Даҳҳо халабони фирории афғонро аз аввали моҳи сентябр дар осоишгоҳе дар канори Душанбе нигаҳ медоранд. Ин осоишгоҳ, ки макони истироҳати мансабдорони яке аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон аст, дар миёни кӯҳҳои бузург ва соҳили рӯд ҷойгир буда, атрофашро бо деворҳои бетонии нимабоз маҳкам кардаанд.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон иддао кард, ки дар вилояти Панҷшер гӯрҳои дастҷамъии тақрибан 400 нафар ёфт шудааст. Гуруҳи "Толибон", ки назорат бар Афғонистонро ба даст дорад, ҳафтаи гузашта дар бораи кашфи як гӯри дастҷамъӣ дар ин минтақа хабар дода буд.
Халабони ҳомилаи афғонро, ки дар яке аз осоишгоҳҳо дар Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешуд, ба таваллудхона бурдаанд.
Гуруҳи Толибон гуфт, ки барои кашидани лаҷом ва ё маҳви ҷангҷӯёни гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” ва дигар гуруҳҳои тундрав дар Афғонистон бо Амрико ҳамкорӣ намекунад.
Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар Фейсбук кашфи гӯри дастҷамъии нерӯҳои ин ҷабҳаро тасдиқ карда, ин хабарро "ваҳшатнок" донистааст.
Оё "Толибон" ба зидди занон ҷанг эълон кардаанд? Чаро пеш аз ҳама ҳаққи занро зери по мекунанд? Магар ба зан нафрат доранд?
Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбекистон рузи панҷшанбеи 7-уми октябр ба Кобул рафт ва бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, мулоқот кард.
Масъулони ҳукумати "Толибон" аз талошҳо барои ҳалли танишҳо бо Тоҷикистон хабар доданд. Мақомоти тоҷик то кунун ба ин хабар вокуниш накардаанд. Ҳамзамон ҳанӯз маълум нест, ки эъломияи "Толибон" барои коҳиши шиддат дар муносибатҳо бо Тоҷикистион чиро дар назар дорад.
Пеш аз он ки Афғонистони ҳоло зери назари "Толибон"-ро тарк кунад, ин зани халабон фаромӯш накард, ки витаминҳои зарурӣ барои як зани ҳомиладорро ҳамроҳаш бигирад. Ин чизи камтарине буд, ки ӯ метавонист пеш аз савори ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон шуданаш аз фурудгоҳи Кобул бо худ бибарад
Аз замоне ки гуруҳи "Толибон" иддао кард, ки назорат бар вилояти Панҷшерро ба даст гирифт, се ҳафта гузашт. Шахсони вобаста ба Ҷабҳаи муқовимат бо "Толибон" дар бахшҳои марказии Панҷшер ба чашм намехӯранд, аммо ба маълумоти баъзе аз аъзояш, "онҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдаст ҳузур доранд"
Афви Байнулмилал (Amnesty International) мегӯяд, нерӯҳои "Толибон" моҳи августи имсол, ду ҳафта баъд аз сарнагунии ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул, 13 ҳазора, аз ҷумла, як духтари ҳабдаҳсоларо куштаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони ҳукумати пешини Афғонистон мегӯянд, дар ду ҳафтаи охир шоҳиди бо таҷҳизоти муосир мусаллаҳ шудани ҷангҷӯёни тоҷике шудаанд, ки дар сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон ҷойгиранд.
Ёфтҳои бештар