Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки ба корҳои дохилии Афғонистон мудохила намекунанд, вале дар ин кишвар барои ҳали танишҳо бояд ҳукумати ҳамашумул бо ширкати ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақалиятҳои милливу қавмӣ ташкил шавад.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, номаеро, ки аз сӯи "Толибон" ба ин созмон фиристода шудааст, баррасӣ мекунад. "Толибон" дар нома Суҳайл Шоҳин, сухангӯи пешини дафтари сиёсиашонро дар Қатар ҳамчун намояндаи доимӣ дар СММ пешниҳод кардаанд. Олмон ба ин нома ба таври ошкоро мухолифат кард.
Лино Муҳаммадӣ бо номи мустаори Исро Сиррат се соли охир ҳамчун муҷрӣ ё гӯяндаи барномаҳои тафреҳӣ ва хабархони радиои маҳаллии “Барин” дар вилояти Парвони Афғонистон кор кардааст. Ин радио махсус барои духтарону бонувон барномаҳо таҳия мекард.
Нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро дар Душанбе бархе як комёбии он ва пирӯзии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меноманд. Вале бархеи дигар онро бенатиҷа ва нокомии мавзеъгирии Тоҷикистон дар баробари воқеияти нави Афғонистон мешуморанд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз созмону кишварҳои таъсиргузор хостааст, ҳарчи зуд пеши роҳи, ба гуфтаи ӯ, "зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмӣ"-ро дар Панҷшер, минтақаи тоҷикнишини Афғонистон, бигиранд.
"Толибон" бо фиристодани як нома ба Созмони Милали Муттаҳид, хоҳони суханронӣ дар нишасти солонаи Маҷмаи умумии СММ шудааст.
Дар Панҷшер чӣ мегузарад? Ҳамкори мо Акрами Абдуқаҳҳор аз телевизиони “Настояшее Время” посухи ин ва суолҳои дигарро аз Аҳмад Валӣ Масъуд, масъули бахши сиёсии Ҷабҳаи муқовимат, пурсид.
Қарор аст, Тоҷикистон бо ёрии Иттиҳоди Аврупо дар мавзеи Хирманҷои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) барои паноҳандагони афғон як урдугоҳ бисозад. Деҳаи Хирманҷо дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.
Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати "Толибон" номи Бурҳонуддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури пешини Афғонистонро аз унвони Донишгоҳи давлатии таълим ва тарбияи ин кишвар бардошт. Раббонӣ 20-уми сентябри соли 2011 кушта шуд. "Толибон" он замон масъулияти қатли ӯро ба уҳда гирифта буд.
Пас аз тағйири ҳукумат дар Афғонистон, тамоми хароҷоти ягона мактаби афғонӣ дар Тоҷикистон бар дӯши хонаводаҳои мактабхонҳо афтодааст. Аксари хонандагони мактаб аз навоҳии атрофи Душанбе буда, дурии роҳ ва афзоиши хароҷот боиси нигаронии волидони онҳо шудааст.
Як масъули Ҷабҳаи муқовимат бо "Толибон" ба расонаҳо гуфтааст, Аҳмад Масъуд, раҳбари ҷабҳа, дар дохили Афғонистон аст.
Шуморе аз занон дар шаҳри Кобул рӯзи 19-уми сентябр дар вокуниш ба баста шудани Вазорати кор бо занон ва номушаххас будани ҳаққи таҳсил ё омӯзиши духтарон роҳпаймоӣ карданд.
Ёфтҳои бештар