Вазорати дифои Амрико мегӯяд, чархболҳои артиши пешини Афғонистон, ки дар пайи суқути Кобул ба Тоҷикистон ва Узбекистон интиқол ёфта буданд, ба Толибон дода намешаванд.
Аз бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон ва бастани дари мактабҳо ба рӯи духтарон тақрибан 5 моҳ мегузарад ва ҳоло ҳукумати Толибон гуфтаанд, ки cоли нави таҳсил дари мактабҳо ба рӯи тамоми духтарон боз хоҳад шуд.
Сайёра Даштӣ, ҳамсари Фаҳим Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва яке аз ёрони Аҳмад Масъуд, мегӯяд, дар бораи шеваи қатли шавҳараш ба дасти Толибон иттилои дақиқ дорад, вале бартарӣ медиҳад, ки онро баъдан дар ихтиёри расонаҳо бигузорад.
Як мансабдори ҳукумати Толибон ба Тоҷикистону Узбекистон ҳушдор додааст, ки ҳавопаймо ва чархболҳои Афғонистонро баргардонанд.
Пас аз ду рӯзи хабарҳои зиддинақиз дар мавриди мулоқоти Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, сухангӯи Толибон таъйид кард, ки ин мулоқот баргузор шудааст.
Гурӯҳи Толибон боздошти Файзулло Ҷалол, устоди ҳуқуқи донишгоҳи Кобул ва коршиноси масоили сиёсиро тасдиқ карданд.
Масъулони ҳукумати Толибон гуфтаанд, дар бораи баргардондани чархболҳо бо Душанбе ва Тошканд гуфтугӯҳое анҷом шудааст, аммо Тоҷикистону Узбекистон ҳозир нашудаанд, ин чархболҳоро ба Афғонистон бидиҳанд.
Як шеваи муолиҷаи нашъамандон ё муътодони маводи мухаддир дар Афғонистон баҳсбарангез шуд. Дар ин кишвар, ки бештар аз 3 миллион нафар гирифтори ин дард ҳастанд, Толибон садҳо нафарро барои муолиҷа ба зиндони Қандаҳор андохтаанд.
Як шеваи муолиҷаи нашъамандон ва ё муътодони маводи мухаддир дар Афғонистон баҳсбарангез шуд. Толибон садҳо нафарро барои муолиҷа ба зиндонҳо андохтаанд. Табибон мегӯянд, зиндонӣ кардани бангиву тарёкӣ ва истифодабари ҳероин ҳеҷ натиҷа намедиҳад, вале Толибон мегӯянд, корашон дуруст аст.
Бо гузашти чаҳор моҳ аз бомбгузории хунин дар фурудгоҳи шаҳри Кобул, мақомоти истихборотии Амрико ҷузъиётеро дар бораи маргталабе ҷамъ овардаанд, ки бо тарконидани худ тақрибан 200 касро кушт.
Як гуруҳ аз кӯдакони афғонистонӣ дар Тоҷикистон дарду мушкили мардуми худро дар саҳнае ба намоиш гузошта, хоҳони эҳтиром ба ҳаққи худ шуданд. Бино бар он намоишнома, падаре монеи идомаи таҳсили духтараш мешавад, ки бисёр мехост табиб шавад. Идомаро дар навор бинед.
Ширкати "Барқи тоҷик" қарододаш бо ширкати афғонии "Брешно"-ро шарҳ дод ва гуфт, он танҳо ҷанбаи иқтисодӣ дорад.
Ёфтҳои бештар