Дар чанд ҷумла
Дар Суғд кори ошхонаву ҳаммом ва сартарошхонаҳоро маҳдуд карданд

Дар вилояти Суғд аз 29-уми апрел то замони ба эътидол омадани вазъи номусоиди эпидемиологӣ ва пандемияи коронавирус дар ҷаҳон дар кори марказҳои дилхушӣ, ошхонаву тарабхона, ҳаммом, сартарошхона ва толорҳои варзишӣ маҳдудият ҷорӣ карда шуд.
Бо қарори раҳбари маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии вилояти Суғд, ки нусхааш дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст, дар ин давра танҳо ба 5-10 ошхонаву тарабхона иҷозат дода шудааст, ки ба хонаҳои мардум ғизо баранд.
Муассисаҳои дигари хӯроки умумӣ муваққатан дарҳои худро мебанданд.
Ғаффор Ҷабборов, раҳбари маркази мазкур, 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо бо навбат ба якнафарӣ хидмат мерасонанд.
Аз сокинон хоста шудааст, ки ҳангоми гаштугузор дар кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ аз якдигар ду 2 метр дур биистанд.
Дар қарор омадааст, ки ҳарорати бадани ронандаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ мунтазам санҷида хоҳад шуд. Ҳамчунин безараргардонии оби ошомиданӣ ва расонидани доимии он ба аҳолӣ таъкид шудааст.
Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар коронавирусро ошкор накарданд. Вале марги пайиҳами чандин нафар аз илтиҳоби шуш омори мақомотро зери соя гузоштааст.
То кунун дар Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус мактабҳои миёнаро таътил карда, баргузории намозҳои дастҷамъӣ, ифтору идгардак ва содироти ғаллаву гӯшту картошкаро манъ намудаанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи хароҷоти 183 млн сомониро эълон кард

Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи хароҷоти 183 миллион сомонӣ ($17 млн.)-ро эълон кардааст.
Ин маблағе аст, ки ба гуфтаи мақомот, "аз ҳисоби иҷрои барзиёдии нақшаи даромади буҷаи ҷумҳуриявӣ дар соли 2025" ба даст меояд.
Қарори ҳукумат 16-уми апрел содир шуда, Радиои Озодӣ 23-юми апрел бо муҳтавои он шинос шуд.
Дар санад омадааст, аз 183 миллион сомонӣ 90 миллионаш барои идомаи сохтмони неругоҳи "Роғун" сарф мешавад.
Боқимонда 93 миллион сомонии дигар барои сохтмони иншоотҳои давлатӣ, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара, меҳмонхона дар маркази ноҳияи Данғара, бинои Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон, бинои маъмурии Вазорати маориф ва илм, бинои маъмурии Вазорати фарҳанг, ва бинои нави Вазорати адлия, сарф мешудааст.
Имсол даромади буҷаи Тоҷикистон 49,6 миллиард сомонӣ ($ 4,5 миллиард) доллар муқаррар шудааст. Буҷаи Тоҷикистон асосан аз ҳисоби пардохти молиёт (андоз) ва боҷҳои гумрукӣ пур мешавад.
Соҳибкорон борҳо аз гаронии молиёт шикоят карда буданд.
Зеленский: Киев ҳокимияти Русия бар Қримро эътироф намекунад

Киев ҳокимияти Русия бар нимҷазираи Қримро эътироф намекунад, чун ин хилофи Конститутсияи Украина аст. Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский изҳори назар кард.
Зеленский дар нишасти хабарӣ, ки пеш аз вохӯрӣ бо намояндагони Амрико ва Аврупо суҳбат мекард гуфт, "ин ҳудуди мо, хоки мардуми Украина аст".
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Украина, баҳси мақоми Қрим ва дигар минтақаҳои ишғолии Украина танҳо ҷангро ба дарозо мекашад.
Пештар манобеи The Washington Post хабар доданд, ки дар музокироти 23-юми дар Лондон, намояндагони Амрико ба Украина пешниҳод мекунанд, ки Қримро ҳамчун ҳудуди Русия эътироф карда, амалиётҳои ҷангиро поён диҳанд.
Пештар айни ин хабарро бунгоҳи Bloomberg ва нашрия The Wall Street Journal нашр карда буданд. Қарор аст дар музокироти Лондон, намояндагони Украина, ИМА, Британияи Кабир, Олмон ва Фаронса ширкат кунанд.
Президенти Амрико Доналд Трамп умедворӣ кардааст, ки Русия ва Украина дар муҳлатҳои наздик ба созиш мерасанд.
Муҳлати қонунӣ кардани санадҳо барои муҳоҷирон тамдид мешавад

Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия барои муҳоҷирон, ки то 30-юми апрел пешбинӣ шуда буд, метавонад то моҳи сентябр дароз шавад.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон баъди вохӯрии сафири ин кишвар бо намояндагони ҳукумати Русия, хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, Игор Маслов, сардори яке аз раёсатҳои дастгоҳи президенти Русия ба сафири Қирғизистон гуфтааст, муҳлати қонунигардонии санадҳо дар ин кишвар то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда мешавад.
Бар асоси фармони президент Владимир Путин, хориҷиёне, ки дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, фурсат доштанд то 30 апрел санадҳои худро дуруст кунанд ва ё аз ин кишвар берун шаванд.
Сабтином дар идораи муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва иҷозаи иқомат аз шартҳои асосист.
Ҳамчунин, муҳоҷирон набояд аз пули телефону пардохти ҷарима ва хадамоти дигари давлатӣ қарздор бошанд.
Муҳоҷирон баъди ҳамла ба "Крокус" дар моҳи марти соли гузашта аз зиёд шудани рейди пулис ва сахтар шудани қонунҳои муҳоҷират шикоят доранд.
Путин чанд "қонуни саркӯбкунанда"-ро дар Русия имзо кард

Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 22-юми апрел ба чанд қонуни "саркӯбкунанда" дар ин кишвар имзо гузошт.
Бино ба тағйироти нав, дар қонунгузории Русия барои дурӯғпароканӣ ё маълумоти “фейк” дар бораи артиш ва даъват ба таҳрим алайҳи ин кишвар мусодираи молу амвол пешбинӣ шудааст.
Агар додгоҳ исбот кунад, ки ин кор супоришӣ буда, ё бо нияти бад анҷом шудааст, молу мулки ӯ гирифта мешавад. Бар асоси ислоҳи қонун барои “беобрӯ кардан” дигар на ҷавобгарии маъмурӣ, балки ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.
Ҳамчунин рӯйхати амалҳое, ки бар асоси он шаҳрвандон ва ширкатҳо “агенти хориҷӣ” эътироф мешуданд, бештар шуд. Аз ҷумла, барои “ёрӣ” ба созмонҳои байнулмилалӣ ва ниҳодҳои давлатии кишварҳои хориҷӣ.
Шахсон ва созмонҳои ҳуқуқие, ки “агенти хориҷӣ” шинохта шудаанд, наметавонанд дар Русия фаъолияти омӯзишӣ ва иттилоотӣ пеш баранд. Агар муассисаи таълимӣ “агентӣ хориҷӣ” дониста шавад, фавран иҷозатномаи он бекор мешавад.
Тибқи тағйироти охир, ҳар касе, ки ба ҷинояти “зидди амнияти Русия” даст задааст, ҳатто агар дар хориҷ аст, ғоибона ҳукмаш эълон хоҳад шуд.
Барои хабар надодан дар бораи “омодагӣ ба тахрибкорӣ” акнун то як сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Мансаби ду генерали барканоршуда ва таъйини муовини Раҳимзода

Ду генерали Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки соле пеш дар пайи танқиди раисҷумҳур ва ба далели бемасъулиятӣ аз мақом ронда шуда буданд, мансабҳои нав гирифтаанд.
Файзулло Нозимзода, ки дар гузашта Раёсати умури дохилии Хатлонро бар уҳда дошт, баъди бештар аз як соли барканорӣ рӯзи 22-юми апрел муовини сардори Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД шуд.
Фотеҳ Қунғуротзода, сардори пешини ШКД-и Кӯлоб, ҳоло муовини якуми сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гаштааст.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, дар моҳи феврали соли 2024 ба хабарнигорон гуфта буд, ки ин афрод барои камбудҳо аз мансаб барканор шуда, дигар дар ин сохтор кор намекунанд.
Рӯзи 22-юми апрел сардорони 18 шуъбаи корҳои дохилӣ, аз ҷумла дар Ҳисору Ваҳдат, Конибодому Данғара ва Фирдавсиву Шоҳмансур низ иваз карда шудаанд.
Бо як қарори ҳукумат, сарҳанг ё полковник Илҳомиддин Вализода муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода таъйин шуд. Вализода то ин дам сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буд.
Вазири корҳои дохилӣ дар ҳоли ҳозир як муовини аввал ва се муовин дорад.
Сиёсати кадрӣ дар Тоҷикистон ҳамеша аз тарафи мухолифони ҳукумат ва созмонҳои байнулмилалӣ танқид мешавад.
Дар интиқоди баъзе аз созмонҳо, аз ҷумла "Хонаи Озодӣ", ишора шудааст, ки непотизм ё хешовандсолорӣ (хешутаборчигӣ), маҳал ва садоқати шахсӣ аз меъёрҳои асосӣ дар интихоби кадрҳо дар Тоҷикистон аст.
Музокироти Киев бо Амрико ва Аврупо дар Лондон доир мешавад

Президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод, ки рӯзи 23-юми апрел музокироти Киев бо намояндагони ИМА ва кишварҳои Аврупо дар Лондон баргузор мешавад.
Зеленский баъди сӯҳбат бо нахуствазири Бритониё, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, бо Британияи Кабир, Фаронса ва Иёлоти Муттаҳида дар бораи дастрасӣ ба оташбас ва сулҳи пойдор гуфтугӯ мекунанд.
"Бидуни шак оташбас бояд қадами аввал дар роҳи дастёбӣ ба сулҳ бошад. Қатъи муваққати ҷанг дар иди Пасха нишон дод, ки амалкарди Русия монеи асосӣ дар роҳи дастёбӣ ба сулҳ аст",-навиштааст раиси ҷумҳури Украина.
Ба иттилои манобеи бунгоҳи Bloomberg, аз тарафи ИМА котиби давлатӣ Марко Рубио, фиристодаҳои вижаи президент Стив Уиткофф ва Кит Келлог дар ин гуфтугӯҳо ширкат мекунанд.
Ба гузориши нашрияи Wall Street Journal, қарор аст дар ин дидор ИМА пешниҳодҳои худро дар бораи хатми ҷанг ба Украина ироа кунад.
Ба қавли ин манбаъ, эътирофи нимҷазираи Қрим ҳамчун хоки Русия ва худдории Украина аз пайвастан ба НАТО, аз чунин пешниҳодҳои ИМА будаанд.
Мақомот 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимоваро мусодира кардаанд

Мақомот қариб 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонии тоҷикро мусодира кардаанд.
Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба наздикони ин рӯзноманигор хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, Рухшона Ҳакимова солҳо ин маблағро барои хариди хона дар Душанбе, ҷамъ карда буд. Ин пул дар суратҳисоби бонкии хабарнигор буд ва баъди оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ба ҳабс гирифта шуда буд ва акнун мусодира шудааст.
Намояндагони Хадамоти иҷро баъди 16-уми апрел ба мусодираи амволи чеҳраҳои шинохта шуруъ карданд, ки бо айбномаи "талоши табаддулот" ба зиндон маҳкум шудаанд.
Радиои Озодӣ дар ин бора аввал гузориш дода буд. Тибқи иттилои дарёфтии мо, то ин дам намояндагони Хадамоти иҷро барои мусодираи хонаҳои Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократ омадаанд.
Пайвандони ин афрод аз қарори мусодираи амвол норозигӣ кардаанд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, суръати интернет беҳтар шудааст

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, давоми се моҳи аввали соли равон нархи интернет дар кишвар поён рафтааст. Ин ниҳод 21-уми апрел дар хабарномае навишт, "арзиши тарофаҳои провайдерони интернети собит ба ҳисоби миёна, то 55 фоиз, поён карда шуда, тарофаҳои бо суръати камтар аз 5Мбит/с, бекор гардиданд".
Инчунин ба гуфтаи намояндагони Хадамот, "ҳаҷми бастаҳои интернети мобилӣ ба ҳадди минималӣ то 20 фоиз зиёд пешниҳод карда мешавад".
Тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо феълан мушкил аст. Чун соли гузашта ширкатҳои мобилӣ бо мувофиқаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи тарофаҳои худро боло бурданд.
Дар иттилоияи ахири Хадамоти алоқа ҳамчунин омадааст, дар се моҳи аввали соли равон дар кишвар 330 адад истгоҳҳои базавӣ насб кардаанд. Ба иттилои расмӣ, ширкатҳои мухобиротии кишвар дар се моҳ 1,1 миллиард сомонӣ даромад гирифтаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта андаке бештар аст.
Шикоятҳо аз паст будани сифати алоқа ва интернет дар кишвар солҳост, ки садо медиҳад. Ин гуна шикоятҳо тақрибан аз ҳама минтақаҳои кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешаванд.
Намояндагони Хадамоти алоқа мегӯянд, дар се моҳи аввали соли равон 18 нафар шахсони воқеиро ҷазо додаанд. Аммо мақомот дар бораи ин афрод ва ҷазои онҳо маълумоти бештар надодаанд.
Пештар Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар дода буд, ки дар асоси шикояти мардум Хадамоти ширкат ширкатҳои "Тселл", "Мегафон" ва "Тоҷнет"-ро ҷарима карда буд.
Заминларза вилояти Хатлонро такон додааст

Рӯзи 21-уми апрел зилзила қисмате аз вилояти Хатлонро такон дод.
Ба иттилои Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, заминларза соати 11:17 сабт шуд.
Манбаъ мегӯяд, маркази заминларза дар 59-километри ноҳияи Кӯшониён буд.
“Қувваи заминларза дар марказаш 4 дараҷа ва дар ноҳияи Кӯшониён 2-3 дараҷаро ташкил додааст. Дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст,” - омадааст дар маълумотномаи расмӣ.
Дар як ҳафтаи охир Тоҷикистон шоҳиди чанд заминларзаи сахт шуд.
Бар асари як чунин фалокати табиӣ дар рӯзи 13-уми апрел як ноболиғ дар минтақаи Рашт ба ҳалокат расида, 16 каси дигар маҷруҳ шуд.
Ба иттилои расмӣ, дар пайи заминларза дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 65 хона пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 манзили дигар осеби сабук расидааст.
Русия: Ҷазо барои ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва ихроҷи беш аз 174 ҳазор муҳоҷир

Дар соли 2024 дар Русия аз ҳама бештар муҳоҷиронро барои ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҷазо додаанд.
Додгоҳи олии Русия дар ин бора ҳафтаи гузашта ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолааш гузориш дод.
Ба маълумоти додгоҳ, зиёда аз панҷ ҳазор муҳоҷир, ки аксарашон аз кишварҳои шӯравии собиқ ҳастанд, бо иттиҳоми таҳияи санадҳои қалбакӣ ҷазо гирифтанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ дар гузашта гуфта буданд, ки маҳз низоми фасодзадаи Русия шароитро барои сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ фароҳам меорад.
Дар умум додгоҳҳои Русия нисбат ба беш аз 21 ҳазор муҳоҷир қарору ҳукм содир кардаанд.
Зиёда аз се ҳазор муҳоҷир бо иттиҳоми даст доштан дар хариду фурӯши маводи мухаддир ва беш аз 3,5 ҳазор муҳоҷир барои дуздӣ дар ин кишвар зиндонӣ шудаанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ба аксар айбномаҳои мақомоти рус нисбат ба муҳоҷирон бовар надоранд ва қарору ҳукмҳои додгоҳҳои Русияро шаффофу одилона намедонанд.
Додгоҳи олии Русия ҳамзамон гуфтааст, соли 2024 ба таври бесобиқа дар даҳ соли охир, беш аз 174 ҳазор муҳоҷир аз ин кишвар ихроҷ карда шудаанд.
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, соли гузашта беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шуданд.
Модараш гуфт, Димон Ашӯров аз зиндон озод шудааст

Димон Ашӯров, машҳур бо номи Давлатбек, яке аз фаъолони ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз зиндон озод шудааст.
Вай дар соли 2013 ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, бетартибиҳои оммавӣ, зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат, фирор ва тақаллуби ҳуҷҷатҳо гунаҳкор ва ба дувоздаҳ сол зиндон маҳкум шуда буд. Пайвандонаш ба бегуноҳии ӯ таъкид мекарданд.
Зебо Мамадназарова, модари Димон Ашӯров, рӯзи 21-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ раҳоии писарашро тасдиқ кард, аммо тафсилот надод, ки ҳоло ӯ дар чӣ вазъ аст ва чӣ нақша дорад.
Ашӯров то ин дам дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат нигоҳ дошта мешуд.
Мақомоти Тоҷикистон ӯро, ки яке аз наздикони фармондеҳи собиқи мухолифон, Имомназар Имомназаров, дониста мешавад, дар моҳи августи соли 2013 боздошт карда, вале дертар хабар доданд, ки гӯё аз ошёнаи севуми Раёсати корҳои дохилии ВМКБ худро ба замин партофтаву осеб бардоштааст.
Ӯ барои муолиҷа ба шаҳри Урумчӣ рафт, аммо Чин ба Душанбе таслим кард. Ходимони Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон Димон Ашӯровро дар фурудгоҳи пойтахт боздошт намуданд.
Анвар Қаноатов, як намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2013 дар номае ба Радиои Озодӣ навишта буд, ки парвандаи Димон Ашӯров “ҷиноятҳои содиркардаи ӯ хусусияти сирф ҳуқуқӣ-ҷиноӣ доранд”. Ин дар ҳолест, ки наздиконаш ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қазияи ӯро дорои ангезаи сиёсӣ медонистанд.
Боздошти Димон Ашӯров дар пайи амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Бадахшон сурат гирифт. Ин амалиёт баъд аз кушта шудани Абдулло Назаров, сардори пешини Раёсати КДАМ дар вилоят, роҳандозӣ шуда, дар натиҷаи он чандин нафар ба ҳалокат расиданд.
Раҳбари католикҳои ҷаҳон дар 88-солагӣ даргузашт

Поп Франсис, раҳбари 266-уми католикҳои ҷаҳон, ки чанде пеш аз бемории роҳҳои нафас наҷот ёфта буд, рӯзи 21-уми апрел дар 88-солагӣ даргузашт.
Ин зодаи Аргентина калисои католикиро аз соли 2013 ва пас аз истеъфои Бенедикти шонздаҳум роҳбарӣ мекард ва бо рафтори хоксорона, дифоъ аз адолати иҷтимоӣ ва талошҳояш барои густариши мудоро машҳур буд.
Номи аслияш Хорхе Марио Берголио аст ва пеш ворид шудан ба калисо дар донишгоҳи кимиё хондааст. Ӯ дар соли 1969 ба мақоми кашишӣ ва дар соли 1997 ба мақоми усқуфи аъзами Буэнос Айрес расид.
Поп Франсис аз пешиниёни худ калисоеро ба мерос гирифт, ки пур аз чолишҳо ва буҳронҳои давомдор ва аз суистифодаҳои ҷинсии рӯҳониёни масеҳӣ аз кӯдакон мутаассир буд. Муаррихони калисои католикӣ интихоби ӯро лаҳзае муҳим дар таърихи Ватикан арзёбӣ мекунанд.
Ӯ аз оғози раҳбарии худ бар калисои католикӣ бо рафторҳои фурӯтанонаи худ хабарсоз шуд. Ба ҷойи зиндагӣ дар кохи муҷаллал, ки ба таври суннатӣ маҳалли иқомати расмии попҳои католик аст, дар хонаи хурде дар меҳмонхонаи Ватикан мезист. Борҳо дар маросими “Панҷшанбеи муқаддас” бо шустани пойи занон, мусалмонон ва зиндониён талош кард, паёми худро дар бораи калисои “камбизоатон ва барои камбизоатон” баён кунад.
Паҳлавонони тоҷик дар Тошканд 27 медал гирифтанд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё ва Уқёнусия байни наврасон, навҷавонон, бузургсолон, устодон ва нобиноён, ки рӯзҳо 14-20-уми апрел дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, 27 медал (4 тилло, 10 нуқра ва 13 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS), дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусия дар Тошканд беш аз 600 варзишгари синну солашон гуногун, аз наврасон то собиқадорон, аз зиёда аз 20 кишвар иштирок карданд. Мусобиқот дар маҷмааи варзишии “Узбекистон” баргузор шуд. Тоҷикистонро беш аз 40 варзишгар муаррифӣ намуданд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё ва Уқёнусия миёни бузургсолон паҳлавонони тоҷик шаш медал (се нишони нуқра ва се биринҷӣ) гирифтанд.
Ба ҳайати дастаи бузургсолони Тоҷикистон 11 гуштигири мард дохил буд, ки 7 нафарашон дар самбои варзишӣ ва чаҳор нафар дар самбои размӣ рақобат карданд.
Дар самбои варзишӣ паҳлавонони тоҷик Деваштич Устопириён дар вазни 79 кило ва Зафар Олимшоев дар вазни 88 кило медалҳои нуқра гирифтанд. Муҳаммадҷон Зоидов дар вазни 98 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Халид Толибзода дар вазни 88 кило дар самбои размӣ медали нуқра ба даст овард. Ду нафари дигар – Худоёр Раҷабзода дар вазни 71 кило ва Рамазон Ҷумъаев дар вазни 79 кило - дар намуди самбои размӣ бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар мусобиқаи наврасон дар самбои варзишӣ Амирҷон Шарифов дар вазни 58 кило медали нуқра ва Сафиаллоҳ Ҳикматов дар вазни 71 кило медали биринҷӣ гирифтанд.
Дар самбои варзишӣ миёни навҷавонон Абдулло Қодиров (64 кг), Абдулло Лоиқов (79 кг), Фирдавси Баҳодур (88 кг), дар самбои размӣ Шоҳин Азиззода (79 кг) барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Дар мусобиқаи самбои варзишӣ байни кадетҳо (наврасон) Муҳаммадӣ Мирзозода (46 кг), Муҳаммадҷони Маҳсуддинзода (49 кг) ва Ҳусейн Ҷалилов (58 кг) медалҳои нуқра; Бахтовар Азизов (64 кг), Абузар Назаров (79 кг) ва Сафиаллоҳ Ҳаётов (+88 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Шоҳрух Назаров дар рақобатҳо миёни варзишгарони нобино ва хирачашм (SVI-1) дар вазни 79 кило бо медали тилло мукофотонида шуд.
Рӯзҳои 19-20-уми апрел мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусия дар риштаи самбои варзишӣ миёни устодон барпо гардид, ки Тоҷикистонро 12 нафар паҳлавонон – собиқадорони самбо намояндагӣ карданд.
Паҳлавонони тоҷик Собирҷон Сулаймонов (88 кг, M-2), Хайрулло Назриев (+98 кг, М-6), Зайдулло Қурбонов (98 кг, М-7) бо медалҳои тилло; Алишер Ғарибшоев (79 кг, M-1), Абдулҳамид Раҳимов (98 кг, M-3), Расул Ҳодизода (71 кг, М-7) бо медалҳои нуқра; Ромиз Ҷураев (71 кг, M-3) ва Қиёмиддин Хоҷаев (М-5, 88 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора поин шуд?

Арзиши доллари Амрико дар баробари сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, ба таври назаррас поён рафтааст.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 21-уми апрел 100 доллар ба 1071 сомонӣ баробар аст. Се рӯз пеш 1081 сомонӣ арзиш дошт.
Қурби доллар дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон аз ин ҳам поинтар аст. Рӯзи душанбе дар бонкҳои тиҷоратӣ 100 доллари амрикоӣ аз 1045 то 1055 сомонӣ арзиш дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ ҳанӯз сабаби якбора поин шудани қурби долларро дар баробари пули миллии сомонӣ шарҳ надодаанд.
Маъмулан дар Тоҷикистон ҳар бор, ки қурби доллар боло равад, бисёре аз молу маҳсулот ва хадамот гарон мешаванд. Сокинон шикоят доранд, ки агар қурби доллар паст шавад, нархҳо поин намераванд.
Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон вазъи асъори хориҷиро ба тақвияти пули миллӣ низ рабт медиҳанд, ба сурати умум бозори пули Тоҷикистон аз қурби рубли Русия, доллари Амрико ва юани Чин бастагии зиёд дорад.
Дар Чин бори аввал интернети 10G фаъол шуд

Дар Чин бори аввал насли нави алоқаи 10G роҳандозӣ шуд. Ширкатҳои Ҳуавей ва China Unicom насли нави алоқаи 10G-ро дар вилояти Хэбэй, наздик ба шаҳри Пекин фаъол карданд.
Суръати интернет дар насли нав 9834 мегабит дар сония аст. Муҳлати интизорӣ камтар аз як сония гуфта мешавад.
Ба ҳолати моҳи январи имсол, дар Чин зиёда аз 4 миллион истгоҳҳои базавии насли 5G фаъол аст. Дар ягон кишвари дунё ин миқдор истгоҳҳои базави насли 5G нест.
Чанд сол пеш Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар дод, ки аз Чин аз Чин истгоҳҳои базавии интернет меорад, аммо баъдан маълум нашуд, ки ин кор ба куҷо расид.
Суръати пасти интернет дар Тоҷикистон, яке аз шикоятҳои ҳамешагии корбарон аст.