Пандемияи COVID-19 ба сари инсоният мусибату дарду зиёни бисёре овард, вале ҷанбаҳои мусбате ҳам дошт. Вазъи муҳити зист андаке беҳтар ва ҳавое, ки нафас мегирем, покизатар шуд, садамаҳои нақлиётӣ коҳиш ёфту дар роҳҳо талафот кам шуд, мардум ҳам кор карданду ҳам вақт барои аҳли оила ёфтанд.