Нерӯҳои "Толибон" садҳо паноҳҷӯйи афғонро аз ноҳияи Ишкошими Афғонистон, ҳаммараз бо Ишкошими Тоҷикистон, ронда, ба гуруҳи боқимонда як рӯз муҳлат додаанд, ки ин қаламравро тарк кунанд. Волии "Толибон" дар Бадахшони Афғонистон аз ин афрод "беҷошудагони дохилӣ" ном бурдааст.
Вақте намояндагони ҳукумати «Толибон» дар бораи татбиқи шариати исломӣ дар Афғонистон мегӯянд, ба қонунҳое ишора мекунанд, ки аз ҷониби ҳамин гурӯҳи муҳофизакори суннимазҳаб эҷод шудааст.
Манбаъҳои Озодӣ аз Ишкошими Афғонистон хабар доданд, ки "Толибон" як паноҳҷӯро, ки мехост ба ҳудуди Тоҷикистон гузарад, ба қатл расонда, як нафари дигарро бо номи Ҳоҷӣ Бобо бо худ бурдаанд. Намояндаи "Толибон" ё мақомоти дигари вилояти Бадахшони Афғонистон барои шарҳи ин хабар дастрас нашудаанд.
Яке аз ҳамроҳони Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури барканоршудаи Афғонистон, ҷузъиёти фирори ӯ, пайвандон ва баъзе аз муҳофизону аъзои ҳукуматашро аз Кобул ошкор карда, аз Тоҷикистон низ ном бурдааст.
Гурӯҳи тундгарои "Толибон", ки дар Кобул ҳукумати худро таъсис додааст, мегӯяд, ба зудӣ дастаҳои маргталаби худро ба қисмати дигаре аз марзи Афғонистон бо Тоҷикистон, дар шимолу шарқи вилояти Бадахшони Афғонистон, хоҳад фиристод.
Бархе коршиносони тоҷик изҳороти ахири Вазорати корҳои хориҷии Русия барои ҳалли мусолиҳатомези ихтилоф миёни мақомоти тоҷик ва ҷунбиши Толибонро “иғвоангез” номиданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки Русия тавассути чунин изҳорот нақши калидии худ дар минтақаро ба намоиш гузоштааст.
Гуруҳе аз фаъолони тоҷик дар як маъракаи хайриявӣ ба 170 оилаи паноҳандагони афғон кӯмак расонданд. Онҳо мегӯянд, дар ҷамъоварии кӯмак созмони ҷамъиятии "Пешрафт" ва Хадамоти тибии Бунёди Оғохон ёрӣ расонидаанд.
Коршиносон мегӯянд, устувор шудани «Толибон» дар Афғонистон аҳамияти сиёсии Покистонро зиёд мекунад, аммо ҳамзамон барои худи ин кишвар ва кишварҳои дигари минтақа хатари иловагӣ ба вуҷуд меорад.
Гуруҳе аз паноҳҷӯёни афғон дар марзи Тоҷикистон мегӯянд, баъд аз таҳдидҳои "Толибон" хаймаҳояшонро канданд ва зери осмони бозу ҳавои сард зиндагӣ мекунанд.
Як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия аз Тоҷикистон ва ҳукумати "Толибон", ки назорат бар Афғонистонро ба даст дорад, хост, "роҳҳои аз байн бурдани шиддати вазъ дар сарҳадро" ҷустуҷӯ кунанд.
Гуруҳи "Толибон", ки баъди ғасби қудрат дар Афғонистон аз ташкили "Аморати исломӣ" хабар дод, "барои бартараф кардани таҳдидҳои амниятӣ ва хатарҳои дигар" ба вилояти Тахор нерӯҳои вижаи худро фиристодааст. Тахор бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Луид Остин, ки дар нишасти пурсиши посухи Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сенати Амрико ширкат карда буд, дар айни ҳол ба иштибоҳҳое дар дарозтарин ҷанги ИМА ва ҳамчунин фасод густурда дар миёни мақомоти Афғонистон таъкид кард.
Ёфтҳои бештар