Бобоҷон Назаров - донишманди тоҷики муқими Лондон шеваи нав барои муолиҷаи COVID-19-ро ошкор кардааст, ки дар сурати озмоишҳои муваффақиятомез метавонад, барои дармони миллионҳо мардум дар сайёра кӯмак кунад.
Мақомот дар вилояти Суғд рӯзи 28-уми апрел марги се нафари дигарро аз илтиҳоби шуш ё пневмония тасдиқ карданд. Як маврид дар шаҳри Хуҷанд ва ду ҳолати дигар дар ноҳияи Зафаробод сабт шудааст. Сокинон дар бораи омори аз ин бештар суҳбат мекунанд.
Гуфтугӯ бо Галина Перфилева, раиси дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон.
Гуруҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд бо назардошти он ки табибону парасторон шабонарӯзӣ дар бемористонҳо ба муолиҷаи дардмандон машғуланд, дар хонаҳои худ ғизо омода карданд ва барои онҳо бурданд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони "Советӣ Як") дар Душанбе 319 нафар бо гумони бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуданд. Ба иттилои мақомот, то имрӯз 11 нафар фавтида, 107 кас шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон зери фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ омори гирифторони илтиҳоби шуш ё пневмонияро дар се моҳи аввали имсол нашр кард.
Мақом ва таъйиноти Беморхонаи марказии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аз муассисаи умумӣ ва гуногунриштаи тиббӣ ба шифохонаи бемориҳои роҳи нафас ва асосан илтиҳоби шуш ё пневмония табдил дода шуд.
Ёфтҳои бештар