Шумори гирифторони бемории COVID-19 дар ҷаҳон рӯзи 28-уми июн аз марзи 10 миллион нафар гузашт. Тақрибан ним миллион кас ҷон бохта, зиёда аз 5 миллион нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди бештари гирифторонро дар Амрикову Бразилия ва Русия сабт карданд.
То ҳол маълум нест, инсоне, ки аз дасти бемории COVID-19 раҳо шуд, дубора ба ин беморӣ гирифтор мешавад, ё не, вале таҳқиқот нишон додааст, подтанҳое, ки бадани инсон ба зидди коронавирус ҳосил мекунад, пойдор нестанд.
Ёфтҳои бештар