Бунёди сармоягузории мустақими Русия гуфтааст, Туркманистон ваксинаи "Sputnik V"-ро, ки ба зидди COVID-19 мебошад, барои истифода дар ин кишвар ба қайд гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам мегӯяд, ки ҳеч мавриди олудагӣ ба COVID-19 дар қаламраваш номнавис нашудааст.
Шумори ҷонбохтагон аз бемории коронавируси нав дар ҷаҳон аз 2 миллион нафар гузашт.
Мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои оғози таҳқиқи деринтизор ҷиҳати пайдо кардани манбаи аслии коронавируси нав ба Чин ворид шудаанд.
Давлати Чин ба коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иҷозаи вуруд ба ин кишварро надодааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан Чин мувофиқат карда буд, то коршиносони СҶТ барои таҳқиқи маншаи хуруҷи коронавирус ба шаҳри Вуҳан сафар кунанд.
Пандемияи COVID-19 ба сари инсоният мусибату дарду зиёни бисёре овард, вале ҷанбаҳои мусбате ҳам дошт. Вазъи муҳити зист андаке беҳтар ва ҳавое, ки нафас мегирем, покизатар шуд, садамаҳои нақлиётӣ коҳиш ёфту дар роҳҳо талафот кам шуд, мардум ҳам кор карданду ҳам вақт барои аҳли оила ёфтанд.
Дар Чин як хабарнигори мардумиро барои инъикоси паҳншавии коронавируси нав дар вилояти Вуҳан ҷазои сахт доданд.
Чанд кишвар аз сабти навъи тоза (нав)-и коронавирус хабар доданд. Чаҳор маврид дар Испания, як маврид дар Шветсия ва ду ҳолати дигар дар Канада будааст.
Дар Бритониё намуди нави коронавирусро ошкор кардаанд, ки аллакай ба беш аз 1100 нафар сироят кардааст. Бисёре аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо фавран ҳамаи парвозҳо аз Бритониёро лағв карданд.
Ҳю Филпотт, сафири Бритониё дар Туркманистон гуфт, ӯ бояд аз коронавируси нав табобат бигирад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти туркман иддао доранд, дар он кишвар то ҳол ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор нашудааст.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 16-уми декабр эълон кард, ки як тим ё гуруҳи коршиносони байналмилалиро моҳи оянда ба шаҳри Вуҳани Чин мефиристад, то асли пайдо шудани коронавируси навро таҳқиқ кунанд.
Бритониё кишвари аввалине шуд, ки барои истифода аз ваксинаи зидди коронавирус иҷозат дод.
Ёфтҳои бештар