Ҳазорон нафар аз афғонҳое, ки аз ҷангу хунрезӣ дар гӯшаҳои гуногуни Афғонистон гурехтаанд, дар шаҳракҳои сохташуда аз хайма дар Кобул зиндагӣ мекунанд.
Ҳукумати “Толибон” дар идомаи кӯшишҳояш барои ба расмият шинохта шудан аз сӯйи кишварҳои ҷаҳон, гуфтааст, дар ҷустуҷӯи робитаи нек бо ҳамаи ҳамсояҳо, бахусус Тоҷикистон, аст.
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, ки фирори раиси ҷумҳури барканоршудаи Афғонистон боис шудааст, “баҳси интиқоли қудрат ва ташкили ҳукумати фарогир дар он кишвар ба натиҷа нарасад”.
Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё UNICEF гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир раванди сабти муаллимони мактабҳои духтарона ва писарона дар Афғонистонро оғоз кардааст ва мехоҳад, ки ҳарчӣ зудтар маошҳои онҳоро ба таври мустақим ва бе мудохилаи Толибон бипардозад.
Ҳукумати "Толибон" рӯзи сешанбе эълом кард, ки истифода аз асъори хориҷӣ дар Афғонистон манъ аст. Ин тасмими "Толибон" метавонад, боиси варшикаста шудани иқтисоди ин кишвар шавад. Дар ҳоли ҳозир бо қатъи ногаҳонии кумакҳои байналмилалӣ, иқтисоди ин кишвар дар остонаи фурӯпошӣ қарор гирифтааст.
Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳа, рӯзи 2-юми ноябр дар суҳбат бо телевизиони "Садои Амрико" гуфт, Аҳмад Масъуд ба ҳайси раҳбари сиёсӣ ва низомӣ ҳаққи сафари хориҷиро дорад, вале феълан дар дохили Афғонистон аст.
Ҳукумати "Толибон" рӯзи сешанбе эълом кард, ки истифода аз асъори хориҷӣ дар Афғонистон манъ аст. Ин тасмими "Толибон" метавонад, ба таври қотеъ боиси варшикаста шудани иқтисоди ин кишвар шавад.
Бар асари таркишҳо ва тирпарронӣ дар назди бемористони бузургтарини низомии Афғонистон дар Кобул ба камияш 19 кас кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд. Воқеа 2-юми ноябр рӯй дод.
Афғонистон ба камбуди шадиди маводи ғизоӣ рӯбарӯ аст. Бо фарорасии фасли зимистон ва боришоти барфи зиёд хатти интиқоли барқ ба минтақаҳои сераҳолии кишвар канда мешавад.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд мегӯяд, ки Амрико ба ифтитоҳи намояндагияш дар Вашингтон мувофиқат кардааст. Пас аз эълони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ин аввалин дафтари ҷабҳа аст, ки кушода мешавад.
Русия аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хост, ки ба нерӯҳои низомии кишварҳои ғарбӣ иҷозаи сохтани пойгоҳ дар қаламравҳояшонро надиҳанд.
Ёфтҳои бештар