Афроди наздик ба Абдулфайз Раҷабов, зиндонии 47-сола, гуфтанд, ки ӯ рӯзи 9-уми май дар маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе фавтидааст. Ба иттилои онҳо, мақомот сабаби маргашро илтиҳоби шуш ё пневмония гуфтаанд, вале наздикон бовар доранд, ӯ аз бемории COVID-19 ҷон бохтааст.