Як пажӯҳиши тоза дар Бритониё собит кардааст , ки подтанҳое ки баъди гирифиторӣ ба короновирус дар бадан ҳосил мешаванд, дер намепоянд.
Бо авҷ гирифтани сирояти коронавирус дар саросари кишварҳои Аврупо, маҳдудиятҳо дар гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодиро сахттар мекунанд.
Мутахассисон талош доранд, маълум кунанд, чаро аҳволи занони обистан ва ё ҳомилае, ки ба бемории мазкур мубтало шудаанд, баъзан бисёр бад мешавад. Гузориши Садои Амрико дар ҳамин бора аст.
Дар Русия озмоиши ду ваксинае идома дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Русия ба зидди бемории COVID-19 коромад аст. Ба гуфтаи мақомот, даҳҳо ҳазор нафар изҳори омодагӣ кардаанд, ки довталабона дар озмоиши ваксинаҳо ширкат мекунанд, аммо шубҳа дар бораи ин ваксинаҳо зиёд аст.
Дар сурати риоя накардани фосилаи ҷисмонӣ, ки ба он фосилаи иҷтимоӣ ҳам мегӯянд, як шахси бемор метавонад, вирусро ба ҳисоби миёна ба 2.5 кас гузаронад. Ҳар кадоме аз онҳо дар навбати худ 2.5-нафарии дигарро гирифтор мекунанд. Дар натиҷа, дар як моҳ 406 нафар ба вируси нав мубтало мешаванд.
Дар Русия барои муолиҷаи бемории коронавируси нав се навъи доруро ба фурӯш гузоштаанд. Мутахассисони рус иддао доранд, ки "Арепливир", "Коронавир" ва "Авифавир" ба табобати гирифторони вирус ёрӣ мекунанд, вале пизишкони дигар мегӯянд, ки баъзе аз доруҳо аз санҷиш нагузаштаанд.
Ҷаҳон дар фикри пайдо кардани роҳи раҳоӣ аз бемории COVID-19 аст. Ҳоло дар чандин донишгоҳу озмоишгоҳҳои кишварҳои дунё талош барои тавлиди 170 ваксина идома дорад. Санҷиши баъзе аз ин ваксинаҳо шуруъ шудааст.
Аксар раҳбарони ҷаҳон, ки дар ҷаласаи солона ё Маҷмаи кулли Созмони Милал иштирок мекунанд, ба зарурати дастрас шудани ваксинаи зидди коронавируси нав ҳамчун масъалаи ҳаётан муҳим таъкид мекунанд.
Бо идомаи тохтутози коронавирус мардум дар саросари ҷаҳон ниқоб мепӯшанд, то худрову атрофиёнашонро аз бемории СОVID-19 эмин нигаҳ доранд. Вале барои бисёриҳо ниқоб ва дигар василаҳои муҳофизатӣ озордиҳанда аст.
Ширкатҳои тавлиди абзорҳои электронӣ саъй доранд, ниқобу дигар абзорҳои муҳофизатӣ аз коронавируси нав бисозанд, ки истифодаашон осон бошаду шуморо озор надиҳад.
Ёфтҳои бештар