Кишварҳои ҷаҳон барои соҳиб шудан ба ваксинаи зидди COVID-19 талош доранд ва гоҳе чунин ба назар мерасад, ки дар ин «мусобиқа», ба истилоҳ, якдигарро «мехӯранд».
Бо расидани коронавирус ба баъзе аз урдугоҳҳои паноҳандагон дар Сурия ин нигаронӣ боло гирифтааст, ки мумкин аст, маргу мир дар миёни ин мардуми ҷафокашидаву осебпазир зиёд шавад.
Бо шурӯи эҳёи дубораи иқтисоди Чин аз паёмадҳои пандемияи коронавирус, кишварҳои дучори мушкили Осиёи Марказӣ эҳтимолан ҳарчи бештар аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ вобастаи Пекин мешаванд.
Мансабдорони Узбекистон дар оғози паҳншавии бемории ҳамагир дар бораи муваффақиятҳои худ барои муқобила бо он хабар медоданд, вале шикояти сокинони Узбекистон дар ҳафтаҳои ахир аз вазъи хеле бад дар шифохонаву минтақаҳои карантинӣ ин ҳамаро зери суол гузоштааст.
Александр Лукашенко, президенти Беларус эълон кард, ки ба коронавирус гирифтор шудааст, аммо ба гуфтаи президент, ӯ аз мубталошавиаш хабар надошт, бистарӣ ҳам нашудаст. Лукашенко дар ин муддат бо чанде аз сарони давлатҳо дидору мулоқот дошт.
Чанд ҳафта пеш пажӯҳишгарони Донишгоҳи Оксфорд дар Бритониё аз офаридани ваксинае ба зидди COVID-19 эълон доданд, ки ба гуфтаи онҳо амн аст ва баданро барои муқовимат ба ин ин беморӣ омода мекунад.
Ёфтҳои бештар