Ҳукумати Толибон аз поёни кори бунёди бахши аввали канали Қӯштеппа ба дарозии 108 километр ва оғози марҳилаи дувуми он хабар дод. Дарозии бахши дувуми ин канал 65 километр хоҳад буд. Бунёди ин канал дар шимоли Афғонистон, ки аз дарёи Ому об мегирад, метавонад ба таниш бо кишварҳои Осиёи Миёна доман занад.
Танҳо чанд рӯз баъд аз зилзилаи пурталафоти рӯзи шанбе, бори дигар заминларзаи 6,3-дараҷаӣ субҳи чаҳоршанбеи 11-уми октябр ғарби Афғонистонро такон дод.
Бар асари зилзила дар вилояти Ҳироти Афғонистон 14 нафар ҷон бохта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора масъулини бахши тандурустии Ҳукумати Толибон дар Ҳирот ба хабаргузории Франс Пресс иттилоъ додааст. Ба итилои расонаҳо, баъзе одамон зери харобаҳо мондаанд.
Интизор меравад, ки рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Қазони Русия нишасти шашуми "Формати Маскав" дар бораи Афғонистон доир шавад. Дар нишаст намояндагони Тоҷикистон ҳам иштирок мекунанд.
Мансабдорон дар Тоҷикистон мегӯянд, баъди ба қудрат расидани гуруҳи "Толибон" дар Афғонистон, қочоқи маводи мухаддир ба кишвар бештар шудааст. Ҳокимони нави Кобул баръакс иддао доранд, ки кишту тавлиди маводи мухаддирро дар ду соли охир кам кардаанд.
Президенти Узбекистон мегӯяд, агар Афғонистон канали "Қуштеппа"-ро дар дарёи Ому ба кор дарорад, тавозуни об дар Осиёи Марказӣ тағйир хоҳад ёфт.
Чин (Хитой) кишвари нахустине шуд, ки сафирашро ба Афғонистон фиристод. Ин ҳамсояи Тоҷикистон зиёда аз ду сол боз зери итоати "Толибон" аст ва то кунун ҳеч давлат аморати исломии ин гуруҳи тундравро ба расмият нашинохтааст.
Баъзе аз паноҳҷӯён ва сиёсатмадорону рӯзноманигорон дар Душанбе бо баргузории маҳфиле аз қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ёд карданд. Ӯ соли 2001 кушта шуд. То бозгашти дубораи гуруҳи "Толибон" ба қудрат, дар солгарди марги Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон "Ҳафтаи шаҳид" баргузор мешуд.
Баъди дубора ба қудрат расидани Толибон, Тоҷикистон шумораи дидбонгоҳҳоро дар сарҳад бо Афғонистон бештар кардааст.
Дар Афғонистоне, ки соли 2021 ҳукуматаш ба дасти Толибон гузашт, афзоиши ҳодисаҳои худкушии занону духтарон мушоҳида мешавад. Ин кишвар яке аз чанд давлатест, ки ҳодисаҳои қасди ҷони худ кардани занон назар ба мардон бештар мебошад.
Ёфтҳои бештар