Ҷанги Украина
25 кушта дар Днепр. Бритониё гуфт, ба Украина тонк медиҳад
Бар асари ҳамлаи мушакии Русия ба як бинои истиқоматӣ дар Днепри Украина 25 нафар кушта ва зиёда аз ҳафтод кас захмӣ шудаанд. Яке аз кушташудаҳо духтари понздаҳсола аст. Раиси вилоят Валентин Резниченко гуфт, ҳамла рӯзи 14-уми январ сурат гирифт.
Барои ончи "бадтарин ҳамлаи террористӣ ба Днепр" аз оғози ҳамлаи бедалели Русия дар моҳи феврали соли гузашта арзёбӣ мешавад, се рӯз мотам эълон шудааст.
Кирило Тимошенко, муовини раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Украина, рӯзи 14-уми январ дар Telegram навишт, маъмурони наҷот одамонеро, ки дар қабати болоии бино банд монда буданд, бо ёрии кранҳо берун оварданд. Эҳтимол чанде аз сокинон дар зери харобаҳо мондаанд.
Артиши Украина гуфтааст, бовар дорад, бинои нӯҳошёна бо мушаки дурпарвози Х-22 зада шудааст. Бар асари зарбаи он даромадгоҳи биное, ки дар он бештар аз 1100 кас мезист, фурӯ рафт.
Дар вилоятҳои ғарбии Лвов ва Ивано-Франковск, дар Одесса ва дар шимолу шарқи Харков низ иншооти муҳим осеб дидаанд. Киев, пойтахти Украина, ҳам ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
Ба гуфтаи Юрий Иҳнат, сухангӯйи нерӯҳои ҳавоии Украина, Русия бо мушакҳои баллистикӣ аз шимол ба Киев ҳамла кард.
Шаҳрдори Киев Виталий Кличко гуфт, таркишҳо дар шарқи шаҳр ба вуқуъ пайваст ва пораҳои мушак дар як қисмати беодами ноҳияи Ҳолосиевский афтод. Кличко гуфт, дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш нашудааст ва сӯхтор дар як бино дар ноҳияи Ҳолосиевский хомӯш карда шуд.
Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина генерал Валерий Залужний гуфт, Русия дар умум рӯзи 14-уми январ 33 мушаки болдор сар дод. 21 мушак сарнагун карда шудааст.
Ҳамлаҳои мушакии Русия дар ҳоле сурат гирифт, ки нахуствазири Бритониё Риши Сунак гуфт, кишвараш ба Украина тонку тӯпхона медиҳад. Русия иқдоми Сунакро танқид кард.
Пас аз ҳамлаи бедалели Русия дар 24-уми феврали соли 2022, бори аввал аст, ки Бритониё васоили сангинро дар ихтиёри Украина мегузорад.
Масъулони Вазорати дифои Бритониё гуфтанд, эъломи расмии фиристодани то 12 тонк ба Украина дар нишасти кишварҳои кумаккунанда рӯзи 20-уми январ дар Олмон эълон хоҳад шуд.
Гузоришҳо ба нақл аз манобеи давлатии Бритониё баёнгари он аст, ки чаҳор тонки навъи "Challenger 2" фавран ва ҳашт тонки дигар дертар ба Украина ирсол хоҳад шуд.
Бисёре аз давлатҳои ғарбӣ то ин авохир аз ин кор худдорӣ мекарданд, зеро хавф доштанд, ки ин ҳаракат боис ба ташдиди танишҳо бо Маскав мешавад. Лаҳистон, ки узвияти НАТО-ро дорад, рӯзи 11-уми январ эълом кард, ки моил аст, тонкҳои навъи "Leopard 2"-и сохти Олмонро "дар чорчӯби як эътилофи байнулмилалӣ" ба Украина бифиристад.
Украина аз оғози ҳамлаи Русия ба ин кишвар садҳо тонки навсозишудаи навъи T-72, мутааллиқ ба даврони Иттиҳоди Шӯравии собиқро аз ҳампаймонҳои аврупоияш ва НАТО, ба монанди Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон, дарёфт кардааст.
Герасимов ба ҷойи Суровикин. Русия фармондеҳашро дар ҷанги Украина иваз кард
Русия бори дигар фармондеҳии нерӯҳои низомиашро дар Украина иваз кард. Вазорати дифои Русия рӯзи 11-уми январ гуфт, Валерий Герасимов фармондеҳи нерӯҳои он кишвар дар ҷанги Украина таъйин шуд.
Ӯ ҷойгузини Сергей Суровикин гардид, ки ҳамагӣ се моҳ пеш фармондеҳии нерӯҳои Русияро дар ҷанги Украина ба дӯш гирифта буд. Пас аз таъйини ӯ ҳамла ба зербиноҳои энержии Украина оғоз шуд ва ба таври пайдарпай то 31-уми декабри соли 2022 идома кард. Бар асари вайрон шудани зерсохторҳои энержии Украина миллионҳо нафар бе обу бе барқ монданд.
Дар баёнияи Вазорати дифои Русия гуфта шудааст, ки Суровикин яке аз се муовини генерал Герасимов хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин фармондеҳи нерӯҳои ҳавоӣ аст.
Муовинони дигари ӯ яке генерали артиш Олег Салюков, фармондеҳи нерӯҳои заминӣ ва дувумӣ генерал-полковник Алексей Ким, муовини раиси Ситоди кулли артиш аст.
Вазорати дифои Русия гуфт, тасмими ҷойгузинии генерал Валерий Герасимов ба ҷойи Суровикин бо ҳадафи созмон додани "робитаҳои наздик миёни шохаҳои гуногуни нерӯҳои мусаллаҳ ва беҳбуди мудирияти нерӯҳои Русия" рӯйи даст гирифта шуд.
Ин тасмими Вазорати дифои Русия дар ҳоле эълон шуд, ки ҳамакнун ҷангҳо дар шаҳраки Соледар дар Донетск идома дорад. Вазорати дифои Украина гуфтааст, ба нерӯҳои русӣ, аз ҷумла нерӯҳои зархариди ширкати "Вагнер" дар Соледар зарбаҳои захт зад ва "талафоти бузург" ворид кард.
Генерал Герасимов бо интиқоди сахти веблогнависони низомии тарафдори ҷанг бинобар шикастҳои пайдарпай дар майдони набард ва нокомӣ дар ҷанге, ки Маскав интизор дошт бо пирӯзии зудҳангом поён ёбад, рӯбарӯ шудааст.
Русия рӯзи 24-уми феврали соли гузашта ба хоки Украина ҳамла кард. Аз он замон то кунун аз ҳар ду ҷониб ҳазорҳо нафар кушта ва миллионҳо украинӣ беҷо шуданд.
Маскав бо баргузории ҳамапурсии сохта чаҳор минтақаи Украинаро ба қаламраваш шомил кард. Киев ва кишварҳои ғарбӣ ғайриқонунӣ ва хилофи меъёрҳои байнулмилалӣ донистанд. Амрико ва Аврупо пуштибониашонро аз Украина баён дошта, алайҳи Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ кардаанд.
Барқ нест. Дар Украина талош доранд, аз роҳи дигар хонаҳоро равшан кунанд. ВИДЕО
Дар Украина маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ шуд. Шабакаҳои барқии Украина, “Укрэнерго” дар изҳороте, рӯзи 6-уми январ гуфтааст, ки маҳдудият ҳамарӯза аз соати 8-и субҳ то 23-и шаб идома мекунад.
Масъулин ҳушдор додаанд, ки дар пеш кишварро рӯзҳои сард интизор аст ва истифодаи барқи бештар аз меъёр метавонад ба садама дар хатҳои барқу сар задани ҳолатҳои изтирорӣ анҷом ёбад.
Дар давоми қариб як соли ҷанг дар Украина, Русия қисми зиёди зербунёдҳои барқии Украинаро вайрон кард. Ҳамлаи низомиёни рус, ки гуфта мешавад зербунёдҳои энергетикӣ ва шабакаҳои барқиро ҳадаф қарор додаанд, сокинони зиёдеро дар ин кишвар бебарқ мондааст.
Ин вазъ олимону сокинони кишварро ба дарёфти роҳҳои дигари гарму рӯшан кардани хонаҳояшон водор кардааст. Муттахассисон дар шаҳри Сумии Украина талош доранд, истеҳсолу истифодаи роҳи осонтари нерӯи барқи офтобиро роҳандозӣ кардаанд, то дар ин рӯзҳои сард хонаҳоро бо барқ таъмин кунанд.
Олимони шаҳри Сумӣ мегӯянд, ҳанӯз аз оғози ҳамлаи Русия дар Украина, дар фикри коркарди манобеъи алтернативии истеҳсоли нерӯи барқ шуданд. Алексей Дрозденко, кормандони Донишгоҳи Давлатии Сумӣ, мегӯяд хонаи худ ва чанд ҳамсояашро тавассути батареяи офтобӣ рӯшан кардааст. “Коре, ки мо мекунем ба ҳамсояҳои ман писанд аст. Онҳо мегӯянд, то вақте, ки Алексей дар бари мо аст, ҳамааш хуб мешавад.” - афзуд, Дрозденко.
Дрозденко муовини раиси шӯъбаи информатикаи Донишгоҳи давлатии Сумӣ аст ва мегӯяд, ки гурӯҳи ӯ дар Донишгоҳ батареяи сайёри офтобиро ихтироъ кардааст. Чунин дастгоҳи истеҳсоли барқ тақрибан 4000 доллар арзиш дорад. Онро дар баъзе аз ноҳияҳои Украина, аз чумла дар Винница ва вилояти Волынь истеҳсол ммекунанд.
Муттахассиси украинӣ мегӯяд, онҳо роҳи дастрасу осонӣ таъмин кардани мардум бо барқро пешниҳод кардаанд. Вай гуфт: “Мо ба устохонаҳо ё нуқтаҳои таъмири мошинҳо занг зада ва хоҳиш мекунем, ки ба мо аккамулятор диҳанд. Мо умед дорем, ки бо ин роҳ 3 ё 4 хонаро тақрибан то 10 соат дар як рӯз бо барқ таъмин мекунем.”
Дастгоҳи худсохти барқӣ, ки тариқи он сокинонро бо барқ таъмин мекунанд, аз шаш панели офтобй, инчунин муҳаррики мошинҳои боркаш иборат аст. Ба гуфтаи Дрозденко сокинони Сумӣ ҳоло ба насби панелҳои офтобӣ шурӯъ кардаанд. “Бархе аз сокинон дар хонаҳои худ, дар бом ва даромадгоҳҳо панелҳои офтобӣ насб кардаанд. Онҳо роҳи пайваст кардани панелҳоро ба батареяҳо пайдо кардаанд. Ин аллакай як қадам ба сӯйи истиқлолиятӣ энергетикӣ аст” - гуфт, Алексей Дрозденко
Бархе аз муҳандисон Сумӣ, талош доранд бо истифода аз маводҳои навтар кори панелҳои офтобиро боз ҳам осону беҳтар кунанд. Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд, истеҳсоли манбаи алтернативии барқӣ барои табиат бехатар ва ҳам арзонтарро ба роҳ монанд.
Як кушта ва 4 захмӣ дар Херсон. Бо вуҷуди эълони оташбас задухурд идома дорад
Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи Маскав, низомиёни Рус ҳамла ба минтақаҳои Украина, аз ҷумла шаҳри Херсонро идома медиҳанд. Кремл ба муносибати Мавлуди Исои Масеҳ дар ҷанг бо Украина оташбас эълон карда буд.
Аммо мақомоти Украина хабар доданд, ки бар асари тирпаронӣ аз сӯйи низомиёни рус дар ҷануби Украина, шаҳри Херсон як нафар кушта шуд. Бино ба иттилои Ярослав Янушевич, раиси Дастгоҳи низомии минтақаи Ҳерсон рӯзи 6- уми январ ба идораи оташнишонии шаҳр ҳамла сурат гирифт, ки дар натиҷаи он як нафар кушта ва 4 тани дигар захмӣ шудаанд.
Раиси вилояти Луҳанск ҳам хабар додааст, ки задухурд дар ин минтақа дар рӯзи 6 уми январ ҳам идома кард. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина харобиҳои расида аз ҳамлаҳои сарбозони Русияро ҳисоб ва эълон хоҳад кард.
Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба вазири дифои кишвараш Сергей Шойгу дастур дода буд, ки давоми якуним рӯз дар ҷанг бо Украина оташбас эълон кунанд. Тибқи фармони Путин бояд аз соати 12-и рӯзи 6-уми январ то соати 24-и 7-уми январ, ҷанг муваққатан қатъ мешуд.
Телевизионҳои давлатии Русия хабар доданд, ки оташбас аз нисфирӯзӣ дирӯз ба иҷро даромад. Аммо дертар Вазорати дифои Русия эълон кард, ки нерӯҳои Украинӣ дар мавқеи худ истода, тирборонро идома доданд ва онҳо ҳам дар ҷавоб оташ кушоданд.
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский баробари эълони оташбас аз сӯйи Путин гуфта буд, Русия бо истифода аз ин иқдом барои идома додани ҷанг омода мешавад.
Украина пешниҳоди оташбаси Путинро "ҳилла" хонд ва напазируфт
Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба вазири дифои кишвараш Сергей Шойгу дастур додааст, ки давоми якуним рӯз дар ҷанг бо Украина оташбас эълон кунанд. Дар фармони Путин омадааст, оташбас ба муносибати Мавлуди Исои Масеҳ буда, аз соати 12-и рӯзи 6-уми январ то соати 24-и 7-уми январ идома мекунад.
Аз замони таҷовузи Русия ба Украина ин бори аввал аст, ки Русия оташбас эълон мекунад. Сомонаи Кремл навиштааст, Путин бо пешниҳоди Усқуфи аъзами Русия Патриарх Кирилл оташбас эълон кард. Усқуф Кирилл бинобар ҳимоят аз ҳамлаи Русия ба Украина бо танқидҳои шадиди ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуда буд.
Маскав Украинаро низ ба оташбас даъват кард, вале посухи рад гирифт. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар аввалин вокунишаш гуфт, Путин мехоҳад, бо истифода аз ин иқдом барои идома додани ҷанг омода шавад.
"Ҳоло онҳо мехоҳанд, Мавлуди Исоро ҳамчун сипар истифода баранд, то пешравии сарбозони моро дар Донбасс муваққатан боздоранд ва таҷҳизот, лавозимоти ҷангӣ ва нерӯҳои сафарбаршударо ба мавқеъҳои мо наздик кунанд. Ҳама дар ҷаҳон медонанд, ки Кремл чӣ гуна аз оромии ҷанг истифода мебарад, то ҷангро бо нерӯи нав идома диҳад," -- гуфт Зеленский дар паёми видеоӣ.
Як рӯз пеш Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, бо Путин ва Зеленский телефонӣ суҳбат кард. Соли гузашта бо миёнаравии Раҷаб Таййиб Эрдуғон Русия ва Украина ба созиш расиданд, ки гандум ва ғалладонаҳои дигар аз Украина ба хориҷ содирот шавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар гуфтугӯи телефонии худ бо Владимир Путин хотирнишон кардааст, ки иваз кардани асирон, талошҳо барои эҷоди минтақаи амн дар атрофи нерӯгоҳи Запорожйе ва кушодани масири содироти ғалладона аз Украина нишон дод, ки гуфтугӯҳо босамар будааст.
Аз замони ҳамлаи Русия ба хоки Украина, Путин борҳо бо пешниҳоди оташбас ва музокира барои сулҳ рӯбарӯ шуд. Дар посух ба ин пешниҳодҳо Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 4-уми январ гуфт, ки Маскав пешниҳодҳоеро аз сӯи шахсиятҳои ҷаҳонии мухталиф барои миёнаравӣ дар ҷанги Украина мегирад, аммо бархе аз "пайи манфиатҳои сиёсӣ"-и худ ҳастанд.
Мария Захарова ба пешниҳодҳое, ки аз сӯи Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, Эммануэл Макрон, президенти Фаронса ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия барои миёнҷигарӣ ироа шуд, ишора кард. Вай афзуд, ҷойи тааҷҷуб аст, ки баъзе аз кишварҳо ва афроде, ки пуштибони низомии Украина ҳастанд, худро ҳамчун миёнарав муаррифӣ мекунанд.
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия мушаххасан бо ишора ба ҳукумати Италия гуфт, ин кишвар яке аз пуштибонҳои ғарбии Киев ва таъминкунандаи силоҳ барои Украина аст ва бинобар ҳамин, наметавонад миёнарави содиқ ва замонатдиҳандаи барқарории сулҳ бошад.
Ишораи хонум Захарова ба шуморе аз чеҳраҳои ҷаҳонӣ, ки барои миёнаравӣ дар ҷанги ёздаҳмоҳаи Маскав дар Украина ибрози омодагӣ кардаанд, дар ҳоле аст, ки кушта шудани шумораи зиёди сарбозон рус дар рӯзҳои ахир боиси танқидҳо дар дохили Русия шудааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, дар ҳамлаи шаби соли нав ба қароргоҳи нерӯҳои иловагии Русия дар Донетск 89 нафар кушта шуданд. Киев шумораи онҳоро "садҳо нафар" баршумурдааст.
Русия истифодаи телефонро сабаби ҳамлаи Украина донист. Хашми русҳо аз "нотавонӣ"-и фармондеҳон
Вазорати дифои Русия рӯзи 3-юми январ истифодаи ғайриқонунии сарбозони худ аз телефони ҳамроҳ ё мобилиро сабаби ҳамлаи мушакии Украина ба як қароргоҳи низомӣ донист. Мақомоти Русия мегӯянд, дар ҳамла ба қароргоҳи навсарбозони рус дар Макеевкаи Донетск 89 нафар ҷон бохтааст. Маскав қаблан шумораи қарбониёни ин ҳамларо 63 нафар эълон карда буд. Ҷониби Украина талафоти ин ҳамларо "садҳо" нафар мегӯяд.
Баёнияи Вазорати дифои Русия пас аз он нашр шуд, ки таҳлилгарони рус ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар он кишвар аз фармондеҳии амалиёт дар Украина интиқод карданд. Бештари танқидҳо дар шабакаи иҷтимоӣ ба тарафи фармондеҳони низомии Русия ба ҷойи Владимир Путин, президенти ин кишвар, равона шудааст.
Вазорати дифои Русия гуфт, ки чаҳор мушак аз сӯйи нерӯҳои Украина ба тарафи қароргоҳи нерӯҳои ин кишвар дар шаҳри Макеевкаи Донетск бархӯрд.
Ин вазорат гуфт, ҳарчанд таҳқиқоти расмӣ дар бораи ҳодиса оғоз шудааст, сабаби асосии ҳамла, истифодаи ғайриқонунии сарбозон аз телефонҳои мобилӣ будааст. Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, "ин омил ба душман иҷозат дод, то макони сарбозонро барои ҳамлаи мушакӣ пайгирӣ кунад".
Ба гузориши расонаи русии РИА Новости, дар баъзе аз шаҳрҳои зодгоҳи сарбозони қурбонии ин ҳамла, аз ҷумла шаҳри Самара, маросиме барои адои эҳтиром ба кушташудагон баргузор шудааст.
Дар пайи ин ҳодисаи пурқурбонӣ, Русия ҳамлаҳои худро ба Украина густариш додааст. Вазорати дифои Русия рӯзи сешанбе дар хабарномае гуфт, дар Донетск беш аз 130 зархариди хориҷӣ кушта шуд. Ҷониби Русия ҳамчунин мегӯяд, дар ҳамла ба як истгоҳи роҳи оҳан дар Донетск ҳудуди 120 сарбози украинӣ кушта шуда, системаи "HIMARS" ва 800 тири он нобуд карда шуд.
Фармондеҳони украинӣ дар вилояти Донетск ва Луганск гуфтанд, ки тирборони чанд минтақа дар ин ду вилоят давоми ду рӯзи гузашта идома доштааст.
Сарфармондеҳи артиши Украина дар ҷануб низ эълон кард, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои рӯзи 31-уми декабр ба мавзеъҳои артиши Русия дар ҷануби Херсон ҳудуди 500 нерӯи он кишвар кушта ва захмӣ шудаанд.
Бинобар он ки хабарнигорон дар хати пеши ҷанг қарор надоранд, хабаргузориҳои байнулмилалӣ наметавонанд, ҷонибҳоро тасдиқ кунанд.
Шуморе аз миллатгароён ва вакилони порлумони Русия хоҳони муҷозоти фармондеҳоин низомӣ шуданд, ки ба гуфтаи онҳо натавонистанд, аз ин ҳамлаи пурталафот пешгирӣ кунанд.
Яке аз ин мунтақидон Игор Гиркин, фармондеҳи пешини нерӯҳои Русия дар шарқи Украина ва аз ҷумлаи машҳуртарин блогерҳои миллатгаро аст. Ӯ фармондеҳони нерӯҳоро дар шарқи Украина масъули талафоти фоҷеабор донист ва хостори муҷозоти онҳо шуд.
Ҳукумат ва артиши Украина маъмулан масъулияти ҳамлаҳо ба минтақаҳои зери назорати Русияро дар шарқи ин кишвар намепазирад ва барои мисол, Владимир Зеленский дар паёми видеоии рӯзи душанбеи худ ба ҳамла ба пойгоҳи Русия дар Макеевка ишорае накард.
Маскав ҳалокати 63 низомии русро дар Донетск тасдиқ кард
Вазорати дифои Русия рӯзи 2-юми январ таъйид кард, ки дар ҳамлаи Украина ба як қароргоҳи низомиёни Русия дар шаҳри Макеевкаи Донетск камаш 64 нафар кушта шудаанд. Украина шумори низомиёни кушташудаи Русияро дар ин ҳамла "ҳудуди 400 тан" эълон кард.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, шаш мушаки "HIMARS" ба қароргоҳи низомиён дар шаҳри Макеевкаи Донетск партоб шуд, ки дутои он сарнагун карда шуд ва чаҳори дигар ба ҳадаф бархӯрд.
Як мақоми дастнишондаи Русия дар Донетск гуфтааст, мушакҳое, ки Украина дар ин "зарбаи бузург" ба кор бурд, аз навъи "HIMARS" ва сохти Амрико буд. Ин мақоми вафодор ба Маскав хабарҳоро дар бораи кушта шудани сарбозони бештар рад кард, аммо гуфт, қароргоҳи низомиён "осеби сахт" дид.
Баъзе аз манбаъҳои русӣ гуфтаанд, қароргоҳ "аз байн рафта" ва шумори зиёде аз афрод низ нопадид ё захмӣ шудаанд.
Дар муқобил, Игор Гиркин, фармондеҳи пешини нерӯҳои тарафдори Русия дар шарқи Украина, ки ҷангро дар блоги худ таҳлил мекунад, дар аввалин гузориш дар бораи ин рӯйдод шумори куштаҳоро "садҳо тан" донист. Ӯ каме баъд ин навиштаи худро "таҳрир" кард.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", афроди кушташуда нерӯҳои иловагие буданд, ки ахиран басеҷ шуда ва муваққатан дар бинои як омӯзишгоҳи касбӣ иқомат доштанд.
Ҳамлаи мушакии Украина ба қароргоҳи низомиёни рус, пас аз ҳамлаҳои ҳавоии пайдарпайи чанд шаби ахири Русия ба Киев ва шаҳрҳои дигари вилояти Херсон, Запорожйе ва минтақаҳои дигари Украина анҷом шуд.
Русия дар рӯзҳои истироҳати Соли нави милодӣ, аз шаби шанбе то субҳи душанбе бо даҳҳо мушак ва бесарнишин нуқтаҳои гуногуни Украинаро нишон гирифт.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Русия ахиран ҳамлаҳои худро дар Украина бештар кардааст. Украина мегӯяд, 45 ҳавопаймои бесарнишини Русияро, ки дар ҳамлаи шаби шанбе ба кор бурд, роҳгирӣ ва дар ҳаво аз байн бурд.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев гуфт, Русия аз шаби шанбе то субҳи якшанбе 40 бесарнишини худкушро ба ин шаҳр фиристодааст. Ӯ афзуд, 22 бесарнишин аз сӯи нерӯҳои дифои ҳавоии Украина сарнагун шуда, 18-тои дигари он ба Киев ва вилоятҳои атрофи он бархӯрданд.
Русия дар ҳоле ки ҳамчунон аз панҷ як қисми қаламрави Украинаро дар ишғоли худ дорад ва чаҳор вилояти ин кишварро ба хоки Русия изофа кардааст, дар идомаи шикастҳои таҳқиромези майдонӣ, ҳамлаҳои ҳавоиро алайҳи шаҳрҳои Украина дар рӯзҳои ахир густариш додааст.
Тибқи охирин гузоришҳо, Русия дар вокуниш ба ҳодисаи Макеевкаи Донетск, баъд аз зуҳри душанбе ҳамлаҳои сахт алайҳи нерӯҳои Украина дар Донетск ва Харков анҷом дод. Маскав иддао кардааст, ки 70 танро кушта ва беш аз 100 тани дигарро захмӣ кардааст.
СММ гуфт, қариб 18 000 сокини Украина куштаву захмӣ шудаанд
Кумисюни олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи одамон (OHCHR) мегӯяд, аз шурӯи ҷанги бедалели Русия алайҳи Украина (24-уми феврал) то 26-уми декабр 6884 сокини осоиштаи Украина кушта шуданд. Шумораи маҷруҳон тақрибан 11 ҳазор нафар ҳисоб шудааст.
OHCHR рӯзи 27-уми декабр дар гузорише гуфт, ин омори санҷида ва тасдиқшуда аст ва эҳтимол шумораи воқеии талафот дар миёни сокинон аз ин ҳам бештар бошад.
Ба навиштаи муаллифон, аз маҳалҳое, ки дар онҷо задухӯрд идома дорад, дарёфти маълумот душвор аст. Аз ин рӯ, ба қавли онҳо, “эҳтимоли бештар будани шумораи воқеии қурбониёну осебдидагони ҷанг зиёд аст”.
Дар гузориши OHCHR омадааст, аз миёни кушташудаҳо беш аз 2700 нафар мард ва зиёда аз 1800 нафар зан ҳастанд. Шумораи кӯдакони кушташуда 429 нафар будааст. Ҷинси беш аз 1900 кушташудаи дигар мушаххас нест.
Теъдоди бештари қурбониёнро дар вилоятҳои Донетску Луҳанск сабт кардаанд.
Сабаби марг ё ҷароҳати сокинони мулкӣ истифодаи тӯпхона, мушакҳо ва ҳамлаҳои ҳавоӣ гуфта шудааст.
OHCHR аз соли 2014 дар Украина қарор дорад ва талафотро дар миёни сокинон сабт мекунад.
Оморе, ки ин идораи СММ нашр мекунад, дар пайи санҷиши хабарҳои расмию ғайрирасмӣ, навори видеоӣ дар Интернет, суҳбат бо шоҳидону наздикони қурбониён ва роҳҳои дигар ба даст меояд.
Путин фурӯши нафтро ба кишварҳое, ки "нархи ниҳоӣ" муайян карданд, манъ кард
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия содироти нафт ба кишварҳоеро, ки барои хариди нафти ин кишвар нархи "ҳадди аксар" муайян кардаанд, манъ намуд. Ин дастур аз аввали феврали соли 2023 ба ҳолати иҷро медарояд.
Бар асоси хабаре, ки бахши русии вебсайти раёсати ҷумҳури Русия рӯзи сешанбеи 27-уми декабр нашр, тибқи ин фармони Путин, ҳама кишварҳое, ки дар муайян кардани чунин нарх бар нафти содиротии Русия иштирок кардаанд, аз дарёфти нафти Русия маҳрум мешаванд.
Иттиҳоди Аврупо ба ҳамроҳии Австралия, Амрико, Бритониё, Ҷопон ва Канада моҳи гузашта бо муайян кардани "60 доллар" барои ҳар бушка нафти воридотии Русия, мувофиқат карда буданд.
Ин дар ҳоле аст, ки қиматҳои ҷаҳонии нафт ҳудуди 85 доллар аст ва ширкатҳои бимакунандаи ин кишварҳо танҳо ба шарте, ки қимати нафти содиротии Русия камтар аз 60 доллар бошад, иҷозаи ироаи хадамот ба содироти нафти Русия ба бозорҳои ҷаҳониро доранд. Ин кишварҳо ҳамчунин воридоти нафти Русияро барои истифодаи дохилӣ таҳрим кардаанд.
Саҳми Русия дар тавлиди нафти ҷаҳонӣ 10 дарсад мебошад.
Иттиҳоди Аврупо аз 5-уми декабр воридоти нафти Русияро таҳрим карда буд ва Амрико ҳам ба ҳамроҳи Бритониё ва Австралия дар моҳҳои аввали ҳамлаи Маскав ба Украина, хариди нафт аз Русияро манъ карданд.
Тибқи оморҳо, содироти нафти Русия ба Иттиҳоди Аврупо аз ҳудуди 1,5 миллион тонна дар моҳи октябр ба камтар аз ним миллион тонна дар ҳафтаи ахири моҳи декабр расидааст.
Иттиҳоди Аврупо қабл аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина муҳимтарин харидори энержӣ аз Русия буд. Дар рӯзҳои аввали ҳамлаи Русия ба Украина дар зимистони гузашта, Русия рӯзона беш аз як миллиард доллар содироти нафт, газ ва ангиштсанг дошт, ки 70 дарсади он роҳии Аврупо мешуд.
Охирин омор нишон медиҳад, ки хариди энержии Иттиҳоди Аврупо аз Русия аз ҳудуди 700 миллион доллар дар поёни зимистони гузашта ба камтар аз 200 миллион доллар дар ҳафтаи гузашта расидааст ва бахши асосии онро воридоти газ ва маҳсулоти нафтӣ ташкил медиҳад.
Сафари таърихии Зеленский ба Амрико ва талаби ёрии бештар ба Украина
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 21-уми декабр дар Вашингтон ва дар мулоқот бо ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский гуфт, Иёлоти Муттаҳида расондани ёриҳоро ба Украина идома хоҳад дод. Ӯ дар нишасти хабарӣ хитоб ба Зеленский гуфт, "дар паҳлӯи Шумо будан мояи ифтихор аст".
Ин сафари аввалини хориҷии Зеленский пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина дар даҳ моҳи охир аст. Вай бо либоси сабзи низомӣ дар баробари хабарнигорон бо Байден мулоқот кард. Гуфт, ният дошт, ки барвақттар ба Амрико сафар кунад, аммо ҷанг тамом нашудаасту кишвараш дар набард бо Русия бо чолишҳои зиёде рӯбарӯ мебошад.
Раиси ҷумҳури Украина баъди расидан ба Вашингтон бо нашри паёме дар саҳифааш дар "Инстаграм" гуфт, "ман имрӯз дар Вашингтон ҳастам, то аз мардуми Амрико, президент ва Конгресс барои ҳимояти бисёр муҳимашон ва идомаи ҳамкорӣ барои суръат бахшидани пирӯзӣ ташаккур кунам".
Ҳукумати Амрико рӯзи 21-уми декабр ҳамзамон бо сафари Зеленский эълон кард, ки як бастаи низомии дигарро ба арзиши 1,85 миллиард доллар ба Украина хоҳад дод. Ин ёриҳо системаи дифои зиддимушакии "Патриот"-ро низ дарбар мегирад.
Кохи Сафед ин тасмимро чанд соат пеш аз расидани раиси ҷумҳури Украина ба Вашингтон эълон кард. Як миллиард доллар аз ин кумаки нав барои аслиҳа ва муҳимот буда, 850 миллион доллари он дар чорчӯби "тарҳи ёриҳои амниятӣ ба Украина" харҷ хоҳад шуд.
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе, ки дар сомонаи вазорат нашр шуд, гуфт, "ҳамзамон бо идомаи ҳамлаҳои бераҳмонаи Русия ба зерсохторҳои ҳассоси Украина, мо имрӯз бо истиқбол аз Владимир Зеленский дар Вашингтон, ба ҳимояти доимии худ аз Украина таъкид хоҳем кард".
Ӯ афзуд, тайи 300 рӯзи гузашта Русия талош кардааст, ки Украинаро аз рӯи замин маҳв кунад, аммо муваффақ нашуд ва акнун бо таҳмили гуруснагӣ ва сармо, талош мекунад, аз фасли зимистон ҳамчун абзори ҷангии нав истифода кунад.
Блинкен изҳор дошт, "бо ихтиёроте, ки раиси ҷумҳури Амрико ба ман додааст, бисту ҳашт бастаи кумакҳои низомӣ ва таслиҳотии мустақим ба Украина аз августи соли 2021-ро қабул мекунем. Ин баста шомили системаи дифои зиддиҳавоӣ, аслиҳа ва дигар таҷҳизот аст, ки ба тавоноиҳои дифоии Украина дар саҳнаи ҷанг кумаки муассире хоҳад кард".
Маҷмуи кумакҳои низомии ҳукумати Амрико ба Украина аз оғози раёсати ҷумҳури Байден ба 21,9 миллиард доллар хоҳад расид.
"Дар Русия зиндонӣ буд, дар Украина кушта шуд." Дафни ду муҳоҷири тоҷик. ВИДЕО
Дар тақрибан даҳ рӯзи охир дар вилояти Хатлон ҷасади ду нафареро дафн карданд, ки ба қавли пайвандону дӯстонашон "дар Русия зиндонӣ буданд, аммо ногаҳон дар Украина пайдову ҳангоми даргирӣ кушта шуданд". Ҷасади Бобоазиз Тӯйдиеви 22-соларо рӯзи 12-уми декабр аз Русия ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Ёвон, ба хок супурданд. Манучеҳр Шодови 28-соларо дар ноҳияи Кушониён гӯронданд.
Наздиконаш мегӯянд, Бобоазиз Тӯйдиев моҳи сентябри соли 2021 ба иттиҳоми нигоҳдории маводи мухаддир дар Русия дастгир ва шаш сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.
Ҳокимшо Шодов, падари Манучеҳр Шодов, рӯзи 21-уми декабр барои чӣ зиндонӣ шудани писарашро нагуфт, аммо афзуд, "ба ҷанг бурданашро пинҳон доштанд. Чизе гуфта наметавонам, даъво ҳам надорам, писарамро куштанд." Дӯстонаш мегӯянд, ӯ дар як зиндони шаҳри Санкт-Петербург буд.
Бар асоси омори ду сол пеш дар боздоштгоҳу зиндонҳои Русия ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро нигоҳ медоранд. Бино ба баъзе гузоришҳо, яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамла дар тамрингоҳи Белгород гумонбар аст, то рафтан ба артиш дар зиндони вилояти Брянск будааст. Аз ӯ Меҳроб Раҳмонов ном мебаранд.
"Ӯро маҷбурӣ бурдаанд"
Мақомоти Тоҷикистон аз зиндон ба ҷанг рафтани шаҳрвандони ин кишварро тасдиқ ё рад накардаанд. Пештар дар намояндагии Тоҷикистон дар Екатеринбург гуфта буданд, ки бо тоҷикони зиндонӣ дар тамоми минтақаи Урал тамоси доимӣ доранд, вале дар ин бора “ягон шикояту иттилои дақиқ” нагирифтанд.
Тоҳир Тӯйдиев, падари Бобоазиз Тӯйдиев, мегӯяд, писараш рӯзи 23-юми сентябри имсол телефонӣ ба ӯ хабар дод, ки «ба ҷанг мебаранд». «Гуфтам, ки набояд биравад, вале Бобоазиз гуфт, илоҷи дигар надорад. Эҳсос мешуд, ки ӯро маҷбурӣ ба саҳнаи даргирӣ бурдаанд,» -- нақл кард ӯ рӯзи 20-уми декабр.
Камолхӯҷа Ғоибов, тағои Бобоазиз Тӯйдиев, ки барои овардани ҷасад рафта буд, мегӯяд, «мақомоти Русия ҳеч кумак накарданд.» Ӯ афзуд, ҳайрон аст, ки чӣ гуна як ҷавони бетаҷрибаро, ки «боре ба даст силоҳ нагирифта буд», ба ҷанг бурдаанд.
«Аз пушти сараш зарб хӯрда, тақрибан нисфи сараш набуд. Мақомоти Русия, ки барои ширкат дар ҷанг ваъдаи кумаки молӣ мекунанд, ба мо ягон маблағ надоданд. Ҷасадро ба кумаки муҳоҷирон ба ватан овардем,» -- гуфт ӯ.
Сомонаи “Медиазона” чанде қабл бо такя ба маълумоти Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия (ФСИН) навишт, ки дар моҳҳои сентябр ва октябри имсол теъдоди маҳбусон дар зиндонҳои мардонаи ин кишвар, ки дар миёнашон тоҷикон низ ҳастанд, 23 ҳазор нафар кам шудааст. “Медиазона” навишт, камшавии бесобиқаи маҳбусон ба сафарбарии онҳо ба ҷанги Украина вобастааст, ки аз тарафи ширкати “ЧВК Вагнер” анҷом мешуд.
"Шарт мегузоранд, ки..."
Пас аз онки Русия дар ҷанги бедалелаш зидди Украина талафоти зиёд дод ва даргирӣ бархилофи пешбиниҳо тӯлонӣ шуд, ин кишвар ба нерӯи изофӣ зарурат пайдо кард. Бино ба гузоришҳо ва аксу наворҳое, ки то ҳоло дастраси Радиои Озодӣ шуданд, таблиғоти густурдае барои ҷалби муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Русия барои иштирок дар ҷанги Украина ҷараён дорад.
Аз ҷумла, дар деворҳои маркази муҳоҷирати «Сахарово»-и Маскав бо забони модарии муҳоҷирон навиштаанд, ки қарордодӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия бипайванданду осон соҳиби шаҳрвандӣ шаванд. Кишварҳои муҳоҷирфиристе ба мисли Тоҷикистону Узбекистон аз шаҳрвандони худ дар Русия хостаанд, ки ба ҷанг нараванд, чун ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.
Пойгоҳи "Sota" рӯзи 19-уми декабр дар Телеграм навишт, мақомоти Русия муҳоҷиронро дар Маскав ба бастани шартнома барои иштирок дар ҷанги Украина "даъват доранд".
Як муҳоҷири тоҷик гуфт, «агар санад дуруст бошад, таблиғ мекунанд, вале агар мушкили ҷиддие пайдо шавад, таҳдид. Шарт мегузоранд, ки ё ба артиш мераведу соҳиби шаҳрвандӣ мешавед ё аз Русия меронем. Ба муҳоҷироне, ки ҷиноят кардаанд ё қонунро риоя накардаанд, бар ивази озодӣ чунин пешниҳод медиҳанд.» Ҳамсуҳбати мо дар Русия аст ва ба сабаби пеш наомадани мушкил нахост, номашро нависем.
Русия рӯзи 24-уми феврали имсол бесабаб ба Украина ҳамла кард. Таҳқиқоти якҷояи Би-би-сӣ ва хабарнигорони “Медиазона” маълум кардааст, ки то рӯзи 9-уми декабр даҳ ҳазор сарбози рус кушта шудааст. 430 нафари онҳо шахсоне будаанд, ки баъд аз эълони “мобилизатсия” ба ҷанг сафарбар шуданд.
"Аз литсей пойгоҳу шиканҷагоҳ сохтанд"
Моҳҳои октябр ва ноябри имсол нерӯҳои Украина бахши бузурги вилояти Херсонро аз дасти таҷовузгарони рус озод карданд. Раиси литсейи минтақаи Архангелски вилояти Херсон мегӯяд, дар замони ишғол бинои муассисаи таълимӣ ба пойгоҳи артиши Русия ва макони шиканҷаи мардуми маҳаллӣ табдил дода шуд.
"Ӯро дар халтае андохта гӯр кардам." Ҷустуҷӯи ҷасади дӯст дар вайронаҳо. ВИДЕО
Як ҷавони украинӣ моҳҳо талош кардааст, то аз зери вайронаҳои як бинои истиқоматӣ ҷасади рафиқи наздикашро пайдо кунад.
Павло Ҳолуб дар шаҳри Изюм зиндагӣ мекунад. Ӯ тақрибан ним сол дар шаҳре, ки зери тасарруфи нерӯҳои Русия буд, ҷустуҷӯи ҷасади дӯсташро идома додааст. Нерӯҳои Украина шаҳри Изюмро моҳи сентябри имсол озод карданд ва ӯ достони пайдо кардани ҷасади дӯсташро ба хабарнигорон нақл кард.
“Барои чӣ ман ин корро сар кардам? Пеш аз ҳама ба хотири як дӯсти мактабиам ва оилааш. Ман ҳеч гоҳ ин корро накарда будам, ба фурӯши телефону абзорҳои он машғул будам. Ҳеч гоҳ чунин чизеро ҳам тасаввур намекардам,” – гуфт Павло Ҳолуб.
Мардум аз Павло Ҳолуб ва ихтиёриёни дигар мехоҳанд, дар пайдо кардану дафни ҷасади азизонашон мадад расонанд: “Бинед, панҷ табақаи ин бино фӯру рехтааст. Мардуме, ки дар таҳхона пинҳон буданду фикр мекарданд, ҷойи амн аст, зери вазни хишту бетон монданд.”
Аввалҳо сарбозони рус намегузоштанд, ки онҳо ҷасадҳоро ҷустуҷӯ кунанд. Баъдан корашон ба сабаби надоштани абзори зарурӣ суст шуд. Ҷасади ҳамсинфи 31-солааш Олена Столпаковаро аз ҳама охир пайдо кард. Аз холкӯбии баданаш шинохт.
“Ин албоми синфии мо аст. Аз зери вайронаҳо ёфтам. Ман бо Олена дар назди биное ҳастем, ки вайрон шуд. Ҳоло ҳамин қадар аз он боқӣ мондааст. Дигар ҳеч чиз. Ҳамин албом дигар ёдгор монд,” – нақл кард ӯ.
Ҳолуб ҳамсинфу аҳли оилаашро дар як гӯри дастҷамъӣ дар ҷангал ба хок супурд: “Ман ӯро дар халтае андохта гӯр кардам. Болои гӯраш салиб гузоштаму номашро ҳам навиштам. Дар рӯйи гӯри кӯдаконаш низ.”
Баъдан дигарон ҳам ба Павло Ҳолуб муроҷиат карданд, ки ҷасади азизонашро ёфта ба хок бисупоранд. “Дар инҷо мардуми осоишта буданд. Кӯдакону калонсолону пиронсолонро дар ҳавлиҳо, дар назди кӯдакистонҳо, дар канори роҳҳо ва дар кӯчаҳои марказӣ зери хок карда буданд. Барои онки кӯдакони Изюм гӯру салибҳоро набинанд, онҳоро инҷо овардем. Дуруст нест, ки кӯдакон дар назди кӯдакистон гӯреро мебинанду мепурсанд, ки падар ё модар ин чист?”
Баъд аз ақибнишинии нерӯҳои Русия аз шаҳри Изюм дар тирамоҳи имсол дар гӯрҳои дастҷамъии шаҳр садҳо ҷасад пайдо кардаанд. Дастони баъзе ба пушт баста буда, дар тани тақрибан 30 нафар осори шиканҷа дида шудааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
"Хабарнигорони Бидуни Марз": имсол 57 рӯзноманигор кушта шудааст
Созмони байналмилалии "Хабарнигорони Бидуни Марз" (Reporters Without Borders) мегӯяд, соли равон дар саросари ҷаҳон 57 корманди расонаҳо кушта шудааст, ки назар ба соли гузашта 19 дарсад бештар аст.
Муаллифони гузориши созмон, ки 14 декабр нашр шуд, афзоиши марги кормандони расонаҳоро ба ҷанги Украина рабт додаанд. Украина пас аз Мексика имсол дувумин кишвари хатарноктарин барои кормандони расонаҳо номида шудааст.
Ба иттилои созмон, имсол дар Украина 8 хабарнигор ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбии худ кушта шудаанд.
Ба ҷуз ин, дастикам 65 корманди расонаҳо дар соли равон рабуда шудаанд. Аз ҷумла, хабарнигори хабаргузории украинии УНИАН Дмитрий Хилюк, ки бори охир ӯро 4 марти имсол дар деҳаи Димери вилояти Киев дида буданд. Ин минтақа таҳти назорати низомиёни рус қарор дошт.
"Хабарнигорони бидуни марз" мегӯяд, то 1 декабри имсол дар саросари ҷаҳон 533 хабарнигор боздошт шудааст. Ин рақам назар ба соли гузашта 13,4% зиёд аст. 15%-и онҳоро занон ташкил медиҳанд. Бештари ин ҳолатҳо дар Чин, Мянмар, Эрон, Ветнам ва Белорус рух додаанд. Дар Чин 110 ва дар Эрон 47 корманди расона дар зиндон аст.
NBS News: Русия бар ивази бесарнишинҳо ба Эрон чархбол медиҳад
Русия бар ивази бесарнишинҳои ҷангӣ ба Эрон таҷҳизоти навтарини низомӣ, чархбол ва техникаи дифои зиддиҳавоӣ медиҳад.
Дар ин бора шабакаи NBC News бо такя ба манобеи худ дар Кохи Сафед хабар додааст. Ин манбаъ таъкид кардааст, ки Маскав ба Теҳрон ба таври бесобиқа кӯмак мерасонад. Ба гуфтаи мусоҳиби шабакаи телевизонии NBC News, баҳори соли 2022 халабонҳои Эронӣ дар Русия парвоз дар ҳавопаймоҳои ҷангии навъи Су-35-ро тамрин карданд. Гуфта мешавад, ин ба он маънист, ки эҳтимол Эрон соли оянда соҳиби чунин ҳавопаймоҳо шавад.
Як мақоми баландпояи Кохи сафед ба телевизиони амрикоии NBC News гуфтааст, ин ҳамкории зичи Маскаву Теҳрон на фақат барои Украина, ба тамоми ҳамсоякишварҳои Эрон дар минтақа хатар дорад. “Мо ин маълумотро ба ҳамкорон дар Ховари Миёна ва ҷаҳон расонидем.” – афзудааст, мусоҳиби телевизиони амрикоӣ
Русия моҳҳои ахир дар ҷанг бо Украина аз паҳподҳо ё дронҳои “Геран 2” зиёд истифода мебарад. Мақомоти Украина ва кишварҳои ғарб бар ин боваранд, ки ин паҳподҳои тавлиди Эрон аст. Бесарнишонҳои "Шаҳид-136"-и Эронро дар артиши Русия чунин меноманд.
Мақомоти Эрон эътироф кардаанд, ки бесарнишинҳои ҷангиро ба Русия интиқол додаанд, аммо мегӯянд, ин додугирифт пеш аз оғози ҷанг сурат гирифта буд.
Гуфтугӯ