Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро номзади худ дар интихоботи президентии моҳи октябр пешбарӣ кард.
Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ки номзадияш ба мақоми президент пешбарӣ шудааст, гуфт, бо чанд барномаи муҳим вориди корзори сиёсӣ хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, ба назар мерасад, ки дар 28 соли раҳбарии худ ҳамагӣ як бор ба муборизаи ҷиддии сиёсӣ рӯ ба рӯ шудааст: соли 1994 дар рақобат бо Абдумалик Абдуллоҷонов.
Анҷумани Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро рӯзи 26-уми август ба мақоми раёсати ҷумҳур номзад пешниҳод кард.
Номзадии Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистӣ ва вакили порлумон, ба мақоми президенти Тоҷикистон пешбарӣ шудааст. Хабарнигорони Озодӣ аз ӯ дар бораи шонсҳояш дар корзори сиёсӣ ва масоили дигар пурсиданд. Ин порае аз суҳбат бо ӯст. Шакли пурра дертар дар сомонаи Озодӣ нашр мешавад.
Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрӣ ва номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон, гуфт, қасди иштирокаш дар интихоботи моҳи октябр "намоишӣ” нест ва талош мекунад ройи бештарро соҳиб шавад.
Рустам Латифзода ба мубоҳиса бо Эмомалӣ Раҳмон омода будааст.
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат намеварзад ва қасд дорад, ин корзори сиёсиро таҳрим кунад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 24-уми август номзадии роҳбари ин ҳизб Рустам Раҳматзодаро (Қудратов) ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Интихоботи ояндаи президентӣ 11-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд.
Ҳизби демократи Тоҷикистон номзадии Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ин ҳизб ва вакили порлумонро, ки ҳамвора барои пуштибонӣ аз ҳукумати кунунӣ интиқод мешавад, ба мақоми президенти Тоҷикистон пешниҳод кард. Интихоботи ояндаи президентӣ 11-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд.
Ёфтҳои бештар