоҳи ин корхонаи бузург берун набаромаданд.
Вазири мудофиаи Русия мегӯяд, беш аз ду ҳазор нерӯи украинӣ то ҳол дар корхонаи азими "Азовстал" мондаанд ва иддао кард, ки барои "пурра ба даст даровардани иншоот" ба онҳо ҳамагӣ чанд рӯз лозим аст.
Ин дар ҳолест, ки раҳбарони гуруҳи музокиракунандаи Украина пешниҳод доранд, дар ин шаҳри муҳосирашудаи шарқи Украина як даври вижаи гуфтугӯҳо миёни Маскаву Киев барпо шавад.
Михайло Подоляк, ёвари президенти Украина ва раҳбари ҳайати музокиракунандаи ин кишвар, гуфт, ҷониби онҳо ҳозир аст бе чунучаро сари мизи гуфтугӯ нишинад. То ҳол Маскав ба ин пешниҳод посух надодааст.
Ҳамзамон муовини нахуствазири Украина Ирина Верешчук 21-уми апрел гуфт, як рӯз пеш ба ҷойи 90 автобуси пешбинишуда аз Мариупол танҳо чаҳор автобус бо паноҳҷӯён аз шаҳри муҳосирашудаи Мариупол берун шуданд.
Вазири дифои Русия мегӯяд, то ин дам тавассути гузаргоҳҳои амн беш аз 142 ҳазор ғайринизомӣ аз Мариупол берун шудаанд. Мақомоти Украина мегӯянд, аз оғози ҷанги бедалели Русия танҳо ба шумораи ками гурезаҳо иҷозаи рафтан аз шаҳр дода шуд.
Ишғоли Мариупол имкон медиҳад, ки минтақаҳои зери назорати ҷудоихоҳони рӯ ба Маскав бо роҳи заминӣ бо нимҷазираи Қрим бипайванданд. Русия дар соли 2014 Қрими Украинаро ишғол намудааст.
Кишварҳои ғарбӣ ваъда додаанд, ки барои муқовимат алайҳи нерӯҳои таҷовузгар ба Украина силоҳи вазнин фиристода, ба зидди Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ мекунанд.
Созмони Милал: Беш аз 5 миллион кас Украинаро тарк карданд

Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар тақрибан ду моҳи охир беш аз 5 миллион кас Украинаро тарк карданд. Ин гуруҳи бузургтарини паноҳҷӯён аз замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ дар Аврупо будааст. Русия рӯзи 24-уми феврали имсол бедалел ба Украина ҳамла кард.
UNHCR, Оҷонси паноҳандагони Созмони Милал, 20-уми апрел дар эъломияе гуфт, 5 миллиону 34 ҳазору 439 украинӣ хонаву дари худро гузоштаву рафтанд.
Ба иттилои манбаъ, 90 дарсади онҳо занону кӯдакон ҳастанд. Мақомоти Киев ба мардони синни хидмати ҳарбӣ иҷоза надодаанд, ки кишварро тарк кунанд.
Лаҳистон ё Полша тақрибан 2 миллиону 830 ҳазор гурезаи украиниро қабул кардааст.
Зиёда аз 700 ҳазор нафар дар Руминия ҷой ёфтанд.
Маҷористон ё Венгрия то кунун ба тақрибан 471 000 паноҳанда роҳ додааст.
Молдова, яке аз кишварҳои фақиртарини Аврупо, ба 426 ҳазор украинӣ иҷозаи даромадан дод.
Словакия, ки бо Украина камтар аз 100 километр марз дорад, ҳудуди 342 000 гурезаро пазируфтааст.
Шумори камтарин, 24 ҳазор кас, ба Беларус, муттаҳиди аслии Русия, рафтаанд.
"Шояд рӯзҳои охирин бошад." Ултиматуми Русия ба ҳомиёни Мариупол. ВИДЕО

Русия барои мудофеони украинӣ, ки дар як маҷмааи саноатӣ дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол ҷойгир шудаанд, ултиматум ё зарбулаҷали нав гузошт. Дар ҳамин ҳол, кишварҳои ғарбӣ ваъда додаанд, ки алайҳи Маскав таҳримҳои бештар ҷорӣ карда, ба Киев аслиҳаи зиёдтар мефиристанд.
"Даҳ бар як"
Вазорати дифои Русия гуфт, "нерӯҳои низомии Русия бар асоси усули инсондӯстӣ бори дигар ба ҷанговарони баталйонҳои миллатгаро ва зархаридони хориҷӣ вақт медиҳад, ки амалиёти низомии худро аз соати 14:00 ба вақти Маскав қатъ карда, аслиҳаи худро ба замин гузоранд."
Субҳи 20-уми апрел низомиёни украинӣ гуфтанд, нерӯҳои Русия ба ҳамлаи худ ба корхонаи оҳани "Азовстал" дар Мариупол идома медиҳад. Ҷойе, ки гуфта мешавад сарбозон ва ғайринизомиёни украинӣ дар он ҷойгир ҳастанд.
Яке аз фармондеҳони нерӯҳои баҳрии Украина, ки ҳамчунон дар Мариупол муқобили нерӯҳои Русия муқовимат мекунад, гуфт, нерӯҳояш шояд "охирин рӯзҳои худро мегузаронанд".
Сергей Воляна, фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Украина, ки дар корхонаи "Азовстал", паноҳ ёфтааст, субҳи чаҳоршанбе дар "Фейсбук" навишт, "шумораи нерӯҳои душман нисбат ба мо 10 бар 1 аст. Аз ҳама раҳбарони ҷаҳон мехоҳем, ки ба мо мадад кунанд."
Ҳадаф аз ҳамлаи Русия дар шарқи ин кишвар, "тасарруфи хок, эҷоди робитаи заминӣ байни минтақаҳои шарқӣ ва Қрим ва аз байн бурдани нерӯҳои мусаллаҳи Украина аст."
Артиши Украина эълон кард, ки нерӯҳои ин кишвар дар 24 соати гузашта 10 ҳамлаи нерӯҳои русиро дар Донетск ва Луганск бартараф карданд. Намояндагони Киев ва Маскав аз 29-уми март ба ин тараф гуфтугӯи рӯбарӯ надоштанд.
Михаил Подоляк, мушовири раисҷумҳури Украина, мегӯяд, Русия бо ин ҳамла, пеш аз музокироти бештари ду тараф, дар ҳоли тақвияти ҷойгоҳи худ аст. Вай афзуд, мушаххас нест, ки музокироти мустақим кай баргузор мешавад.
Ба Киев чӣ медиҳанд?
Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба таври онлайн бо кишварҳои ҳампаймони Иёлоти Муттаҳида дар робита ба буҳрони Украина суҳбат кард. Дар ин видеоконфронс раҳбарони Фаронса, Бритониё, Олмон, Руминия, Лаҳистон, Италия, Канада ва Ҷопон иштирок доштанд. Ширкатдорон пас аз баргузории ин нишаст ба ҳимояти бештари худ аз Украина ваъда доданд.
"Мо ба ироаи таҷҳизоти бештар ба онҳо идома хоҳем дод. Мо ба онҳо ёрии низомии бештаре хоҳем кард," -- афзуд Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед. Хонум Псаки ҳамчунин афзуд, таҳримҳои сахттар алайҳи Маскав омода хоҳанд шуд.
Ҷо Байден ба хабарнигорон гуфт, дар даври баъдӣ Амрико ба Украина артиллерия ё силоҳи зиддиҳавоӣ хоҳад фиристод.
Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, ба қонунгузорони кишвараш гуфт, ҷанг "ба як даргирии ҳавоӣ" табдил мешавад, ба ин маънӣ, ки Украина ба силоҳи бештари ҳавоӣ ниёз хоҳад дошт. Ҷонсон афзуд, "ин чизе аст, ки мо ба онҳо хоҳем дод, ба иловаи бисёре аз кумакҳои дигар".
Садри аъзами Олмон, Олаф Шолтс, ваъда дод, ки Берлин барои таҳвили мустақими аслиҳа аз корхонаҳои Олмон таъмини молӣ хоҳад кард.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, бори дигар шикоят кард, ки "Украина ҳанӯз бояд аслиҳаҳоеро бихоҳад, ки солҳо дар анборҳои ҳампаймонҳои мо қарор доштааст". Вай афзуд, "ин вазифаи ахлоқии кишварҳое аст, ки дар ихтиёр силоҳҳо доранд, ки Украина ба онҳо ниёз дорад. Ин силоҳҳо метавонанд, ҷони ҳазорон украиниро наҷот диҳанд".
Сухангӯи Вазорати дифои Амрико пештар ба хабарнигорон гуфта буд, ки Вашингтон ба фиристодани таҷҳизоти ҷангӣ ва ёриҳои дигари низомӣ ба Украина идома медиҳад. Вай дар ин бора тафсилоти бештар надод.
Дар ҳамин ҳол, тибқи баровардаҳои Вазорати дифои Амрико, артиши Русия қабл аз ҳуҷуми нави худ ба минтақаҳои шарқии Украина, 25 дарсад аз тавони ҳуҷумии худро аз даст додааст.
Пас аз он ки Русия дар ду моҳи гузашта дар тасарруфи Киев ва шаҳрҳои дигари калон ноком шуд, ҳоло таваҷҷуҳи асосиро ба минтақаҳои Донетск ва Луганск равона кардааст. Бахшҳое аз ин минтақа зери нуфузи ҷудоиталабони тарафдори Русия мебошанд.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина пештар эълон кард, ки ҳазорон нерӯи русӣ дар ҳоли анҷоми ҳамла дар хати пеш дар шарқи Украина ҳастанд. Президент Зеленский онро оғози "набарди Донбасс" хонд.
Расонаҳои украинӣ аз гулӯлаборони шадид дар минтақаҳои Марянка, Словянск ва Краматорск дар Донбасс гузориш доданд ва мақомот гуфтанд, нерӯҳои Русия талош карданд, ки хати дифои нерӯҳои украиниро дар хати пеш дар Донетск, Луганск ва Харков рахна кунанд.
Ба гуфтаи мақомот, бар асари мушакборон ба Харков 4 нафар ҷон бохта, 14 нафар захмӣ шудаанд. Сергей Гайдай, раиси минтақаи Луганск, гуфт, "нерӯҳои русӣ аз ҳама тараф ҳамла мекунанд, мақомот дар талоши берун кардани афроди мулкӣ буданд ва муайян кардани кушташудаҳои ғайринизомӣ имкон надошт".
Ҷанг дар Донбасс ва ваъдаи фиристодани аслиҳаи бештар ба Украина

Мақомот дар Киев мегӯянд, бо оғози даври нави ҳамла ба шарқи Украина, Русия нияти тасарруфи хоки ин кишвар ва изофа кардани ин минтақаҳоро ба қаламрави худ дорад.
Вазорати дифои Украина рӯзи 19-уми апрел гуфт, ҳадаф аз ҳамлаи Русия дар шарқи ин кишвар, “тасарруфи хок, эҷоди робитаи заминӣ байни минтақаҳои шарқӣ ва Қрим ва пароканда кардани нерӯҳои мусаллаҳи Украина аст”.
Ба гузориши “Рейтерс”, сухангӯи Вазорати дифои Украина гуфт, нерӯҳои русӣ дар хатти пеши ҷанг дар шарқи он кишвар даст ба ҳамла зада, “барои тангтар кардани ҳалқаи муҳосираи Мариупол дар ҷануб низ фишор меоваранд”. “Нерӯҳои Русия талош мекунанд, ҳама шаҳрҳои минтақаҳои Луганск ва Донетскро муҳосира кунанд,” – афзудааст ӯ.
Ба қавли сухангӯи Вазорати дифои Украина, Маскав мехоҳад бо тасарруфи ин минтақаҳои шарқии Украина ва ҳамчунин шаҳри бандарии Мариупол, роҳи заминӣ барои худ то нимҷазираи Қримро боз кунад.
Як музокиракунандаи украинӣ гуфт, муҳосираи Мариупол аз тарафи Русия, музокирот байни Маскав ва Киевро дар бораи поён додани ҷанг "печида" кардааст.
Михаил Подоляк ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, вай ба ин бовар аст, ки Русия бо ин ҳамла дар ҳоли тақвияти ҷойгоҳи худ пеш аз гуфтугӯҳои бештари ду тараф аст. Вай афзуд, мушаххас нест, чӣ вақт мумкин аст музокироти мустақим баргузор мешавад.
Бори охир Русияву Украина ба таври мустақим барои оташбас ва сулҳ рӯзи 20-уми март дар Истанбули Туркия мулоқот карданд.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе гуфт, кишвараш таҷҳизоти бештаре ба Украина мефиристад. Ҷо Байден ин хабарро чанд соат пас аз тамоси телефонӣ бо раҳбарони кишварҳои муттафиқи Иёлоти Муттаҳида эълон кард. Ӯ дар посух ба пурсиши хабарнигорон, ки оё Амрико аслиҳаи бештар ба Украина хоҳад фиристод, гуфт, "бале".
Сухангӯи Кохи Сафед пештар ба хабарнигорон гуфта буд, ки Вашингтон ба фиристодани таҷҳизоти ҷангӣ ва дигар ёриҳои низомӣ ба Украина идома медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи баровардаҳои Вазорати дифои Амрико, артиши Русия то қабл аз ҳуҷуми нави худ ба минтақаҳои шарқии Украина, 25 дарсад аз тавони ҳуҷумии худро аз даст додааст.
Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", тасарруфи бахши асосии минтақаи Донбасс як пирӯз дар ихтиёри Владимир Путин, президенти Русия, қарор хоҳад дод, ки сахт ба он ниёз дорад. Ин амр Украинаро дупора мекунад ва ин кишварро аз сармояҳои саноатии худ маҳрум мегардонад.