Ба иттилои расонаҳои Эрон, дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Туркманистон, Покистон, Узбекистон ва Эрон ҳузур доранд ва вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин ба таври маҷозӣ ё онлайн ширкат мекунанд.
Беҳрӯз Усмонӣ, намояндаи пешини раисҷумҳури барканоршудаи Афғонистон дар умури ҷавонон ва пизишки бемористони Ҳирот, дар Тоҷикистон паноҳанда шудааст. Ӯ дигар бо беморон кор намекунад, балки барои рӯзгузаронӣ дар дӯконе дар шаҳри Бохтар фурӯшанда аст.
Ду ниҳоди вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додаанд, ки ҳудуди 23 миллион афғон дар зимистони имсол аз камбуди маводи хӯрокворӣ ранҷ хоҳанд бурд.
Мақомоти Толибон ба гузоришҳо дар бораи тавофуқи эҳтимолии Амрикову Покистон барои анҷоми амалиёти ҷосусӣ ва ҳавоӣ дар Афғонистон бо истифода аз ҳарими ҳавоии Покистон вокуниш нишон доданд.
Халабонҳои фирории афғонистонӣ дар Тоҷикистон, ки барои сафар ба Амрико омодагӣ мебинанд, мегӯянд, пайвандонашон дар Афғонистон зери фишори Толибон қарор доранд.
Мақомоти ИМА изҳори умедворӣ карданд, ки базудӣ ҳамаи тахминан 150 халабони афғонистониеро, ки баъди сари қудрат омадани “Толибон” дар моҳи августи имсол дар Тоҷикистон паноҳ бурда, интизори кӯчидан ба ИМА мебошанд, интиқол медиҳанд.
Баъди берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, раҳбарони “Толибон” гуфтанд, ки ҷанги тӯлонӣ дар ин кишвар ба поён расид. Аммо бо афзоиши ҳамлаҳои шохаи “Хуросон”-и гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар гӯшаҳои гуногуни Афғонистон оё ҷанги наве оғоз шудааст?
Халабон (пилот)-и ҳомилаи афғонро, ки 6-уми октябри имсол ба як бемористони канори Душанбе бурда буданд, пас аз ташхису табобат дубора ба осоишгоҳ, макони нигаҳдории даҳҳо халабони фирорӣ, овардаанд.
Ҳайати Толибон дар нишасти Маскав, ки рӯзи гузашта баргузор шуд, талош кард то ҷомеаи ҷаҳониро мутақоид созад, ки ҳукумати онҳоро ба расмият шиносанд.
Русия рӯзи 20-уми октябр мизбони нишасте бо ҳузури "Толибон" аст, ки дар он мақомоти Чину Покистон ва ҳашт кишвари дигар иштирок мекунанд. Маълум нест, оё Тоҷикистон ҳам ба нишаст намояндаҳои худро фиристодааст ё на. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳанӯз ба ин суоли Радиои Озодӣ посух надод.
Гуруҳи тундгарои "Толибон", ки назорат бар Афғонистонро ба даст дорад, муътодони маводи мухаддирро аз паноҳгоҳҳояшон берун овардааст. Даҳҳо нашъаманд зери пулеро дар Кобул макони зисти худ ихтиёр карда буданд. Ҷангҷӯён гуфтаанд, онҳоро маҷбурӣ "табобат" мекунанд.
Мақомоти “Толибон” гуфтанд, ки аз намояндагони ЮНЕСКО, Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал, хостаанд, ба Афғонистон баргарданду корашонро барои муҳофизати осори бостонӣ, аз ҷумла пайкараҳои азими Буддо дар Бомиён идома диҳанд.
Ёфтҳои бештар