Қатъи газ ва камбуди барқ дар зимистони имсол Узбекистонро ба сармои бесобиқае дар чанд даҳсолаи ахир рӯ ба рӯ кард. Ин боис шуд, ки Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳур, дар моҳи январ бархе аз мансабдорони баландмақомро, ки масъули ин буҳрон медонист, барканор кунад.