Додситонҳои зан дар Афғонистон, ки дар замони ҳукумати пешин ҳам таҳти хатар буданд, ҳоло метарсанд, ки ҳадафи "Толибон" ва ҳазорон зиндонии раҳокардаи онҳо қарор мегиранд. Иддае аз ин занон, ки дар Афғонистон мондаанд, аз ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳанд, танҳо нагузоранду дасти мадад дароз кунанд.