Баъзе аз низомиёни пешини Афғонистон бо ҳадафи “раҳоӣ, берун рондани гуруҳҳои ифротӣ ва рифоҳи мардум” бар зидди ҳукумати “Толибон” гурӯҳи нав таъсис додаанд. “Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон” рӯзи 19-уми октябр дар Вашингтон муаррифӣ шуд.
Баъди ба қудрат расидани “Толибон” дар ду соли пеш ҳазорҳо шаҳрванди Афғонистон ба Тоҷикистон омаданд. Бархе ба кишвари севум рафта, дигарон мунтазири иҷозаи сафар истодаанд. Хабарнигорони “Франс Пресс” бо кору зиндагии чанде аз онҳо ошно шуданд.
Ҳукумати Толибон аз поёни кори бунёди бахши аввали канали Қӯштеппа ба дарозии 108 километр ва оғози марҳилаи дувуми он хабар дод. Дарозии бахши дувуми ин канал 65 километр хоҳад буд. Бунёди ин канал дар шимоли Афғонистон, ки аз дарёи Ому об мегирад, метавонад ба таниш бо кишварҳои Осиёи Миёна доман занад.
Танҳо чанд рӯз баъд аз зилзилаи пурталафоти рӯзи шанбе, бори дигар заминларзаи 6,3-дараҷаӣ субҳи чаҳоршанбеи 11-уми октябр ғарби Афғонистонро такон дод.
Бар асари зилзила дар вилояти Ҳироти Афғонистон 14 нафар ҷон бохта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора масъулини бахши тандурустии Ҳукумати Толибон дар Ҳирот ба хабаргузории Франс Пресс иттилоъ додааст. Ба итилои расонаҳо, баъзе одамон зери харобаҳо мондаанд.
Интизор меравад, ки рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Қазони Русия нишасти шашуми "Формати Маскав" дар бораи Афғонистон доир шавад. Дар нишаст намояндагони Тоҷикистон ҳам иштирок мекунанд.
Мансабдорон дар Тоҷикистон мегӯянд, баъди ба қудрат расидани гуруҳи "Толибон" дар Афғонистон, қочоқи маводи мухаддир ба кишвар бештар шудааст. Ҳокимони нави Кобул баръакс иддао доранд, ки кишту тавлиди маводи мухаддирро дар ду соли охир кам кардаанд.
Президенти Узбекистон мегӯяд, агар Афғонистон канали "Қуштеппа"-ро дар дарёи Ому ба кор дарорад, тавозуни об дар Осиёи Марказӣ тағйир хоҳад ёфт.
Чин (Хитой) кишвари нахустине шуд, ки сафирашро ба Афғонистон фиристод. Ин ҳамсояи Тоҷикистон зиёда аз ду сол боз зери итоати "Толибон" аст ва то кунун ҳеч давлат аморати исломии ин гуруҳи тундравро ба расмият нашинохтааст.
Ёфтҳои бештар