Бархе аз гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон мегӯянд, мушкили бистарӣ шудан дар шифохонаҳои кишвар то рафт доғ мешавад. Ба гуфтаи онҳо, муассисаҳои беҳдоштӣ бо сабаби нокофӣ будани ҷой ва зиёд будани талабот дар шароити паҳншавии коронавирус, танҳо беморони вазъашон вазнинро бистарӣ мекунанд.