Амрико ва муттафиқонаш Афғонистонро дар ихтиёри “Толибон” гузошта рафтанд, вале, тавре президент Ҷо Байден мегӯяд, ҳамоно фишангҳои таъсиррасонӣ ба ҷангҷӯёни исломӣ вуҷуд дорад, то онҳоро ба иҷрои масъулиятҳояшон маҷбур бикунанд.
Рӯзи чаҳоршанбеи 1-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое нашр шуд, ки танкҳо ва мошинҳои низомии давлатии Афғонистонро дар Теҳрон нишон медод.
Гурӯҳи "Толибон" рӯзи 1-уми сентябр аз размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд хостааст, ки силоҳҳои худро ба замин бигузоранд.
Заҳрои 25-сола ду сол пеш Донишгоҳи шаҳри Ҳиротро бо тахассуси барномасозӣ ва бо умеди пайдо кардани кори муносиб ба поён расонд. Бо талоши зиёд дар бахши техникии яке аз корхонаҳои давлатӣ ба кор даромад, аммо тасаввур надошт, ки бо суқути шаҳри Ҳирот ба дасти Толибон аз кор кардан маҳрум мешавад.
Шаби душанбе ба сешанбеи 31 август ҳангоми талоши нерӯҳои Толибон барои вуруд ба водии Панҷшер, ба камияш 7 ҷангии онҳо кушта шудаанд. Дар ин бора ду узви баландпояи нерӯҳои зиддитолиб ба хабаргузории Reuters иттилоъ додаанд.
Низомиёни Амрико ҷараёни ба берун бурдани нерӯҳои ин кишвар ва даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Афғонистонро, ки бо омадани “Толибон” ҳаёташон зери хатар аст, ба поён расонданд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, бо ёрии шарикони байналмилалии худ аз 14 то 30-юми август 123 ҳазор касро аз Кобул ба хориҷа бурданд.
Вазорати дифои Амрико эълон кард, ки рӯзи душанбеи 30-юми август охирин нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон берун шуданд ва ба ин тартиб, ҳузури низомии 20-солаи ИМА дар Афғонистон поён ёфт.
Латифи Пидром, раиси Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр, ҷангсолори ҷиҳодии афғонро “намакношинос” номид ва гуфт, ӯ суханҳои Эмомалӣ Раҳмонро “нафаҳмидааст”.
Як фармондеҳи экипажи ҳавопаймо бо 12 узви экипажи нирӯҳои ҳавоии Афғонистон, ки ба Тоҷикистон фирор кардаанд, аз давлати Канада дархости паноҳандагӣ кардаанд.
Русия эълон кардааст, ки дар сохтани ҳукумати нав дар Афғонистон кӯмак хоҳад кард.
Ёфтҳои бештар