14-уми апрел муҷтамаи "Панҷшанбе", яке аз куҳантарин бозорҳои Осиёи Марказӣ ва аз рамзҳои шаҳри Хуҷанд, пас аз 21 соли хусусӣ шудан ва ҳам як соли кооперативӣ - нимадавлатӣ буданаш, аз нав ва бо як шеваи махфӣ хусусӣ карда шуд. Фурӯши дубораи бозор бархилофи қонун ва ба таври пинҳон ҷараён ёфт.