Гурӯҳи тундрави Толибон, ки аз се ҳафта ба ин тараф назорати Кобулро дар даст дорад, пешниҳоди Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъудро рад кардааст. Аҳмад Масъуд рӯзи якшанбеи 5-уми сентябр гуфт, ки ба хотири сулҳ омодааст, ҷангро қатъ кунад.